ИА се бонки вобаста ба «Оила»-ро таҳрим кард: Нақши эҳтимолии мухолифон
Иттиҳоди Аврупо се бонки маъруфи Тоҷикистон «Спитаменбанк», «Душанбе Сити Бонк» ва «Коммерсбонки Тоҷикистон» — ро ба рӯихати навбатии таҳримҳо алайҳи Русия, ки нуздаҳумин аст, шомил намуд. Тибқи қарори Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 23 октябр нашр шуд, аз 12 ноябри соли 2025 ба шаҳрвандон ва ширкатҳои кишварҳои узви Иттиҳод манъ карда мешавад, ки бо ин бонкҳо муомилоти молиявӣ анҷом диҳанд.
Дар шарҳи расмии қарор гуфта мешавад, ки ин муассисаҳои молиявӣ «ба таври ғайримустақим дар таҳкими иқтидори низомии Русия саҳм доранд ва ба давр задани маҳдудиятҳои содиротии технологияи истифодашаванда дар соҳаи ҳарбӣ мусоидат мекунанд».
Манбаъҳои огоҳ мегӯянд, ки се бонки зикршуда ба доираи наздик ба ҳокимияти Тоҷикистон, аз ҷумла ба аъзои хонаводаи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон рабт доранд. Ин бонкҳо дар солҳои охир дар идоракунии ҷараёнҳои молиявие нақш доштаанд, ки зери назорати афроди наздик ба қудрат қарор доранд.
Ҳамзамон, бархе аз манбаъҳои таҳлилӣ дар Аврупо мегӯянд, ки дар қабули ин тасмим нақши фаъолонаи гурӯҳи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон низ эҳсос мешавад. Дар моҳҳои охир гурӯҳи кории мухолифони тоҷик, ки дар Аврупо фаъолият дорад, ба ҷамъоварӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо ва далелҳои тасдиқкунандаи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва фасод дар сохторҳои марбут ба режим машғул буд.
Фарҳод Одинаев, фаоли сиёсӣ, ки аз ин қазия огоҳ аст, ба Паём гуфт: “Парвандаҳо бо замимаи далелу ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба мақомоти дахлдори Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла ба шӯроҳои масъули таҳримҳо ва назорати молиявии байналмилалӣ аз ҷониби мухолифин ирсол шудаанд, ки умед мерафт бетаъсир нахоҳад буд ва муроҷиату мулоқотҳо мавриди санҷишу омӯзиш қарор мегиранд.»
То ҳол Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони се бонки зикршуда вокуниши расмӣ нишон надодаанд. Бо вуҷуди ин, коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки ин таҳримҳо метавонанд ба муомилоти байналмилалӣ, дастрасӣ ба асъори хориҷӣ ва обрӯи низоми бонкии кишвар таъсири ҷиддӣ расонанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан низ бархе аз ширкатҳои тоҷикӣ, аз ҷумла «Газпромнефт-Тоҷикистон», зери таҳримҳои ғарбӣ қарор гирифта буданд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, такрори чунин ҳолатҳо аз мушкилоти системавӣ дар идоракунии молия ва вобастагии сохторҳои иқтисодӣ аз гурӯҳҳои наздик ба қудрат шаҳодат медиҳад. Гуфта мешавад, «Спитаменбонк» мансуб ба Ҷамолиддин Нурализода, домоди Эмомалӣ Раҳмон мебошад. «Душанбе Сити Бонк» бошад ба Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон ва «Коммерсбонки Тоҷикистон» ба Шамсулло Соҳибов, ба домоди дигари Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад.
Дар ҳамин ҳол, Фарҳод Одинаев шарҳ дод, ки «ин иқдоми Иттиҳоди Аврупо на зидди мардуми Тоҷикистон, балки пеш аз ҳама дар ҷараёни муносибатҳои сиёсии ИА бо Русия гирифта шудааст. Баъдан, бо талаби таҳкими шаффофият ва поксозии низоми молиявии Тоҷикистон аз фасод ва манфиатҳои гурӯҳии наздик ба элитаи ҳукмрон ин тасмим гирифта шудааст.”
“Агар ин раванд идома ёбад, метавонад оғози як марҳалаи нав дар муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон бо ҷаҳони демократӣ гардад”, — шарҳ дод Одинаев.
Ӯ гуфт: “Ин тасмими Иттиҳоди Аврупо танҳо як иқдоми таҳримӣ нест, он як паёми сиёсӣ аст, ки нишон медиҳад ҷомеаи байналмилалӣ минбаъд ба нақши иқтисодии элитаи ҳокими Осиёи Марказӣ дар низомҳои фасодзада ва алоқаманд бо Русия диққати бештар медиҳад.”
Интизор меравад, шомил шудани бонкҳои вобаста ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ба рӯйхати таҳримҳо, метавонад оғози бознигарии амиқи нақши элитаи ҳоким дар ҷараёнҳои молиявии байналмилалӣ гардад.

Average Rating