Таназзули системавӣ дар сояи суботи зоҳирии Тоҷикистон
Тоҷикистон дар арзёбии Freedom in the World 2026 ҳамоно дар гурӯҳи “Not Free” қарор дорад ва ҳамагӣ 5 хол аз 100 гирифтааст. Freedom House инчунин таъкид мекунад, ки холҳои Тоҷикистон дар бист соли охир ба таври чашмгир коҳиш ёфтаанд: аз 30 хол дар соли 2005 то 5 хол дар соли 2025, яъне коҳиши умумии 25 хол, Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое мегузорад, ки дар ду даҳсолаи охир бештарини таназзули озодиро таҷриба кардаанд.
Ин ба он маъност, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо як низоми авторитарӣ аст, балки кишваре мебошад, ки дар он таназзули ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ шакли системавӣ, тӯлонӣ ва пайгирона гирифтааст. Freedom House ин равандро ба саркӯби рақобати сиёсӣ, аз байн бурдани мухолифати воқеӣ ва маҳдуд шудани фазои иштирок дар интихобот рабт медиҳад.
Низоми сиёсӣ ва басташавии рақобати сиёсӣ
Freedom House Тоҷикистонро ба ҳайси намунаи классикии аз байн бурдани рақобати сиёсӣ дар гузориши худ ном мебарад. Дар шарҳи расмии он гуфта мешавад, ки режими Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 дар қудрат аст, сабти ҳуқуқии ҳизби асосии мухолиф, Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистонро бекор кард, аъзову наздикони онро таъқиб, зиндонӣ ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто кушт ва ин саркӯб пас аз интихоботи соли 2015 ҳам идома ёфт.
Аз диди Freedom House, натиҷа ин аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои рақобати интихоботӣ тақрибан ҳеҷ ҷой намондааст.
Ин арзёбӣ бо маводи ҳуқуқбашарии дигар ҳамоҳанг аст. Human Rights Watch менависад, ки ҳукумат дар соли 2025 қудрати ҳизби ҳокимро боз ҳам таҳким бахшид, интихоботи парлумонӣ бидуни назорати мустақили воқеӣ баргузор шуд ва саркӯби дигарандешон, журналистон ва чеҳраҳои ҷамъиятӣ идома ёфт. HRW инчунин қайд мекунад, ки дар Тоҷикистон озодии баён, озодии иттиҳодияҳо ва имкони фаъолияти мустақили мухолифон ба таври шадид маҳдуд шудааст.
Интихоботи парлумонии соли 2025: зоҳиран буд, аммо дар асл интихоботе вуҷуд надошт
Дар бораи интихоботи парлумонии 2 марти 2025, OSCE/ODIHR тасдиқ мекунад, ки барои ин интихобот миссияи нозирон ташкил шуда буд. Ин худ нишон медиҳад, ки раванди интихобот аз назари байналмилалӣ муҳим шумурда мешуд.
Аммо манбаъҳои дигар нишон медиҳанд, ки интихобот ба рақобати воқеӣ табдил нашуд. Inter-Parliamentary Union сабт мекунад, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 49 курсӣ аз 63 курсӣ-и палатаи поёнӣ гирифт ва боқимонда миёни ҳизбҳои ҷонибдори ҳукумат тақсим шуд. Ҳамчунин IPU қайд мекунад, ки дар интихоботи 2025 нозирони мустақили ғарбӣ ҳузур надоштанд.
Ҳамин тавр масъала фақат дар худи рӯзи овоздиҳӣ набуда, балки проблемаи аслӣ пеш аз овоздиҳӣ мисли муҳити ҳуқуқӣ, басташавии майдони сиёсӣ, набудани мухолифати қонунӣ ва тарс дар ҷомеа мебошад. Аз ҳамин сабаб, ҳарчанд интихобот расман баргузор мешавад, вале он наметавонад воситаи интиқоли воқеии иродаи сиёсӣ бошад. Ин хулоса бо баҳодиҳии Freedom House мутобиқ аст, ки мегӯяд дар Тоҷикистон барои рақобати сиёсӣ ҷой намондааст.
Рӯй овардани шароити озодии баён ва матбуот аз бӯҳрон ба фалаҷшавӣ
Яке аз бахшҳои нигаронкунанда ин озодии матбуот аст. RSF дар World Press Freedom Index 2025 Тоҷикистонро дар зинаи 153 аз 180 ҷой дода, бо холи 32.21 арзёбӣ кардааст. Гарчанде дар рейтинг Тоҷикистон нисбат ба соли 2024 ду зина боло рафтааст, худи хол нишон медиҳад, ки вазъ ҳамоно бисёр бад аст ва аксари нишондиҳандаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ дар сатҳи заиф қарор доранд.
CPJ вазъро боз ҳам мушаххастар тасвир мекунад. Ин созмон менависад, ки рӯзноманигор Аҳмад Иброҳим, сармуҳаррири нашрияи мустақили Payk, моҳи январи 2025 ба 10 соли зиндон маҳкум шуда, муҳокимааш пушти дарҳои баста баргузор гардид ва парванда махфӣ эълон шуда буд. CPJ мегӯяд, ки миёни солҳои 2022 то миёнаи 2025 дар Тоҷикистон 9 журналист боздошт шудаанд ва аксарияти онҳо бо иттиҳомҳои “ифротгароӣ” ва дар мурофиаҳои пӯшида маҳкум шудаанд.
Дар бораи журналист Рухшона Ҳакимова низ CPJ сабт мекунад, ки ҳукмаш дар муҳокимаи пушти дарҳои баста дар моҳи апрели 2025 бетағйир мондааст. Радиои Озодӣ низ дар аввали 2025 навишт, ки дар Тоҷикистон журналистони мустақил зери фишори нав қарор доранд ва барои баъзе аз онҳо муҳлатҳои тӯлонии зиндон талаб шудааст.
Аз нигоҳи сиёсӣ, ин танҳо саркӯби чанд шахс нест; балки сиёсати ҳадафманд барои хомӯш кардани ҳар манбаи мустақили иттилоот аст. Вақте журналистон бо иттиҳомҳои амниятӣ, “экстремизм” ё “махфият” муҳокима мешаванд, ҷомеа ба худсенсура тела дода мешавад. Freedom House низ дар бахши умумии гузориши 2026 мегӯяд, ки байни солҳои 2020–2025 Тоҷикистон ба қатори кишварҳое дохил шуд, ки барои озодии ибрози назари шахсӣ шаҳрвандонаш таъқиб мешаванд ва ба таври густурда ба ин хотир боздошт мешаванд. Ин ҳол чунин кишварҳоро ба мисли Тоҷикистон ба пасттарин радда суқут кунонидааст.
Озодии шахсӣ, назорати давлатӣ ва фазои тарс
Freedom House дар FIW 2026 махсус таъкид мекунад, ки дар панҷ соли охир Тоҷикистон дар қатори Беларус, Эрон, Никарагуа, Русия ва Венесуэла ба кишварҳое табдил ёфт, ки барои озодии баён ва ибрози назари шахсӣ ба пасттарин сатҳ расидаанд. Ин на танҳо ба матбуот, балки ба муҳити умумии зиндагии шаҳрвандон дахл дорад. Яъне сухан дар бораи шабакаҳои иҷтимоӣ, баҳсҳои хусусӣ, фаъолиятҳои онлайн ва офлайн ва тарси пайваста аз пайгирии давлатӣ меравад.
Human Rights Watch низ менависад, ки мақомот на танҳо мухолифон ва журналистон, балки хешовандони фаъолони дар хориҷбударо ҳам ҳадаф қарор медиҳанд, ки ин равиш як шакли фишори васеъ барои ҷазо додани робитаҳои иҷтимоӣ ва тарсондани муҳити атроф аст. Дар натиҷа, дар ҷомеа механизми “ҷазои намунавӣ” пайдо мешавад, ки кофист чанд парвандаи пурсарусадо ташкил шавад, то ҳазорҳо нафар худ аз худ хомӯшу даҳонбаста шаванд.
Додгоҳ, адолати судӣ ва ҳуқуқи мурофиа
Яке аз сутунҳои асосии давлатдории кишвари ҳуқуқбунёд мустақилияти суд аст. Аммо Freedom House дар шарҳи умумии таназзули демократия нишон медиҳад, ки маҳз судҳои вобаста, таъқиби рақибон бо парвандаҳои сиёсӣ ва маҳрумсозии шаҳрвандон аз мурофиаи одилона аз омилҳои марказии коҳиши озодиҳо дар кишварҳои авторитарӣ мебошанд. Тоҷикистон дар ин қисм ба таври мустақим дар мисоли аз байн бурдани рақобати сиёсӣ оварда шудааст.
Human Rights Watch дар гузориши соли 2026 қайд мекунад, ки дар соли 2025 як қатор чеҳраҳои сиёсӣ, мансабдорони собиқ ва рӯзноманигорон ба муҳлатҳои дарози зиндон маҳкум шуданд. Радиои Озодӣ ҳам дар феврали 2025 аз ҳукмҳои сахти додгоҳӣ дар як парвандаи пӯшидаи “хиёнат” хабар дод. Чунин муҳокимаҳои баста, ки дар онҳо далелҳо ошкор нестанд ва дастрасии ҷомеа маҳдуд мешавад, нишон медиҳанд, ки додгоҳ дар амал бештар абзори идораи сиёсӣ шудааст, на институти адолат.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи гирдиҳамоӣ
Дар Тоҷикистон озодии гирдиҳамоӣ ва фаъолияти шаҳрвандӣ низ сахт маҳдуд аст. HRW менависад, ки эътирозҳо, аз ҷумла дар Бадахшон, бо роҳи зӯр пахш шудаанд ва имкони ташкили эътирози мустақил амалан номумкин шудааст. Ҳамзамон созмонҳо, фаъолон ва ҳуқуқшиносон зери фишори доимӣ мемонанд.
Аз диди сохторӣ, ин маънои онро дорад, ки на танҳо ҳизбҳои сиёсӣ, балки ҳатто ҷомеаи шаҳрвандии ғайриҳизбӣ низ наметавонад ба таври озод амал кунад. Дар чунин муҳит ҳар гуна иттиҳод, ташаббуси маҳаллӣ ё гурӯҳи мустақили иҷтимоӣ метавонад ҳамчун “хатари амниятӣ” муаррифӣ шавад. Ин яке аз сабабҳои асосист, ки чаро низомҳои авторитарӣ ба осонӣ устувор мемонанд ва онҳо пеш аз ташаккули алтернатива, худи шароити ташаккули онро маҳв мекунанд.
Иқтисод: рушди баланд нишон дода мешавад, вале осебпазирии сохторӣ боқист
Дар баробари таназзули сиёсию ҳуқуқӣ, вазъи иқтисодӣ мураккабтар аст. IMF дар соли 2025 қайд кард, ки Тоҷикистон ба рушди қавии иқтисодӣ идома дода, захираҳои асъорӣ ба сатҳи баробар ба 7 моҳи воридот расиданд, қарзи давлатӣ то охири 2024 ба 25 фоизи ММД коҳиш ёфт ва таваррум дар моҳи апрели 2025 дар сатҳи 3.6 фоиз қарор дошт.
Бонки ҷаҳонӣ низ навиштааст, ки иқтисоди Тоҷикистон дар нимсолаи аввали 2025 тақрибан 8.1 фоиз афзуд ва ин рушд аз ҳисоби воридоти молиявӣ, бахусус маблағҳои муҳоҷирон, болоравии истеъмоли хусусӣ ва сармоягузорӣ дастгирӣ шуд. Аммо ҳамон Бонки ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад, ки дар миёнамуҳлат рушд метавонад то 7.0 фоиз дар 2025, 4.9 фоиз дар 2026 ва 4.7 фоиз дар 2027 суст шавад, чунки ҷараёни маблағҳои интиқолӣ ба ҳолати муътадил бармегардад.
Ин ҷо зиддияти муҳими усули хоси “тоҷикӣ” дида мешавад. Аз як тараф, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ нисбатан хубанд; аз тарафи дигар, ин рушд ба таври назаррас ба омилҳои беруна вобаста аст, махсусан ба муҳоҷират, интиқоли пул ва муҳити иқтисодии кишварҳои шарик. IMF низ махсус ҳушдор медиҳад, ки коҳиши воридоти молиявӣ, сустшавии иқтисоди шарикон, хавфҳои геополитикӣ ва офатҳои табиӣ метавонанд ба рушди Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ зананд.
Фақр, нобаробарӣ ва рушди инсонӣ
Бонки ҷаҳонӣ менависад, ки фақри миллӣ дар Тоҷикистон аз 21.7 фоиз дар 2022 то 20.4 фоиз дар 2023 коҳиш ёфтааст ва қисми муҳимми ин пешрафт аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирон ва афзоиши даромади меҳнат ба даст омадааст. Аммо ҳамон манбаъ таъкид мекунад, ки нобаробарӣ, бахусус дар деҳот, як мушкили афзоянда мемонад.
Аз рӯи маълумоти UNDP, Тоҷикистон дар ҷадвали Human Development Index 2025 бо нишондоди 0.691 дар сатҳи рушди инсонии миёна қарор гирифтааст. Ин нишон медиҳад, ки кишвар дар соҳаҳои иҷтимоӣ баъзе пешрафтҳо дорад, аммо ҳанӯз аз лиҳози даромад, имкониятҳои таълимӣ ва сифати зиндагӣ ба ҳадди лозим пеш нарафтааст.
Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон метавонад дар як вақт ҳам рушди иқтисодии мусбат нишон диҳад ва ҳам аз буҳрони сохтории сиёсӣ ранҷ барад. Бе ислоҳоти воқеии институтсионалӣ, рушди иқтисодӣ бештар ба устувории режими мавҷуда хизмат мекунад, на ба тавсеаи ҳуқуқи шаҳрвандон.
Бар асоси маълумоти Freedom House 2026 ва манбаъҳои иловагӣ, Тоҷикистон имрӯз як давлати сахт авторитарӣ аст, ки дар он:
- рақобати сиёсӣ амалан аз байн бурда шудааст;
- интихобот бештар маросими тасдиқи қудрат аст, на воситаи интихоби озод;
- матбуоти мустақил ба сатҳи фалаҷ расидааст;
- судҳо бештар воситаи идораи сиёсӣ шудаанд;
- ҷомеаи шаҳрвандӣ зери тарс ва маҳдудият қарор дорад;
- ва ҳатто дар шароити рушди мусбати иқтисодӣ, асосҳои давлатдории озод ва ҷавобгӯ заиф мемонанд.
Агар бо як ҷумла ҷамъбаст кунем, тасвири имрӯзии Тоҷикистон чунин аст, ки ҳукумат метавонад ба институтҳои иқтисодӣ оморҳои мусбат нишон диҳад, аммо низоми сиёсӣ аз нуқтаи назари озодӣ, плюрализм ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар яке аз пасттарин сатҳҳо қарор дорад.

Average Rating