
Дарси саводнокии расонаии ЮНЕСКО ва сензураи диктатурӣ
ЮНЕСКО ворид кардани медиасаводнокиро ба сиёсати давлатӣ ва низоми маорифи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба баҳси минтақавӣ гузоштааст. Аммо барои Тоҷикистон масъала танҳо шинохтани хабарҳои дурӯғ нест. Вақте фаъолияти рӯзноманигорони мустақил бо фишор рӯбарӯ мешавад, бо омӯзиши тафаккури интиқодӣ оё рӯзноманигор ба иттилоот дастрасии озоди бемамониат пайдо мекунад.?
Тибқи барномаи расмии ЮНЕСКО, нишасти минтақавӣ оид ба саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ барои 24 то 30 октябри соли 2026 пешбинӣ шудааст. Тоҷикистон дар қатори Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Покистон ҳамчун кишвари иштироккунанда номбар шудааст. Саҳифаи дастрас барномаи чорабиниро дар бар мегирад, аммо натиҷаҳои нишаст, ҳайати воқеии Тоҷикистон ва суханрониҳои намояндагони онро ҳанӯз тасдиқ намекунад.
Ҳадафи эълоншуда гузаштан аз лоиҳаҳои ҷудогонаи омӯзишӣ ба сиёсати фарогир аст. Барнома баррасии ҷойгоҳи саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ дар соҳаи маориф, рушди рақамӣ ва иштироки шаҳрвандонро пешбинӣ мекунад. Дар рӯйхати гурӯҳҳои даъватшаванда намояндагони ҳукуматҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, донишгоҳҳо ва созмонҳои ҷавонон зикр шудаанд. Аммо аз эълон маълум нест, ки расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ин баҳс чӣ саҳм доштанд ё умуман даъват шудаанд ё не.
Ин ташаббус дар шароите матраҳ мешавад, ки созмони «Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон» ё IPHR дар гузориши 21 октябр аз танг шудани фазои озодии баён дар Тоҷикистон хабар додааст. Ба арзёбии созмон, рӯзноманигорони мустақил, ҳомиёни ҳуқуқ ва мунтақидони ҳукумат бо фишори ҳуқуқию маъмурӣ, таҳдид ва таъқиб рӯбарӯянд.
Дар чунин муҳит саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ бо як зиддияти ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад. Аз шаҳрванд мехоҳанд манбаъҳоро муқоиса кунад, аммо агар манбаъҳои мустақил маҳдуд бошанд, доираи муқоиса ҳам танг мешавад. Аз хонанда талаб мекунанд ба хабар бо назари интиқодӣ нигарад, вале агар саволи интиқодӣ ба мақомот боиси фишор шавад, саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ ба кӣ лозим?.
Саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ танҳо пайдо кардани акси сохта ё паёми қаллобона нест. Шаҳрванди огоҳ бояд тавонад омори вазоратро ҳам бисанҷад, аз мансабдор санад талаб кунад ва байни ваъдаи сиёсӣ ва натиҷаи воқеӣ фарқ гузорад. Хабари расмӣ низ бояд аз санҷиш гузарад. Изҳорот ва баёнияи идораи давлатӣ ва ҳатто омори ҳукумат ҷойи далелро гирифта наметавонад.
Хатари асосӣ он аст, ки бо баҳонаи мубориза бо иттилои дурӯғ як навъ рӯзноманигори итоаткор тарбия шавад. Агар ба шаҳрванд омӯзонанд, ки танҳо ба манбаи давлатӣ бовар кунад ва ҳар гузориши мустақилро шубҳанок шуморад, ин тафаккури интиқодӣ нест. Ин додани имтиёзи дуруғросткунӣ ба соҳибони қудрат аст.
Ҳамзамон, иштироки ниҳодҳои давлатӣ дар чунин барномаҳо худ ба худ мушкил нест. Вазорати маориф метавонад омӯзиши санҷиши далелҳоро ба мактаб ворид кунад ва муассисаҳои давлатӣ метавонанд маълумоти бештарро дастрас намоянд. Меъёр бояд он бошад, ки оё омӯзгор, хонанда ва рӯзноманигор ҳақ доранд иддаои худи давлатро низ зери суол гузоранд.
Барои арзёбии натиҷаи ин ташаббус шумораи семинарҳо ва селфиҳои гурӯҳӣ кофӣ нахоҳад буд. Бояд дид, ки расонаҳои мустақил дар таҳияи барномаҳо саҳм мегиранд ё не, дастрасӣ ба санадҳои давлатӣ осон мешавад ё не ва шаҳрванд метавонад хабари расмиро ошкоро рад кунад ё не.
Саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ он вақт арзиш пайдо мекунад, ки шаҳрванд на танҳо хабарро бихонад, балки тавонад аз муаллифи он далел талаб кунад. Ҳатто агар муаллиф вазорат, ниҳоди қудратӣ ё худи раиси ҷумҳур бошад.
