
5 корманди шабакаи «Ал-Ҷазира» дар Ғазза кушта шуданд
Шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира» хабар дод, ки дар пайи як ҳамлаи ҳавоии неруҳои исроилӣ дар Навори Ғазза ду хабарнигор ва се наворбардори он ҷон бохтанд.
Ба иттилои шабака, хабарнигорон Анас Шариф ва Муҳаммад Қариқа рӯзи якшанбеи 10-уми август ҳадафи ҳамлаи мустақими неруҳои Исроил қарор гирифтанд. Се наворбардори ҳамроҳи онҳо низ дар ин ҳамла кушта шудаанд.
Тими мазкур асосан аз шимоли Ғазза гузориш таҳия мекард ва бо забони арабӣ пахш менамуд. Манобеи хабаргузории Фаронса иттилоъ доданд, ки лаҳзаи ҳамлаи ҳавоӣ хабарнигорон дар хаймаи худ қарор доштанд.
Артиши Исроил дар изҳороташ ҳамларо тасдиқ намуда, Анас Шарифро «фармондеҳи гурӯҳи вобаста ба Ҳамос» ва масъули ҳамлаҳои мушакӣ алайҳи Исроил хондааст. Ҳамос аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эътироф шудааст.
«Ал-Ҷазира» ин иттиҳомро рад карда, таъкид намуд, ки Анас Шариф рӯзноманигори ҷасуре буд, ки барои расондани овози мардуми Ғазза ҷони худро дар хатар мегузошт.
Ба иттилои шабака, аз оғози ҷанг дар Навори Ғазза то имрӯз даҳ нафар аз кормандон ва хабарнигорони он дар даргириҳо ҷони худро аз даст додаанд.
Average Rating