
Рушди дурӯғин, синдроми одат ба зулм ва суботи сунъӣ
Вақте ба воқеияти иқтисодии Тоҷикистон на аз дидгоҳи омори расмӣ, балки аз таҷрибаи ҳаррӯзаи соҳибкорон ва аҳолӣ назар мекунем, байни Тоҷикистоне, ки аз забони ҳукуматдорон мешунавем ва шароити воқеъие, ки ҳаст фарқ аз замин то осмон аст. Ба як ҷумла агар гуфтан шавад, ҳолат ин аст, ки иқтисоди кишвар бештар дар вазъияти нигоҳ доштани тавозун бо зуракорӣ қарор дорад, на дар масири рӯ ба рушд овардан.
Вазъияти Тоҷикистон мисли як хонаи фарсудаву харобест, ки ин харобиву фарсудагиҳо бо ягон чизи хушрӯй рӯйпӯш шудааст. Наззорагар шояд танҳо ҳамон хушрӯйиро бинад, аммо ҷони даруни хона будагон аз бешароитии хона ва фарсудагии он дар азоб аст. Барои он ки ҳамин вазъиятро воқеъбинона дарк кунем, мехоҳам чанд мисоли зиндаро бароятон матраҳ кунам.
Нигаред, низоми бонкӣ, ки бояд муҳаррики гардиши сармоя бошад, дар амал ба яке аз монеаҳои асосии фаъолияти иқтисодӣ табдил ёфтааст. Норасоии асъори хориҷӣ, махсусан доллар ва евро, нишон медиҳад, ки бозори молиявӣ қобилияти қонеъ кардани талаботи дохилиро надорад. Ин ҳолат на танҳо ба коҳиши эътимод нисбати бонкҳоро ба миён меоварад, балки заминаи густариши бозори ғайрирасмиро низ фароҳам месозад, ки дар он қурб бо механизмҳои шаффофи бозорӣ не, балки бо қоидаҳои “иқтисоди соя” муайян мешавад. Дар чунин муҳит, сармоягузор чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ худро дар шароити ноустувор ва пешгӯинашаванда мебинад. Тоҷикистон, ки кишвари истеъмолӣ аст, барои хариди бор асосан асъори хориҷӣ лозим мешавад, вале пайдо кардани асъори хориҷӣ баробари пайдо кардани тухми мурғи анқо қариб, ки номумкин шудааст. Дар баробари ин, фоизи баланди изофашаванда ба қарзҳо, ки дар баъзе ҳолатҳо ба 25–35 дарсад мерасад, нишон медиҳад, ки захираҳои молиявӣ дар иқтисод на танҳо маҳдуд, балки гаронарзиш низ ҳастанд. Дар чунин шароит, қарз на фақат наметавонад абзори рушд бошад, балки ба дарди сари изофӣ ва миёншикан барои соҳибкорон мубаддал мегардад. То ҷойе ин мушкилӣ вусъат ёфтааст, ки бисёре аз тиҷоратҳо танҳо барои нигоҳ доштани фаъолияти мавҷуда ва пардохти фоизҳо фаъолият мекунанд. Худи тоҷир мурда-мурда мезияд. Ин раванд иқтисодро аз ташаббус ва навоварӣ маҳрум месозад. Як тоҷир ба худ ҳақ намедиҳад, ки ташаббуси бештар аз худ нишон диҳад.
Аз ҷониби дигар, мушкилоти техникӣ ва инфрасохтории низоми бонкӣ, аз ҷумла сустии шабакаҳои рақамӣ ва дастрасии маҳдуд ба хизматрасониҳои муосир нишон медиҳад, ки иқтисод то ҳол ба марҳилаи рақамигардонӣ ворид нашудааст. Ин на танҳо самаранокии муомилотро коҳиш медиҳад, балки хароҷоти пинҳонии иқтисодиро зиёд мекунад.
Дар сатҳи бозор, фарқияти миёни таварруми расмӣ ва воқеӣ яке аз нишонаҳои асосии номувофиқатии сиёсати иқтисодӣ бо воқеият мебошад. Агар омори давлатӣ сатҳи пасти таваррумро нишон диҳад, дар амал болоравии нархи молҳои асосӣ, аз ҷумла озуқа қобилияти харидории аҳолиро ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Ин ҳолат ба коҳиши талаботи дохилӣ оварда мерасонад, ки худ яке аз омилҳои асосии сустшавии рушди иқтисодӣ мебошад.
Вобастагии шадиди иқтисод ба пули муҳоҷирон низ нишон медиҳад, ки модели иқтисодӣ бештар ба манбаъҳои беруна такя мекунад, на ба истеҳсолоти дохилӣ. Ин вобастагӣ, аз ҷумла тағйироти қурби рубли русӣ ва сиёсати муҳоҷиратии Русия, иқтисодро сахт осебпазир месозад. Дар чунин шароит, ҳатто тағйироти хурд дар иқтисоди кишвари қабулкунанда метавонад ба коҳиши даромади миллионҳо хонавода дар Тоҷикистон оварда расонад.
Фишор ба соҳибкорон танҳо бо андозҳои расмӣ маҳдуд намешавад. Мавҷудияти санҷишҳои зиёд, талаботи ғайрирасмӣ ва муҳити ношаффофи танзимкунанда иқтисодро ба сӯи фаъолияти ғайрирасмӣ тела медиҳад. Ин раванд на танҳо даромади буҷаро коҳиш медиҳад, балки рақобати солимро низ аз байн мебарад. Вақте ки қоидаҳои бозӣ барои ҳама яксон нестанд, сармоягузорони ҷиддӣ аз ворид шудан ба бозор худдорӣ мекунанд.
Монополия дар бахшҳои калидӣ низ яке аз омилҳои асосии маҳдудкунандаи рушди иқтисодӣ мебошад. Тамаркузи захираҳо дар дасти гурӯҳҳои маҳдуд имконияти рақобати озодро аз байн бурда, навоварӣ ва беҳбуди сифати хизматрасониҳоро бозмедорад. Дар чунин муҳит, иқтисод ба ҷои рушд, ба тақсими захираҳои мавҷуда миёни гурӯҳҳои алоҳида табдил меёбад.
Ҳамин тавр, иқтисоди Тоҷикистон имрӯз бештар дар ҳолати мутобиқшавӣ ба фишорҳо ва нигоҳ доштани суботи сунъӣ қарор дорад, на дар марҳилаи рӯ ба рушд. Ҳукумат кӯшиш мекунад ба тамоми ин ҳама мушкилот аҳолиро одат кунонад ва таҳаммули ин ҳама садҳои пешрафтро мардум табиати зиндагӣ дар кишвар донад. Ҳол он ки бо сиёсати баста дигар наметавон зист. Ҳама олам мисоли даруни як хона шудаанд. Ин сиёсати баста ва муҷозотӣ ҳам тоҷирро аз кишвар мегурезонад, ҳам сармоягузорро ва ҳам қувваи кориро. Ҳамин аст, ки монеаҳои сохторӣ, аз ҷумла набуди шаффофият, фишори маъмурӣ, вобастагии беруна ва маҳдудияти дастрасӣ ба сармоя, муҳити сармоягузориро заиф карда, ҳаваси сармоягузориро куштааст. Тоҷирон кӯшиш мекунанд тиҷорати худро бештар дар берун аз Тоҷикистон ба роҳ монанд. Ташаббуси истеҳсолгарӣ ба миён намеояд. Маҳз ба сабаби ҳамин ҳолат қувваи қобили меҳнат, аксаран рӯ ба муҳоҷират меорад.
