
Тоҷикистон ё Зиндонистон?
Дар вебсайти Радиои Озодӣ хондам, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор маҳбус адои ҷазо мекунанд. Ин оморро дар гузориши ахири худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон додааст.
Бино ба маълумоти расонаишуда дар бораи теъдоди маҳбусон дар моҳи январи соли 2024, ки 13,5 ҳазор кас гуфта мешуд, 1,5 ҳазор зиёд аст.
Нашри омори расмӣ дар бораи расидани шумораи маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон ба зиёда аз 15 ҳазор нафар, на танҳо як омор, балки як оинаест, ки вазъи ҳуқуқи инсон, “адолати судӣ” ва сиёсати давлатро равшан бозтоб мекунад. Ин рақам, ки тибқи гузориши ахири Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2024 нашр шудааст, далели равшани он аст, ки Тоҷикистон беш аз ҳарвақта ба як ҷомеаи пӯшида, зери зулму истибдод буда, ба як зиндонистон табдил ёфтааст.
Чунин афзоиши босуръати шумораи маҳбусон дар як кишвари хурд бо аҳолии тақрибан 10 миллион, нишон медиҳад, ки давлат ба ҷойи ислоҳ, музокира ва мубодилаи афкор ва таъмини қонунмандӣ, бештар ба сархамсозии ҷомеа бо роҳи зӯр, тарс ва маҳдудсозии озодиҳо рӯ овардааст. Ҳама аҳли фикр, ҳамонҳое, ки наметавонанд афкору андешаи худро дар даруни худ зиндон кунанд, худ зиндонӣ хоҳанд шуд ва ҳамин соҳибандешаву соҳибилмон ҳастанд, ки рақиби аслии режим дониста мешаванд. Агар инҳо дар зиндон ва даҳондухта набошанд, аҳли сифлаи дар қудратбуда, дар бақои қудрати худ эҳсоси таҳдид мекунанд. Чун ҳатто дар минбаре, дар гуфтани як ҷумлаи бенуқс ранҷ мекашанд. Инаст, ки бояд дар Тоҷикистон кару куру гунг бошӣ ва фаротар аз ин ҷоят зиндон аст. Шиорат ҳам бояд ин бошад: “Сари хамро шамшер намебурад ва даҳони баста сад тилло.”
Мисли ин ки аз хокистар шуъла ҷаҳида бошад, намояндаи расмии ҳукумат, Ваколатдори ҳуқуқи инсон, ҷуръат намуда, эътироф мекунад, ки якчанд муассисаи ислоҳӣ «аз меъёр зиёд» маҳбус нигоҳ медоранд. Ин иқрор, ҳарчанд зери бори чанд истиҳолаву эҳтиёткорӣ гуфта шудааст, худ баёнгари вазъест, ки солҳои тӯлонӣ аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ садо дода, вале аз тарафи ҳукумат рад мешуд. Ҳа, рад мекарданд. “Гузоришҳои Созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи оморҳои ғайрирасмӣ ва ҳаракатҳои опозитсионӣ гирифта шудааст ва нодуруст аст” мегуфтанд.
Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар моҳи апрели соли 2024 «зиёд будани зиндониён дар Тоҷикистон»-ро «мушкилоти ҷиддӣ» хонда буд. Вокуниши ниҳодҳои хориҷӣ ва дохилӣ, нишон медиҳад, ки вазъ аз ҳади бад гуфтан ҳам гузаштааст. Гуфти русҳо «хуже не бывает».
Чунин вазъ ба таври амиқ бо сиёсатҳои умумии давлат алоқаманд аст. Солиёни охир, зиндон кардану тарс додани мардум василаи сиёсат шудаанд. Афроди мухолиф, журналистон, рӯҳониёни мустақил, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳатто муътаризони оддӣ бо баҳонаҳои сохта пушти панҷара меафтанд. Ин ҳам ба дарак, ниме аз зиндони Тоҷикистон аҳли “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд. Ҳарчанд худи раисмҷумҳур иқрор кард, ки аксари онҳо бегуноҳ пушти панҷараи зиндон шудаанд, то ҳол хабаре нашунидем, ки касе аз аҳли “лайк” озод шуда бошад.
Ин гуна саркӯбгарӣ нишон медиҳад, ки қонун дар Тоҷикистон на омили адолат, балки силоҳи ҳифзи як низоми худкома, золиму мустабид гардидааст.
Дар чунин шароит, гуфтан аз ислоҳот ва ҳифзи ҳуқуқи инсон як навъ зери по кардани арзишҳои башарӣ аст. Ин режим бо ҳар васила мекӯшад, ки фазои тарсро ҳифз кунад ва агар барои он лозим бошад, садҳо ва ҳазорҳо нафарро равонаи зиндон мекунад. Барои давлате мисли режими Тоҷикистон, ки бар пояи зӯр ва гунг сохтани миллат устувор шудааст, зиндон на макони ислоҳи ҷинояткорони воқеъӣ, балки ватани касонест, ки аз шарофату каромати инсонии худ дарак додаанд.
Бино ба гузориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, беш аз 15 ҳазор маҳбус ташхиси вируси норасоии масъунияти бадан (ВНМО) гузарондаанд, ва 30 нафари онҳо гирифтори ин беморӣ муайян шудаанд. Агар чунин ташхисҳо дар шароити беҳдоштии кофӣ ва нигоҳубини тиббӣ сурат намегиранд, пас метавонад фоҷиаи башариро дар ин зиндонҳо ба вуҷуд оварад. Аммо ин гуна паёмадҳо барои давлат муҳим нестанд, зеро ин режим танҳо нафарони гунгу кар лозим аст. Мебояд дар Тоҷикистон мисли суннати хатнаи мардон, боз як суннати дигар ҷорӣ кард ва баробари таваллуд, бояд ниме аз забонашонро буррид, то забон накушоянд ва то зиндаанд, ҳарфе нагуянд.
Бубинед, дар замоне, ки кишварҳои мутамаддин агар бо кам кардани теъдоди зиндониён ва холӣ кардани зиндонҳо фахр кунанд ва инро нишонаи баланд шудани маърифат ва маданияти шаҳрвандонашон донанд, теъдоди зиндониён дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Зеро, сиёсат дар ин кишвар ба ҷойи табодули фикр ва имкони рақобати қонунии аҳзоб, танҳо бо роҳи таҳқир, боздошт, зиндон ва маҳви аҳли андеша пеш бурда мешавад. Ёбу гир, ки мо дар куҷоем?
Бинобар, то замоне ки додгоҳҳо вобастаи иҷроия мемонанд ва ҳукмҳо ба фармони шахси “ҷаноби вай” содир мешаванд, метавонем бо итминон бигӯем, ки Тоҷикистон ҳаминхел Зиндонистон боқӣ мемонад.
Ҳаминро ногуфта намонам, ки ин нишонаи воқеъии нокомии режим аст, ки рӯз ба рӯз зиндонҳо пур мешаванд ва ба ҷойи кам шудан сатҳи “ҷинояткорӣ” меафзояд. Дар кишваре, ки ба ҷойи кам шудан теъдоди зиндонияш меафзояд, дар он ниҳодҳои қудратӣ ва иҷроия аҳли барзаханд. Мурдаанду худашон бехабар. Вагарна, нишони пешрафт ва болоравии маданияту маърифати аҳли як кишвар инаст, ки дар он сатҳи ҷинояткорӣ сол ба сол кам мешавад ва ба ҷойи ҳарчанд сол як зиндон сохтан, зиндон холӣ мекунад ва онро ба коргоҳу корхона ва мактабу донишгоҳ табдил медиҳад.
Инаст, ки дар Тоҷикистон аҳли ҷиноят ҳукмронӣ мекунанд ва ҳамаро дар кеши хеш мебинанд. То замоне ки чунин сиёсат ҳукмфармост, на озодӣ ҳаст, на оромӣ, на субот. Ҳамин тавр тоҷикистоние, ки гунг будан наметавонад, то замоне, ки хулосааш ин нашавад, ки мисли мардуми кишварҳои дигар ӯ ҳам инсон аст ва барои ҳамчун инсон зистан бояд мубориза бурд, то инки зиндонӣ ва ё кушта нашавад, сар ба гурез, дар ба дар, хок ба сар, хонааш дар пушторааш мегардад.
Шавкати Муҳаммад
Average Rating