Таърихи ҲНИ ИҶШ: «Шояд мо ҳосилро дарав накунем»
Муллиф: Абу Эссам Фаластинӣ
Огози матлаб: Таърихи ҲНИ ИҶШ. Замоне, ки хомӯшӣ ба садо табдил ёфт
Идомаи он: Таърихи ҲНИ ИҶШ. Солҳои умед ва амал
Поёни матлаб: 👇
Пулҳои пайванд бо ҷаҳони ислом
Табиӣ буд, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ мехост бо ҳамтоёни худ дар хориҷ муносибат дошта бошад. Баъд аз Анҷумани таъсисӣ, аввалин паёми табрик аз Ҳаракати Ҳамоси наврас ба Маскав расид. Изҳори ҳамдилӣ ва пуштибонӣ аз таҷрибаи мусалмонон дар Иттиҳоди Шӯравӣ хеле руҳбаландкунанда буд. Сипас иртиботҳо пай дар пай омадан гирифтанд. Паёме аз Ҷамоати Исломии Покистон бо фиристодаи вижа, паёме аз Муассисаи Исломӣ дар Британия, аз Судон ва дигар марказу ҷамъиятҳо расиданд ва бо таваҷҷуҳи афзун он чӣ дар он сарзамини фаромӯшшуда рух медод ҷомеаи ҷаҳони ислом пайгирӣ мекард.
Чанд рӯзноманигори арабу хориҷӣ низ ба Маскав омаданд, то дар бораи вазъи мусалмонон бинависанд. Дар миёнашон хабарнигори «Ал-Иттиҳод»-и Имороти Муттаҳидаи Араб, ки гузорише бас пуртанин аз фаъолиятҳои ҳизб нашр кард ва даъватномаи расмие ба раҳбарият барои боздидашон аз Имороти Муттаҳида расонд. Дар он рӯзҳо сафар ба хориҷ бисёр душвор буд. Шаҳрванди Шӯравӣ бидуни даъватномаи расмӣ ҳаққи баромад аз кишварро надошт. Аз миёни давлатҳои арабӣ, Алҷазоир бисёр самимӣ буд. Бо ибтикори Холид, даъватномаи расмӣ барои сафар ба Алҷазоир, баъд аз пирӯзии «Ҷабҳаи наҷоти исломӣ» дар интихоботи шаҳрдорӣ ба даст омад. Ин рӯйдоде буд, ки мавҷи болоравандаи исломро ошкор сохт. Холид баъди бозгашт қисса кард, ки сафараш бо намоишҳои пуршукӯҳи исломгароён дар хиёбонҳо бо талаби интихоботи умумӣ мувофиқ омад. Холид бо ифтихор аз дидаҳояш нақл карда мегуфт, ки мардум бо шиорҳои исломӣ ошкоро нидо мекунанд ва умеди Холид бар ин буд, ки: «Он чӣ мо орзӯ дорем амалӣ шуданаш дур нест.»
Иртиботҳо танҳо ба ин маҳдуд нашуд. Чанд моҳ баъд, раҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ барои ширкат дар Конфронсе дар Хартум, дар баҳори соли 1991 даъватнома гирифт. Ӯро ба ин Конфронс доктор Ҳасан Ат-Туробӣ даъват карда буд. Конфронс аз 25 то 28 апрели соли 1991 бо иштироки беш аз панҷсад шахсияти фикриву сиёсӣ аз чиҳилу панҷ кишвар доир шуд. Ҳадафи Конфронс ҳамоҳанг сохтани талошҳои ҳаракатҳои исломӣ ва сохтани чорчӯби мардумӣ, мувозӣ бо Созмони Кумитаи Исломӣ буд. Фазои Хартум омехтаи умеду шавқ буд ва умед ба тавлиди тарҳи исломии ҷамъ медод. Конфронс пур аз шуру шавқе буд, ки бо изтироб ва ихтилофи назари ҷараёнҳо ҳамроҳ буд. Он ҷо, дар соҳили Нили Кабуд, раҳбарияти ҳизб бо даҳҳо ҳаракати исломӣ дар ҷаҳони арабӣ, аз ҷумла Осиё ва Африқо мулоқот карданд. Ин мулоқотҳо дарҳоро ба рӯи ҳамкориҳо ва кумаки мутақобил боз кард. Ёдам ҳаст, Ҳайдар Ҷамол қисса карда буд, ки аз амиқтарин мулоқотҳо нишасти онҳо бо мутафаккири барҷаста, доктор Ҳасан Ат-Туробӣ буд. Ҳамин тавр, гуфтугӯ дар бораи ояндаи ҳаракатҳои исломӣ дар Хартум асаре амиқ дар дили ҳайати ҳизб гузошт.
Ҳайат аз Хартум бо эҳсосе баргашт, ки барои аввалин бор қисми ҷунбиши ҷаҳонии бузургтар пайваст шудаанд ва Иттиҳоди шӯравӣ дигар ҷазираи ҷудо аз олами Ислом нест, балки бахше табиӣ аз тане бузурги уммати исломӣ аст. Дар ҳамон давра, дарҳои ҳаҷ барои бори аввал пас аз даҳсолаҳо бар мусалмонони Иттиҳоди Шӯравӣ боз шуд. Сафаре, ки аҳли ирфону рӯҳониёнро ба ҳам овард ва мулоқоти ҳоҷиёни Қафқозу Осиёи Марказӣ бо бародаронашон аз саросари ҷаҳони ислом хеле ҳаяҷонбахш буд. Он манзара чуноне буд, ки гӯё парда аз рӯйи рӯҳ ва хотираҳо мебардошт ва эҳсосоти фаромӯшшуда зинда мешуданд ва ёдҳои пароканда ба як тасвире муттаҳид мегардиданд.
Мулоқоти Маскав бо раҳбарони ҷиҳоди исломии Афғонистон
Дар ноябри соли 1991, устод Бурҳониддин Раббонӣ, раҳбари муҷоҳидини афғон ва муассиси Ҷамъияти Исломӣ бо ҳамроҳии ҳайате аз раҳбарони муқовимат, дар чорчӯби гуфтугӯҳои пас аз хуруҷи шӯравӣ аз Афғонистон (феврали 1989) ва талошҳо барои роҳи ҳалли сиёсӣ, поёни дахолатҳо ва бунёди ҳукумати собит бо баррасии парвандаҳои ҳассос, монанди сарнавишти ҷангҷӯёни шӯравии бедарак ба Маскав омад. Роҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ ба маҳалли иқомати ҳайати Афғонистон рафт ва бо онҳо мулоқот кард. Аксҳои ёдгорӣ ҳам гирифта шуд. Ин иқдом хатар дошт ва баъзе муҳофизону нозирони шӯравӣ гумон бурданд, ки ин нишаст бахше аз «музокироти расмӣ» аст. Чун фаҳмида шуд, ки ин иртибот миёни мусалмонон дар дохили Иттиҳоди Шӯравӣ бо «душманони дирӯз» афғонҳост хашми онҳо шадид гардид. Бо ин ҳама, ба қавли доктор Аҳмад Қозӣ, он дастфишорӣ дар Маскав ишораи барвақт ба тавлиди уфуқе нав буд, ки марзҳоро мешиканад.
Саёҳатҳо дар масири даъват. Аз Осиёи Марказӣ то Қафқоз
Чандин бор бо ҳамроҳии доктор Аҳмад Қозӣ барои дидани фаръҳои Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва огаҳӣ аз фаъолиятҳои онҳо дар ҷумҳуриҳои мухталиф сафар кардаам. Аввал ба Ӯзбекистон, пас аз Анҷумани пурошуби таъсисӣ, ки дар он шайх Абдулло Ота амири ҳизб дар Ӯзбекистон интихоб шуда буд сафар кардем ва бо ӯ мулоқот намудем. Шабе чанд дар хонаи ӯ меҳмон шудем ва аз ӯ хабарҳои кори исломӣ дар он диёр ва душвориҳои ҳаррӯзаро шунидем. Сидқи имонашро бо вуҷуди муҳосира ва мушкилиҳо мушоҳида кардем. Сипас ба водии Фарғона рафтем. Дар Намангон бо марҳум шайх Абдулаҳад дидор кардем. Фардояш ба Андиҷон рафтем ва бо шайх Абдулвалӣ Қорӣ раҳимаҳуллоҳ, марде нодир, ки дар миёни сахтӣ ва таҷрибаҳо тарбият ёфта буд, мулоқот кардем. Дар вуҷуди ӯ устувориву имон ва содагӣ ба ҳам омада буданд. Ростӣ, ин ҷо тӯлонӣ намегӯям ва қасд дорам, сафар ба Ӯзбекистон ва дигар сафарҳоро дар мақолаҳое ҷудогона бозгӯям, ки дар он ибрату манзараҳои бисёр аст.
Ҳамчунин бо доктор Аҳмад Қозӣ, барои ширкат дар Анҷумани таъсисии Маркази ҷавонони исломии «Имон» ба Қазон рафтем. Баъдан сафаре низ ба шимоли Қафқоз доштем ва чанд шаҳрҳоеро дидем ва бо шахсиятҳои даъватгар мулоқотҳо кардем. Ҳамчунин меҳмони хонаи Шайх Валиюллоҳ дар деҳаи Кудалӣ, кӯҳистони Доғистон шудем. Он ҷо, миёни доманакӯҳҳо ва насими сард, рӯйи дигари шахсияти Аҳмад Қозиро дидам. Инсоне сода, деҳқон, меҳмоннавоз бо табассуме ҳалим ва каромате фаромӯшнашуданӣ бо ҳама муносибат мекард.
Он сафарҳо, ки бо руҳи бародарӣ ва таҷрибаи муштараки нодир пур буданд, бо рӯзгори пур аз умеду талош пайванд хӯрданд ва рӯзгоре аз зеботарин сафҳаҳои умри мо буданд.
Раъйпурсии марти 1991: интихоби ваҳдат дар даврони парешонӣ
Дар марти соли 1991, дар ҳоле, ки кишвар дар ҷӯшиши таҳаввул буд, раҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ мусалмонони ҷумҳуриҳоро ба раъйи мусбат ба ҳифзи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун иттиҳоди таҷдидшуда, бо таъкид бар пуштибонӣ аз ваҳдати сиёсиву иқтисодӣ даъват кард. Ин даъват дар матлабе дар рӯзномаи «Литературная Россия» нашр шуд ва диди ҳизбро дар марҳилае нишон медод, ки тафаккур ба таҳдиди фурӯпошӣ рӯ ба рӯ буд.
Дар раъйпурсии 17 марти 1991, суол аз мардум чунин буд: «Оё зарур медонед, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун иттиҳоди таҷдидшуда аз ҷумҳуриҳои баробарҳуқуқ ҳифз шавад?» Аксари ҷумҳуриҳо ба ҷуз се кишвари Балтик (Литва, Латвия, Эстония) ширкат карданд. Ҷумҳуриҳои Гурҷистон, Арманистон ва Молдова райпурсиро бойкот карданд. Натиҷа равшан буд ва тақрибан 76 дарсад «ҳа» гуфтанд. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ин рақам беш аз 90 дарсад, баландтарин дар саросари Иттиҳод буд. Ин мавқеи мардум бештар изҳори орзуи суботу ҳифзи иҷтимоиву иқтисодӣ буд, на дилбастагӣ ба шакли куҳнаи сиёсӣ.
Аз диди раҳбарияти ҳизб, пуштибонӣ аз бақои Иттиҳод иқдоме ҳисобшуда буд. Ҳифзи дастовардҳои навзоди исломӣ аз парокандагӣ, таъмин кардани фазои муштараке, ки кори даъватӣ ва сиёсиро дар муҳити нисбатан собит идома додан имкон дошт. Аммо инқилоби августи соли 1991 ин талошҳоро ноком кард ва шубҳаҳоро дар қобилияти марказ барои идома афзуд ва пас аз он мавҷи истиқлолхоҳӣ пай дар пай оғоз гирифт.
Давраи тамрини сиёсӣ (ноябри 1991)
Дар поёни ноябри соли 1991, аввалин давраи омӯзиши кори сиёсӣ бо мушорикати мураббии соҳибтаҷриба аз Урдун барпо шуд ва як ҳафта давом кард. Шумори маҳдуде аз кадрҳо ва раҳбарони Ҳизби Наҳзати Исломӣ ширкат варзиданд. Ин давра посух ба ниёзе ошкор буд. Аксари кадрҳо аз маҳорати сиёсиву созмонӣ маҳрум монда буданд. Сабаб дар ин буд, ки даҳсолаҳо зери истилои ҳизби коммунист аксари мардум дур аз сиёсат буд ва овораи корҳои умумӣ буд. Давра ҳадаф дошт, ки раҳбаронро омода созад ва ба онҳо усули фаҳми сиёсӣ, коргузории муассисавӣ ва идораи созмонии муосир биомӯзад. То дар марҳилаи тоза нақше муассир ифо кунанд. Қарор бар он шуд, ки чунин давраҳои фишурда дар минтақаҳо низ барпо гардад ва мураббиёни маҳаллӣ парвариш ёбанд. Аммо ҳаводис ба суръате ғайримунтазир пеш рафт. Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ пошид. Давлат парешон ва ҷумҳуриҳо ба гирдоби буҳронҳо ва кашмакашҳо ғалтиданд. Иҷрои барнома, бахусус пас аз парокандагии ҳизб ва парешонии раҳбарияш, мутаваққиф гардид. Ин давра охирин кори мунтазам пеш аз фурӯпошии давлат ва оғозгоҳи марҳилаи нав шуд.
Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва пайомадаш бар ҳизб
Иттиҳоди Шӯравӣ расман дар декабри соли 1991 фурӯ пошид ва ин ба таъбири баъдии Владимир Путин «бузургтарин фоҷиаи ҷуғрофияи сиёсии қарни бистум» буд. Аммо, нишонаҳои он ҳодисаҳо аз пеш ошкор буд. Танҳо сохторҳои ҳукуматӣ пароканда нашуданд, тамоми баданаҳои иҷтимоиву иқтисодии сатҳи умумииттиҳодӣ низ шикоф шуданд. Аз ҷумла баданаи созмонии Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки ҳанӯз наврас буд, пароканда шуд. Ин фурӯпошӣ мушкилоти дохилии ҷумҳуриҳои мусалмоннишинро таҳрик кард ва даргириҳои гурӯҳҳои маҳаллӣ бар сари тақсими нуфуз шӯълавар шуд. Аз Озарбойҷон то Ӯзбекистон, ва ба авҷи худ дар Тоҷикистон, ки ба ҷанги шаҳрвандии шадид лағжид.
Дар миёни ин нооромӣ, Намояндагии Ҳизби Наҳзати Исломии Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон 26 октябри 1991 Анҷумани наверо баргузор кард ва эълон намуд, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ҳизбе мустақил бунёд шуд. Тақрибан 657 вакил ва 310 меҳмон аз дохилу хориҷ ҳузур доштанд. Ин эълон нишоне буд аз гузар аз чорчӯби умумииттиҳодӣ ба воҳиди миллии маҳаллӣ ва мувофиқи воқеияти нав, ки бо силоҳ ва сарҳадот таҳмил шуда буд.
Дар Ӯзбекистон, саркӯби мухолифон шадид шуд. Раисҷумҳур Ислом Каримов низоми истибдодии сахтеро устувор сохт. Абдулло Ота, раҳбари фаръи ҳизб бо чанд ҳамраҳаш рабуда шуд ва гарчи овозаҳо аз нобудсозӣ қисса мекунанд, то имрӯз аз сарнавишташон хабаре нест. Бо аз даст рафтани пояи фарох дар Осиёи Марказӣ, заъфи фаръҳо дар Русия ва ихтилофи аносур дар Қафқоз ба сабаби масалаи чечен, бинои умумииттиҳодии Ҳизби Наҳзати Исломӣ мисли мавҷе, ки дар соҳил бишканад фурӯ рехт. Бо вуҷуди ин, барои созмони ошкорои исломӣ дар муҳите, ки даҳсолаҳо манъ шуда буд, ин роҳ таҷрибаи нодир ва мероси рамзӣ ба ҷой гузошт.
Сабабҳои парокандагии ҳизб
Фурӯнишасти ҳизб танҳо натиҷаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ набуд. Маҳсули дарҳам танидае аз сиёсат, ҷомеа ва андеша буд. Бо аз байн рафтани чорчӯби умумииттиҳодӣ, ҳизб сипари қонуниро аз даст дод ва худро рӯбарӯйи давлатҳои нав созмонёфта дид, ки аз ҳар унсури мазҳабӣ ё созмони мустақил ҳазар мекарданд. Бунёди созмонии ҳизб, дар ҳоли ноболиғӣ буд. Барояш шароите муҳайё набуд, то бо воқеияти тоза, бо давлатҳои миллӣ ба ҷойи фазои муштараки умумииттиҳод бархӯрд кунад. Афзалиятҳои фаръҳо миёни Қафқоз ва Осиёи Марказӣ мутафовит шуд. Гароишҳои қавмӣ бар тааллуқоти фикрӣ ғолиб омад. Афзун бар ин, фуқдони таҷрибаи сиёсӣ дар миёни аксари раҳбарон, ки аз ҳалқаҳои илм ва даъват омада буданд, на аз майдони ҳизбдорӣ, корро печида кард. Бо боло гирифтани миллатгароӣ ва сахтгирии низомҳои нав, ҳизб гӯё ба талош бар бозсозии фазои сиёсие пардохт, ки дигар вуҷуд надошт.
Бо ин ҳама, андеша ҷонашро набохт ва ба ҷараёнҳои фарҳангиву рӯҳонӣ табдил ёфт. Дар шуур ва зеҳни ҷомеаи мусалмон дар Русия ва Осиёи Марказӣ дар даҳаҳои баъдӣ ҳузур дошт ва ҳамчун ёдоваре аз он марҳилае, ки сукути даҳсолаҳоро шикаста буд, монд.
Наҳзат миёни мӯътадилӣ ва таассуб
Ҳизби Наҳзати Исломӣ чунон ки бархе нависандагон бо услуби таҳрикгар ё гароиши исломситез тасвир мекунанд, ҳаракати тундгаро набуд. Роҳбарон, дар пешопеш доктор Аҳмад Қозӣ аз ҳар гуна тамоюли зӯроварӣ дур буданд, зиндагии худро ба хидмати Ислом бо илм ва тарбия сарф карданд на бо силоҳ ва хушунат. Шӯрои ҳизб даъват мекард, ки Ислом ба ҷомеаи шаҳрвандӣ бипайвандад ва арзишҳои ахлоқӣ ва рӯҳонӣ, ки дар даврони бединӣ ба хок рафта буданд зинда гарданд. Аз ҳуқуқи мусалмонон дар чорчӯби осоиш ва қонун ҳимоят шавад. Ҳадаф барҳам задани давлат набуд, балки ислоҳи он аз дарун ва бозгардонидани Ислом ба ҷойгоҳи табииаш дар зиндагии мардум ҳамчун сарчашмаи раҳмат ва адолат буд, на майдони бархӯрд.
Аммо наметавон нодида гирифт, ки парокандагии ҳизб ва шиддат гирифтани таъқиби аъзо аз сӯи масъулони маҳаллӣ холигие хатарнок эҷод кард ва ҷараёнҳои шадидтар аз он суд бурданд. Ин яке аз сабақҳои бузург ва таҷрибае буд, ки мӯътадилӣ бидуни ҳимояи муассисавӣ пойдор намемонад ва шавқу ирода бидуни огоҳӣ ба ифрот мекашад.
Мероси ҳизб ва таҷаллии он дар фазои пасошӯравӣ
Гарчи Ҳизби Наҳзати Исломии Шӯравӣ аз лиҳози созмон пароканда шуд, асари фикриву рӯҳонии он дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва дар марказҳои ҷомиаи мусалмон дар худи Русия поянда монд. Таъсиси ҳизб дар фазое, ки даҳсолаҳо ҳар кори мазҳабӣ ё сиёсии мустақилро мамнуъ карда буд, рӯйдоде ғайриоддӣ буд. Бинобар ин, худи ҳизбсозӣ, ба худи худ пас аз даврони тӯлонии сукут тамрини сиёсии зудҳангом буд.
Наслҳои баъдӣ ҳарчанд бо номҳо ва парчамҳои дигар омаданд, андешаи кори исломии муассисавиро ба мерос гирифтанд . Дар ҷумҳуриҳое, ки оташи ҷангҳо роҳ ёфт, ёди ҳизб ва асари мардонаш дар хотираи ҷамъӣ чун рамзи оғозҳои бедорӣ зинда монд.
Дар Русия, ёрони он марҳила роҳро идома доданд. Даъват ва таълимро ба роҳ монданд. Муассисаҳои хайриявию фарҳангӣ ва мадорис бунёд карданд. Насли навро тарбия намуданд, ки машъали ҳувият ва имонро бардоштаанд. Мероси воқеии ҳизб дар шуур буд, на дар сохтор, дар андеша буд, на дар бадана. Он чӣ аз анҷумане дар Астрахан, зери сояи назорат ва шубҳа оғоз шуд, ба мактаби фикрие комил табдил ёфт, ки Исломро дар маросим маҳдуд намекунад, балки барномае медонад барои зиндагии бо каромат.
Каломи поён
Ҳамин тавр, фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ парда аз рӯи фасле нодир аз фаслҳои наҳзати исломӣ дар он сарзамин бардошт ва мардоне боқӣ гузошт, ки бо тӯфони замон парешон шуданд. Ҳизби Наҳзати Исломӣ танҳо як созмони сиёсӣ набуд ва дар умқи ҳақиқат орзӯе буд, ки имону ислом ба зиндагии уммат баргардад.
Чун ба он солҳо бармегардам, саҳифаҳои китобе ноқисро мебинам, саҳифаҳое, ки хунҳои шаҳидон, ашки модарон ва қадамҳои даъватгарон навиштаанд. Ҳизби Наҳзати Исломӣ нахустин равзанае буд, ки пас аз даҳаҳои каноргузорӣ ба рӯи мусалмонон кушода шуд ва аз он равзана нур диданд ва баҳояшро гарон пардохтанд. Шояд бино дер напоид, аммо маънои ибтикор ва масъулиятро дар дилҳо бедор кард. Собит сохт, ки тухми озодӣ, агарчи зери хок пинҳон шавад ҳам намемирад.
Мо, гувоҳони он оғозҳо то имрӯз дар ёдҳо чеҳраҳои он бародаронро, ки ба аҳдашон бо Худо вафо карданд, нигаҳ медорем. Онҳоро дар ҳар орзӯи адолату каромат ва наҳзати мавқуф мебинем. Гӯё садояшон аз дур меояд: «Шояд мо ҳосилро дарав накунем, аммо ҳамин бас аст, ки мо дар замине, ки мардум онро бедонааш мешумурданд, тухм пошидаем.»
Ҳамин аст, ки таҷрибаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ саҳифае аз таърихи муосир аст, вале барои ман, шӯълае аз рӯҳ, ки ба мо ёд дод, то орзӯ ҳарчанд амалӣ шуданаш маҳол менамояд, сазовор аст, ки гуфта шавад… ва ҳикоя гардад.
***
Ин матн шаҳодати шахсист, чунон ки муаллифаш зиндагӣ кардааст, на он гуна ки муаррихон сабт кардаанд.
Бо қалами Алӣ Абӯ Эссам Фаластинӣ
Тарҷуммаи Шавкати Муҳаммад

Average Rating