
НИТ ва ПМТ фишор ба хонаводаи Исломҷон Саидовро маҳкум карданд
Паём ТВ, 30 сентябри 2026. Наҳзати исломии Тоҷикистон ва Паймони миллии Тоҷикистон дар ду изҳороти ҷудогона аз даъватҳои пайдарпайи наздикони Исломҷон Саидов ба мақомоти амниятии ноҳияи Нуробод ва фишори равонӣ ба онҳо хабар дода, қатъи ин амалҳо ва тавзеҳи расмии мақомоти Тоҷикистонро талаб карданд.
НИТ дар изҳороти 29 сентябр мегӯяд, ки падари роҳбари ҳаракат Асомуддин Саидов, мутаваллиди соли 1951, модараш Валамат Каримова, мутаваллиди соли 1953 ва чаҳор бародари ӯ ба мақомоти амниятии Нуробод даъват шудаанд. Ба гуфтаи ҳаракат, рӯзҳои 22 ва 23 сентябр занони хонавода низ даъват шуда, зери фишори равонӣ қарор гирифтаанд.
Дар изҳорот омадааст, ки рӯзҳои аввал бинобар қатъ будани иртибот бо аҳли оила санҷидани мустақими вазъи онҳо имкон надошт. НИТ мегӯяд, баъд аз беш аз як ҳафта маълумот гирифтааст, ки даъватҳои такрорӣ ва фишор дар ин муддат идома доштаанд.
Ҳаракат ин амалҳоро кӯшиши таъсир расондан ба фаъолияти ҷамъиятии роҳбараш тавассути наздикон арзёбӣ карда, онҳоро сӯистифода аз қудрати давлатӣ ва таъқиби сиёсӣ номидааст.
Паймони миллии Тоҷикистон дар изҳороти 30 сентябр низ аз даъватҳои пайдарпай ва фишори равонӣ ба падару модар, чаҳор бародар ва занони хонаводаи Саидов хабар додааст. ПМТ, ки Саидов узви Шӯрои он аст, таъкид мекунад, ки ҳеҷ кас набояд ба хотири андеша, мавқеъ ё фаъолияти узви хонаводааш таъқиб шавад.
Ҳам ПМТ ва ҳам НИТ аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки асоси ҳуқуқии ҳар даъват, мақоми масъул, ҷойи будубош ва вазъи амниятии наздикони Саидовро рӯшан кунанд. Онҳо ҳамчунин таъмини иртиботи озод бо наздикон ва дастрасӣ ба вакили дифоъро талаб кардаанд.
НИТ ва ПМТ бар зарурати таҳқиқи мустақили ҳар гуна таҳдид, фишори равонӣ ё муносибати ғайриқонунӣ таъкид намуда, ба ҷавобгарӣ кашидани масъулонро хостаанд. Онҳо аз намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва расонаҳо даъват кардаанд, ки қазияро пайгирӣ кунанд ва аз мақомоти Тоҷикистон посух талаб намоянд.
Мавқеи мақомоти амниятии ноҳияи Нуробод дар ин бора нашр нашудааст ва то ба ҳол нисбати ин қазия ҳукумати Тоҷикистон низ ҳеҷ вокунише накардааст.
