
Тоҷикистон ва Қирғизистон аз густариши ҳамкориҳои тиббӣ мегӯянд
Дар шаҳри Бишкек, дар ҳошияи ҷаласаи вазирони тандурустии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи тақвияти ҳамкориҳо дар бахши тандурустиро баррасӣ карданд. Тибқи иттилои расмӣ, ки Агентии «Ховар» нашр кардааст, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди ҳамкориҳо дар самтҳои рақамикунонӣ, омӯзиши кадрҳо ва татбиқи усулҳои муосири ташхису табобат изҳор доштанд.
Зоҳиран ин иқдом саривақтист агар дери бад нашуда бошад, чун айни ҳол низомҳои тандурустии ҳарду кишвар бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастанд. Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ, бахусус дар минтақаҳо, маҳдуд боқӣ мемонад. Камбуди мутахассисони баландихтисос, гурези мағзҳои тиббӣ аз кишвар, таҷҳизоти кӯҳна ва сатҳи пасти маблағгузорӣ аз мушкилоти асосӣ арзёбӣ мешаванд.
Дар Қирғизистон низ вазъият чандон беҳтар нест. Муҳоҷирати табибон ба хориҷ, норасоии дору ва вобастагӣ аз кумакҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи мушкилоти асосии соҳа дар ин кишвар ном бурда мешаванд.
Дар ҳамин замина, як воқеияти баҳсбарангез ин аст, ки ҳатто намояндагони баландпояи давлатӣ низ барои табобат бештар ба хориҷ муроҷиат мекунанд. Дар солҳои охир чандин мақоми баландрутбаи ҳарду кишвар барои муолиҷа ба давлатҳои дигар сафар кардаанд, ки ин ҳолат ба эътимод ба низоми тиббии дохилӣ саволҳои ҷиддӣ ба миён меорад. Аз ҷумла, Қамчибек Тошиев собиқ раиси КДАМ Қирғизистон ва Саймумин Ятимов раиси КДАМ Тоҷикистон.
Ҳамчунин, сафари табобатии Президенти Тоҷикистон ба Чин боз ҳам ин баҳсҳоро тақвият бахшид, ки чаро роҳбарони олӣ ба муассисаҳои тиббии дохилӣ бовар намекунанд.
Дар ҳамин хабар, ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар бахшҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи муносибатҳои дӯстона ва густаришёбандаи байниҳукуматӣ рушд дорад.
Аммо, коршиносон бар онанд, ки чунин мулоқотҳо, гарчанде аз лиҳози дипломатӣ муҳиманд, аммо бидуни ислоҳоти амиқ дар дохили кишварҳо наметавонанд мушкилоти системавии соҳаи тандурустиро ҳал кунанд. Ба гуфтаи онҳо, масъала танҳо дар ҳамкорӣ нест, балки дар сатҳи шаффофият, маблағгузорӣ ва иродаи сиёсӣ барои ислоҳоти воқеӣ қарор дорад.
