Бардоштҳо аз Конфронси Демократия ва ченаки арзишҳои инсонии САҲА -2025

Ба дигарон фиристед

Аз 6 то 17 октябри соли 2025 шаҳри Варшава мизбони конфронси байналмилалии Демократия ва ченаки арзишҳои инсонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) буд. Ин чорабинӣ, ки ҳар сол бо иштироки намояндагони давлатҳои узв, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои шаҳрвандӣ ва мудофеони ҳуқуқи башар ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ баргузор мешавад, ба арзёбии иҷрои уҳдадориҳои САҲА дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва демократия бахшида шудааст.

Имсол низ, чун ҳамеша, вазъи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон, аз мавзуъҳои муҳими дар конфронс матраҳшуда буд. Ширкати фаъолони сиёсӣ ва паноҳандагони тоҷик дар ин чорабинӣ бори дигар собит сохт, ки мубориза барои озодӣ, адолат ва ҳуқуқи инсон новобаста аз даҳонбандию маҳдудиятҳо ва пешпоҳои эҷодкардаи режим, марзҳои тарсу пинҳоншавиро убур карда, дар арсаи байналмилал матраҳ мешавад.
Бинобар, ҳамчун нафари ширкаткарда дар ин конфронс аз шунидаву мушоҳидаҳо мехоҳам чанде ибрози назар кунам.

Ҷанбаҳои мусбат: Садои тоҷикон дар минбари байналмилалӣ

Тӯли 10 сол аст, ки ҳарчанд ба ҷуз ду соли охир дар боқӣ Конфронсҳо ширкат накардаам, ҳатман рафти ин конфронсро пайгирӣ мекунам. Дар вебгоҳи Паём ва шабакаҳои видеоии родиюии он аз суханронӣ ва мулоқотҳои мухолифин гузориш ва таҳлилҳо менависем.
Конфронси Варшава имсол ҳам, мисли ҳарсола, барои фаъолони тоҷик на танҳо як минбари расмӣ, балки як майдони озоди мубодилаи андешаҳо ва ҳамгироии сиёсӣ буд. Дар ҷаласаҳои мухталиф намояндагони мухолифини тоҷик, рӯзноманигорон ва созмонҳои ҳуқуқи инсон масъалаҳои муҳимро матраҳ карданд. Аз ҷумла:
-Шиканҷа ва зиндониҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки тибқи гузориши Human Rights Watch (2025), ҳанӯз ба таври густарда идома доранд;
-Фишор ба оилаҳои мухолифон, ки аз тарафи мақомоти амниятӣ ҳамчун воситаи тарс ва итоат истифода мешавад;
-Маҳдудияти озодии дин ва виҷдон, ки тибқи арзёбии USCIRF 2025, Тоҷикистон дар қатори кишварҳои “бо сатҳи шадиди маҳдудиятҳои динӣ” қарор дорад;
-Нобудсозии озодии баён ва матбуоти мустақил, ки Freedom House (2025) онро бо нишондоди “Not Free” баён кардааст.

Бори дигар садо додани ин масъалаҳо дар сатҳи байналмилалӣ, хусусан аз забони худи тоҷикони дар ғурбатбуда, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми равшан дошт, ки диктатура дар Тоҷикистон на танҳо мушкили дохилӣ, балки як масъалаи умумиинсонӣ аст.

Ҳамзамон, конфронс имконият дод, ки намояндагони мухталиф аз роҳбарони гурӯҳ ва ҳаракатҳои сиёсӣ то дигар фаъолон дар натиҷаи гуфтугӯ ва мубоҳисаҳо ба робитаҳо ва барқарории иттиҳоди минбаъда заминагузорӣ карданд, ки хеле умедбахш буд.

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар Конфронси САҲА

Яке аз вижагиҳои барҷастаи ин конфронс аз мушоҳидаи ман, иштироки фаъол ва ҳузури таъсиргузори ҳайати Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) буд. Дар тӯли ду ҳафтаи баргузории чорабинӣ, ба ҷуз суханронӣ дар мавзӯъҳои гуногун, ҳайати ПМТ наздик ба 20 вохуриву мулоқоти судманд бо намояндагони кишварҳои узви САҲА, созмонҳои байналмилалӣ, диаспораҳои шаҳрвандӣ, намояндагони васоити ахбори омма, вакилони дифоъи байналмилалӣ, аҳзоб ва гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ баргузор намуд.

Дар натиҷаи ин вохуриҳо заминаи ҳамкориҳои минбаъда ва ҳамоҳангии стратегӣ ба миён омад. Ин раванд нишон дод, ки мухолифини тоҷик на танҳо мавқеи худро дар муҳити байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд, балки тадриҷан ба як қувваи фаъоли сиёсати муосири минтақа табдил меёбанд.

Ҳузури ҳайати ПМТ дар ин сатҳ ҳамчунин нишон дод, ки эътилофи мухолифони тоҷик дорои қобилияти дипломатӣ, иртиботи муассир ва қудрати ташаббусӣ мебошад, ки метавонад дар оянда нақши муҳим дар барқарории демократия ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бозад. Чизи асосие, ки мавриди таваҷҷуҳи бештари ман қарор гирифт, ин амалкарди бонизом ва барномавӣ буд. Аз рӯи рафтор ҳайати ПМТ аслан ба се гурӯҳи корӣ тақсим шуда буд. Гурӯҳи махсуси суханрониҳои расмӣ, гурӯҳи расона ва иттилоот ва ҳамчунин як гурӯҳи дигар асосан мулоқотҳо доир мекард. Ҳар яке аз ин гурӯҳҳо масъул дошт. Худи роҳбари ПМТ агар хато накунам, ягон маротиба суханронӣ накард, вале аксари мулоқотҳоро ӯ барпо ва ҳамоҳангӣ мекард.

Ҳамдигарфаҳмӣ миёни мухолифин

Яке аз рӯйдоди муҳиме, ки ба мушоҳида расид, ин мулоқотҳои намояндагони ҲНИТ бо Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” буд.
Зоҳиран ин мулоқотҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобил сурат гирифтанд, ки хеле умедворкунанда аст.
Ин иқдом метавонад қадаме ба сӯи иттиҳоди воқеии мухолифини тоҷик ва ҳамоҳангсозии амалии онҳо дар барномаҳои стратегии муштарак бошад.
Ҳамчунин, дар ҳошияи конфронс як қатор гуфтушунидҳо бо баъзе аз намояндагони ҳаракатҳои дигари мухолифин, ки дар оғоз бо лаҳни тунд сурат мегирифтанд, ба фазои узрхоҳӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ табдил ёфтанд. Ин ҳолат худ як нишондиҳандаи расидани мухолифини тоҷик ба сатҳи нави шуур ва масъулияти сиёсист, ки муборизаи миллӣ бояд дар фазои ҳамбастагӣ ва эҳтиром идома ёбад.
Илова бар ин чанд мулоқоте, ки шояд тасаввураш бидуни гиребонкашӣ мушкил буд, дар як фазои ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёфтанд.

Ҳамоиши ПМТ дар ҳошияи конфронс: Рӯбарӯ бо даҳ соли ҳиҷрат

Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии САҲА, Паймони Миллии Тоҷикистон як ҳамоиши муҳим ва муассир баргузор кард, ки бо ширкати роҳбарият, масъулони иҷроия, намояндагиҳои ҳизбу ҳаракатҳои узви эътилоф ва фаъолон доир шуд.
Ин нишаст танҳо як ҷаласаи ҳисоботӣ набуд, балки баррасии рӯшан ва содиқонаи даҳ соли фаъолият дар муҳити ҳиҷрат бо ҳамаи дастовардҳо, камбудиҳо ва таҷрибаҳо буд.

Дар ин ҳамоиш, масъулони ниҳодҳои калидии ПМТ бо суханони ошкору масъулона аз қувват ва заъф, бурду бохт ва дарсҳои омӯхтаи солҳои 2015–2025 гуфтанд. Онҳо эътироф карданд, ки дар паҳлӯи пешрафтҳои назаррас монанди шинохти ПМТ дар арсаи байналмилалӣ, фаолиятҳои чашмраси дипломатӣ, шиносонидани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шароити сиёсии Тоҷикистон ва ҳузури фаъоли он дар платформаҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мушкилоти ҷиддие низ ба монанди заъфи фаъолияти иттилорасонӣ, норасоии ҳамоҳангии дохилӣ, камрангии иртибот бо ҷомеаи муҳоҷир ва маҳдудияти захираҳои инсонӣ ва молӣ вуҷуд доранд.

Дар баробари ин, як нуқтаи умедбахши ҳамоиш ин рушди тафаккури танқидии созанда буд. Масъулон ва фаъолон бо далерӣ аз камбудҳо гуфтанд, на барои айбҷӯӣ, балки бо ҳадафи таҷдиди назар ва навсозии аҳдофи стратегӣ мубодилаи назар шуд.
Дар муҳокимаҳо таъкид шуд, ки ПМТ бояд минбаъд қадамҳои худро огоҳона ва бо ҳадаф гузорад ва ба як нерӯи сиёсӣ бо барномаи мушаххас, идоракунии касбӣ ва иртиботи муассир бо ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёбад. Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки новобаста аз танқидҳои беруна, бояд ПМТ аз авомгароӣ худдорӣ намояд ва аз воҳимакорӣ худдорӣ карда, бештар бо шинохти воқеъиятҳо кор барад.

Дар Ҳамоиш пешниҳод шуд, ки ҷалби ҷавонон ва таъсиси ниҳодҳои таҳлилӣ, барномарезӣ ва омӯзиши сиёсӣ дар доираи ПМТ тақвият дода шавад.
Ҳамоиш бо рӯҳияи ошкоргӯӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳсоси масъулияти миллӣ сурат гирифт. Бархе иштирокчиён таъкид карданд, ки даҳ соли гузашта марҳалаи шаклгирии як тафаккури сиёсӣ ва ахлоқии нав будааст, тафаккуре, ки озодиро на ба унвони шиор, балки ҳамчун арзиши зиндагӣ мебинад.
Дар қисми дуюми ҳамоиш масъулони ниҳодҳо ва фаъолон ба роҳбарият саволҳои худро бепарда матраҳ карда, ба ҳар саволи худ ҷавоб гирифтанд.
Ин ҳамоиш нишон дод, ки ПМТ имрӯз нисбат ба солҳои аввали муҳоҷират боли тафаккур ва таҷрибаи сиёсӣ пайдо кардааст ва дар остонаи як марҳалаи нави фаъолияти худ қарор дорад, марҳалае, ки сафи худро поксозӣ мекунад ва бояд дар он ваҳдат, масъулиятшиносӣ, иродаи қавӣ, рӯҳияи мубориз ва иртибот бо ҷомеа ҷойи шикофҳои кӯҳнаро бигирад.
Гуфта шуд, ки набояд фаъолияти сиёсии як ҳизб ё эътилофи сиёсӣ дар Аврупоро бо фаъолиятҳои сиёсии даҳ соли пеши дар дохилбуда қиёс кард ва сохти ниҳодҳо ва корбурдро ҳам ба он монанд кард, ки то ҳол мушоҳида мешавад. Бояд вобаста ба қудрат ва тавон, бо ба инобат гирифтани имкониятҳои қонунӣ ва воқеиятҳо фаолиятро ба роҳ монд.

Ҷанбаҳои манфӣ ва маҳдудиятҳо

Инҷо, акнун боз мегардам ба худи Конфронси САҲА, ки набояд гуфтаниҳо ногуфта монанд.
Бо вуҷуди аҳамияти бузург, Конфронси САҲА дар Варшава ҳамоно бо як қатор маҳдудиятҳо рӯбарӯст.
Тибқи таҳлили OSCE/ODIHR (2024), аксари қарорҳои конфронсҳо хусусияти тавсиявӣ доранд ва давлатҳои узв, хусусан режимҳои худкома ӯҳдадор нестанд онҳоро иҷро кунанд.
Ҳамин аст, ки хелеҳо аз ингуна майдонҳои сиёсӣ ноумед шудаанд ва ба ин натиҷа расидаанд, ки аз чунин нишастҳо ҳеҷ нафъе ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нест. Ингуна конфронсҳо танҳо рамзӣ буда, ҳеҷ таъсире ба ҳаёти сиёсӣ надоранд. Қарорҳо дар сатҳи тавсия мемонанд ва иҷрошаванда нестанд. Ҳатто Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ПМТ дар як мусоҳибаи кутоҳаш бо ман ишора карда гуфт, ки ҳеҷгоҳ аз ин Конфронсҳо ин интизориро надошт, ки баробари матраҳ кардани мушкилот он натиҷа медиҳад.
Чизи дигар, дар шабакаҳои иҷтимоӣ шахсони ширкаткарда маломат мешаванд, ки ба кори беҳуда ва бенатиҷа вақти худро сарф мекунанд.
Иддае ҳам, ки бештар аз фаолияти худ, наззорагари фаолияти дигарон ҳастанд, бо ин далелҳои зикршуда кӯшиш мекарданд, боз ҳам бештар ин Конфронсро берангу бенатиҷа нишон диҳанд.
Яке аз дигар камбудиҳое, ки Конфронс дошт, ин додани вақти кам ба суханкунандаҳо дар ҳудуди се дақиқа буд, ки барои ҳамаҷониба матраҳ кардани мавзӯъ имкон дода намешуд.
Як ҳолати таасуфбор ин буд, ки дар натиҷаи чанд мулоқотҳои ҳошиявӣ бо созмонҳо ва намояндагони кишварҳои алоҳида дониста шуд, ки то ҳол вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон ба таври лозимӣ матраҳ нашудааст ва хелеҳо дар бораи вазъияти Тоҷикистон хабар надоранд. Ин нишон медиҳад, ки вазъияти матраҳшуда дар ин минбари байналмилалӣ ба таври лозимӣ аз ҷониби САҲА баррасӣ намешавад. Барои ҳамин ҳаракатҳои сиёсӣ ва мухолифони тоҷикро зарур аст, муносибатҳои дипломатии худро тақвият бахшанд. Хусусан, хуб мебуд ҷойи тую манҳоро ҳамингуна барномаҳои ҳадафмандона мегирифт.

Таъсири конфронс ба вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон

Аз нигоҳи амалӣ, таъсири чунин конфронсҳо ба вазъи дохилии Тоҷикистон дар кӯтоҳмуддат маҳдуд аст, вале дар сатҳи дипломатӣ ва равонӣ таъсири амиқ дорад.
Гузориши охирини Amnesty International (2025) таъкид мекунад, ки “фишори байналмилалӣ, махсусан тавассути платформаҳои САҲА метавонад ҳаёти зиндониёни сиёсиро ҳифз кунад ва сатҳи шиканҷаро коҳиш диҳад.”
Пайваста садо додани номи маҳбусон мисли Маҳмадалӣ Ҳайит, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Махкамов, Зайд Саидов ва дигарон ҳам як амали ҳимоявӣ ва ҳам паёми умед барои ҷомеаи дохилӣ аст. Агар ширкат ва суханронӣ аҳамият намедошт, дар Тоҷикистон ба пайвандони ширкаткунандагони Конфронс фишор намеоварданд. Агар ин Конфронс барои пешрафти мухолифин аҳамият намедошт, маҳз ба ширкаткунандагон аз идораҳои амниятии кишвар занг зада, таҳдид намекарданд.
Ширкат ва матраҳи шароити сиёсии Тоҷикистон агар дар Конфронси САҲА натиҷае намедошт, режим аз САҲА дархост намекард, ки ба мухолифон ба кори конфронс роҳ надиҳад ва онҳоро даъват накунад.

Таъсир ба муҳоҷирон ва паноҳандагони сиёсӣ

Барои паноҳандагони тоҷик дар Аврупо, Конфронси Варшава як саҳнаи эҳёи ҳувият ва ҳадаф ва аз шароити сиёсии худ ба ҷомеаи байналмилал дарак додан аст. Дар муҳити озод, онҳо метавонанд таҷриба, фикр ва стратегияи муборизаи сиёсиро мубодила кунанд.
Чуноне, ки дар боло ишора кардам, мухолифини тоҷик то ҳол дар шиносонидани вазъияти сиёсии Тоҷикистон ба таври лозимӣ муваффақ нашудаанд. Бинобар, дар ҳадди тавони САҲА ин Конфронс майдонест, ки мухолифон метавонанд ҷомеаи байналмилалиро ба вазъияти сиёсии Тоҷикистон шинос кунанд.
Ҳамин далел бас аст, ки баъди суханронии баъзе аз дӯстон дар Конфронс намояндагони чанд кишварҳои алоҳида хостори мулоқот бо мухолифин шуданд ва он мулоқотҳо ҳам анҷом шуд.
Илова бар ин, дар мулоқотҳо мушкилоти буду боши баъзе аз муҳоҷирон ва паноҳандагон дар кишварҳои Аврупоӣ матраҳ шуд, ки баъзе аз онҳо ҳалли худро пайдо кард.

Масъалаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ ба таври ҷиддӣ матраҳ шуд. Тибқи маълумоти International Labour Organization (2024), беш аз 1,2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба меҳнати вазнин ва беҳифзи ҳуқуқӣ машғуланд.
Муҳоҷират дар чунин шароит, на танҳо як падидаи иқтисодӣ, балки натиҷаи мустақими зулми сиёсӣ аст.

Роҳ ба сӯи таъсири воқеӣ

Ба андешаи ман, барои он ки чунин конфронсҳо аз сатҳи изҳорот ба амал гузаранд, зарур аст, давлатҳои демократӣ нисбат ба режимҳои худкома муносибатҳои сиёсии худро тағйир диҳанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳукуматҳо ҳарчанд демократӣ ҳастанд, ҳама гирудорҳоро дар тарозуи манфиат бар мекашанд. Аммо, ингуна кишварҳоро, ки бештар мардумаш идора мекунанд, иродаи мардум болои ҳукумат таъсир дорад. Бинобар, мухолифинро зарур аст, ки дар доираи ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои демократӣ вазъияти сиёсии кишварро бештар матраҳ кунанд.
Вазъияти Ғазза, ки дар кишварҳои Аврупоӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ матраҳ шуд ва ҳатто вориди парлумонҳо шуд, ҳарчанд сиёсати ҳукуматҳо фарқ мекард, ба ҷуз моил шудан ба талаби мардум, хусусан ҳукуматҳои Аврупоӣ чизе дигар аз дасташон наомад. Бинобар, моро ҳам зарур аст, то механизмҳои шинос кардани ҷомеаи байналмилал ба вазъияти сиёсии Тоҷикистонро пайдо кунем.
Як масъалаи дигар, ин фаъолияти Васоити ахбори оммаи мухолифин аст. Бояд мухолифон пайваст кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил бо шабакаҳои байналмилалиро ба роҳ монанд, то масъалаҳои Тоҷикистон дар расонаҳои ҷаҳонӣ ҷойгоҳи доимӣ пайдо кунанд.
Тими Паём дар Конфронси имсолаи САҲА расман сабти ном шуда буд ва рафти Конфронсро акс ва наворбардорӣ кард. Инро дида, ду расонаи байналмиллалӣ, ки аз номашонро гирифтан дар инҷо бо талаби худи онҳо худдорӣ мекунам, пешниҳоди ҳамкорӣ бо мо карданд, ки хеле умедворкунанда аст. Илова бар ин як Ассотсиатсияи расонаҳои мустақили Олмон ваъда дод, матлабҳое, ки мо метавонем бо ҳуҷҷатҳо ва маводҳои лозимӣ пешниҳод кунем, бо забони немисӣ ва англисӣ дар якчанд расонаҳои аврупоӣ нашр кунад. Ин ҳам як имконест, ки агар аз уҳдаи истифодаи ин имконият бароем, хеле барои пешрафт муфид хоҳад буд…

Ҳамин тавр, дар ниҳоят гуфтаниям, ки Конфронси САҲА дар Варшава дар соли 2025 на танҳо як чорабинии сиёсӣ, балки гуфтан мумкин як оинаи виҷдони ҷомеаи байналмилалӣ буд.
Он нишон дод, ки арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ҳанӯз ҳам меъёри асосии муносибатҳои байналмилалӣ боқӣ мондаанд, ҳатто агар иҷрои онҳо душвор бошад.

Барои тоҷикон, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ, ин конфронс як паём дошт, ки озодӣ, адолат ва ҳақиқат бе мубориза ба даст намеояд.

Шавкати Муҳаммад


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *