ДБҶ барои иҷро накардани боздошти Путин Тоҷикистонро муттаҳам кард
Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ (ДБҶ) дар Гаага эълон кард, ки Тоҷикистон бо иҷро накардани дархости боздошти президенти Русия Владимир Путин муқаррароти Статути Римро нақз кардааст. Қарори марбут, ки аз 12 саҳифа иборат аст, рӯзи 19 март нашр гардид ва дар он татбиқи таҳримҳо пешбинӣ нашудааст.
Раиси додгоҳ Розарио Салваторе Айтала таъкид кардааст: «Тоҷикистон уҳдадориҳои худро тибқи Статути Рим иҷро накард».
Ба иттилои додгоҳ, ҳукми боздошти Владимир Путин, ки соли 2023 бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҳарбӣ, аз ҷумла депортатсияи ғайриқонунии кӯдакони украинӣ содир шуда буд, ҳангоми сафари ӯ ба Душанбе низ эътибор дошт. Президенти Русия аз 9 то 12 октябри соли 2025 дар Тоҷикистон қарор дошт ва дар нишасти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.
ДБҶ изҳор доштааст, ки ҳанӯз моҳи июли соли 2025, баъд аз паҳн шудани маълумот дар бораи сафари эҳтимолии Путин, ба мақомоти Тоҷикистон дархости расмӣ барои боздошти ӯ ирсол гардида буд. Аммо ин дархост иҷро нашуд.
Мақомоти Тоҷикистон мавқеи худро бо истинод ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ шарҳ дода, ба масунияти сарони давлатҳои амалкунанда ишора карданд. Аз ҷумла, ба моддаҳои 27(2) ва 98(1)-и Статути Рим такя намуда, таъкид карданд, ки Русия узви ин санад нест ва аз масунияти президенти худ даст накашидааст.
Ҳамзамон, ҷониби Тоҷикистон ба созишномаи дуҷониба бо Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи адлия ишора кард, ки тибқи он барои шахсони мансабдори баландпоя имтиёз ва масуният пешбинӣ шудааст. Мақомот изҳор намуданд, ки дар доираи ин уҳдадориҳо, онҳо бояд амният ва озодии ҳаракати роҳбарони кишварҳои ИДМ-ро таъмин намоянд.
Дар посух, ДБҶ таъкид кардааст, ки давлатҳои узви Статути Рим уҳдадоранд дархостҳои додгоҳро, аз ҷумла дар мавриди боздошт ва супоридани гумонбарон, иҷро намоянд. Додгоҳ ҳамкориро шарти калидии фаъолияти муассири худ арзёбӣ кард.
Тоҷикистон соли 2002 ба Статути Рим пайвастааст ва мутобиқи он бояд қарорҳои додгоҳро иҷро кунад. ДБҶ парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои вазнини байналмилалӣ, аз ҷумла генотсид, ҷиноятҳо зидди башарият ва ҷиноятҳои ҳарбиро баррасӣ мекунад.
Ин қазия дар пасманзари баҳсҳои густардатар дар бораи иҷрои қарорҳои ДБҶ сурат мегирад. Пештар чунин интиқодҳо нисбати Муғулистон низ садо дода буданд, ки он кишвар низ ҳангоми сафари Путин ордери боздошти ӯро иҷро накард.
Дар солҳои охир ДБҶ дар маркази баҳсҳои байналмилалӣ қарор дорад. Аз ҷумла, соли 2024 додгоҳ ордери боздошти сарвазири Исроил Бинямин Нетаньяху-ро низ содир кард, аммо як қатор кишварҳо онро нодида гирифтанд, ки боз масъалаи иҷрои қарорҳои додгоҳро ба миён овард.


Average Rating