ПМТ шӯрои нави худро интихоб кард

Ба дигарон фиристед

Паймони Миллии Тоҷикистон рӯзи 1 ноябри соли 2025 дар шаҳри Варшава интихоботи ҳайати нави Шӯрои худро баргузор намуд. Тибқи иттилоияе, ки санаи 3 ноябр дафтари матбуоти ПМТ нашр кард, дар ин раванди интихоботӣ ҳамаи 13 узви Шӯро, 9 нафар ҳузурӣ ва 4 нафар бо ваколати расмӣ иштирок карда, дар овоздиҳии пинҳонӣ аз миёни 23 номзад 15 узви нави Шӯро интихоб гардиданд.

Барои таъмин ва шаффофияти раванди интихобот Комиссияи баргузории интихобот ташкил шуда будааст, ки иборат аз афроди берун аз Шӯро будаанд ва номзад ҳам набуданд. Ин Комиссия масъули омодасозии бюллетенҳо, назорат бар тартиби овоздиҳӣ, шумориши раъйҳо ва ҳифзи протоколҳо будааст.

Бино ба иттилоия, дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ ба ҳайати нави Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон шахсони зерин интихоб шуданд:

1. Абдуманнон Шералиев

2. Абубакр Нурӣ

3. Алим Шерзамонов

4. Бобоҷон Қаюмов

5. Илҳомҷон Ёқубов

6. Исломҷон Саидов

7. Маҳмудҷон Файзраҳмон

8. Муҳиддин Кабирӣ

9. Неъмат Амонбеков

10. Салим Султонзода

11. Темур Варқӣ

12. Фарҳод Одинаев

13. Фатҳуддин Усмонзода

14. Шамсиддин Саид

15. Шоҳнаим Карим

Интихоби ҳайати нави Шӯро қадами муҳим дар ҷараёни ташкили кор, ҳамоҳангсозии фаъолият ва тақвияти механизмҳои идории ПМТ арзёбӣ шудааст.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *