15 кишвари ҷаҳон аз вазъияти вахими рӯзноманигорон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд

Ба дигарон фиристед

Понздаҳ кишвар дар ҷаласаи Шурои доимии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз боздошт, таъқиби ҷиноӣ ва маҳкум шудани рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ва чанд кишвари дигари минтақа изҳори нигаронӣ карданд. Ин мавқеъ дар ҳоле баён мешавад, ки созмонҳои ҳомии озодии матбуот муҳокимаҳои пӯшида, иддаоҳои шиканҷа ва истифодаи қонунҳои зидди ифротгароиро аз мушкилоти асосии парвандаҳои рӯзноманигорони тоҷик медонанд.

Изҳоротро рӯзи 5 ноябри соли 2026 дар Вена намояндаи доимии Финландия дар САҲА Оути Ҳювяринен аз номи Гурӯҳи ғайрирасмии дӯстони амнияти рӯзноманигорон қироат кард. Ба ин гурӯҳ Австрия, Канада, Дания, Эстония, Фаронса, Олмон, Юнон, Латвия, Литва, Черногория, Нидерланд, Норвегия, Шветсия, Британия ва Финландия шомиланд.

Дар матни расмии изҳорот, ки ҳукумати Британия нашр кардааст, Тоҷикистон дар қатори ном бурда мешавад, ки дар ин кишварҳо боздошт ва зиндонӣ кардани рӯзноманигорон нақзи дағали иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар бораи озодии расонаҳоро нишон медиҳад.

Нигаронӣ аз истифодаи додгоҳ алайҳи рӯзноманигорон

Кишварҳои имзокунанда ҳушдор додаанд, ки дар минтақаи САҲА баъзан ба ҷойи ҳимояи рӯзноманигорон ва таҳқиқи ҳамлаҳо ба онҳо, низоми додгоҳӣ ва ҷазоӣ бо иродаи ҳоқимияти иҷроия, алайҳи худи хабарнигорон истифода мешавад.

Кишварҳои имзокунандаи изҳорот аз давлатҳои мастабид хостаанд, қонун ва амалкарди мақомот набояд ба фаъолияти мустақили расонаҳо монеъ шавад, ҳамлаҳо ба рӯзноманигорон ошкоро маҳкум ва хушунати мақомдорон алайҳи рӯзноманигорон саривақт, беғаразона ва муассир таҳқиқ шаванд.

Парвандаҳои Тоҷикистон: ҳукмҳои тӯлонӣ ва муҳокимаҳои пӯшида

Далелҳои муфассалтар дар гузориши Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон — CPJ ба СММ ҷамъоварӣ шудаанд.

Ин созмон 17 апрели соли 2026 хабар дод, ки аз соли 2022 нӯҳ рӯзноманигор дар Тоҷикистон ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Ба арзёбии CPJ, дар ҳашт парванда иттиҳомҳои марбут ба ифротгароӣ ва терроризм истифода шудаанд, ки созмон асоснокии онҳоро зери суол мебарад.

CPJ ҳамчунин мегӯяд, муҳокимаи ҳамаи ин нӯҳ нафар пӯшида баргузор шуда, аз вакилон уҳдадории фош накардани маълумот гирифтаанд. Дар аксари парвандаҳо иддаои шиканҷа ё бадрафторӣ барои гирифтани эътироф мавҷуд будааст. Инҳо арзёбӣ ва маълумоти ҷамъовардаи CPJ ҳастанд.

Пӯшида будани муҳокимаҳо масъалаи санҷиши мустақили иттиҳомҳоро низ ба миён меорад: вақте далелҳои айбдоркунӣ, баҳси вакилон ва асосҳои ҳукм дастрас нестанд, ҷомеа имкони маҳдуд дорад, ки дурустии раванди додгоҳиро арзёбӣ кунад. Худи CPJ дар санади муфассалаш қайд кардааст, ки бинобар махфӣ будани парвандаҳо натавонистааст муайян кунад, додгоҳҳо то чӣ андоза ба далелҳои таҳти шиканҷа ё фишори равонӣ гирифташуда такя кардаанд.

Аз ҳукми Рухшона Ҳакимова то маҳдуд кардани расонаҳо

Созмони Human Rights Watch дар гузориши худ барои баррасии Тоҷикистон дар СММ парвандаи рӯзноманигор Рухшона Ҳакимоваро аз намунаҳои муҳокимаи ғайришаффоф ном мебарад. Ӯ моҳи феврали соли 2025 пас аз мурофиаи пӯшида ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуд. Ба навиштаи созмон, ҷузъиёти парванда махфӣ буд.

Human Rights Watch ҳамчунин манъи фаъолияти «Pamir Daily News»-ро ёдовар шудааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон ин расонаи интернетиро моҳи июни соли 2023 «ифротгаро» эълон кард. Созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, он аз расонаҳои камшуморе буд, ки саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон дар соли 2022-ро инъикос мекард.

Ин мавридҳо нишон медиҳанд, ки нигаронии созмонҳои байналмилалӣ танҳо ба ҳукми як хабарнигор маҳдуд нест ва онҳо, ҳам дастрасӣ ба додгоҳи одилона ва ҳам имкони идомаи фаъолияти расонаҳоро матраҳ мекунанд.

Коҳиши муҳлати ҷазо ба маънои бекор шудани ҳукм нест

Дар баробари ҳукмҳои зиндон, тағйироти баъдӣ дар парвандаҳо низ бояд ба назар гирифта шаванд. Барои мисол, CPJ дар маълумотномаи Хушрӯз Ҷумъаев, маъруф ба Хушом Ғулом, менависад, ки муҳлати ҳабси ӯ дар моҳи июли соли 2026 дар доираи афв як сол кам шуд.

Ҷумъаев моҳи декабри соли 2022 ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуда буд. Кам шудани муҳлат маънои сафед шудани ӯ ё бекор шудани ҳукмро надорад. CPJ ҳамчунин аз нигаронии наздиконаш дар бораи саломатии ӯ ва иддаоҳои бадрафторӣ хабар медиҳад.

Мавқеи мақомот ва масъалаи таҳқиқи мустақил

Мақомоти Тоҷикистон иддаои шиканҷаро дар баъзе парвандаҳо рад кардаанд. Аз ҷумла, тибқи санади CPJ, мақомот гуфтаанд, таҳқиқи додситонӣ дар парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки дар санад бо насаби Котибов низ зикр мешавад, далели шиканҷа пайдо накардааст. Наздикони рӯзноманигор, ба навиштаи ҳамин манбаъ, мустақил будани таҳқиқро зери суол бурдаанд.

Ҳамин тавр баҳси озодии матбуот дар Тоҷикистон бори дигар дар сатҳи байналмилалӣ ва он ҳам сарҷамъонаву муштараки 15 кишвар матраҳ мешавад. Аз ин пеш, бештар, ин масъаларо Созмонҳои дифои ҳуқуқи башар матраҳ мекарданд.


Ба дигарон фиристед

Шарҳ нависед

Your email address will not be published. Майдонҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора шудаанд.