Илҳомҷон Ёқубов: «Дар Тоҷикистон беш аз 1500 нафар танҳо барои гузоштани «лайк» зиндонӣ шудаанд

Ба дигарон фиристед

Имрӯз, дар ҷараёни Конфронси демократия ва арзишҳои инсонии САҲА, намояндаи Паймони Миллии Тоҷикистон Илҳомҷон Ёқубов дар суханронии худ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон беш аз 1500 нафар танҳо барои гузоштани “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Ёқубов дар оғози суханронии худ ба масъалаи поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ҷалб намуда, таъкид кард, ки сарфи назар аз интиқодҳои созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ, мақомоти кишвар на танҳо ба ин амал идома медиҳанд, балки онро шиддат мебахшанд. Ба гуфтаи ӯ, вазъияти фишор ва таъқиб нисбат ба афроди мустақил, рӯзноманигорон ва блогерон ба як падидаи муқаррарӣ табдил ёфтааст. Ҳукумати Раҳмон барои намояндагони расонаҳо “хатти сурх” муқаррар намуда, интиқоди Раҳмон, аъзои хонаводаи ӯ ва дигар мансабдоронро мамнӯъ кардааст.

Ёқубов зикр намуд, ки як қатор рӯзноманигорони маъруф, аз ҷумла Сайфуллоҳ Ҳикматуллозода, Абдулло Ғурбатӣ, Далер Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завкибек Сайидаминӣ ва нависанда Абдуқодир Рустам танҳо барои интиқоди фасод ва беадолатӣ ба зиндон андохта шудаанд. Вай ҳамчунин аз зиндонӣ шудани Улфатхоним Мамадшоева, Маҳмадалӣ Ҳайит, Аҳмадшоҳи Комилзода, Раҳматуллоҳи Рачаб ва Абдукаҳҳори Давлат ёдовар шуд, ки ба гуфтаи ӯ, беасос ба «фаъолияти зиддиҳукуматӣ» муттаҳам шудаанд.

Намояндаи ПМТ таъкид кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон таъқиби шаҳрвандон барои ибрози андешаи дигаргун ё ҳатто “лайк” гузоштан ба навиштаҳои интиқодӣ, ба воқеияти талхи рӯз табдил ёфтааст.

Ӯ гуфт, мувофиқи изҳороти расмии муовини Прокурори генералии Тоҷикистон, танҳо дар ҳафт соли охир беш аз 1500 шаҳрванди кишвар барои чунин амалҳо зиндонӣ шудаанд.

Дар поёни суханронии худ, Илҳомҷон Ёқубов аз созмонҳои байналмилалӣ ва ҳозирони конфронс даъват намуд, ки пайваста аз мақомоти Тоҷикистон талаб намоянд ва бо роҳҳои дипломатӣ фишор оранд, ки ҳамаи рӯзноманигорон ва фаъолони боздоштшуда озод карда шаванд.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *