Бинои СММ дар Женева ва панҷара, тасвири иллюстративӣ

Бадахшон, шиканҷа ва рӯзноманигорони зиндонӣ дар парвандаи Тоҷикистон пеши СММ

Ба дигарон фиристед

Тоҷикистон рӯзи 5 ноябр дар СММ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла вазъи зиндониён, озодии баён ва эътиқод посух медиҳад. Дар остонаи ин нишаст созмони байналмилалии «Адолат барои ҳама» (JPTi, Justice pour Tous Internationale) гузорише нашр кардааст, ки масъалаҳои ҷиддиро пеш мегузорад. Чаро рӯзноманигорон зиндонӣ мешаванд? Чаро созмонҳои ҷамъиятӣ баста шудаанд? Чаро шикоятҳо аз шиканҷа идома доранд ва ҳодисаҳои Бадахшон чаро ҳанӯз доғ ва таҳқиқнашуда боқӣ мондаанд?

Гузориши ин созмон, ки рӯзи 31 октябри соли 2026 нашр шудааст, маълумоти ҳукумати Тоҷикистонро бо ҳуҷҷатҳои СММ ва созмонҳои ҳуқуқи башар муқоиса мекунад. Хулосаи асосии муаллифон ин аст, ки қабули қонун, таҳияи барнома ё зиёд кардани маблағгузорӣ ба як ниҳод ҳанӯз маънои беҳтар шудани зиндагии мардум ва ҳифзи ҳуқуқи онҳоро надорад. Бояд дид, ки ин тадбирҳо дар амал чӣ натиҷа додаанд.

Ин гузориш пеш аз баррасии байналмилалӣ пешниҳод шудааст. Худи нишасти 5 ноябр дар доираи Баррасии даврии умумӣ баргузор мешавад. Дар ин раванд кишварҳои узви СММ вазъи ҳуқуқи инсонро дар якдигар баррасӣ ва барои беҳбуди он тавсия медиҳанд. Барои муҳокима ҳам гузориши ҳукумат ва ҳам маълумоти СММ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ истифода мешавад.

Яке аз масъалаҳои асосӣ озодии сухан аст. Дар маҷмӯаи маълумоти СММ дар бораи Тоҷикистон омадааст, ки аз соли 2022 тақрибан 20 рӯзноманигор ва блогнависи мустақил зиндонӣ шудаанд. Ба навиштаи гурӯҳи кишварии СММ, дар бисёр ҳолатҳо онҳо бо айбҳои марбут ба терроризм ё ифротгароӣ маҳкум шудаанд. Ҳамон ҳуҷҷат эълони вазири адлияро дар моҳи ноябри соли 2023 ёдовар мешавад, ки дар давоми 18 моҳ 700 созмони ғайридавлатӣ барҳам хӯрдаанд. Ин рақамҳо ба солҳои гузашта дахл доранд, вале дар баррасии нав ҳамчун нишонаи вазъи озодиҳо истифода мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар гузориши худ ба СММ бештар аз афзоиши шумораи расонаҳо ва фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯяд. Мақомот хабар медиҳанд, ки дар солҳои 2022 то 2024-ум 199 рӯзнома, аз ҷумла 67 рӯзномаи мустақил сабт шудаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи ҳукумат, дар кишвар беш аз 1800 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият доранд ва баъзе созмонҳо ба сабаби мушкилоти молиявӣ баста шудаанд.

Аммо шумораи рӯзномаҳо ба танҳоӣ нишон намедиҳад, ки дар кишвар озодии сухан чӣ ҳол дорад. Пурсиши асосӣ ин аст, ки рӯзноманигор оё метавонад дар бораи дороии мансабдор, рафтори корманди амният ё парвандаи сиёсӣ озодона таҳқиқ кунад ё не? Агар барои чунин кор хатари боздошт вуҷуд дошта бошад, зиёд шудани шумораи расонаҳои сабтшуда ба ин мушкил посух намедиҳад.

Масъалаи дигар қонунҳои зидди ифротгароӣ аст. JPTi бекор шудани ҷазо барои гузоштани «писанд» ё худ лайк ба баъзе маводи ифротгароёна донисташудаи шабакаҳои иҷтимоиро амали ночиз мешуморад. Ба назари муаллифон, то вақте маънои ифротгароӣ дар қонун васеъ ва норӯшан мемонад, хатари таъқиби одамон барои баёни андеша низ боқӣ мемонад.

Қонун бояд фарқи байни интиқоди ҳукумат ва даъват ба хушунатро равшан нишон диҳад. Норозӣ будан аз сиёсати давлат набояд худ ба худ ҷиноят ҳисоб шавад. Бекор кардани ҷазо барои як амал мушкилро пурра ҳал намекунад, агар соҳиби ҳамон андешаро бо айби дигар баҳонаи боздошт кардан вуҷуд дошта бошад.

Ҳодисаҳои Бадахшон низ дар ҳуҷҷатҳои баррасӣ ҷойгоҳи муҳим доранд. Дар хулосаи пешниҳодҳои созмонҳо ба СММ яке аз гузоришҳои муштарак аз кушта шудани 40 тазоҳуркунандаи осоишта ва беш аз 200 боздошти худсарона дар робита ба амалиёти солҳои 2021 ва 2022 гап меравад.

Талаб мешавад, ки муҳокимаҳои боздоштшудагони помирӣ ошкоро баргузор шаванд, онҳо аз лаҳзаи боздошт ба вакили мустақил дастрасӣ дошта бошанд ва ҳукмҳои додгоҳ нашр шаванд.

Ин талабҳо барои фаҳмидани ҳақиқати парвандаҳо муҳиманд. Вақте муҳокима пӯшида аст ва ҳукм дастрас нест, ҷомеа наметавонад бубинад, ки айбҳо бо кадом далел исбот шудаанд. Додгоҳи ошкорою шаффоф имконият медиҳад, ки ҳам гуфтаи мақомот ва ҳам сухани айбдоршаванда санҷида шавад.

Шиканҷа аз масъалаҳои дигари ҷиддӣ мебошад. Қонунҳои Тоҷикистон истифодаи эътирофи бо роҳи ғайриқонунӣ гирифташударо манъ мекунанд. Аммо, шиканҷа ва бадрафторӣ идома доранд ва додгоҳҳо ҳанӯз далелҳои зери шиканҷа гирифташударо ба таври устувор аз парвандаҳо хориҷ намекунанд. Ҷабрдидагон низ дар амал ба ҳимоя ва ҷуброни кофӣ намерасанд.

Вақте касе аз латукӯб ё маҷбур кардани ӯ ба эътирофи гуноҳ шикоят мекунад, оё аризааш ҷиддӣ таҳқиқ мешавад? Оё табиби мустақил ӯро муоина мекунад? Оё корманди гунаҳкор ҷазо мегирад? Бе посух ба ин пурсишҳо, эълони мубориза бо шиканҷа барои ҷабрдида кафолати кофӣ намешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин мегӯяд, ки дахолат ба кори судяҳо манъ аст ва тағйироти соли 2024 истиқлоли вакилонро тақвият додааст. Вале истиқлоли додгоҳ дар он ҳолат маълум мешавад, ки судя метавонад далели мақомоти қудратиро рад кунад ё ҳуқуқи шахси мунтақиди ҳукуматро ҳимоя намояд. Вале дар таҷриба таърихи камаш 15 соли охири Тоҷикистон якчинун ҳолатро надидааст. Навиштани ин ҳуқуқ дар қонун як кор аст, иҷро кардани он кори дигар.

Гузориши Шарикии байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон, ки 21 октябр нашр шудааст, низ аз идомаи фишор ба рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва мунтақидони ҳукумат хабар медиҳад. Ин гузориш давраи аз моҳи марти соли 2025 то октябри соли 2026-ро фаро мегирад ва аз маҳдуд мондани озодии баён, фаъолияти созмонҳо ва гирдиҳамоиҳои осоишта мегӯяд.

Нишасти 5 ноябр худ аз худ касеро аз зиндон озод намекунад. Аммо он имконият медиҳад, ки масъалаҳои ҳалношуда расман пеши ҳайати Тоҷикистон гузошта шаванд. Ҳукумати Тоҷикистонро водор ба он мекунад, ки аз пешгоҳи бонуфузтар созмони ҷаҳонӣ, СММ ҷавоб диҳад. Натиҷаи воқеии баррасӣ баъдтар маълум мешавад, ки то куҷо ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳо дар бораи риояи ҳуқуқи инчонро ба иноабт мегирад ва риоя мекунад.

Оё муҳокимаҳои додгоҳӣ ошкоротар мешаванд? Оё шикоятҳои шиканҷа мустақилона таҳқиқ мешаванд? Оё рӯзноманигор метавонад бе тарси боздошт кор кунад? Посухи ин пурсишҳо нишон медиҳад, ки ислоҳот аз рӯйи коғаз ба зиндагии мардум гузаштааст ё ҳанӯз фақат ваъда мешаваду халос.


Ба дигарон фиристед

Шарҳ нависед

Your email address will not be published. Майдонҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора шудаанд.