
Муҳаммад Тағоев аз худ дарак дод: “Ҳолатам хуб аст”
Муҳаммад Тағоев, блогер ва фаъоли тоҷик, ки қаблан аз бедарак шуданаш хабар расида буд, аз худ дарак дод ва гуфт, ҳолаташ хуб аст. Ба гуфтаи ӯ, додгоҳ тақрибан 40 рӯз пеш дархости паноҳандагияшро рад кардааст ва ҳоло ният дорад ба Суди Аврупоӣ муроҷиат кунад.
Тағоев сабаби тақрибан ду ҳафтаи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол набуданашро ба дастрасӣ надоштан ба интернет рабт дод: “Ба ман тули ин чанд рӯз нафарони зиёд занг задаанд ва бедарак шудани ман онҳоро хавотир кардааст Баробари пайдо шудани аввалин имконият ман ба тактаки онҳо худам тамос мегирам”, – гуфт Тағоев.
Тағоев ҳамчунин ба Паём гуфт, мақомоти қудратии кишвари будубошаш аз вазъи ӯ огоҳанд ва тамоми маълумотро дар бораи ӯ дар ихтиёр доранд. Ӯ бо ин изҳорот аз вазъи кунунии худ хабар дода гуфт, ҷузъиёти қарори додгоҳ ва муроҷиати пешбинишуда ҳанӯз рӯшан нест.
«Паём ТВ» рӯзи 2 ноябр аз номаълум будани маҳалли ҳузури Тағоев дар Гурҷистон ва нигаронии манбаъ аз эҳтимоли истирдоди ӯ хабар дода буд. Он вақт манбаъ гуфта буд, ки Тағоев чанд рӯз пеш дар суҳбат аз радди паноҳандагӣ ва хатари истирдод нигаронӣ кардааст.
Ба иттилои ҳамон манбаъ, то 2 ноябр 13 рӯз аз фаъолияти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дараке набуд, дар ҳоле ки қаблан қариб ҳар рӯз дар Фейсбук матлаб ва муроҷиатҳои видеоӣ нашр мекард. Акнун аз худ дарак додани ӯ ин бехабариро хотима медиҳад. Аммо ин маълумот ба танҳоӣ маънои ҳал шудани масъалаи паноҳандагӣ ё бартараф шудани хатари истирдодро надорад.
Муҳаммад Тағоев аз мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон аст. Ӯ қаблан низ дар хориҷ бо хатари истирдод рӯбарӯ шуда буд. Рӯзи 4 марти соли 2020 дар Алматои Қазоқистон бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуд. Моҳи марти соли 2022 Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз озод шудани ӯ ва дар ҷойи амн қарор доштанаш хабар дода буд.
