Нафс ва истиқлол. Зиёии берӯҳ … 

САРФИ ВАҚТ:7 дақиқа, 28 сония

Идеология дар ҷомеа танҳо бо китоб хондан, бофтан ва бо шиор  бардоштан намешавад, балки бо ҳастӣ ва воқеиятро рӯ ба рӯ шудан метавонад шакл  гирад. Мутассифона, дар донишгоҳҳои мо ҳануз равишҳои мадрасаҳои пеш аз ҳуҷуми  муғулҳо, мисли мунозира, ҷадал ва хилоф вуҷуд надоранд, чи ҷои шинос будан ва дар  кор гирифтани назария, равишҳои шинохт, ки дар мактабҳои фикрӣ ва донишгоҳҳои  имрӯзаи дунёи мутамаддин инкишоф дода шудаанд. Рӯҳи ҷустуҷу, баҳс, ихтироъ дар  донишгоҳҳо нест, ба ҷуз такрори ҳарфҳои гузашта, зеро донишҷӯ воқеияти худро рӯ ба  рӯ нест ва онро дуруст шарҳ дода наметавонад. Аслан улуми иҷтимоӣ, ки дар  пажуҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳои мо амал мекунад ва дарс дода мешавад, бояд дар  ҷомеаи мо реша дошта бошанд ва фикри иҷтимоӣ ва идеология бо ҷомеае, ки зиндагӣ  дорем мувофиқ ва таъсиргузор бошанд, ва агар на, ин на дониш балки утопия ва ё  такрори донишу таҷрибаи дигарон аст. … 

Зиёии берӯҳ … 

Ба зар нахаридаӣ ҷонро аз он қадраш намедонӣ 

Ки ҳинду қадр нашносад матои ройгониро…  

Ҳарфи Мавлоно дар нисбати он зиёии имрӯзаи тоҷик гуфта шуда аст, ки ёдгории  безаволи фалсафӣ, фарҳангӣ ва одамияти олишони исломиро чун туҳфа қабул карда боз  зери таъсири мероси атеистии Шӯравӣ ва забони идеологӣ — сиёсии имрӯз дар пайи  заиф кардан ва кандани ин бунёд ҳастанд. Бешак мардуме, ки аз роҳҳои худсозӣ танҳо  зинаҳои будани октябрят, пионер, комсомол ва коммунист шуданро гузаштаанд ва як  мавҷуди идеологӣ ҳастанд, наметавонанд дарк кардан, ки барои истиқлоли воқеӣ, ин  дастгоҳи бунёдии шинохт ё ба истилоҳи Ҳуссерл “ниҳоди илми мутлақ ва мустақили  рӯҳ” – ро аз нав бояд барқарор кард ва барои парвози рӯҳ (Ҳегел) чорчӯбаи дигаре  бояд фароҳам овард. Аслан мафҳуми “рӯҳ” ва “рӯҳонӣ” барои мардуми дар Шӯравӣ  тарбият ёфта, ки нависанда ва ҷомеашинос Александр Зиновев онҳоро homo sovetikus  номидааст, чизе бегона ё “ғайри илмӣ” ба ҳисоб меравад, зеро ин мардум ба истилоҳи  Ҳуссерл “дар рӯҳ бадбинии ваҳшиёнае афтодаанд” (Husserl, 1965: 192). Асли масъала  ин аст, ки ин ҷо бо инкори рӯҳ ё нафс ин қавм будани он сатҳеро, ки дар он имкони  будани таҷрибаҳои илмӣ, фалсафӣ ва динӣ имкон дорад инкор мекунанд. Он чизро  инкор мекунанд, ки худ дар давраи ҳукумронии сулолаҳои туркӣ- муғулӣ ва давраҳои  истеъморӣ гум карда буданд. Гузашта аз ин дар Шӯравии собиқ бунёди ҳама чиз, аз  ҷумла маънавиёт ва ҳар чи ба он алоқаманд буд дар вуҷуди одам ва ҷомеа решаи  моддӣ — иқтисодӣ дошт. Дуруст аст ки дар Шӯравии собиқ ҷомеа илмӣ ва донишбунёд  буд, вале худ яктарафа муносибат кардан ба ашё, падидаҳо ва рӯйдодҳо ва хусусан  яктарафа ва илмӣ муносбат кардан дар шинохт ва тарбияти инсон ба хато роҳ доданд,  ки яке аз сабабҳои аз байн рафтани империяи Шӯравӣ буд. Аслан имрӯз вақте, ки  Тоҷикистон давлатест соҳибистиқлол, нашояд равишҳои идеологӣ — сиёсии болшевикиро такрор кунад, балки ба тоҷикон имконияти шинохтани ҳаёт — ҷаҳони  (Ҳуссерл) худиро додан даркор, ки он ҷо андеша ва назарияҳои миллии тоҷикон ҳанӯз  дар таҷрибаҳо, шаклгирии рӯйдодҳо ва муносибатҳои ин мардум нақши калидӣ  доранд. Вақти он аст, ки рӯҳи воқеии ҷустуҷӯро бедор бояд кард ва воқеияти худ ва ҳастии  худро рӯ ба рӯ бояд шуд ва фазои мустақили фикрӣ ва ақлонии миллиро ташкил бояд кард.  Ягона чиз ки ба ин раванд халал мерасонад, ин ҳукумронии нафси бетарбият аст, ки  гурӯҳе аз зиёиҳои берӯҳи тоҷик онро парвариш карда истодаанд. …  

Чи хеле ки зикр кардем зиёиёни тоҷик маънии бисёр мафҳумҳоро аз қаринаи русӣ қабул  карда буданд ва аз он ҷумла калимаи “рӯҳонӣ” — ро аз калимаи русии “духовенство”  қабул карда буданд, ки аслан ба фарҳанги тоҷик алоқамандие надошт ва чунин қишри  ҷомеа ва чунин ниҳоде, ки дар Масеҳият ба номи духовенство (priesthood) вуҷуд ҳам  надошт. Ин қишрро то ҷое гуфтан мумкин аст дар Шӯравӣ тарҳашро рехтанд ва имрӯз  бештар амалӣ карданд ва қишрест гӯё ба масъалаҳои дин ва ахлоқ сару кор дорад.  Мафҳуми мулло ва домулло, ки дар фарҳанги мо маъмул аст, аслан аз калимаи арабӣ  гирифта шуда маънии донишманд, олими шариатро (қонун) дошт. Аслан, ҳаракати  донишомӯзӣ, мактабдорӣ ва илму фалсафа дар дунёи исломӣ боиси ба вуҷуд омадани  ҳаракати мактабдории дигар (scholastic) дар дунёи Масеҳӣ гардид, ки дар фарқият аз  макатбдории соф динӣ (monastic), ки масеҳияти Шарқӣ инкишоф дода буд, дар  Болониё (Итолиё) ва дар Порис тавонистанд аввалин мактабҳои ақлонӣ, динӣ – фалсафиро ташкил кунанд, ки қадами аввал барои ташкили университетҳо ё  донишгоҳҳо гардид. Мулло касе набуд, ки танҳо ояҳои Қуръонро аз худ карда бошад,  балки мулло будан доштани дониши таърих, забон, аҳодис, иллоҳиёт, тафсир ва  инчунин шинохти фарҳанг ва қаринаҳое, ки мулло мезист ва дигар донишу  таҷрибаҳоро мехост, то як мулло тавонад аз рӯи талаби исломи расмӣ (orthodox),  қонуну қоидаҳои шариатро фаҳмонад ва дар зиндагии мардум амали карда  тавонад. Муллои беҳтарин он буд, ки гуфтааш ба кардааш мувофиқ меомад. На ҳар  гуна мулло дар мадрассаҳои исломӣ иҷозат ба дарс додан мегирифт. Худ licentia  docendi- и лотинӣ, яъне иҷозатнома барои дарс додан, ки дар донишгоҳҳои Масеҳӣ  дар асрҳои миёна маъмул буд, худ тарҷумаи таҳтуллафзии ijazat at – tadris – и арабист.  Иҷозат ба дарс ин на фақат ҳуҷҷат барои дарс буд, балки нуфуз бахшидан ба мулло буд.  Воқеан мулло як мавҷуди фикркунанда ва таҳлилкунанда, ба хусус дар донистани  ҳуқуқи инсонҳо буд ва инчунин бо равишҳои таҳлилии мисли хилоф (sic et non), ҷадал  (dialectic), мунозира (disputation) ва ғайра мусаллаҳ буд. Чи гунае , ки Мақдисӣ зикр  мекунад зери таъсири ҳаракати мактабдории исломӣ дар дунёи масеҳӣ ба омӯзиш ва  дониш андӯхтан (stadium) ҳамчун қудрати сеюм, дар баробари дин (sacerdotium) ва  шоҳигарӣ (imperium), шинос шуданд. 

Сегонаи қудратии  дин, шоҳигарӣ ва дониш дар  Ғарб дар қарни сездаҳум шакл гирифт, ки дар ҳамин вақт дунёи исломро ҳуҷуми  муғулҳо хароб ва қариб пароканда карда буд. Ба сари қудрат омадани сулолаҳои  туркӣ — муғулӣ раванди сустшавии суннатҳои ақлонӣ ва донишандӯзиро, ки дар  давраҳои муборизаҳои сиёсӣ — идеолгоии мазҳабҳо оғоз шуда буд, боз ҳам заифтар ва дар давраи устод Айнӣ ба ҳеҷ расонида шуда буд. Ҳосили ҳамин гуна сиёсат буд, ки  мардуми тоҷик мегӯянд “муллоро гуфтаашро кардан даркор на кардаашро”.  

Ин ки дар бораи он дастгоҳи рӯҳонӣ, ё сатҳи руҳонӣ — маънавӣ, ки олим, ориф ва  муллои тоҷик таҷрибаи шинохт аз худ , аз муҳит ва ҷаҳон дошт, ҳарф мезанем маънии  баргашт ба қафоро надорад, балки ишорат ба ин аст, ки он мардум, яъне гузаштагони  мо ки аз онҳо имрӯз ҳама дӯсту душман истифода мебаранд, роҳҳои худсозӣ, фазосозӣ  ва инчунин равишҳои шинохти худиро доштанд, ки ақл дар ин фарҳанг агар аз  фарҳанги ғарбиён баланд набошад, мақоми пасттар надошт, то он ки ҷаҳони онҳо аз  дасти дигарон хароб карда нашуд. Дигар ин ки имрӯз дар давраи гузариш воқеан бояд  гузариш дар сатҳи фикр, бунёди шинохт бошад. Академияи илмҳо ва донишгоҳҳо дар  Шӯравии собиқ дар якҷоягӣ бо раванди сохтмони инсон, ҷомеа ва ҷаҳони сотсиалистии  ин мардум ба вуқуъ пайваст, ки ин барои мардуми мо як таҷриба ва дониши беҳтарин  аст, ки тавонанд имрӯз ҷомеаи худро сохта бошанд. Тоҷик имрӯз худ таҷрибаи ҷомеаи  илмӣ ва донишбунёд, ҷомеаи идорашаванда аз тарафи як идеологияро ҳам дорад ва  имрӯз вақте расидааст, ки масъалаи нуфуз бахшидан ба улуми иҷтимоӣ мусбӣ ҳал  карда шавад. 

Дар қаринаи дунёи имрӯз сохтани ҷомеа ба раванд ниёз дорад, яъне дар  ҷомеа дигаргунӣ дар ҳаракат бошад ва бо ин раванд улуми иҷтимоӣ ва илмҳои дигар ҳам  ҳамқадам бошанд. Идеология дар ҷомеа танҳо бо китоб хондан, бофтан ва бо шиор  бардоштан намешавад, балки бо ҳастӣ ва воқеиятро рӯ ба рӯ шудан метавонад шакл  гирад. Мутассифона, дар донишгоҳҳои мо ҳануз равишҳои мадрасаҳои пеш аз ҳуҷуми  муғулҳо, мисли мунозира, ҷадал ва хилоф вуҷуд надоранд, чи ҷои шинос будан ва дар  кор гирифтани назария, равишҳои шинохт, ки дар мактабҳои фикрӣ ва донишгоҳҳои  имрӯзаи дунёи мутамаддин инкишоф дода шудаанд. Рӯҳи ҷустуҷу, баҳс, ихтироъ дар  донишгоҳҳо нест, ба ҷуз такрори ҳарфҳои гузашта, зеро донишҷӯ воқеияти худро рӯ ба  рӯ нест ва онро дуруст шарҳ дода наметавонад. Аслан улуми иҷтимоӣ, ки дар  пажуҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳои мо амал мекунад ва дарс дода мешавад, бояд дар  ҷомеаи мо реша дошта бошанд ва фикри иҷтимоӣ ва идеология бо ҷомеае, ки зиндагӣ  дорем мувофиқ ва таъсиргузор бошанд, ва агар на, ин на дониш балки утопия ва ё  такрори донишу таҷрибаи дигарон аст. … 

Акнун дар ҳамин нуқтаем, ки агар рӯшунгароии воқеӣ мехоҳем, ки он мутури таърих  ҳисоб мешавад аз гуфтаи Кант бояд кор гирем, “Pушангароӣ (enlightenment) ин  баромадан аз ҳолати хомии худ аст. Хомӣ ин ин надоштани қобилияти истифодаи  фаҳмиши худ бе роҳнамоии дигарон аст. … Шиори рушангарои з — ин рӯ: Sapere aude!  Мардонагии истифодаи хиради худро дошта бош!”. Мутассифона, имрӯз забон, фикр  ва умуман ҳаёт дар Тоҷикистон дар воқеияти забонии пуч ё парт, гирифтор аст ва инро  бояд шинохт, ки чи чизе ва чи касе ин ҳолатро ба вуҷуд овардааст. Ин ҳолатро  бояд шинохт ва шикаст. Аслан он қудрати марказӣ, ки ин воқеияти козиб гирди он  мечархад ҳукмронии нафси ҳанӯз тарбият наёфтааст. Замоне, ки рӯ ба рӯи мардум  мушкилотҳо ва масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ — сиёсӣ ва фарҳангӣ истодаанд, ки худ  бунёди ҳама гуна тараққӣ ва пешравии инсон, ҷомеа ва давлатанд, академик — идеологҳои мо баҳси прогрессро болои ҷомеа партофтаанд ва дида наметавонанд, ки  ҳама асбоби тараққӣ ва инкишоф таёр аст, вале бозингари асосӣ, ба дигар кор машғул  аст.

Идома дорад…

Меҳмоншо Шарифзода

Ҷомеашинос, файласуф

——-

Агар мехоҳед ин матлабро аз аввалаш мутолеа кунед, бо тартиб ба ин пайвандҳо ангушт занед.

  1. Нафс ва Истиқлол — оғози ин матлаб
  2. Аз сохтмони субъект то ҳукмронии нафси аммора 

Happy
Happy
0 %
Sad
Sad
0 %
Excited
Excited
0 %
Sleepy
Sleepy
0 %
Angry
Angry
0 %
Surprise
Surprise
0 %

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *