
Марзи Қирғизистон ба дохили Тоҷикистон шикам калон кардааст?
Бо гузашти чанд моҳ аз имзои созишномаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, норавшанӣ дар бораи табодули қитъаҳои замин ва ҷойгиршавии роҳҳо ҳанӯз боқӣ мондааст.
Рӯзи 1-уми августи соли 2025 раиси Кумитаи давлатии замини Тоҷикистон, Ориф Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ, аз шарҳи табодули қитъаҳои замин бо Қирғизистон худдорӣ карда, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта, ки раванди нишонагузории марз ҳанӯз ба поён нарасидааст ва то анҷоми он ҷузъиёт ошкор намешавад. Ӯ аз посух ба саволи он, ки роҳи Исфара – Ворух дар ҳудуди кадом кишвар сохта хоҳад шуд, низ худдорӣ карда, танҳо гуфтааст: «албатта, дар ҷойи нав сохта мешавад».
Ин мавқеи мақомоти тоҷик дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷониби Қирғизистон пас аз имзои созишнома ҷузъиёти минтақаҳои табодулшударо расонаӣ карда буд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 29-уми апрел хабаргузориҳои Қирғизистон хабар доданд, ки марзбонони ин кишвар дар ноҳияи Кошмолои вилояти Бодканд ба кашидани симхор дар марз бо Тоҷикистон ва Узбекистон оғоз намуданд.

Ин кор таҳти назорати онлайнии Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон сурат гирифта буд. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, дар марҳилаи аввал беш аз 400 километр симхор кашида шуда, ин кор то охири сол ба анҷом мерасад.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, рафти симхоркашии марзбонони қирғиз ба марзи ҷадиди Қирғизистон бо Тоҷикистонро онлайн назорат мекунад.
Созишномаи марзӣ миёни ду кишвар 13-уми марти соли 2025 имзо шуда буд. Тули хати марз байни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар гузориши расонаҳо фарқ мекунад. Иддае аз расонаҳо тули марзи Тоҷикистону Қирғизистонро 1006 километр гуфтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то замони созиш бисёре аз қитъаҳои он баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд ва тули марз 976 километр гуфта мешуд. Ба назар мерасад, дар куҷое, дар кадом дашти ҳамворе, марз ба дохили Тоҷикистон шикам калон кардааст. Шояд бесадоӣ ва беҷавобии ҷониби Тоҷикистон ҳам аз ҳамин сабаб бошад.
Дар солҳои пеш, дар нуқтаҳои баҳсӣ чандин бор низоъҳо ба амал омада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллӣ гардида буданд.
Гарчанде мақомоти ду кишвар таъкид доштанд, ки созишномаи мартӣ баҳсҳоро поён медиҳад, изҳороти охири ҷониби Тоҷикистон ва иқдомҳои Қирғизистон нишон медиҳанд, ки масъалаи марз ҳанӯз комилан ҳал нашудааст.
Average Rating