
Саидтаиб Саидмамудов дар боздоштгоҳи ихроҷи Ҳоф дар Олмон қарор дорад
Ба иттилои расида ба «Паём ТВ», маҳалли нигаҳдории фаъоли тоҷик Саидтаиб Саидмамудов муайян шудааст. Ӯ дар боздоштгоҳи махсуси ихроҷ дар шаҳри Ҳофи иёлати Баварияи Олмон қарор дорад. Ин маълумот нигарониҳоро аз эҳтимоли бозгардондани ӯ ба Тоҷикистон бештар кардааст.
Тибқи маълумоти бадастомада, Саидмамудов дар муассисаи Einrichtung für Abschiebungshaft Hof нигоҳ дошта мешавад. Ин муассиса барои нигаҳдории шахсоне пешбинӣ шудааст, ки дар доираи раванди ихроҷ аз Олмон боздошт шудаанд.
«Паём ТВ» қаблан аз номаълум будани маҳалли ҳузури Саидмамудов ва нигаронӣ аз эҳтимоли ихроҷи ӯ хабар дода буд. Маълумоти нав макони нигаҳдории ӯро мушаххас мекунад, аммо санаи эҳтимолии ихроҷ, кишвари таъйиншуда ва вазъи баррасии дархости паноҳандагии ӯ ҳанӯз рӯшан нест.
Саидтаиб Саидмамудов аз фаъолони тоҷик ва намояндаи ҷомеаи помирӣ аст. Ба иттилои қаблан пешниҳодшуда ба «Паём ТВ», ӯ дар тазоҳуроти осоиштаи тоҷикон дар Олмон, аз ҷумла 28 сентябри соли 2023 назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва 30 сентябри ҳамон сол назди Идораи канслери федералӣ, иштирок кардааст.
Бо назардошти фаъолияти эътирозии ӯ, эҳтимоли бозгардонданаш ба Тоҷикистон нигаронӣ аз таъқиб ва боздоштро ба миён овардааст. Дар айни ҳол, «Паём ТВ» нусхаи қарори боздошт ё ихроҷи ӯро дар ихтиёр надорад. Мавқеи мақомоти масъули Олмон дар бораи қазияи Саидмамудов низ ҳанӯз дастрас нест.
