Таърихи ҲНИ ИҶШ. Солҳои умед ва амал

Ба дигарон фиристед

Муаллиф: Алӣ Абу Эссам Фаластинӣ

Барои мутолиаи ибтидои ин матлаб ба ин пайванд ворид шавед:👉 Таърихи ҲНИ ИҶШ. Замоне, ки хомӯшӣ ба садо табдил ёфт

Солҳои умед ва амал

Оҳиста-оҳиста бо раҳбарони ҷавони фаъол аз ҷумҳуриҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ошно шудам. Аз барҷастатаринҳо бародари азиз, Ҳоҷиев аз Доғистон буд, ки бо ӯ ва писарамакаш устоди риёзиёт, Муҳаммад Ҳоҷиев аввалин Кумитаи тарҷума ва чопи китобҳои исломиро дар Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил кардем. Аз Тоҷикистон бо Давлат Усмонов ва ҳамчунин бо гурӯҳе аз бародарони некбину нексиришт аз наздик шиносоӣ пайдо кардам. Гарчи забонҳо ва лаҳҷаҳо мухталиф буданд, имоне ягона моро гирд оварда буд ва эҳсоси муштараке моро ба ҳам оварда буд, ки нахустин хиштро дар бунёди наҳзати уммат аз Маскав то ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мениҳем.

Давлат Усмонов. Акс аз вебгоҳи Озодагон

Кумитаи тарҷума ва чоп

Бо ибтикори доктор Аҳмад Қозӣ, Кумитае барои тарҷума, чоп ва интишори китобҳои исломӣ шакл гирифт. Фазое, ки даҳсолаҳо ҳокимияти зиддидинӣ холӣ гузошта, дар дилҳо ваҳшат густурда буд, аммо мардум ташнаи шинохти динашон буданд. Кумита дар оғоз аз ду бародар доғистонӣ таркиб ёфт, сипас севумӣ ҳамроҳ шуд ва кори он то замони хуруҷи ман аз Русия идома ёфт. Барномае марҳилаӣ барои тарҷума ва нашр тарҳрезӣ кардем. Дар соли аввал дувоздаҳ китоб чоп шуд ва дар маҷмуъ тақрибан як миллиону дусад ҳазор нусха китоб дар саросари ҷумҳуриҳои шӯравӣ тақсим гардид. Баъдан, дар худи ҷумҳуриҳо кори мунтазам идома ёфт. Истиқбол аз каломи исломӣ дар он марҳила бесобиқа буд. Сипас, чанд сабти садоӣ бо овозҳои касбӣ ва бо танзими ҳирфаӣ омода кардем. Онҳоро миёни ронандагони автобусҳои байнишаҳрӣ паҳн намудем, то дар замони сафар пахш кунанд. Ин иқдом таъсири басе шадид гузошт, то ҳадде, ки яке аз ронандагон ба ман гуфт: «Мусофире аз таъсири беназири садо истгоҳи худро фаромӯш карда, чанд истгоҳи дигар гузашта рафт.»

Мардум ташнаи маърифати динӣ буд. Пас аз даҳаҳои ҷудоӣ аз маърифати исломӣ, ҷуз андаке аз дин чизе намедонист. Бинобар ин, нашрияҳои мо гуногун буданд. Мо китобҳои таърих, даъват, андеша, таълим ва дар поёни сол ҷузъи сиюми Қуръони Каримро барои ниёзҳои мактабҳо ва ҳифзи кӯдакон нашр кардем. Ин кӯшишҳои фикриву созмонии марокиз тухми маърифат дар замини хушконидаи ҳукумати коммунистӣ корид, ки баъдан дар тамоми ҷамоҳир ба шакли анҷуманҳои минтақавии ҳизб сар баровард.

Анҷуманҳои минтақавӣ

Кам-кам, гурӯҳҳои бародарон аз Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба Маскав меомаданд, то дар кори ҳизб иштирок кунанд ва пояҳои созмониро мустаҳкам намоянд. Дар миёнашон дӯсти тоҷики ман Холид буд, ки дар Маскав бо зани татар издивоҷ карда, дар маркази пойтахт, наздики истгоҳи Курская, сукунат дошт. Он рӯзҳо Маскав ба маркази кории беист мубаддал гардида буд ва аз он ҷо тадорукоти анҷуманҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо роҳандозӣ мешуд.

Дар моҳи октябри соли 1990, бо вуҷуди манъи мақомот, Анҷумани таъсисии минтақавии ҳизб дар Тоҷикистон дар деҳаи Чортут, ноҳияи Ленинский, бо ҳузури тақрибан панҷсад вакил ва меҳмон барпо шуд. Шайх Муҳаммадшариф Ҳимматзода раиси ҳизб дар Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳизб ормон дошт, ки манофеи уммати исломиро,  ки шумораш тақрибан ҳафтод миллион дар фазои Иттиҳоди Шуравии собиқро дарбар мегирифт, дар порлумон, вазоратҳо ва муассисаҳои умумӣ намояндагӣ кунад, то раъйи муттаҳиди мусалмонон дар он сарзамини паҳновар вуҷуд дошта бошад.

Баъд аз чанд моҳ, дар баҳори 1991 айни фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ  Анҷумани минтақавӣ дар Ӯзбекистон бо ҳузури тақрибан чаҳорсад вакил ва меҳмон баргузор шуд. Бародарони ӯзбек аз таҷрибаи қаблӣ баҳра бардоштанд. Анҷуманро бо интихоби ҳайати роҳбарият оғоз карданд. Шайх Абдулло Ота раиси ҳизб интихоб шуд, сипас барномаи сиёсӣ тасвиб гардид ва баъд ба суханрониҳо гузаштанд. Аммо нишаст тамом нашуда, нерӯҳои пулис бо зур ба толор ворид гардида, мардумро бо чӯби полисӣ пароканда карданд ва даҳҳо нафарро ба марказҳои пулиси Тошканд бурданд. Баъд аз соатҳои шӯру ошӯб, аксар озод шуданд ва бар гурӯҳе ҷарима бастанд. Ҳарчанд дар дилҳо ҳасрате монд, вале шарораҳои умед хомӯш нагашт.

Дар миёни ҳозирин аз ҷумлаи меҳмонон, дӯсте алҷазоирӣ, марде шуҷоъ буд, ки ӯро низ бо дигарон ба идораи полис бурда буданд, вале бо ҳилм худро раҳо кард ва баргашт, то воқеаро бар мо ривоят кунад. Ҳамчунин анҷуманҳои хурд дар ҷойҳои дигар, мисли Саратов барои оғози бахши ҳизб дар ҳавзаи Волга, бо раёсати Муҳаммад Салоҳиддинов барпо шуд. Дар Чеченистон барои таъсиси фаръи Шимоли Қафқоз барпо шуд, ки дар он шайх Аҳмади чечен, марде бо пойи бурида, раиси ҳизб интихоб гардид. Дар маҷмӯъ, рӯҳияи демократӣ ва дигаргуниҳои сиёсӣ дар Русия ошкортар аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ менамуд.

Ман ин ахборро аз Маскав бо ифтихор ва шигифтзадагиҳо пайгирӣ мекардам. Ин амалишавии орзӯе буд, ки аз долони масҷид ва ҳуҷраҳои танг оғоз шуда, ба воқеияте зинда дар он сарзамини паҳновар табдил меёфт.

Аввалин урдугоҳи тарбиявии ҷавонон дар Доғистон

Дар тирамоҳи соли 1991, ман бо ҳамроҳии доктор Аҳмад Қозӣ, ибтикори ҳамкорӣ бо Форуми ҷаҳонии ҷавонони мусалмон ва Созмони ҷаҳонии хайрияи исломиро ба даст гирифтем, то нахустин урдугоҳи тарбиявию маърифатиро барои ҷавонони мусалмони Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил намоем.

Ҳадаф аз ин иқдом ҳамоҳанг сохтани кӯшишҳои даъватгарона буд, ки солҳои зиёд пинҳонӣ фаъолият мекарданд. Инчунин, ҳадафи дигар фароҳам овардани имкони ошноӣ ва ҳамкорӣ миёни фаъолони ҷавон аз ҷумҳуриҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ буд.

Бо тавофуқи роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломӣ, тасмим бар ин шуд, ки Форум дар Ҷумҳурии Доғистон баргузор шавад. Дар он Форум даҳҳо ҷавонон ва ҳамчунин як гурӯҳ воизону даъватгарон аз хориҷи кишвар ширкат варзиданд.

Ин Ҷамъомад таҷрибаи бунёдӣ буд ва дар масири кори исломӣ исбот кард, ки дар фазои пас аз суқути шӯравӣ, имкони созмондиҳии кори даъватӣ вуҷуд дорад. Дар як ҳафтае, ки барномаҳои тарбиявӣ, дарсҳо ва мулоқотҳо баргузор шуд, таъсире амиқ дар дилҳои ширкаткунандагон гузошт ва ба нуқтаи оғози силсилаи ҷамъомадҳо ва фаъолиятҳое табдил шуд, ки рӯҳияи кори дастаҷамъиро қавӣ ва пояҳои ҳамкориро миёни ҷавонони ҳаракати исломӣ дар ҷумҳуриҳои мухталиф мустаҳкам кард.

Рӯзномаи «Ваҳдат».  Аввалин нидои исломӣ дар фазои шӯравӣ

Гарчи ҳизб ҳанӯз дар марҳилаи ташаккул буд, аммо ба нашри аввалин рӯзномае пардохт, ки фикри исломиро дар асри шӯравӣ ҳимоят мекард ва ин рӯзнома «Ваҳдат» ном дошт. Монеаҳо зиёд буданд ва чопу нашри он осон набуд. Чопхонаҳои шӯравӣ ҳама зери назорати давлат ва ҳизби Коммунист буданд ва расман аз чопи он сарпечӣ мекарданд. Аммо, дар фазое, ки ҳизби коммунист даҳсолаҳо яккаҳоким буд, чунин сангандозӣ табиати кори онҳо буд.

Бо ин ҳама, бо роҳҳое навоварона, фаъолони ҳизб тавонистанд онро ба шакли варақаҳои ҷудогона чоп кунанд. Таҷрибае, ки аз кори пинҳонӣ ба даст омада буд, нашру паҳни рӯзномаро осон карда буд. Ин чолише бар сукут буд, ки бидуни рӯбарӯи низом истодан, фаолон кори худро муваффақона анҷом медоданд. Рӯзи 9 январи 1991 шумораи аввал бо теъдоди тақрибан дувоздаҳ ҳазор нусха дар Маскав аз чоп баромад. Ба сабаби монеагузории мақомот, нашри мунтазами рӯзнома муяссар нашуд. Шумораҳо ба чаҳор адад маҳдуд монд (ду адад дар соли 1991, ду адад дар миёни 1992–1993) ва соли 1993 комилан бозистод.

Аз барҷастатарин муаллифоне, ки рӯзномаи «Ваҳдат» матлаби онҳоро чоп мекард, инҳо доктор Шамил Султонов, устоди улуми сиёсӣ (он замон муовини сардабири рӯзномаи «Дин», ки баъдан «Завтра» шуда буд)  ва устод Валӣ Аҳмад Судур, этнолог ва сухангӯи матбуотии ҳизб буданд. Ҳамчунин Муҳаммад Биджиёв (бо номи Муҳаммад Қарачай машҳур аст) ва  файласуфи шинохта, марҳум Ҳайдар Ҷамол аз барҷастатарин мутафаккироне буданд, ки талош доштанд андешаи исломиро ба ҳаракати иҷтимоиву сиёсӣ дар Русия пайванд диҳанд. Мақолаҳояшон гуногунрангии ҷараёнҳои исломӣ ва фикриро дар фазои шӯравӣ инъикос мекард ва аз шукуфоии фикрие шаҳодат медод, ки рӯзнома бо вуҷуди тангии шароит ва назорати давлат, андешаҳои онҳоро дар оғӯши худ ҷой медод.

То имрӯз, Китобхонаи давлатии таърихи умумӣ нусхаҳои он шумораҳоро ҳамчун шоҳиде бар як даври нодир аз матбуоти исломӣ дар фазои Шӯравӣ нигаҳ медорад. Ҳамон лаҳзаи расидани шумораи аввал ба дастамро ба ёд дорам, ки онро бо шодӣ ва шигифтзадагӣ ба даст гирифтам. Гӯё нашрияе бузург, ки башорати садои тозаи мусалмононро меовард. Шод шудам, ки матбуоти исломӣ боз андеша ва таманниҳои мардумро дарҷ мекунад.  Бахше аз нусхаҳоро худам дар Маскав миёни дӯстону ошноён тақсим кардам ва баъзе дигарро ҳамчун тӯҳфа ба дӯстон ба Урдун бурдам.

Густариши ҳизб дар ҷумҳуриҳои шӯравӣ

Дер напоид, ки бахшҳои Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо сатҳҳои муваффақияти мутафовит шакл гирифт. Дар Осиёи Марказӣ, махсусан дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо вуҷуди мухолифати мақомот, бахшҳои фаъол ба кори худ оғоз карданд. Аммо дар Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳизб заминаи мустаҳкам пайдо накард ва корҳои исломӣ шадидан назорат мешуданд. Бо густариши пояи мардумии ҳизб, мақомот дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо шитобзадагӣ кӯшиш мекарданд фаъолиятҳоро манъ кунанд, хоса дар минтақаҳое, ки ҳаракати сиёсӣ ва даъватӣ пурҷӯшу хурӯш буд.

Ба гуфтаи файласуф, Ҳайдар Ҷамол, шумораи аъзои ҳизб тақрибан ба садусиҳазор нафар мерасид, ки аз он шумора беш аз сад ҳазор нафар танҳо дар Тоҷикистон буданд. Тоҷикистон кишваре буд, ки ҳизб дар он муҳити мусоид ва замини ҳосилхез барои андешаҳо ва шиорҳои худ пайдо кард буд.

Ҳарчанд зиддияти мақомот дар авҷ буд, андешаҳои исломӣ дигар аз маҳбаси худ берун омада, ба зеҳнҳо ва дилҳо роҳ ёфта, ҳизб дар назари бисёриҳо ба рамзи эҳёи нави исломӣ дар фазои бузурги пасошӯравӣ табдил ёфта буд. Ин ҳолат оғози давраи нави шуур ва бедории рӯҳонӣ пас аз даҳсолаҳои сукут ва саркӯбиро башорат медод.

Квотаҳо барои донишҷӯён. Аз Маскав то Азҳару Малайзия

Раҳбарияти ҳизб аз аҳамияти пайваст бо ҷаҳони ислом огоҳ буд. Лозим медид, ки доираи устуворе аз даъватгарони мусалмон парвариш ёбад, ки фарҳанги муосир ва илмро бо дин ҷамъ оваранд. Пеш аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар фазои кашмакаши Елтсин ва Горбачёв озодӣ ба ҳадди муносибе расида буд, ки ҳаракату ибтикорро имконпазир мегардонд.

Дар ин марҳила, ман доктор Аҳмад Қозӣ ва раҳбарони ҳизбро бо чанд созмони хайрияи исломӣ дар хориҷ  хоса дар Арабистони Саудӣ ҳамоҳанг кардам. Ҳамчунин бо дафтари доктор Аҳмад Тутунҷӣ  барои ирсоли нахустин бурси донишҷӯӣ ба Азҳари шариф дар Миср ҳамоҳангӣ ба даст омад. Бурси аввал тақрибан сад донишҷӯро дарбар гирифт. Ҳайати Созмони ҷаҳонии хайрияи исломӣ дар Ҷидда хароҷоти сафару иқоматро ба дӯш гирифт. Ман, шахсан бо Нидои Ҷаҳонии Ҷавонони Исломӣ дар Ҷидда ҳамоҳангӣ кардам, то барои онон хобгоҳи донишҷӯӣ дар маҳаллаи Мисри Ҷадид фароҳам ояд.

Ин бурси аввал гӯё тасвире кучак аз гуногунрангии ҷуғрофиёии мусалмонон дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Аксар аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, каме аз дигар манотиқ буданд. Танҳо ду тан аз Маскаву Саратов дар сафи ин донишҷӯён буданд. Аммо, ин теъдоди андак ҳам таъсире бузург гузошт.  Аксарият пас аз хатм ба даъват баргаштанд ва дар миёни қавмҳо огоҳӣ пароканданд. Яке аз онон хатиби шуҷоъе шуд, ки ҳазорон нафарро дар яке аз масоҷиди Маскав имомат мекунад ва имрӯз даҳҳо китоби даъватӣ дорад, ки дар Русия ва берун аз он хонда мешавад. Он бурси аввал тухми кучаке буд, ки дар замини ташнаи илм ва наҳзат кошта шуд ва ба зудӣ самарҳои зиёд дод.

Андаке нагузашта, бурси дувум ба роҳ афтод ва ин бор бурс ба Донишгоҳи байналмилалии Исломӣ  дар Малайзия, ки зери сарпарастии марҳум доктор Абдулҳамид Абӯ Сулаймон буд. Тақрибан панҷоҳ донишҷӯ дар он шомил шуданд. Омодасозии ин бурс мушкилтар аз пешин буд. Малайзия барои мусалмонони маҳаллӣ шинохта набуд, шаъну шуҳрати илмии он низ чун имрӯз машҳур набуд. Табиист, ки аксари ҷавонон  пас аз даҳаҳои инқитои фарҳангӣ кишварҳои арабиро тарҷеҳ медоданд.

Аксари шомилони бурси нав аз Қафқоз буданд. Баъдан, доктор Абдулҳамид Абӯ Сулаймон, раҳмати Худо бар ӯ бод, ба ман гуфт, ки онҳо бо эҳтироми бузург пазируфта шуданд ва барномаи таълимӣ ва тарбиявии вижа, бо кӯмакпулии ҳукумати Малайзия барои пӯшиши хароҷот барояшон омода шуд. Бо табассуми меҳрубонона афзуд, ки: «Баъзе аз донишҷӯён ҳанӯз аз лиҳози илмӣ омодаи донишгоҳ набуданд, аммо дилҳояшон пур аз азм аст. Мо ба қабули донишҷӯён аз сӯи шумо идома медиҳем, вале ман пешниҳод мекунам, ки қабл аз фиристодан ононро омода созед.»

Гуфтаҳояш содиқона ва амалгароёна буд. Сипас бо ҳамкории доктор Аҳмад Тутунҷӣ мувофиқат кардем, ки давраҳои омодасозии якмоҳа ташкил шавад. Донишҷӯён асосҳои забони англисӣ ва ҳам арабиро биёмӯзанд ва бо муҳимтарин масоили фикрӣ ва исломии муосир ошно гарданд. Барои ин се давраи омодагӣ баргузор шуд. Дуто дар Доғистон ва саввумӣ дар Минск. Ҳама ин, пас аз даҳсолаҳои инқитои фарҳангӣ ва фикрие, ки низоми шӯравӣ ба сари мардум оварда буд, ба унвони дарвозаи наве барои ҷавонони мусалмон ба сӯи ҷаҳони васеъе буд.

Донишомӯзони Донишгоҳи байналмилалии исломии Малайзия воқеан бо сифатҳои худ фарқ мекарданд ва пас аз бозгашт ба ватан нақши муҳимеро дар эҳёи исломӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ бозиданд.

Асари ин Донишгоҳ ва усули таълимияш таҳти роҳбарии файласуфи марҳум, доктор Абдулҳамид Абу Сулаймон, дар ҷаҳонбинӣ ва сабки кори онҳо равшан дида мешуд. Онҳо тавонистанд андешаҳои исломиро бо боз будан ба ҷаҳони муосир даромезанд ва ба намунаи як насли нави воизон ва равшанфикрон табдил ёбанд, ки паёми таҷдид ва навсозиро ба кишварҳои худ мебурданд.

Идома дорад…

Тарҷумаи Шавкати Муҳаммад


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *