Муҳоҷири бесоҳиб ва дипломатияи гунги режим

Ба дигарон фиристед

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, масъалаи муҳоҷирон дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ пайваста баррасӣ мешавад ва онҳо барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони корӣ дар Русия хомӯш нестанд. Аммо воқеъият нишон медиҳад, ки ин вокунишҳо бештар ба изҳорот ва чорабиниҳои расмӣ маҳдуд шудаанд ва ба дастгирии амалӣ ва сиёсати устувори муҳофизатӣ табдил наёфтаанд.
Изҳороти раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода ва Омбудсмени Тоҷикистон Умед Бобозода зимни нишастӣ матбуотӣ, ки расонаӣ шуд, нишон медиҳад, ки мақомоти тоҷик масъалаи муҳоҷиронро бештар дар қолаби мулоқот ва муроҷиатҳои дипломатӣ пайгирӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, муҳоҷирон мегӯянд, ки “эҳсоси бесоҳибӣ” доранд ва таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя мисли Узбекистон ва Қирғизистон собит мекунад, ки ҳимояи воқеӣ бояд бо механизмҳои амалӣ, дастрасии ҳуқуқӣ ва ҳузури фаъол дар расонаҳо ҳамроҳ бошад. Вокунишҳои Тоҷикистон, мисли нотаи эътирозӣ пас аз ҳодисаи “Крокус”, одатан яквақта ва бидуни идомаи пайваста мебошанд, ки ин сиёсат бештар ба нигоҳ доштани муносибати ором бо Русия равона шудааст, на ба ҳимояи ҷиддии ҳуқуқи муҳоҷирон.

Гуфтаҳои мансабдорон дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон аз як сӯ нишон медиҳад, ки онҳо талош барои нишон додани фаъолиятро доранд, аз сӯи дигар равшан мешавад, ки сиёсати расмӣ бештар ба сухану худсофкунӣ маҳдуд шудааст. 

Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, зимни нишасти матбуотӣ бо таъкид бар он ки мақомоти давлатӣ ва доираҳои коршиносӣ дар чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок мекунанд, мехоҳад собит намояд, ки мавзӯи муҳоҷирон дар барномаҳои расмӣ мавқеи худро дорад. Аммо чунин “иштирок” танҳо ба ҳисоботи протоколӣ монанд аст ва баррасии умумии мавзӯъ бидуни барномаи возеҳ ва бенатиҷа сурат мегирад. Барои муҳоҷир, ки дар Русия аз боздошт, таҳқир ё маҳрумият аз ҳуқуқи кор ранҷ мебарад, ин гуна изҳорот ҳеч эътиборе надорад.

Изҳороти Умед Бобозода, Омбудсмени Тоҷикистон, низ дар ҳамин қолаб ҷой мегирад. Ӯ мегӯяд, пас аз муроҷиат ба ҳамтои русаш мавзӯи шиканҷаи муҳоҷирони тоҷик дигар расонаӣ нашудааст ва эҳтимолан ин натиҷаи муроҷиати онҳо будааст. Ин “эҳтимол” нишон медиҳад, ки худи мақомдори масъул ҳам далели возеҳ дар бораи таъсири кориаш надорад. Хомӯш шудани расонаҳо на ҳамеша баробар бо аз байн рафтани мушкил аст, баръакс, он метавонад натиҷаи фишори сиёсӣ ё маҳдудияти иттилоотӣ бошад. Як муқоиса бо таҷрибаи Қирғизистон ва Узбекистон равшан мекунад, ки омбудсменҳои он кишварҳо бо изҳорот, фишори расонаӣ ва ташкили механизмҳои кӯмаки мустақим мекӯшанд масъалаи муҳоҷиронро дар маркази таваҷҷуҳ нигоҳ доранд.

Мавқеи расмии мақомоти тоҷик дар ҳолатҳои буҳронӣ, мисли пас аз ҳамлаи “Крокус”, низ нишон медиҳад, ки ҳимояи муҳоҷирон бештар аксияи яквақта аст, на сиёсати устувор. Пас аз боздошти даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ва муносибати дағалонаи мақомоти Русия бо онҳо, Душанбе нотаи эътирозӣ супурд, аммо бо идома ёфтани боздоштҳо ва санҷишҳои тавҳиномез дигар садои расмии эътироз аз ҷониби мақомоти тоҷик шунида нашуд. Ин хомӯшӣ, дар ҳолест, ки муҳоҷирон дар номаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ “эҳсоси бесоҳибӣ” мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя нишон медиҳад, ки муносибати фаъолтар метавонад таъсири мусбат дошта бошад. Узбекистон дар чанд соли охир на танҳо консулгариҳои фаъол ва гурӯҳҳои махсуси ҳуқуқӣ таъсис дод, балки дастрасии ройгон ба вакили мудофеъро барои шаҳрвандонаш таъмин намуд. Қирғизистон тавассути ҳамкории қавӣ бо расонаҳо ва созмонҳои иҷтимоӣ тавонист фишори сиёсӣ ба Русияро бештар кунад. Тоҷикистон бошад, ба як-ду изҳорот ва мулоқоти расмӣ маҳдуд шуда, сиёсати муҳофизакоронаи худро дар муносибат бо Маскав идома медиҳад.

Ин фарқият нишон медиҳад, ки суханрониҳои мансабдорон, ҳарчанд бо забони дипломатӣ ва ором иброз мешаванд, бештар вазифаи нигоҳ доштани муносибати бетағйир бо Русияро иҷро мекунанд, на ҳимояи воқеии шаҳрвандони муҳоҷирро. Барои муҳоҷироне, ки ҳар рӯз бо таҳдид, боздошт ё истисмори меҳнатӣ рӯбарӯ мешаванд, чунин сиёсати расмӣ ба маънои воқеии ҳимоя нест, балки як навъ идомаи дипломатияи гунг мебошад.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *