«Хомӯшӣ далели ризоият нест»: Тоҷикистон дар пасманзари интиқодҳои нави байналмилалӣ 

Ба дигарон фиристед

Фазои баста ва суботи сунъӣ

Ду созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон дар гузоришу изҳороти тозаи худ вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро мавриди интиқоди шадид қарор дода, аз зиндонӣ будани рӯзноманигорону мунтақидон, баста шудани садҳо созмони ғайриҳукуматӣ ва маҳдуд шудани фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо изҳори нигаронӣ кардаанд.

Нашри тақрибан ҳамзамони гузориши International Partnership for Human Rights ва изҳороти Human Rights Watch дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро набояд танҳо ду мавриди ҷудогонаи интиқоди созмонҳои байналмилалӣ арзёбӣ кард. Ин ду санад, сарфи назар аз тафовути шакл ва мақоми ҳуқуқии онҳо, ба як масъалаи бунёдӣ ишора мекунанд ва ин ҳам бошад танг шудани фазои фаъолияти мустақили ҷамъиятӣ ва заиф шудани механизмҳои назорати шаҳрвандӣ бар ҳокимият дар Тоҷикистон аст.

International Partnership for Human Rights (IPHR) рӯзи 24 сентябр гузориши нави 37-саҳифагии худро таҳти унвони «On Unsteady Ground – Human Rights Defenders in Tajikistan» («Дар замини ноустувор — ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон») нашр кард.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки фазо барои фаъолияти мустақили ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир ба таври ҷиддӣ маҳдуд шуда, ҷомеаи ҳуқуқи башари кишвар барои идомаи фаъолияти худ бо мушкилоти рӯзафзун рӯбарӯст.

Ба гуфтаи IPHR, мақомоти Тоҷикистон тадриҷан фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандии мустақилро маҳдуд ва садоҳои интиқодиро саркӯб кардаанд. Созмон мегӯяд, ҳомиёни ҳуқуқ, вакилон, рӯзноманигорон, блогерон ва фаъолон дар робита ба фаъолияти касбӣ ё истифода аз ҳуқуқҳои бунёдии худ мавриди таъқиби ҷиноӣ қарор гирифтаанд ва бархе аз онҳо ҳоло муҳлатҳои тӯлонии зиндонро сипарӣ мекунанд.

IPHR саркӯби мухолифони сиёсӣ дар миёнаи солҳои 2010 ва ҳаводиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои 2021–2022-ро аз марҳилаҳое ном мебарад, ки фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар онҳо бештар шудааст.

Муаллифони гузориш ҳамчунин ба маҳдудтар шудани қонунгузорӣ барои созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, санҷишҳои маъмурӣ, таҳдиду фишор ва фазои тарс барои фаъолони ҳуқуқи инсон ишора мекунанд. Ба гуфтаи созмон, ин вазъ бахше аз фаъолон, вакилони ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорони мустақилро маҷбур кардааст, ки Тоҷикистонро тарк кунанд ё фаъолияти худро қатъ намоянд.

Ин гузориш бар асоси пажӯҳишу мониторинги IPHR ва беш аз бист мусоҳиба бо фаъолони ҳуқуқи инсон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, ки соли 2025 анҷом шудаанд, таҳия шудааст.

IPHR аз созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ даъват кардааст, ки аз мақомоти Тоҷикистон риояи озодии иттиҳодияҳо ва фаъолияти осоиштаи ҷомеаи шаҳрвандиро талаб кунанд. Созмон ҳамчунин хостааст, парвандаҳои ҳомиёни ҳуқуқ, вакилон, рӯзноманигорон, нависандагон ва блогерони зиндонӣ дар гуфтугӯҳо бо Душанбе матраҳ шуда, озодии афроде талаб карда шавад, ки ба гуфтаи IPHR барои фаъолияти осоиштаи ҳуқуқӣ, журналистӣ ё дигар фаъолияти қонунӣ зиндонӣ шудаанд.

Интиқоди Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ

Ду рӯз пеш аз нашри гузориши IPHR, Human Rights Watch низ масъалаи Тоҷикистонро дар иҷлосияи 63-юми Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева матраҳ кард.

Дар изҳороти рӯзи 22 сентябр HRW аз баста шудани шикояти махфӣ нисбат ба Тоҷикистон дар доираи механизми шикоятии Шӯро изҳори таассуф кардааст.

Ба гуфтаи Human Rights Watch, шуморе аз рӯзноманигорон ва шахсиятҳои ҷамъиятӣ барои изҳори назар дар бораи сиёсати ҳукумат ҳамоно дар зиндон қарор доранд. Созмон мегӯяд, аксари онҳо аз афви ахири маҳбусон баҳра набурдаанд ё муҳлати ҷазояшон танҳо ба миқдори ночиз кам шудааст.

HRW ҳамчунин мегӯяд, садҳо созмони ғайриҳукуматӣ баста шудаанд, саркӯб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад ва мақомоти Тоҷикистон мунтақидону мухолифони худро берун аз кишвар низ ҳадафи фишор қарор медиҳанд.

Ба гуфтаи ин созмон, ҳаракатҳо ва ҳизбҳои сиёсие, ки мақомот онҳоро таҳдид мешуморанд, мамнуъ эълон шуда, аъзои онҳо ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Human Rights Watch аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хостааст, нишасти ошкореро бо иштироки қурбониёни нақзи ҳуқуқ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони ҳуқуқи башари СММ баргузор кунад ва иҷрои уҳдадориҳои мақомоти Тоҷикистонро пайгирӣ намояд.

Хомӯшӣ далели ризоияти ҷомеа нест

Фатҳиддин Усмонзода, роҳбари Маркази таҳлилии НИТ, нашри тақрибан ҳамзамони гузориши ин ду созмони дифои ҳуқуқи башариро арзёбӣ карда ба Паём гуфт, ҳар ду санад, сарфи назар аз тафовути шакл ва мақоми ҳуқуқии онҳо, ба як масъалаи бунёдӣ, танг шудани фазои фаъолияти мустақили ҷамъиятӣ ва заиф шудани механизмҳои назорати шаҳрвандӣ бар ҳокимият дар Тоҷикистон ишора мекунанд.

Усмонзода мегӯяд, устувории давлатро танҳо бо тавоноии дастгоҳи маъмурӣ, сохторҳои амниятӣ ё қобилияти саркӯб кардани мухолифат наметавон муайян кард. 

Усмонзода: «Давлати воқеан устувор бояд тавони таҳаммули интиқод, рақобати сиёсӣ, матбуоти мустақил ва фаъолияти озоди ҷомеаи шаҳрвандиро дошта бошад.»

Ба назари таҳлилгар, ҳар қадар ҳукумат барои ҳифзи суботи худ бештар ба маҳдудият, тарс ва танг кардани фазои баҳси ҷамъиятӣ такя кунад, ҳамон андоза суботи он аз нигоҳи институтсионалӣ осебпазиртар мешавад.

Усмонзода мушкили Тоҷикистонро низ дар ҳамин нуқта мебинад. Ба арзёбии ӯ, агар рӯзноманигор, ҳуқуқшинос, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ё сиёсатмадор натавонад сиёсати давлатро бидуни тарси таъқиб мавриди интиқод қарор диҳад, ҷомеа тадриҷан яке аз муҳимтарин механизмҳои ошкор ва ислоҳ кардани хатои ҳокимиятро аз даст медиҳад.

Ба назари Фатҳиддин Усмонзода, дар чунин низом хатари он ба вуҷуд меояд, ки иттилои воқеӣ аз поён ба боло нарасад ва мансабдорон бештар он чизеро ба роҳбарият пешниҳод кунанд, ки роҳбарият шунидан мехоҳад. Дар натиҷа, мушкилоти ҷамъшуда метавонанд то замони табдил ёфтан ба буҳрон аз чашми тасмимгирандагон дур бимонанд.

Усмонзода бар ин назар аст, ки бастани созмонҳои мустақил, маҳдуд кардани фаъолияти расонаҳо ё аз саҳна хориҷ кардани рақибони сиёсӣ метавонад дар кӯтоҳмуддат барои ҳукумат муҳити зоҳиран оромтар эҷод кунад, аммо чунин оромиро набояд бо суботи воқеии сиёсӣ яксон донист.

«Хомӯшӣ далели ризоияти ҷомеа нест, он метавонад мисли як лахчаи дохили хокистар аз дарун бисузад», — таъкид мекунад таҳлилгар.

Гуш додан ба танқидҳо набояд ҳамчун гузашт дар баробари фишор муаррифӣ шавад

Ба ин савол, ки сиёсати саркубгароёнаи режими Тоҷикистон чӣ паёмадҳо дар арсаи байналмилал дорад, дар ҷавоб гуфт: Тоҷикистон наметавонад аз як тараф хостори ҷалби сармоя, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, дастгирии шарикони байналмилалӣ ва таҳкими эътибори дипломатии худ бошад ва аз тарафи дигар интиқодҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои сиёсиро масъалаи дуюмдараҷа арзёбӣ кунад.

Ба назари ӯ, дар муносибатҳои муосири байналмилалӣ сифати волоияти қонун ва муносибати давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ба эътибор ва мавқеи байналмилалии кишвар таъсир мерасонанд.

Аз ҳамин дидгоҳ, Усмонзода мегӯяд, гузоришҳои IPHR ва HRW набояд аз ҷониби Душанбе танҳо ҳамчун «ҳамлаи навбатии хориҷӣ» қабул шаванд. Ба арзёбии ӯ, ин гузоришҳо метавонанд ҳамчун ҳушдор ва замина барои баррасии мушкилоти мавҷуда истифода шаванд.

Ӯ мегӯяд, посухи муассир ба чунин интиқодҳо танҳо рад кардани онҳо нест, балки фароҳам кардани шароит барои санҷиши мустақили иддаоҳо ва дар сурати тасдиқи мушкилот, тағйири сиёсат аст.

Ба андешаи роҳбари Маркази таҳлилии НИТ, зарурати ислоҳоти сиёсӣ барои Тоҷикистон дигар танҳо масъалаи обрӯи байналмилалӣ нест, балки ба устувории дарозмуддати худи давлат низ дахл дорад.

Усмонзода ба баста шудани дафтари Радиои Озодӣ дар душанбе ҳам таваҷҷӯҳ карда гуфт, озодии матбуот, фаъолияти мустақили ҷомеаи шаҳрвандӣ, мурофиаи одилонаи додгоҳӣ ва имкони фаъолияти қонунии мухолифони сиёсиро на имтиёзи аз ҷониби ҳукумат додашаванда, балки механизмҳои муҳими давлатдории устувор медонад.

Усмонзода таъкид кард, ки гуш додан ба танқидҳои созмонҳои байналмилалӣ набояд ҳамчун гузашт дар баробари фишори хориҷӣ муаррифӣ шавад. Ба назари ӯ, ин раванд метавонад ҳамчун гузариш аз модели идоракунии такякунанда ба маҳдудияту фишор, ба модели давлатдории ҳуқуқбунёди воқеъӣ арзёбӣ гардад.

 Озодӣ таҳдид ба субот нахоҳад буд

Ба ин савол, ки чаро ҳукумати Тоҷикистон ба хотири субот озодии мардумро маҳдуд мекунад, дар ҷавоб гуфт, интихоби стратегии Тоҷикистон набояд ҳамчун интихоб миёни «субот» ва «озодӣ» матраҳ шавад. Ба андешаи ӯ, муқобили ҳам гузоштани ин ду мафҳум аз назари сиёсӣ дуруст нест.

Усмонзода интихоби асосиро миёни ду навъи субот, суботе, ки бар қонун, эътимод ва иштироки шаҳрвандон бунёд мешавад, ва оромии маҷбурие, ки барои нигоҳ доштани он пайваста маҳдудиятҳои бештар талаб мешаванд, мебинад.

Ба арзёбии Фатҳиддин Усмонзода, таҷрибаи сиёсӣ нишон медиҳад, ки модели дувум метавонад муддате идома кунад, аммо хароҷоти сиёсӣ ва иҷтимоии нигоҳ доштани он бо мурури замон афзоиш меёбад. Усмонзода мегуяд,  боз кардани фазои сиёсӣ ва тақвияти институтҳои мустақилро на танҳо масъалаи ҳуқуқи инсон, балки яке аз омилҳои амнияти дарозмуддат ва устувории давлат медонад.

Ба арзёбии роҳбари Маркази таҳлилии НИТ, агар ҳукумат мехоҳад суботи Тоҷикистон дарозмуддат ва институтсионалӣ бошад, бояд фазое ба вуҷуд оварад, ки дар он танқиди ҳукумат душманӣ бо давлат ҳисоб нашавад, фаъолияти мустақили журналистӣ ва шаҳрвандӣ имконпазир бошад ва ҳуқуқҳои бунёдии инсон аз иродаи сиёсии мақомоти алоҳида вобаста набошанд.

Дар чунин сурат, ба гуфтаи Усмонзода, озодӣ дигар таҳдид ба субот нахоҳад буд, балки ба яке аз пояҳои худи суботи давлат табдил хоҳад ёфт.


Ба дигарон фиристед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *