
Марги пурфоҷеаи домулло Абдуманнон, қотилон ва сояи сохторҳои амниятӣ
Марги домулло Абдуманнон (Содиқов Маннон Ҳасанович), сокини деҳаи Сурхи шаҳри Исфара, ки шаби 26 ба 27 апрели соли 2026 нопадид шуда, баъдан ҷасадаш бо нишонаҳои куштори бераҳмона пайдо гардид, рӯз ба рӯз аз як қазияи ҷиноятии маъмулӣ ба парвандаи дорои паҳлуҳои мураккаби иҷтимоӣ, амниятӣ ва сиёсӣ табдил меёбад.
Ҳоло, баъд аз нашри чандин маълумоти расмӣ, шаҳодатҳои шифоҳии наздикон, маълумоти манбаъҳои наздик ба мақомот ва маълумоти аз дохили муҳити маҳаллӣ дастрасшуда, метавон гуфт, ки қисми зиёди маълумоти аввалия, ки дар рӯзҳои аввал ҳамчун “овоза” ё “тахмин” қабул мешуд, имрӯз бо далелҳои расмӣ мувофиқат мекунад.
Ҳарчанд дар ин бора, гурӯҳи кории мо аз санаи 28 апрел ин қазияро пайгирӣ мекард, мо кӯшиш кардем, то расонаӣ шудани маълумоти расмӣ чизе дар ин бора нагуфта бошем. Сараввал гурӯҳи корӣ барои пайдо намудани Домулло Абдуманнон даст ба кор шуд. Аҳли хонавода кӯшиш мекарданд, ҳама маълумотро аз мо пинҳон доранд, то барояшон аз ҷониби мақомот мушкил эҷод нашавад. Атрофиён низ хеле бо эҳтиёткорӣ маълумот мерасониданд. Аммо, дар натиҷаи кӯшишҳо манбаъҳое аз дохили худи мақомоти тафтишотӣ пайдо шуданд, ки то ҳадде ба қазия рушанӣ андохта шуд.
Шарҳи ҳоли домулло Абдуманнон
Домулло Абдуманнон (Содиқов Маннон Ҳасанович) 22 январи соли 1965 дар ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Ӯ сокини деҳаи Сурх буда, солҳои тӯлонӣ дар миёни мардум ҳамчун шахси диндор, соҳибэҳтиром ва фаъоли ҷамъиятӣ шинохта мешуд.
Домулло Абдуманнон дар ҷомеаи маҳаллии Исфара танҳо ҳамчун як рӯҳонӣ ё фаъоли собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маъруф набуд. Ӯ бештар бо хислатҳои инсонӣ, муносибати нек бо мардум ва саҳмаш дар корҳои ободонӣ шинохта мешуд. Ӯ дар сохтмон ва таъмири роҳҳо, кӯмак ба масоҷид, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва корҳои хайр фаъолона иштирок мекард.

Дар байни ҳамдеҳагон ҳамчун инсони ором, бообрӯ ва саховатманд обрӯи баланд дошт. Бо вуҷуди он ки солҳои охир зери фишорҳои сиёсӣ ва мушкилоти оилавӣ қарор дошт, аз ҷумла зиндонӣ шудани худаш, боздошт ва зиндонӣ шудани писараш Абдусалом Содиқов, ӯ робитаи худро бо ҷомеа қатъ накард ва ҳамчунон миёни мардум ҳузур дошт.
Домулло Абдуманнон солҳои пеш роҳбарии бахши ҲНИТ-ро дар деҳаи Сурх бар уҳда дошта, баъди мамнуъ эълон шудани ҳизб низ мавриди таъқиб қарор гирифта буд. Зиёда аз як сол зиндонӣ ҳам шуда буд, ва қисме аз умрашро бо таҳаммули фишорҳо, бозпурсӣ ва маҳдудиятҳо сипарӣ кард.
Дар рӯзҳои охири зиндагӣ, тамоми фикру нигаронии ӯ ба сарнавишти писараш Абдусалом бастагӣ дошт. Ба гуфтаи наздикон, ӯ омода буд барои озодии фарзандаш ҳатто молу мулки худро фурӯшад. Маҳз ҳамин эҳсоси падарӣ ва умеди наҷоти фарзанд, ба гуфтаи манбаъҳо, сабаб шуд, ки домулло Абдуманнон ба доми як нақшаи пурхатар афтод.
Қазия аз куҷо оғоз шуд?
Барои дарки дурусти ин қазия бояд аз нуқтаи аслӣ оғоз кард. Аз боздошти Абдусалом Содиқов, писари домулло Абдуманнон. Чун сабаби қатли домулло Абдуманнон ҳам ҳамин қазияи зиндонӣ будани писараш Абдусалом аст.
Абдусалом соли 2024 аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт ва баъдан ба зиндон маҳкум гардид. Наздикон ва ҳамдеҳагон мегӯянд, ки баъд аз ин ҳодиса домулло Абдуманнон ба ҳолати доимии изтироб ва ҷустуҷӯи роҳҳои озод кардани фарзандаш афтода буд. Ӯ пайваста бо одамони гуногун машварат мекард, роҳ меҷуст ва омода буд барои озодии писараш ҳар кореро анҷом диҳад.
Маҳз дар ҳамин давра атрофи ӯ гурӯҳи муайяне пайдо мешаванд, ки худро дорои “алоқаҳо”, “имкониятҳо” ва “робитаҳо” бо сохторҳои амниятӣ ва Суди олӣ нишон медоданд.
Дар маркази ин шабака чанд ном пайваста такрор мешавад:
— Зиёев Суҳроб,
— Хуршед,
— Бобоев Эҳсон Комилбоевич (“Фаридун”),
— ва Бобоев Шуҳрат, Акобиров Акбар, Юлдошев Абдунабӣ, Шарипов Юсуф ва ғайраҳо
Иддае аз ин ному насабҳо, эҳтимол доранд ду ному насаб аз они як нафар бошанд. Чун дар байни ҷинояткорон нафароне ҳастанд, ки дар байни ҷомеа бо ному насаби дигар шинохта шудаанд, вале расман ному насабашон дигар аст.
“Фаридун” кист?
Дар ҳамаи маълумотҳои дастрасшуда, номи “Фаридун” калидӣ ба назар мерасад. Аммо баъдтар маълум мешавад, ки ин танҳо як лақаб будааст ва сухан дар бораи Бобоев Эҳсон Комилбоевич меравад, ҳамон шахсе, ки дар маълумоти расмии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун гумонбари асосӣ зикр мешавад.
Аммо паҳлуи нигаронкунанда дар он аст, ки “Фаридун” дар муҳити маҳаллӣ танҳо ҳамчун як шахси ҷиноятпеша шинохта намешуд. Тибқи маълумоти шифоҳии сершумор, ки тавассути чанд манбаъ маълумоти якхела расид, ӯ худро шахси наздик ба мақомоти амниятӣ муаррифӣ мекард ва аз номи сохторҳои қудратӣ истифода мебурд.

Беш аз ин, як маълумоти дастрасшуда нишон медиҳад, ки ӯ қаблан дар худи парвандаи Абдусалом Содиқов, писари домулло Абдуманнон низ иштирок доштааст. Ба гуфтаи манбаъҳо, “Фаридун” дар мурофиаҳои судӣ ҳамчун “шоҳиди махфӣ” истифода мешуд ва тибқи дастури мақомоти амниятӣ баёнот ва шаҳодатҳои омодашуда аз ҷониби мақомоти айбдоркунандаро пешниҳод мекард.
Ин маълумот ба як занҷираи бисёр хатарнок ишора мекунад. Диққат диҳед:
— аввал, шахс дар маҳкум гардидани Абдусалом, писари домулло Абдуманнон иштирок мекунад;
— баъд, ҳамон шахс дар нақшаи “озод кардани” ҳамон маҳбус пайдо мешавад;
— ва дар ниҳоят, номи ӯ дар маркази қазияи куштори падари маҳбус мебарояд.
Ин дигар тасодуф ба назар намерасад.
Шабакаи миёнаравҳо ва сохтани эътимод
Маълумоти дастрас нишон медиҳад, ки домулло Абдуманнон ба таври тасодуфӣ фиреб дода нашудааст. Ӯ тадриҷан ба як муҳити равонӣ ба таври ҳирфаӣ ворид карда мешуд, ки дар он танҳо як фикр ҳукмрон буд: “писаратро агар озод накунӣ дар зиндон мекушанд.”
Дар ҳамин ҷо нақши Зиёев Суҳроб ва дигар миёнаравҳо муҳим мешавад.
Ба гуфтаи манбаъҳо, Суҳроб пайваста домуллоро бовар кунонида, мегуфтааст, ки масъала дар сатҳи “генералҳо” ва “одамони Суди олӣ” баррасӣ мешавад. Аз номи мансабдорони баландпоя ҳарф мезанад. Ҳатто ин гапро, ки яке аз генералҳо розӣ шудааст масъалаи Абдусаломро ҳал кунад, аммо маблағи калон лозим аст, аз тарафи ҳамин Суҳроб тасдиқ шудааст ва домулло Абдуманон ба ӯ эътимод кардааст.
Миқдори маблағ пайваста тағйир меёфт:
гоҳе аз 20 ҳазор, гоҳе аз 50 ҳазор доллар,
гоҳе аз 100 ҳазор доллар сухан мерафт.
Домулло, ки дар ҳолати шадиди равонӣ қарор дошт, ба наздиконаш гуфтааст:
«Агар лозим шавад, ҳатто ҳавлиро мефурӯшем. Фақат писарам озод шавад.»
Ин як ҳолати равонӣ ва дар чунин ҳолат инсон дигар бо мантиқ не, балки бо тарси аз даст додани фарзанд фикр мекунад.

Ҳоло Суҳроб Зиёевро баъди бозпурсӣ озод кардаанд ва дигар дар боздошт нест. Аммо, маҳз ҳамин Суҳроб пеш аз хона баромадани домулло Абдуманон тавассути телефон бо ӯ гап задагӣ аст. Хонаводаи домулло Абдуманнон низ ба мақомот гуфтаанд, ки маҳз ба ҳамин Суҳроб домулло бештар эътимод мекард. Ҳангоми оғози ҷустуҷӯ вақте ба Суҳроб занг зада мепурсанд, ки домулло Абудманон куҷост, ӯ дар ҷавоб мегуяд, ки “ягон маълумот надорад ва танҳо миёнарав буд. Одамҳои лозимиро шинос кард ва аз бозӣ баромад.”
Бино ба маълумоти дастрасшуда, Суҳроб Зиёев, тоҷир ва шахси доро аст, ки эҳтимол бо пешниҳоди маблағи калон “аз об тар нашуда берун шудааст.”
Дар маълумоти расмӣ, ки аз ҷониби ВКД нашр шуд, як қотили дигар бо номи Шарипов Юсуф зикр мешавад. Бино ба маълумоти ба мо дастрасшуда, дар асл ин нафарро бо номи Акобиров Акбар мешиносанд. Маҳз ҳамин нафар иқрор мешавад, ки домулло Абдуманнонро кушта, гуронидаанд.
Бозии равонӣ
Яке аз паҳлуҳои бисёр ҷиддии қазия он аст, ки домулло Абдуманнон танҳо бо ваъдаи озодӣ фиреб дода намешуд. Ӯ пайваста зери фишори равонӣ қарор дошт.
Ба ӯ хабарҳои зиддунақиз мерасонданд:
— гоҳе мегуфтанд масъала ҳал мешавад;
— гоҳе мегуфтанд парванда бисёр вазнин аст;
— гоҳе хабар медоданд, ки Абдусаломро дар зиндон латукӯб мекунанд;
— гоҳе ба домулло хабар мерасониданд, ки Абдусаломро дар зиндон зада ниммурд кардаанд, чихеле набошад бояд ӯро аз онҷо халос кард.
— ҳатто мегуфтаанд, ки агар маблағ зуд пайдо нашавад, вазъи писараш бадтар мешавад, шояд дар зиндон кушандаш.
Домулло худ таҷрибаи зиндонро дошт ва медонист, ки чунин таҳдидҳо метавонанд воқеӣ бошанд. Мисолҳои воқеъӣ, ки ҷасади чандин дӯстону ҳамсафонаш аз зиндон берун шуданд, пеши чашмонаш меомад. Аз ҳамин сабаб, чунин фишорҳо ба рӯҳияи ӯ таъсири сахт гузоштаанд.
Наздиконаш дар маросими таҷзия нақл кардаанд, ки ӯ рӯзҳои охир хобу оромиро аз даст дода буд.
Тағйири ногаҳонии нақша
Дар аввал ба домулло гуфта мешуд, ки бояд домулло Абдуманон маблағро омода кунад, он миёнаравҳо маблағро нагирифта, аввал Абдусаломро озод карда, аз Тоҷикистон берун мебароранд, маблағ баъд аз расидани Абдусалом ба Маскав дода мешавад. Яъне, аввал озодӣ, баъд пул.
Аммо баъдтар сенария тағйир меёбад.
Ногаҳон хабар медиҳанд, ки дар Суди олӣ “одам пайдо шудааст” ва маблағро фавран ба Душанбе бурдан лозим аст. Аз ҳамин ҷо қазия босуръат ба самти фоҷиа ҳаракат мекунад.
Шаби 27 апрел, тахминан соати 03:00, домулло аз хона мебарояд. Ҳамсараш Содиқова Мунаввар дар азохона нақл кардааст, ки домулло баъд аз гуфтугӯ ва мувофиқа бо ҳамон афрод аз хона баромада буд. Тибқи гуфтаи ҳамсараш домулло пеш аз баромадан бо Суҳроб Зиёев, бо телефон сӯҳбат карда будааст.
Тақрибан ним соат баъд аз хона берун шудан телефони домулло хомӯш мешавад.
Версияи расмии мақомот
Баъдтар Вазорати корҳои дохилӣ иттилоияи расмӣ нашр мекунад.
Дар он гуфта мешавад, ки Бобоев Эҳсон ва тағояш Шарипов Юсуф домуллоро “бо баҳонаи ба Душанбе бурдан ва аз маҳбас озод намудани фарзандаш” ба автомашина савор кардаанд.
Тибқи версияи расмӣ:
— дар дохили мошин дастони домулло баста шудааст;
— 100 ҳазор доллар аз ӯ гирифта шудааст;
— баъдан ӯро ба сохтмони нотамом бурдаанд;
— ва дар он ҷо бо корд ба қатл расондаанд.
Мақомот мегӯянд, ки ба ӯ 2 зарба ба китф ва 7 зарба ба гардан зада шудааст.
Аммо шоҳидон ва наздикон аз пайу нишонаҳои 11 зарбаи корд ва ҳатто буридани раги гардан хабар медиҳанд.
Бино ба маълумоти нашркарди ВКД ҷасадаи домулло Абдуманнон аз манзили зисти сохтмонаш нотамоми шаҳрванд Юлдошев Абдунабӣ, воқеъ дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Сурх гуронида шуда будааст.
Чаро ин қазия саволбарангез аст?
То ҳамин ҷо чанд масъала аллакай рӯшан шудааст:
Аввал, маълумоти аввалияе, ки паҳн мешуд, имрӯз қисман аз ҷониби худи мақомот тасдиқ мешавад.
Дувум, қазия аз аввал бо номи сохторҳои амниятӣ ва судӣ пайваст буд.
Сеюм, шахсе, ки имрӯз ҳамчун гумонбари асосӣ зикр мешавад, қаблан дар худи парвандаи Абдусалом низ иштирок доштааст. Ҳангоми боздошти ӯ бо ҳамроҳии мақомоти интизомӣ ба хонаи Абдусалом омадааст.
Аммо муҳимтарин савол ҳанӯз бе посух мондааст:
Оё ин танҳо кори ду нафаре буд, ки мақомот аз онҳо ном гирифтанд?
Зеро тарзи иҷрои ҷиноят нишон медиҳад, ки сухан аз як амали тасодуфӣ намеравад.
Барои бурдани инсон аз хона, бастани дастҳо, интиқоли ӯ ба ҷои дигар, қатл ва баъдан пинҳон кардани ҷасад оромиш ва итминон лозим аст. Бояд касе кафолат дода бошад ва итминон дода бошад, ки ҷинояткорон ошкор намешаванд ва чароғак “сабз” аст.
Ҷасад ва кӯшиши пинҳонкорӣ
Ҷасади домулло баъд аз панҷ рӯз дар ҳудуди сохтмони нотамом аз зери хок пайдо мешавад.
Тибқи маълумоти аз долони мақомоти тафтишотӣ дастрасшуда, аввал боздоштшудаҳо дар бораи ҷойи дигар ҳарф мезаданд. Баъд маълум мешавад, ки ҷасад пинҳон карда шудааст.
Ин ҷузъиёти бисёр муҳим аст.
Зеро пинҳон кардани ҷасад маънои онро дорад, ки омилон барои гумроҳ кардани тафтишот вақт ва имконият доштаанд.
Саволи асосӣ: нақши сохторҳои амниятӣ чист?
Ҳоло муҳимтарин бахши қазия ба ҳамин масъала пайванд мехӯрад.
Агар “Фаридун” воқеан пештар ҳамчун шоҳиди махфӣ дар парвандаи Абдусалом истифода мешуд, пас чӣ гуна чунин шахс баъдтар ба маркази як нақшаи бузурги молиявӣ ва куштор табдил меёбад?
Оё касе аз боло аз фаъолияти ӯ огоҳ набуд?
Чаро атрофи қазия пайваста аз номи “генералҳо”, “алоқаҳо” ва “одамони Суди олӣ” истифода мешуд?
Ва муҳимтар аз ҳама:
агар баъзе доираҳо аз ин раванди миёнаравӣ хабар доштанд, чаро пешгирӣ сурат нагирифт?
Бозии хатарнок
Имрӯз дар Исфара бисёриҳо мегӯянд, ки домулло Абдуманнон на танҳо қурбонии як ғоратгарӣ, балки қурбонии як бозии бисёр хатарнок шуд.
Бозие, ки дар он:
— аз номи мақомоти давлатӣ истифода мешуд;
— инсонро аввал ба тарс мебурданд;
— баъд умедвор мекарданд;
— ва дар ниҳоят аз ҳамон умед барои гирифтани маблағ ва аз байн бурдани ӯ истифода карданд.
Аз ҳамин сабаб, ин қазия дигар танҳо масъалаи як куштор нест.
Ин масъала ба санҷиши шаффофияти тафтишот, масъулияти сохторҳои давлатӣ ва ҳаққи ҷомеа барои донистани ҳақиқат табдил ёфтааст.
То вақте ки ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоби рӯшан дода нашавад, қазияи қатли домулло Абдуманнон барои ҷомеа як парвандаи пӯшида нахоҳад буд.
Ногуфта намонад, ки маҳз барои баррасии ин қазияи мудҳиш аллакай гурӯҳи корӣ тафтишот ва таҳқиқро ба роҳ мондааст. Ҳатман аксари маводҳо ва далелҳои ҷамъшуда, ки бо сабаби риояи ҷанбаҳои ахлоқӣ? rfhjvfnb bycjym ва ифшо нашудани манбаъҳо инҷо зикр нашуданд, пешкаши ниҳодҳои марбути байналмилалӣ хоҳанд шуд.
