Як тоҷик ғайриқонунӣ марзи Латвияву Русияро убур карда дастгир шудааст
Шаҳрванди Тоҷикистон бо мошини Lexus монеаҳоро шикаста, ғайриқонунӣ аз марзи Латвияву Русия гузаштааст
Дар гузаргоҳи марзии Терехова дар марзи Латвияву Русия як шаҳрванди Тоҷикистон бо мошини тамғаи Lexus бо суръати баланд ба ҳудуди нуқтаи назорати марзӣ ворид шуда, ду монеаро шикаста ва ғайриқонунӣ аз марзи давлатӣ гузаштааст. Ҳодиса рӯзи 19 марти соли 2026 рух додааст.
Тавре Delfi бо истинод ба Gorod.lv хабар медиҳад, марзбонони Латвия барои боздоштани мошин аз воситаи махсуси дорои мехҳои оҳанин истифода карданд, аммо ронанда тавонист аз ҳудуди гузаргоҳ берун шуда, фирор кунад. Баъд аз ин, марзбонон бо ҷалби ҳайати шахсӣ, воҳидҳои ҳавоӣ ва ҳамоҳангӣ бо пулис амалиёти ҷустуҷӯиро оғоз намуданд.
Бино ба гузориш, мошини мавриди ҷустуҷӯ баъдан дар роҳи мошингарди A12, дар ҳудуди волости Иснаудаи ноҳияи Лудза, аз ҷониби пулиси давлатӣ боздошт шудааст. Маълум шудааст, ки пушти чанбари мошин шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштааст.
Нисбат ба ин шахс, ки ному насабаш дар хабар наомадааст, бо қисми 2 моддаи 284 Кодекси ҷиноии Латвия бо иттиҳоми қасдан ғайриқонунӣ убур кардани марзи берунии давлатӣ бо истифода аз воситаи нақлиёт парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Барои ин ҷиноят то ду соли маҳрум сохтан аз озодӣ, ё ҷазоҳои дигари алтернативӣ, аз ҷумла ҷарима ва корҳои ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин нисбат ба ӯ парвандаи маъмурӣ барои вайрон кардани низоми гузаргоҳи марзӣ ва сарпечӣ аз талаботи қонунии шахси мансабдор низ оғоз гардидааст.

Average Rating