ПМТ аз натиҷаҳои ҷаласаи байни ИА ва Тоҷикистон истиқбол кард
Паймони Миллии Тоҷикистон бо пахши изҳорот аз натиҷаи ҷаласаи понздаҳуми гуфтугӯи Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, ки рӯзи 17 октябр дар шаҳри Брюссел баргузор гардид, истиқбол намудааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ПМТ аз таваҷҷуҳи ҷиддии Иттиҳоди Аврупо ба масъалаҳои муҳими ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, ҳуқуқи занон, зиндониҳои сиёсӣ, озодии баён, фаъолияти рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори қадрдонӣ мекунад.
«Мо изҳори қадрдонӣ менамоем, ки дар ҷараёни ин гуфтугӯ ба масъалаҳои муҳими ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занон, зиндониҳои сиёсӣ, озодии баён, фаъолияти рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шудааст», — омадааст дар изҳорот.
Паймони Миллии Тоҷикистон дар поёни изҳорот таъкид намудааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан эҳтиромомез миёни Иттиҳоди Аврупо ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон метавонанд ба беҳбуди воқеии вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар мусоидат кунанд.
Иттиҳоди Аврупо дар як баёнияи расмии худ аз вазъи кори хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ карда аз ҳукумати Душанбе хост, ки имкони сабти номи дубораи созмонҳои ҷамъиятеро, ки иҷборан баста шудаанд, фароҳам оварад.
Ин изҳорот пас аз муколамаи 15-уми Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, ки рӯзи 17 октябр дар Брюссел баргузор гардид, нашр шуд. Ба гуфтаи намояндагони ИА, дар нишаст масъалаҳои муҳими ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи занон, мубориза бо хушунат ва табъиз, баррасӣ шудаанд.
Иттиҳоди Аврупо бо пешниҳоди феҳрасти мушаххаси рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи зиндонӣ, аз мақомоти Тоҷикистон талаби раҳоии фаврии онҳоро кардааст. Дар ҳоли ҳозир тақрибан даҳ хабарнигор ва блогери тоҷик, аз ҷумла Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Эмомалӣ ва Улфатхоним Мамадшоева дар маҳбас ба сар мебаранд.
Ҳамзамон, Иттиҳоди Аврупо аз набуди пешрафт дар таҳқиқи ҳодисаҳои соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ намуда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки муколамаи боз бо намояндагони ақалияти помирӣ ташкил намояд.
Дар изҳорот инчунин таъкид шудааст, ки муваффақияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи барномаи GSP+ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии шаҳрвандон дар Тоҷикистон сахт вобаста аст.

Average Rating