Таърихи ҲНИ ИҶШ. Замоне, ки хомӯшӣ ба садо табдил ёфт

Ба дигарон фиристед

Муаллиф: Алӣ Абу Эссам Фаластинӣ


Дар поёни солҳои ҳаштодум, бодҳои дигаргунӣ бар фазои Иттиҳоди Шӯравӣ вазида, вазиш садоҳоеро бо худ меовард, ки солҳо хомӯш монда буданд. Дар масҷиди “Проспект Мира” дар Маскав, пас аз намози пешини рӯзи якшанбе, ман ҳамон миш-мишҳои нахустинро шунидам, ки аз мавлуди як замони нав башорат медоданд. Дар он ҷо бо бародари азиз Муҳаммади Офарии Доғистонӣ мулоқот кардам. Ба гӯшае канор рафтем ва ба ошёнаи дуввуми масҷид баромадем, то дур аз чашмони бегонаву кунҷкоб суҳбате дошта бошем. Чеҳрааш аз шӯру шавқ меҷӯшид, аз маҷлисе ҳикоят мекард, ки дар шаҳри Кизилюрт шудааст ва дар он намояндагон аз нуқоти гуногуни Қафқоз гирд омада, бо ҳамроҳии мусалмонони Осиёи Марказӣ, хосса аз Тоҷикистон, бар он иттифоқ кардаанд, ки ҳизби сиёсии исломие бунён кунанд, то манофеи мусалмононро дар Иттиҳоди Шӯравӣ намояндагӣ кунад.

Дар ҳайрат монда будам ва ҳамзамон шод гаштам, ки ин ҷо, дар кишвари ҳизби яккатози коммунистӣ, ниҳоят аз тарҳи сиёсие мешунавем, ки мусалмононро дар долонҳои муассисаҳои давлатӣ соҳиби сухан мегардонад. 

Бо тааҷҷуб пурсидам:

— «Ин андеша чӣ гуна ба зеҳни Шумо омад?»

Бо табассум гуфт:

— «Мебинӣ, вазъи кишвар дигар шудааст. Барномаи тозае аз сӯи ҳизби ҳокими коммунистӣ таҳти раёсати Михаил Горбачёв матраҳ аст, ки аз гласност (шофофият) ва перестройка (бозсозӣ) мегӯяд ва ин равзанаи озодист, ки бояд аз он баҳра бардорем.»

Сипас шарҳ дод, ки ба назари ӯ мусалмонон омодаанд ва мунтазири раҳбарие ҳастанд, ки сафҳояшонро муттаҳид кунад. Аз он чӣ дар Доғистон рӯй дод, аз барканории раиси идораи мазҳабӣ, он идорае, ки аз сӯи ҳукумат бар масоҷид масъулият дошт ва дар роҳи сохтмони масоҷиди нав монеъ буд мисол овард. Пас аз «инқилобе» ёд кард, ки мусалмонон дар Осиёи Марказӣ бар зидди идораи мазҳабӣ барпо карданд ва ба интихоб шудани Муфтӣ шайх Муҳаммад Содиқ,  аз таҳсилкардагони мадрасаи Мири Араби Бухоро анҷомид. Илова кард, ки фиристодае аз Тоҷикистон ба онҳо расидааст, ки ин фикрро меовард ва гуфтугӯҳои пинҳониро миёни Доғистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамоҳанг мекард. Дере нагузашт, ки донистам, он фиристода дӯстамон Холид (Одинабеки Абдусалом) будааст. Худи ӯ баъдтар ҷузъиёти он маъмуриятро барои ман ба риштаи гуфтор кашид.

Ҳанӯз дар гуфтугӯ будем, ки дӯстамон Абӯмуоз аз шаҳри дуре омада буд ва мехост ба Урдун биравад. Муҳаммади Офарӣ аз ӯ хост, ки дар роҳ ба сӯи Урдун номае ба он ҷо бо дархости китобҳо ва муждае аз шурӯи тадорукоти таъсиси ҳизб бирасонад.

Аз он мулоқотҳо чанд моҳе беш нагузашт, ки худро гувоҳ бар рӯйдоде таърихсоз дар саҳнаи воқеъ ёфтам.  Орзуҳое, ки дар қалбҳо зиндон буд, ба забон омад ва дар толоре дар шаҳри Астрахан садо дод. Астрахан шаҳрест, назди гулӯгоҳи резиши дарёи Волга ба баҳри Каспий аст. Ин шаҳр шоҳиди таваллуди нахустин Ҳизби Наҳзати Исломӣ шуд. Ҳизбе, ки барои мусалмонони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам забон бошаду ҳам сипар.

Ин тасмиме ҷасурона буд, кӯшише барои раҳоӣ аз чанги ҳизби комунисти ҳоким ва дастгоҳҳои амниятии ӯ буд. Ин тасмим оғози хезиши исломие буд, ки даҳсолаҳо дар банд буд.

Астрахан. Саҳифаи нахустини таърихи ҲНИ дар соҳили Волга

Дар шаҳри Астрахан, ҳамон ҷое, ки дарёи Волга, бузургтарин дарёи Аврупо ба баҳри Каспий мерезад, саҳифаи нахустини таърихи Ҳизби наҳзати исломӣ боз шуд. Дар ин шаҳр аввалин Анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шуравӣ барпо шуд.

Интихоби ин шаҳр тасодуфӣ набуд. Шохаҳои роҳи оҳан ин шаҳрро бо Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Маскав мепайвастанд ва омадани вакилони Анҷуманро аз минтақаҳои гуногун осон мекард. Созмондиҳандагон бар пояи муқаррароти қонуни нав, ки таъсиси ҳизбҳои сиёсии дигарро дар канори ҳизби ҳокими коммунистӣ иҷоза медод,  дархости расмӣ барои анҷумани таъсисӣ супурданд. Аммо аз идораи шаҳр,  ки вобаста ба ҳизби коммунист буд, посухи рад гирифтанд.

Лекин солҳои тӯлонии пинҳонкорӣ ба бародарони мусалмон ҳилм ва ҳунари манёвр омӯхта буд. Бо пуштибонии аҳли маҳал, ки дар пинҳонкорӣ ва таҳаммул тамрин ёфта буданд, тавонистанд толори хоксоронаеро дар қасри «ДОСААФ» иҷора гиранд. Он ҷо, дар тобистони соли 1990, тақрибан сесаду шаст вакил аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҷамъ омаданд ва ба таваллуди Ҳизби Наҳзати Исломӣ, нахустин ҳизби сиёсии исломӣ дар фазои Иттиҳоди Шӯравӣ раъй доданд.

Ин рӯйдод паёми ҷиддӣ буд. Чанд сол пештар, дар сарзамине, ки дар макотиби он дарс мегуфтанд, «дин афюни халқҳост», касе тасаввур намекард, ки созмони ошкорои исломӣ падид ояд. Шароити дарунӣ, шиддат гирифтани ихтилофи гурӯҳҳои сиёсӣ дар дохили ҳизби коммунист, ва парчами “гласность” ва “перестройка” шикофиеро дар девори сахт кушод, ки солҳо нафаси мусалмононро баста буд ва аз он насимҳои озодӣ даруни синаҳо ҷунбиш афканд.

Толор содда буд ва ҳавокашу бодзан надошт. Дар гармои фиғонбарангези соҳили Волга, ҷуз парпаридани бодзани дастӣ ва шап-шапаи варақҳо дар кафи ҳозирин, чизе барои худсалқинкунӣ вуҷуд надошт. Сарпушҳои ороишдодашуда бо мозаика аз қавмиятҳои мусалмон, салла ва тоқии тоҷикӣ, каллапӯшҳои доғистонӣ, костюмҳои сабуки хокистарии донишҷӯёни Маскав нишоне аз ба ҳам омадану муттаҳид шудани мусалмонони Иттиҳоди Шуравӣ буд. Аммо аз он маҷлис ҷуз як бурдаи навор чизе наҷот наёфт, вале ҳамон як шоҳид бар лаҳзае нодир дар таърих монд.

Вале лаҳза аз таниш холӣ набуд. Ногоҳ сардори пулиси шаҳри Астрахан ба Анҷуман ҳозир шуд. Ӯ дар ҳайрат буд, ки чӣ гуна бар хилофи мамнӯият анҷуман барпо гардидааст. Шигифтзада, миёни хашму ҳайрат саргардон буд. Яке худро ба даст гирифта, пеш омад, то қарорномаи манъи баргузории Анҷуманро ба ҳозирон бихонад. Аммо толор аллакай пур аз рӯҳияе буд, ки ба ин қарор тан намедод. Аллакай, то омадани сардори пулис раҳбарияти ҳизб интихоб шуда буд ва қарор ба тасвиб расида, таърих сухани хешро гуфта буд. Бо фишори сардори пулис, нишастҳо аз се рӯз ба як рӯз ихтисор ёфт, вале ҳамон як рӯз низ басанда буд, то ҳайати роҳбарикунанда интихоб гардад, вакили он тасдиқ шавад, ки пайгарди сабти қонуниро дар Маскав идома диҳад ва Шӯрои машваратие бо номи «Шӯрои уламо» барпо гардад. Сарварии шӯро ба уҳдаи доктор Аҳмад Қозӣ Ахтоеви Доғистонӣ афтод.  Устод Давлат Усмонов ва муҳандис Саид Иброҳим Гадоев аз Тоҷикистон муовинонаш интихоб гардиданд.

Фазои пеш аз Анҷуман пур аз интизориву изтироб буд. Гӯё чизе дар уфуқ ҳаракат мекард, вале ҳанӯз аз хеш парда намебардошт. Ман аз тариқи дӯстам Абӯмуоз, ки иртиботаш бо шайх Муҳаммади Офарӣ бевосита буд, ахбор аз Анҷуманро пайгирӣ мекардам. 

Ӯ гуфт, ки Кумитаи созмондиҳандаи маъруф ба «котиботи ибтикор» пас аз пешниҳоди дархости расмии Анҷуман, ҷавоби салбиро аз идораи шаҳри Астрахан дарёфтанд. Ин ҷавоб дар ҳоле дастрас шуд, ба рӯзи баргузории Анҷуман, рузҳои андак монда буд. Ҳуҷҷати манъро ба баҳонаи пуршавии шаҳр аз паноҳандагони Арманистон тавҷеҳ карданд, узре, ки ҳеч дилеро қонеъ намесохт.

Ахбори Астрахан ба ман ҳамчунин аз тариқи баъзе донишҷӯёни муқим расида меомад. Дар миёнашон ҷавоне мавритание бо номи Убайд, ки агар хотирам хиёнат накунад, бо хонуме доғистонӣ издивоҷ карда буд.  Ин сабаб шуд, то бо бародарони қафқозӣ биёмезад ва аз наздик бар ҳаводис ошно гардад. Он лаҳзаҳо то ҳол дар ёдҳоям зиндаанд. Ахборро чунон интизор будам, ки гӯё худ дар қалби Астрахан бошам. Ҳар тамос омехтаи тарсу умедро дар дил андохт. Тарс аз он ки дастгоҳи ҳоким ин “кӯдаки навзод”-ро буғӣ кунад ва ҳам умед ки Худованд ба кор баракат диҳад. Соатҳоро мешумурдам ва чеҳраҳои бародарони Қафқозу Тоҷикистониро, ки дар масҷиди Маскав ва дар хонаи дӯстам Муҳаммад Салоҳиддинов дида будам, дар назарам зинда мекард. Гуё он ҷо, дар соҳили Каспий, парчами умедеро баланд кардаанду ман мебинам.

Дар ҳар лаҳзаи сукут миёни зангҳо, дил ба дуо мегуфт: «Парвардигоро, умурро ба хайр бигзарон ва ин Анҷуманро бо оқибати хайр ба анҷом расон, то дари наве бар мусулмонон дар ин сарзамини паҳновар кушода шавад.» Интизориҳо ва вақтшумориҳо дар ин лаҳзаҳо аҷиб буданд. Умеду ҳайбат дар ҳам омехта, мисле, ки дар интизори таваллуди кӯдаке ҳастӣ, ки аз шиками торикӣ ба субҳи нур мебарояд.

Аз муҳимтарин қарорҳои Анҷумани таъсисӣ ин буд, ки анҷуманҳои фаръӣ дар ҷумҳуриҳои мухталиф барпо гардад, то пояҳои ҳизб густариш ёбад ва усули он мустаҳкам шавад. Ҳамин тавр, вакилону фиристодагон ба ҷумҳуриҳои худ  бо қарорҳои Анҷуман ва орзуҳое бузург баргаштанд. Роҳи пеши рӯяшон осон набуд. баръакс аз лаҳзаи аввал пурпечутобу мушкил буд. Ҳанӯз ба ватан расидаву ба омодагиҳо пардохта буданд, ки мақомоти ҳокими вобаста ба ҳизби коммунист дар минтақаҳо ба радди иҷозаи анҷуманҳои таъсисии онҳо шитофтанд… кӯшише саривақтӣ, то рақибони эҳтимолиро дар ҳар интихоботи пешомада аз майдон берун кунанд.

Ҳамин буд, ки ирода бар чолиш бастан қарор гирифт ва таслими ҳавои масъулоне нашуданд, ки ҳанӯз надониста буданд: вазъ дигар шудааст ва замон аз онон гузаштааст. Аз ин ҷо, миёни орзу ва рад, миёни умед ва чашмонаки ҳушёрони назоратгар, тухми нахустини рӯёруйистӣ кошта шуд — тухмие, ки бояд ба тӯфони сиёсиву амниятӣ биболад.

Ҳамин тавр, иродаи устувор бар он шуд, ки ба майдони чолиш дарояд ва таслими худкомагоне нагардад, ки ҳанӯз тан надода буданд, ки замона дигаршудааст ва ҷараёни воқеият аз онҳо рӯй тофтааст. Аз ҳамин нуқта, миёни орзу ва инкор, миёни умед ва нигоҳҳои ҳушёрона, тухми нахустини рӯёрӯӣ кошта шуд, тухме, ки бояд дар тӯфони сиёсиву амниятӣ биболад, реша гирад ва бисабзад.

Аксари мубтакирон дар он рӯз аз табақаи равшанфикрон буданд. Инҳо устодони улуми шаръӣ, табибон, муҳандисон буданд. Аммо, хеле аз мардони майдони сиёсат дар байнашон кам дида мешуд. Шавқу имон дар қалби онҳо ҷуш мезад, аммо аз таҷрибаи кофӣ дар давраҳои сиёсат ва усулҳои манёвр маҳрум буданд. 

Бо ин ҳама, он чиро ки дар Астрахан сохтанд, бурҳоне фарқгузор шуд. Шӯълае дар замони таҳаввулоти босуръат,  ки занги бедориро зад, мусулмонон дар фазои пасошӯравӣ роҳеро сохтанд, то дар ин роҳ ҷойгоҳи худро биёбанд.

Аҳмад Қозӣ ва кумитаи таъсис

Бо анҷоми корҳои Анҷуман, доктор Аҳмад Қозӣ Ахтоев, раиси «Шӯрои уламо»-и мунтахаб ва раиси кумитае, ки масъули сабти ҳизб буд, бо муовини худ ҷаноби Давлат Усмонов ба Маскав омаданд. Он ҷо бори аввал мулоқот кардем. Пеш аз он аз бародарони доғистонӣ дар борааш шунида будам, аммо саодати дидаш насиб нашуда буд.

Доктор Аҳмад санадҳои ҳизбро дар ҳамон замоне тақдим кард, ки Владимир Жириновский варақаҳои ҳизбаш, Ҳизби Либерал-Демократро барои сабти ном месупурд. Ин гуна, Ҳизби Наҳзати Исломӣ дувумин ҳизб дар сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ шуд, ки барои сабти расмӣ дар Кумитаи тозатаъсиси сабти ҳизбҳо, ки тобеи Вазорати адлия дар Маскав буд,  дархост пешниҳод кард. Кумита варақаҳоро барои баррасӣ пазируфт. Ин аломате буд аз оғози марҳилаи кори ҳизбӣ барои такмили тадбироти сабт, аз ҷумла баргузории анҷуманҳои ҳизбӣ дар чанд шаҳр, то исбот шавад, ки ҳизб дар саросари кишвар пайрав ва ҳаводор дорад.

Дар он айём, Маскав гӯё дар ҷаҳоне ҷудо аз дигар шаҳрҳои Иттиҳод мезист. Ҳаракат ва ҷӯшише, ки сиёсати “перестройка” барангехт, мисл надошт. Кумитаҳои ҳизби Коммунист дар вилоятҳо ба ислоҳоти Горбачёв ва гурӯҳи ӯ ба чашми шубҳа менигаристанд ва бо шиддат муқовимат нишон медоданд, ба гузашта чанг зада, ба мӯъҷизае умед мебастанд, ки ононро дар қудрат нигаҳ дорад.

Мулоқоте дар Маскав… оғози корҳо

Ҳанӯз ҳам он рӯзро ба ёд дорам, ки доктор Аҳмад Қозӣ ба хонаи фақиронаам дар Маскав ташриф овард. Чеҳрааш пур аз оромӣ, нигоҳаш ҳамзамон қатьиву дорои итминон буд, гӯё асари кӯҳҳои Доғистон дар симояш нақш баста бошад. Аз лаҳзаи аввал,нисбаташ иззату муҳаббате аҷиб дар дилам афтод. Ӯ  марде буд, ки меҳраш ба дил ворид мешавад ва нохудогоҳ эҳтиромаш мекунӣ ва ба ӯ унс мегирӣ.

Дар хона то дер нишастем ва аз аҳволи мусалмонон гуфтем, аз ҳизби навзод, аз ормонҳои фарохи ӯ барои наҳзату ислоҳи ҷомеа. Суханаш ширину сода аст ва то тадаббур фурсат намешавад, ки ҳарфҳояш ба дил роҳ меёбанд, ҳар калимоташ гӯё аз қалби мутмаин бармехост. Дар ӯ шуҷоати олимро ва сидқи даъватгарро ва меҳри бародари калонсолро медидам. Доктор Аҳмад Қозӣ аз он мардон буд, ки овоз баланд намекунад, аммо суханаш бар шишаи дил мекӯбад ва имону эътимодро бедор мекунад… Аз ҳамон мулоқот бародарию ихлос байни мо мустаҳкам шуд, мисле, ки чун дарахте рӯида, решааш дар замин ва шохааш ба сӯи осмон сар кашида буд.

Сипас, ба тадриҷ ӯро бештар шинохтам. Пушти он оромиш достони марде пур аз сабр, илм ва мубориза буд. Барои касоне, ки ӯро аз наздик шинохтанд, аҷаб набуд, ки дар як шахсият табибу олиму мураббӣ, оромиш ва устуворӣ ҷамъ ояд. Аҳмад Қозӣ Ахтоев инсоне хушхӯ, некмуошират, фарҳехта ва огоҳ аз авзоъи кишвар ва вазъи мусалмонон буд. Табиби ҳозиқ, тиб омӯхтаву ба амал нишаста ва дар канори он, дар улуми шаръӣ низ ба маърифате амиқ мусаллаҳ буд.

Аҳмад Қозӣ Ахтоев соли 1942 дар деҳаи Кудалӣ, дар ноҳияи Ғуниби Доғистон ба дунё омадааст.  Падараш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳид гашта буд,  вале, ятимӣ ӯро аз талаби илм бознадошт. Забони арабӣ ва улуми исломиро пинҳонӣ назди уламое омӯхт, ки аз қатли омҳои шӯравӣ ҷон ба саломат бурда буданд. Ин устодон мисли Юнусу Расули Дибироф ва Муҳаммад Ғозӣ Муҳаммадов, ки дар солҳои сиюми шӯравӣ таъқибу озор дида буданд. 

Аҳмад Қозӣ Ахтоев ба Институти тиббии Доғистон роҳ ёфта бо имтиёз онро хатм кардааст. Беш аз бист сол ба касби табибӣ пардохтааст. Соли 1984, дар нишасте аз мусалмонони шимоли Қафқоз, амири ҳаракати пинҳонии исломӣ интихоб шуд ва сипас дар анҷумани Астрахан раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Иттиҳоди Шуравӣ интихоб гардид.

Паёми табрикии Фаластин

Доктор Аҳмад Қозӣ аз паёме, ки аз Ҳаракати Ҳамоси Фаластин,  он замон дар оғози зуҳур ба ӯ расид, басе шод гардид. Ин табрике буд барои оғози кори ҳизб ва изҳори ҳамсадоӣ бо таҷрибаи мусалмонон дар Иттиҳоди Шӯравӣ. Паёмро бидуни садо ва бо эҳтироми хос хонд. Чун хондани мактуб ба поён расид, табассуме ҳалим дар лабонаш ҳувайдо шуд, айнакашро андаке боло бурд ва бо овозе ларзон, ки дар он риштаи шукр танин меандохт, гуфт: «Инанд бародарони мо дар Фаластин, ки даст сӯйи мо дароз кардаанд… ва бар мо воҷиб аст, ки то куҷо тавон дорем, дар канори онон истем.» 

Баъд аз чанд рӯз, мақолае дар бораи Фаластин навишт ва маҷаллае дар Доғистон чоп кард. Дар он аз иртиботи рӯҳонии худ бо он қазия, аз яқинаш, ки Ислом он чиро, ки сиёсату ҷуғрофиё парешон кардааст, ба ваҳдат меоварад, сухан гуфт.

Ин иқдом ишораи ҳушмандонаи ҳаракати навзод,  далели дурбинӣ ва талош барои пайванди доимӣ бо намояндагони халқҳои мусалмон дар он сарзаминҳои дур буд. Дар ҳоле, ки чашмҳо ба сӯи натиҷаи ислоҳоти Горбачёв менигарист, муқовимати фаластинӣ пешқадам шуда, уфуқҳои тозае аз гуфтугӯ ва кори сиёсӣ бо Иттиҳоди Шӯравиро кушод. Ҳамин тавр, нишонаҳои иртиботи барвақт миёни хезиш дар Фаластин ва мусалмонони Шӯравӣ падидор гашт, иртиботе, ки рӯҳи бародарӣ ва орзуи муштараки озодӣ ва наҳзату ободиро дар худ дошт ва гӯё ваъдаи кучаке буд аз фардое бузургтар, ки интизори сабти худ дар саҳифаҳои таърих аст…

Идома дорад…


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *