
Тасмими ҳукумат: Хонаводаи Зайд Саидов бесарпаноҳ мемонад
Дар ҳоле ки мақомоти иҷрои ҳукмҳои судӣ дар Тоҷикистон иҷрои қарорҳои қаблиро идома медиҳанд, хонаводаи соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонӣ Зайд Саидов аз хатари мусодираи охирин манзили истиқоматии худ ва бесарпаноҳ мондани даҳҳо нафар, аз ҷумла кӯдакон, ҳушдор медиҳад.
Тибқи санаде, ки аз ҷониби Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шуъбаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ) содир шудааст, қарор аст манзили воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ 55/1, ҳуҷраи 24, ки дар он чанд оилаи вобаста ба Саидов зиндагӣ мекунанд, ба иҷрои маҷбурии ҳукми додгоҳ кашида шавад. Дар ҳуҷҷат зикр шудааст, ки сокинон бояд то 25 апрели соли 2026 манзилро холӣ кунанд, дар акси ҳол, ихроҷи маҷбурӣ бо ҷалби мақомоти дахлдор анҷом дода мешавад.
Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, бо нашри муроҷиатнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти кишвар хостааст, ба вазъи хонавода таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар манзили мазкур 23 нафар, аз ҷумла 17 кӯдаки хурдсол зиндагӣ мекунанд ва дар сурати иҷрои қарор, ҳамаи онҳо бе сарпаноҳ мемонанд.
“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед… нагузоред, ки дар ин рӯзҳои сахт дар кӯча монанд,” — навиштааст ӯ дар муроҷиатнома.
Хайрулло Саидов инчунин масъалаи қонуният ва асоснокии мусодираи амволи хонаводаи маҳкумшударо зери суол бурда, мегӯяд, ки қисми зиёди ин дороиҳо бо маблағҳои мустақили фарзандон, ки дар он замон фаъолияти соҳибкорӣ доштанд, бунёд шудааст.
Аз сӯи дигар, намояндагони Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳукм нисбат ба Зайд Саидов ва мусодираи амволи ӯ аллакай қувваи қонунӣ гирифтааст ва иҷрои он ба зиммаи ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла Хадамоти иҷро вогузор шудааст.
Бояд зикр кард, ки тибқи тартиби амалкунанда, амволи мусодирашуда баъдан ба ихтиёри Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегузарад.

Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистон, соли 2013 пас аз эълони нияти таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт шуд. Ӯ бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла суистифода аз мақом, ришвахорӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз, ба 26 соли зиндон маҳкум гардида, баъдан муҳлати ҳукмаш боз ҳам тамдид шуд. Худи ӯ ва як қатор созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ин парвандаро дорои ангезаҳои сиёсӣ арзёбӣ мекунанд.
Дар ҳоле ки мақомоти расмӣ иҷрои қонунро баъди 13 соли зиндонӣ кардани Зайд Саидов таъкид мекунанд, хонаводааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷомеа руй овардаанд, то дар ин қазияи бераҳмона бетараф набошанд.
