Нишасти С5+1 дар ИМА: Манфиати режимҳо ва интизориҳо дар минтақа

Ба дигарон фиристед

Расонаҳо ва Созмонҳои байналмилалӣ ба сафари президентҳои Осиёи Марказӣ ба ИМА ҳамчуни як руйдоди муҳими сиёсӣ аҳамият доданд. Ҳатто аз ҷониби баъзе созмонҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ кӯшишҳое ҳам шуд, ки пеш аз расидани раисҷумҳурони кишварҳои ОМ ба ИМА, тавассути номаҳо ва баёнияҳое ба рузномаи вохурӣ таъсир расонида бошанд ва ба масоили ҳуқуқи инсон дар мулоқотҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. 

Ҳарчанд дар зоҳир нишасти С5+1 як рӯйдоди дипломатии муқаррарӣ менамояд, аммо дар асл ин вохӯриҳо дорои вазни сиёсӣ, амниятӣ ва геополитикии хеле бузурганд. Ин нишастҳо бештар ҳамчун абзори стратегӣ истифода мешаванд. Агар Вашингтон як чунин нишастро барои идора кардани рақобат бо Русия ва Чин истифода мекунад, роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ингуна нишастҳоро барои тақвияти қудрати дохилӣ ва гирифтани кафолати дар қудрат мондан аз абарқудратҳо истифода мекунанд. Дар ҳамин раванд, масъалаҳои калидӣ чун амният ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо забони дипломатӣ мулоим матраҳ мешаванд, вале ин нишастҳо бештар ба манфиати элитаҳои ҳоким хидмат мекунанд, на ба ҷомеа. Чунин нишастҳо ба ҷойи ислоҳот, бештар ба такрори моделҳои худкома ва бозии геополитикии абарқудратҳо оварда мерасонанд…

Ҳоло инҷо мехоҳам каме муфассалтар чанд масоилро, ки дар ин бора ба зеҳнам омадааст баён кунам. Бо ҷавоб ба ин саволҳо, ки чаро Вашингтон ба минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ мекунад, президентҳои минтақа дар ин нишаст чӣ меҷӯянд ва чӣ нуқтаҳои заъфу паёмадҳои ин раванд барои ҷомеаҳо вуҷуд доранд, ибрози назар кунам. 

Акс аз вебгоҳи расмии Президенти Тоҷикистон

 Омилҳои зиёд шудани таваҷҷӯҳи ИМА ба Осиёи Марказӣ 

Осиёи Марказӣ, ки дар чаҳорроҳаи сиёсатҳои байни Русия, Чин ва Эрон ҷой гирифтааст, ҳар қадами дипломатӣ ва иқтисодиро ба амали дорои паёмадҳои бузурги геополитикӣ табдил медиҳад. Аз дидгоҳи Иёлоти Муттаҳида, тақвияти муносибатҳо бо панҷ кишвари минтақа (C5) ҳамзамон се ҳадафи стратегии ҳамоҳанг, яъне маҳдуд кардани нуфузи Чин, коҳиш додани вобастагии кишварҳо аз Маскав ва нигоҳ доштани тавозуни қудрат дар муҳити пас аз хуруҷи қувваҳои Ғарб аз Афғонистонро пеш мебарад. Ҳамагон медонем, ки Осиёи Марказӣ қитъаест, ки то соли 2022 бештари борҳои заминӣ миёни Чин ва Аврупо аз тариқи қаламрави Русия мегузаштанд, аммо пас аз ҷанги Украина таваҷҷуҳ ба «Гузаргоҳи Миёна» (Trans-Caspian) якбора боло рафт ва ҳаҷми борбарӣ бо ин роҳ дар нӯҳ моҳи соли 2023 то ду миллион тонна, яъне тақрибан 88 дарсад афзуд. Ин нишонаи он аст, ки геополитика мустақиман шабакаҳои таъминот ва роҳҳои тиҷориро бозсозӣ мекунад. Дар чунин замина, ҳар иқдом дар чорчӯби C5+1, ҳамчун абзоре барои коҳиши хатарҳои вобастагӣ ва афзоиши ихтиёру истиқлол дар тасмимҳои минтақавӣ дониста мешавад. Аммо, дар асл воқеан чунин хоҳад шуд?

Маҳдуд кардани нуфузи Чин пеш аз ҳама дар сатҳи иқтисодӣ ва инфрасохторӣ нигаронии Чинро ба бор меорад, зеро Бунёди «Як камарбанд, Як роҳ» дар даҳсолаи охир ба муҳаррики аслии сармоягузории фаромарзӣ табдил ёфтааст. Аз рӯи таҳлилҳои мустақили Гроффит, Маркази Молияи Сабз ва гузоришҳои солҳои 2023–2025, ҳаҷми дастгирии умумии Чин дар доираи БРИ ба беш аз як триллион доллар расида,  танҳо дар давраи нав аз сабаби ниёзҳои бисёрҷонибасозӣ (диверсификатсия) ва занҷирҳои таъминоти алтернативӣ, бахши мазкур рекордҳои ҷадидро нишон додааст ва ҳиссаи Осиёи Марказӣ, бахусус Қазоқистон, аз ин ҷараён назаррас мебошад. Барои Вашингтон, пешниҳоди роҳҳои рақобатпазир, аз Гузаргоҳи Транс-Каспӣ то ҳамгироиҳои гумрукӣ ва рақамӣ, на ба маънои «кушодани ҷабҳаи нав», балки ба маънои додани ихтиёр ба кишварҳо барои интихоби гуногун ва кам кардани хавфи қарздории геополитикӣ аст. Худи ба изҳоротҳои расмии C5+1 аҳамият диҳем, мебинем, ки бештар «устувории иқтисодӣ, дастгирии рушди устувор ва тавсеаи пайвастагиҳои минтақавӣ» сари забонҳоянд.

Коҳиш додани вобастагӣ аз Маскав бошад, бештар паҳлӯи геоиқтисодӣ ва амниятӣ дорад. Ҷанги Русия алайҳи Украина ва таҳримҳо боис шуд, ки ба минтақа имконияти гуногунсозии роҳҳо ва шариконро диҳад ва ҳамзамон ин ҳолат минтақаро ба як хатари ҷалби ғайримустақими минтақа ба эстафетаи даврзании таҳримҳо рӯ ба рӯ кард. Таҳлилҳои муассисаҳои байналмилалӣ ва марказҳои муътабари таҳқиқотӣ таъкид мекунанд, ки Русия ҷустуҷӯи роҳҳои чап додани роҳҳои тиҷорат ва дастрасӣ ба технологияро тавассути Осиёи Марказӣ идома медиҳад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ кушиш мекунанд, “ҳам дил ба даст ояду ҳам ёр наранҷад”, зеро аз як тараф бозори кор ва пулҳои муҳоҷирон ҳанӯз сахт ба иқтисоди Русия бастагӣ доранд, аз тарафи дигар бошад, бархе нишондиҳандаҳо дар соли 2024–2025 ҳатто бозгашти ҷараёнҳои маблағгузориро аз Русия нишон доданд. 

Барои Вашингтон ва ҳампаймонҳои аврупоӣ, дастгирии алтернативаҳои нақлиётӣ ва ҳавасманд кардани ислоҳоти муҳити сармоягузорӣ роҳҳои амалии коҳиши ин вобастагӣ мебошанд. Ин раванд танҳо бо эъломияҳо маҳдуд намешавад. Ба миён омадани «Гузаргоҳи Миёна» ҳамчун роҳи амалӣ пас аз феврали 2022 ва барномаҳои нави ИА дар доираи Global Gateway ҷиҳати шабакаҳои Транс-Каспӣ нишон медиҳад, ки ҷаҳони пас аз ҷанги Украина рӯи харитаи Осиёи Марказӣ хатҳои ҷадиди дипломатӣ кашида истодааст. 

Чизи дигар, нигоҳ доштани тавозуни қудрат дар муҳити ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ба амният ва зиддият ба амалиётҳои террористӣ сахт бастагӣ дорад. Пас аз таслим шудани Кобул ба Толибон дар августи 2021, хатарҳои фаромарзӣ аз сӯи ДОИШ-и Хуросон ва шабакаҳои марбут ба он дар доираи таҳлилҳо барои тамоми минтақа афзудаанд, ин ҳам дар ҳоле ки дастрасии ИМА маҳдуд ва мураккаб шудааст, чун ИМА низомиёни худашро аз ин минтақа берун кардааст. Дар ҳамин айём, Маскав талош дорад, тавассути расмиятбахшӣ ба ҳокимияти Толибон нақши миёнҷии робитаҳои тиҷоратиро ба рӯи худ бозӣ кунад, то даридаҳои амниятии ҷануби худро дарбеҳ созад. Барои ИМА бошад, ҳамкорӣ бо C5 +1 (чуноне, ки дар суханрониҳои нишаст таъкид шуданд), дар масоили марзӣ, мубодилаи иттилоот, муқобила бо маблағгузории терроризм ва пропагандаи тундгароӣ, ҳамчунин тавсеаи инфрасохтори қонунӣ барои мубориза бо қочоқ ва ҷинояткории фаромиллӣ, ин ҳама воситаҳои муҳими нигоҳ доштани «қудрати баробарӣ» дар ҳошияи Афғонистон мебошанд. Ба ибораи дигар, Вашингтон кӯшиш дорад, бо тақвияти устувории дохилии ҳамсоягони Афғонистон, холигоҳҳоеро, ки хуруҷи низомиёни ИМА аз Афғонистон гузошта буд, бо шабакаи шарикиҳои амниятӣ ва иқтисодӣ пур кунад.

Бо ин ҳол, хати ҷуғрофияи дипломатие, ки Русия, Чин ва Эрон кӯшиш доранд бикашанд, наметавонад минтақаро ба мавқеъгирии якҷониба маҷбур созад, баръакс, кишварҳои минтақаро ба сиёсати ҳушёронаи чандсамтӣ тела медиҳад ва барои Вашингтон равзанае мекушояд, ки тавассути ҳифзи ихтиёрмандӣ, таҳкими роҳҳои рақобатпазир ва ҳамкориҳои амниятӣ, ҳам нуфузи Пекинро фурӯ нишонад, ҳам аз фишангҳои сохтории Маскав то ҳадде кишварҳои минтақаро бираҳонад ва ҳам дар канори Афғонистони ноустувор тавозуни баробарқувватро нигаҳ дорад. 

Манфиати режимҳои минтақа аз ин нишаст

Ба манфиатҳои шахсии роҳбарон ва манфиати режими сиёсии онҳо нигариста, ин андеша дар ман ғалаба мекунад, ки ин сафар барои панҷ президенти Осиёи Марказӣ дар чаҳор самт дарҳои мушаххас мекушояд. 

Аввал, гуногунсозии шарикӣ ба сифати як стратегия на танҳо шиор, балки абзори идоракунии хавфҳост. Кишварҳо аз «фишанг»-и вобастагӣ худро то ҳадде халос мекунанд ва фазои бозии худ бо Русия, Чин ва Ғарбро васеъ мекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Қазоқистон маҳз бо ин формула муносибатҳоро бо қудратҳои бузург ба таври прагматикӣ идора кардааст ва ҳадафаш «робитаҳои дӯстона ва пешгӯишаванда бо ҳамаи давлатҳои муҳим» мебошад.  Дар сатҳи таҷриба, пас аз ҳамлаи Русия ба Украина, дида мешавад, ки кишварҳои минтақа ба Маскав як сурат нишон медиҳанд ва ба Вашингтон ва Аврупо сурати дигар, то «ҳассосияти геополитикӣ»-ро ба воситаи гуногунсозӣ кам кунанд. Аз нигоҳи амниятӣ ва рамзҳои сиёсӣ ҳам, худи Баёнияи муштараки роҳбарони C5+1 (сентябри 2023) ба забони дипломатӣ ин мантиқро тасдиқ кардааст ва «тақвияти амният, устувории иқтисодӣ ва ҳамкории пойдор» ҳамчун меҳварҳои умумӣ дониста шудаанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки сафари роҳбарони кишварҳои минтақа ба ИМА, барои ҳар кадом кишвар имкони нишон додани қобилияти интихоб ва мустақилияти дипломатӣ дар фазои рақобати Русияву Чин аст.

Дувум, ин зарурати сармоягузорӣ ва ба даст овардани эътимод аст. Баъд аз соли 2022 чанд зарбаи ҳамзамон, сустшавии интиқоли пулҳои муҳоҷирон аз Русия, хавфҳои таҳримҳо ва коҳиши шабакаҳои савдои анъанавӣ муҳити сармоягузориро ба эҳтиёткорӣ тела дод. Бонки Ҷаҳонӣ гузориш дод, ки дар соли 2023 воридоти маблағҳои муҳоҷирон ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ 10,3% поён рафт, ки коҳиши интиқолҳо аз Русия ба бисёр кишварҳои Осиёи Марказиро инъикос медиҳад. Дар соли 2024 низ коҳиши иловагӣ пешбинӣ шуд. Ҳамзамон, Департаменти Хазинадории ИМА доираи таҳримҳоро дар соли 2024 густариш дод ва ба бонкҳои хориҷӣ огоҳӣ дод, ки агар ба муомилоти вобаста ба бахши ҳарбию саноатии Русия кумак кунанд, ҷазо хоҳанд гирифт. Дар чунин фазо, нишастҳои сатҳи олӣ бо ИМА на танҳо барои ҷалби сармояи воқеӣ, балки барои додани «паёми эътимод» ба бозорҳо ва ширкатҳои ғарбӣ арзиш доранд. Ҳисоботи «Investment Climate Statement» барои Қазоқистон нишон медиҳад, ки захираи ФДИ-и ИМА дар ин кишвар ба даҳҳо миллиард доллар мерасад (тақр. 44,8 млрд $ аз ҳисоби умумии 173,4 млрд $ то 1 октябри 2023), ки худи ҳузури тӯлонӣ ва қобилияти васеъшавиро нишон медиҳад. Ҳамчунин барои Узбекистон ҳам ИМА шароити ислоҳот ва имкониятҳои навро фароҳам меорад. Гузашта аз ин, чунон ки таҳлилҳои CSIS ва расонаҳои минтақавӣ таъкид кардаанд, баҳси маводи хом ва минералҳо (аз ҷумла лоиҳаҳои захираҳои муҳандисӣ ва захираҳои нодир) имрӯз ба меҳвари «созишҳои воқеӣ, на танҳо эъломияҳо» дар формати даҳсолаи C5+1 табдил меёбад. 

Севум, аз ҳама масъалаи муҳим барои роҳбарони кишварҳои минтақа, ҳифзи бақои қудраташон тавассути ба даст овардани эътимоди абарқудратҳо аст. Таҷрибаҳои сиёсӣ кайҳо нишон додааст, ки пайванд ва фишори байналмилалӣ метавонад курсии элитаҳои ҳокимро ларзонад ва ҳатто ҷояш ояд онҳоро барканор кунад. Аммо, забону дилёбӣ ва робитаи баланд бо ҷаҳони демократӣ метавонад «арзиши идомаи авторитаризм»-ро боло бардорад.  Ҳамчунин ин робита метавонад ба режимҳо ҳамчун манбаи қонуниятбахшӣ ба бақои курсияшон ва дастрасӣ ба институтҳои байналмилалиро фароҳам оварад. Ҳамзамон, тадқиқотҳои муосир таъкид мекунанд, ки элитаҳои авторитарӣ аксаран аз ҳамкорӣ ва эътирофҳои беруна, бо намоиши «ислоҳот»-и иқтисодӣ, имзоҳои созишномаҳо ва ҳузур дар форматҳои бисёрҷониба барои тақвияти қудрати дохилӣ истифода мебаранд. Бо ин назар, ҳузури роҳбарони минтақавӣ дар нишасти Вашингтон ба ҷомеаи байналмилалӣ паёми «масъулият, ислоҳот ва ҳамкорӣ»-ро мефиристад, ки барои кам кардани фишорҳои ҳуқуқибашарӣ дар платформаҳои дигар истифода мешавад. Баёнияҳои умумии C5+1 низ забони сиёсиро барои ҳамин қолаб фароҳам меоранд.

Чаҳорум, ин масъалаи истифодаи «фишори муқоисавӣ» ба Русия ва Чин дар музокироти пушти дарҳо мебошад. Аз соли 2022 ҳарду қудрат, ҳам Маскав ва ҳам Пекин нуфузи худро дар минтақа аз роҳҳои гуногун тақвият медиҳанд. Русия тавассути ҳамгироии иқтисодии меросӣ ва шабакаҳои муҳоҷиратӣ, Чин  бошад тавассути қарздоданҳо, роҳсозиҳо ва шабакаҳои қубурӣ ва роҳҳои нави оҳан қудрати худ дар минтақаро тақвият медиҳад. Хабаргузории Ройтерс дар бораи мустаҳкамсозии доираҳои шартномавии Пекин бо Осиёи Марказӣ дар мисоли лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон нишон медиҳад, ки майдони бозӣ барои фишорҳои мутақобил фарохтар мешавад. Аз сӯи дигар, васеъшавии доимии таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ва таҳдидҳо ба бонкҳо ва миёнаравони кишварҳои сеюм, ба элитаҳои минтақавӣ корти муҳими музокиротӣ медиҳад. Аз нигоҳи назариявӣ, ин ба давлатҳои хурд имкон медиҳад, ки бо ишора ба имкони наздикшавӣ ба яке аз марказҳо аз дигараш «имтиёзи иловагӣ» ба даст оранд. Ин «бозии дутарафа» дар суханрониҳо дар бораи зарурати пос доштани соҳибихтиёрӣ ва тамаркуз ба «устувории иқтисодӣ» баръало маълум аст. Ин ба роҳбарони минтақа фурсат медиҳад, ки дар майдони рақобати абарқудратҳо ҳамеша туби бозӣ бошанд ва аз назари онҳо дур наафтанд. 

Ҳамин аст, ки  барои президентҳои минтақа ин нишаст ҷадвали манфиатҳои равшан дорад.  Бо ИМА робита барқарор мекунанд ва барои дурнамои сармоя ва технология «паёмҳо»-и мусбат медиҳанд. Ҳамчунин барои бақои курсияшон ин вохуриҳоро ҳамчун сипари дипломатӣ истифода хоҳанд бурд. 

Акс аз вебгоҳи расмии Президенти Тоҷикистон

Дар мулоқотҳо чӣ масоил баррасӣ шуданд?

Дар мулоқотҳои сатҳи олӣ байни ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, масоил бо шакли рамзӣ баён мешаванд. Шояд на ҳама гуфтумонҳои аслӣ расонаӣ шаванд. Таҷрибаи солҳои охир, хусусан мулоқотҳои формати C5+1 ва вохӯриҳои дуҷониба нишон медиҳад, ки мавзӯъҳо чанд меҳвари устувор доранд ва расонаҳои байналмилалӣ низ ҳамон меҳварҳоро таъкид мекунанд. 

Афғонистон ва амнияти сарҳадҳо яке аз муҳимтарин мавзӯъҳои доимии гуфтушунидҳо мебошад. Ин як корти муҳим руи дасти роҳбарияти Тоҷикистон барои ҷалби аҳамият ва ба даст овардани сармоя аст.  Пас аз соли 2021 ва ба қудрат расидани Толибон, Тоҷикистон ҳамвора кӯшиш мекунад, вазъи амният дар марзҳои ҷанубии Осиёи Марказиро хатарзо нишон диҳад. Хабаргузориҳои байналмилалӣ, мисли Reuters ва AP бошанд, мунтазам менависанд, ки ИМА талош дорад бо кишварҳои минтақа шабакаи навсозии амниятӣ бунёд кунад, чун дигар ба пойгоҳҳои низомӣ дар Афғонистон дастрасӣ надорад. Давлатҳои минтақа, бахусус Тоҷикистон ва Узбекистон, аз хатари фаъол шудани ДОИШ-Хуросон ва зиёд шудани қочоқи маводи мухаддир изҳори  нигаронӣ мекунанд. Аз ин рӯ, мулоқотҳои сатҳи олӣ ҳамеша ба мубодилаи иттилоот, барномаҳои марзбонӣ ва идомаи ҳамкории зиддитеррористӣ равона мешаванд. Дар баёнияҳои расмӣ таъкид мешавад, ки амнияти минтақа бидуни рушди Афғонистон номумкин аст, гарчанде ки ин сухан рамзӣ боқӣ мемонад ва касе дар фикри рушди Афғонистон нест ва ҳама кишварҳо, ба хотири манфиатҳои худ, хусусан Тоҷикистон аз Афғонистон деви сиёҳ метарошанд.

Энергетика ва иқтисод дар гуфтушунидҳо ҳамеша ҷойи марказӣ доранд. Осиёи Марказӣ дорои нафт, газ, уран, оби зиёд ва гузаргоҳҳои муҳими транзитӣ аст. Вашингтон мехоҳад, ки ин кишварҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ба Чин ва Русия камтар вобаста бошанд. Ҳамин тавр, расонаҳо навиштаанд, ки дар мулоқоти C5+1 дар ИМА масъалаи истифодаи коридори Транс-Каспӣ, ҷалби сармоя барои инфрасохтор ва дастрасии кишварҳо ба бозорҳои ғарбӣ аз мавзӯъҳои асосӣ буд. Барои давлатҳои минтақа дастрасӣ ба сармояҳои амрикоӣ як навъ рамзи эътимод аст. Ҳар кишвар талош дорад, ки бо равобити наздик бо ИМА вазни иқтисодии худро боло барад ва имконияти сармояи хориҷиро афзоиш диҳад.

Муносибат бо Чин қисмати нозуки ин гуфтушунидҳост. Хабаргузориҳо, мисли Financial Times ва Nikkei, баробар таъкид мекунанд, ки ИМА талош дорад нуфузи Чинро дар минтақа  бе маҷбур кардани кишварҳо ба интихоби тараф кам кунад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ бошанд аз ҷиҳати молиявӣ, қарзӣ ва инфрасохторӣ ба Чин вобастаанд ва наметавонанд муносибатҳоро қатъ ё кам кунанд. Бо ин вуҷуд, мулоқотҳои сатҳи олӣ бо ИМА ба онҳо фурсат медиҳад, ки дар баробари Чин қиммати сиёсӣ ва иқтисодии худро боло баранд. Аз нигоҳи Вашингтон, шарикӣ бо Осиёи Марказӣ як унсури муҳими рақобати стратегӣ бо Пекин мебошад, махсусан дар соҳаи канданиҳои нодир ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ.

Акс аз вебгоҳи расмии Президенти Тоҷикистон

Қатъ кардани кӯмак ба Русия дар давраи таҳримҳо, ё дақиқтараш, маҳдуд кардани каналҳои чапдиҳандаи таҳрим, яке аз мавзӯъҳои муҳими паси саҳна аст. Баъди ҷанги Украина истифодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун роҳҳои гардиши маҳсулот, технология ва молҳои таҳримшуда зиёд шуд. Таҳлилҳои расонаҳо, аз ҷумла BBC ва Politico, нишон медиҳанд, ки Вашингтон аз кишварҳо талаб мекунад, муборизаи ҷиддӣ бо ширкатҳои миёнарав, бонкҳои маҳаллӣ ва шабакаҳои транзитии вобаста ба Русия баранд. Ин мавзӯъ ошкорона кам баён мешавад, вале, аз воқеиятҳое, ки мисли таҳрими се бонк дар Тоҷикистон шоҳидашон шуда истодаем, ин масоил метавонанд дар гуфтушунидҳои пушти дарҳо тақрибан меҳвари асосӣ бошанд. Аз нигоҳи ИМА, коҳиш додани имкони иқтисодии Русия дар минтақа аҳамияти стратегӣ дорад.

Ҳуқуқи инсон бошад, ҳамеша масъалаи пуркунандаи сатрҳост, вале ҳеҷ гоҳ марказӣ нест. Дар баёнияҳо одатан бо забони дипломатӣ, мисли “масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ва демократия мавриди баррасӣ қарор гирифт”, дида мешавад. Ин ба он маъност, ки Вашингтон расман ин мавзӯъро дар рузнома мегузорад, вале дар амал дар баробари манфиатҳои амниятӣ ва геополитикӣ онро то ҳадди рамзӣ поён мебарад. Расонаҳои амрикоӣ, аз ҷумла Washington Post ва Созмони ҳуқуқибашарии Human Rights Watch, чанд бор навиштанд, ки ИМА дар мавриди кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои ҳуқуқи инсонро чандон сахт намекунад, зеро барои Вашингтон ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ муҳимтаранд. Аз ин рӯ, таъкид ба ҳуқуқи инсон бештар хусусияти омӯзишӣ ва рамзӣ дорад, на талаботи сахт.

Ана барои ҳамин, фикр мекунам, дар мулоқотҳои сатҳи олӣ байни ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳарчанд масоили ҳуқуқи инсон низ садо медиҳанд, аммо муҳтавои воқеии онҳо ҳамеша ба амният, иқтисод, геополитика ва бозии байни қудратҳои бузург бастагӣ дорад. Давлатҳои минтақа ҳар масъалаи чунин мулоқотҳоро ҳамчун имкони тақвияти мавқеи худ истифода мебаранд, дар ҳоле ки Вашингтон ба ин мулоқотҳо ҳамчун воситаи идомаи сиёсати коҳишдиҳандаи нуфузи Чин ва Русия менигарад. Аммо ин ҳам ногуфта намонам, ки Осиёи Марказӣ дар шароити фишори Русия, нуфузи Чин, ноустувории Афғонистон ва зарурати ҷалби сармояи Ғарб маҷбур аст дар чунин гуфтушунидҳо иштирок кунад ва ИМА низ ин фурсатро барои барқарор кардани мавқеи худ дар минтақа истифода мебарад.

Чаро барои ИМА формати C5+1 муҳим аст?

Формати C5+1 дар воқеъ яке аз абзорҳои марказии дипломатияи ИМА дар Осиёи Марказӣ шудааст, зеро он ба Вашингтон имкон медиҳад, ки ҳамзамон бо ҳамаи панҷ кишвар ҳамчун як воҳиди минтақавӣ кор кунад ва равиши сиёсиро аз сатҳи дуҷониба ба сатҳи бисёрҷониба интиқол диҳад. Ин формат ҳамчун абзоре барои ба даст овардани нуфуз дар минтақаҳои пуррақобат тавсиф мешавад. Дар шароити рақобати Чину Русия, ИМА бо ин роҳ сенарияро идора мекунад, на ин ки аз канор ба он нигоҳ кунад.

Аз ҳама пеш C5+1 ҳамчун ҷавоби сохторӣ ба баландшавии нуфузи Чин ва бозгашти сиёсати таҷовузкоронаи Русия амал мекунад. Тибқи таҳлилҳои расонаҳои байналмилалӣ пас аз соли 2022 зарурати фаъол шудани Вашингтон дар минтақа бештар шуд. Русия, ки анъанавӣ худро «пуштибон»-и амниятии минтақа муаррифӣ мекард, пас аз ҷанги Украина қудрат ва эътибори худро қисман аз даст дод. Чин бошад, ба абзори асосии маблағгузорӣ, инфрасохтор ва қарз дар минтақа табдил ёфт. Формати C5+1 ба ИМА имкон медиҳад, ки дар рақобат бо ин ду абарқудрат, бе истифодаи фишанги низомӣ, тавассути равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ иштирок кунад.

Барои ИМА, панҷ кишвари Осиёи Марказӣ солҳо ҳамчун бозор, транзит ва манбаи захираҳои энергетикӣ муҳим буданд, аммо мушкил ин аст, ки минтақа ҳамеша бесубот ва пароканда буд. Формати C5+1 ба Вашингтон имкон медиҳад, ки ин кишварҳоро дар барномаи ягона ҷой диҳад ва ҳадафҳои умумии минтақавиро пеш барад. Чунин механизми «блоксозӣ» дар сиёсат ҳамчун роҳи баланд бурдани таъсири қудрати беруна дар фазои геополитикӣ дониста мешавад. Дар ҳоле Чин бо «C+C5» (Чин + 5 кишвари ОМ) ва Русия бо Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёӣ чунин форматҳо доранд, ИМА бо пайдо кардани платформаи алтернативӣ таъмини тавозунро дар назар дорад.

Ҳамчунин барои Вашингтон ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодии минтақа ба самти бозорҳои ғарбӣ аҳамияти калон дорад. Иқтисодҳои Осиёи Марказӣ ба бозори Чин ва Русия сахт бастагӣ доранд. Аз маводи содиротӣ то саноат, аз шабакаи роҳҳо то нафту газ, ҳама ба тарафи шарқ ва шимол равона шудааст. ИМА мехоҳад ин вобастагиро коҳиш диҳад ва кишварҳоро ба бозорҳои Аврупо ва Амрико пайванд кунад. Дар ин замина, формати C5+1 барои Вашингтон роҳе барои тарғиби ислоҳоти иқтисодӣ, коҳиши монеаҳои тиҷоратӣ, афзоиши имкониятҳои сармоягузорӣ ва тарғиби стандартҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ, ки ба бозори ғарбӣ мувофиқат доранд, мебошад.

Ин ҳама комилан бо сиёсати ҳозираи ИМА барои «таҳкими амнияти занҷираҳои таъминот» ҳамбастагӣ дорад. Дар шароити ҷанги Украина, танг шудани бозорҳои уран, камбуди маводи стратегӣ, ва номуайянии коридорҳои транзитӣ, Осиёи Марказӣ метавонад ҳамчун «минтақаи калидӣ» барои пайвастани Осиё ба Аврупо хизмат кунад.

Агар сарфаҳм рафта бошам, тибқи таҳлилҳои расонаҳои байналмилалӣ як масъалаи дигар ин идоракунии транзит ва занҷирҳои таъминот аст, ки яке аз аҳдофи аслии ИМА дар минтақа ба ҳисоб меравад. Кишварҳои минтақа дар маркази роҳҳои эҳтимолии алтернативии байни Аврупо ва Осиё қарор доранд. Гузаргоҳи байни Чин ва Аврупо, ки аз Русия мегузашт, пас аз соли 2022 ба таври ҷиддӣ осеб дид ва ИМА ин фурсатро истифода бурда, коридори Транс-Каспиро ҳамчун роҳи бехатартар ва стратегии бештар тарғиб мекунад. Дар таҳлилҳои CSIS ва Atlantic Council борҳо таъкид шудааст, ки «магистрали Транс-Каспӣ барои амнияти иқтисодии Ғарб аҳамияти фавқулода дорад», зеро он ягона роҳи транзитиест, ки Чинро ба Аврупо мепайвандад ва  Русияро чап медиҳад. Ин ҷо ИМА бо забони дипломатӣ сухан мегӯяд, аммо ҳадафаш доиман як, ин ҳам сохтани шабакаи транзитии ба Русия вобаста набуда будааст.

Як масъалаи дигар, ин коҳиши таъсири Маскав дар иқтисод ва амнияти минтақа буда, яке аз омилҳои ниҳонии ин формат мебошад. Маскави овора ба ҷанги Украина аз лиҳози таъсири минтақавӣ заъифтар шудааст, аммо то ҳол дар Осиёи Марказӣ таъсири сиёсӣ ва амниятӣ дорад. ИМА бо истифода аз C5+1 мехоҳад, ки кишварҳоро аз вобастагӣ ба созмонҳои дар зери нуфузуи Русиябуда, монанди СПАД ва ИИАО, берун карда, алтернативҳои амниятӣ пешниҳод кунад ва фишорҳои геополитикии Русияро маҳдуд созад.

ИМА ин стратегияро бидуни хушунат дар шакли дипломатӣ ба ҷойи муқобилияти ошкор, ҳамчун роҳи фишорҳои иқтисодӣ, дипломатӣ ва кашида гирифтани шарикони стратегии Русия ва Чин интихоб мекунад. Аммо, инро ҳам бояд гуфт, ки дар як чунин модели сиёсат Чин аз ИМА варзидатар аст.

Ба ҳар ҳол, формати C5+1 барои ИМА як воситаи калидӣ мебошад, зеро ба Вашингтон имкон медиҳад ҳам дар сатҳи иқтисодӣ, ҳам амниятӣ ва ҳам геополитикӣ дар минтақа нақши муассир бозӣ кунад. Ин формат барои ИМА на танҳо як платформаи гуфтугӯ, балки як механизми рақобат ва тавозунсозӣ бо Русия ва Чин, барқароркунандаи нуфузи амрикоӣ дар фазои мураккаби Осиёи Марказӣ ва роҳе барои пайвастани минтақа ба иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад.

Нуқтаҳои заъф ва паёмадҳо

Табиист, ки чунин сафарҳои сатҳи олӣ пояҳои сиёсии режимҳоро қавитар мекунанд, аммо он имкониятҳои ислоҳоте, ки ҷомеа интизораш аст  чизе ба даст намеояд. Ҳарчанд ин нишастҳо дар сатҳи дипломатӣ рамзи “муносибати байналмилалӣ” шумурда мешаванд, паёмадҳои онҳо дар дохили кишварҳо аксаран ба манфиати элитаҳои ҳоким хизмат мекунанд.

Режимҳо чунин нишастҳоро ҳамчун нишондиҳандаи пешрафт муаррифӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон, мисли аксари кишварҳои минтақа, ВАО-и давлатӣ ҳар сафари президентро ҳамчун «муваффақияти сиёсати хориҷӣ» таблиғ мекунад. Ин кор аз лиҳози таблиғотӣ барои ҳукумат фоидаовар аст, зеро ба ҷомеа чунин тасаввур дода мешавад, ки кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф ва эҳтиром дорад. Аммо дар воқеъ, ин ташрифҳо ягон таъсири институтсионалӣ надоранд. Ҳеҷ таъсири мусбате на ба мустақилияти судҳо, на ба қонунмандӣ, на ба озодии сиёсӣ ва на ба шаффофияти идорӣ надоранд. Режимҳои худкома, аз ҷумла ҳукумати Тоҷикистон, аз чунин сафарҳо барои мустаҳкам кардани қудрати худ истифода мебаранд. Ин як намунаи классикии ба даст овардани як шонси иловагӣ  барои ҳифзи қудрати дохилӣ мебошад.

Акс аз вебгоҳи расмии Президенти Тоҷикистон

Масъалаи ҳуқуқи инсон дар чунин равобит ҷойи дуюм ё сеюмро мегирад ва ин барои режимҳои минтақа як имконияти бароҳат ба вуҷуд меорад. Вашингтон расман аз поймолкунии ҳуқуқи инсон дар кишварҳои минтақа интиқод мекунад, аммо ин интиқодҳо одатан бо забони дипломатӣ мулоим баён мешаванд ва ҳукуматҳо дар амал онро нодида мегиранд. Тоҷикистон, ки дар даҳ соли охир ба яке аз кишварҳои аз ҳама бад дар масалаи озодиҳои сиёсӣ табдил ёфтааст, аз ҳамин “нармӣ” истифода карда, таъқиби фаъолони сиёсӣ, фишор ба рӯзноманигорон, маҳви ҷомеаи шаҳрвандӣ ва зиндон кардани мухолифонро бетағйир идома медиҳад. Инкишофи низоми худкома дар кишварҳо дар чунин шароит аслан осон мешавад, зеро ҳукуматҳо медонанд, ки дахолати ҷиддии Ғарб ба масъалаи ҳуқуқи инсон маҳдуд аст ва Вашингтон аз онҳо ҳеҷ талаботи сахте намекунад.

Худи мардум аз ин нишаст ҳеҷ фоидаи воқеӣ намебинанд, зеро ҳамаи ваъдаҳои сармоягузорӣ, ки дар чунин нишастҳо эълом мешаванд, аксаран ё дер амалӣ мешаванд ё ба гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат мерасанд. Дар Тоҷикистон фасоди системавӣ ва монополияҳои наздик ба оилаи ҳукуматдор имкон намедиҳанд, ки сармоягузорӣ ба иқтисоди воқеӣ расад. Ҳатто вақте лоиҳаҳо оғоз мешаванд, мардум аз ширкат дар ин лоиҳаҳо ба дур мемонанд ва истифода аз онҳо маҳдуд мебошад. Ҳамин тавр бо сабаби назорати қатъии иқтисодӣ, хешутаборсолорӣ ва набудани рақобати солим, сармояи хориҷӣ ба иқтисоди мардум таъсири амиқ намекунад. Барои мардуми оддӣ, ки бо мушкилоти бекорӣ, муҳоҷират, гаронии зиндагӣ ва набудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ рӯбарӯянд, чунин нишастҳои дипломатӣ ҳеч суди амалӣ надоранд. Ин як намунаи возеҳи ҷудоии байни таблиғот ва ҳақиқат аст.

Ҳамин тавр, нуқтаҳои заъфи асосӣ дар ин аст, ки роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон, аз сафарҳои сатҳи олӣ танҳо барои мустаҳкам кардани қудрати худ истифода мебаранд. Мавзӯъҳои ҳуқуқи инсон беэътибор мешаванд, сармоягузорӣ ба дасти гурӯҳҳои маҳдуд меафтад ва мардум дар канор мемонанд. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Вашингтонро ҳам чунон, ки мебинем дар ВАО ҳамчун рамзи «пирӯзии дипломатӣ» нишон дода мешавад, вале дар воқеъ ба сохтори сиёсӣ ё рӯзгори мардум ҳеч фоидаи воқеӣ намеорад. Ин низ яке аз сабабҳои асосист, ки минтақа то имрӯз аз давраи бозсозии сиёсӣ ва иқтисодӣ берун наомадааст. Ҳамвора дар димоғи мардум бӯи қашшоқист ва ҳушу ёди мардум дар муҳоҷират аст.

Шавкати Муҳаммад


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *