World Liberty Congress: «Тоҷикистон уҳдадор аст, ки Путинро боздошт кунад»

Ба дигарон фиристед

Созмони байналмилалии World Liberty Congress бо нашри як изҳорот аз хабарҳои марбут ба сафари Президенти Русия, Владимир Путин ба Тоҷикистон шадидан изҳори нигаронӣ кардааст.

Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки Президенти Русия Владимир Путин шаби 8 октябри 2025 ба Душанбе расид ва бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, мулоқоти расмӣ анҷом дод.

Тибқи иттилои расмӣ, ин сафар дар доираи Саммити Русия — Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад.

Дар изҳороти ин созмон, ки ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шудааст, таъкид мегардад, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари узви Созишномаи Рим, ӯҳдадор аст бо Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ICC) пурра ҳамкорӣ намояд ва ҳукмномаҳои боздошт ва супоридани афроди таҳти таъқиби додгоҳро иҷро кунад.

Ба гуфтаи созмон, 17 марти соли 2023 Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Владимир Путин ҳукмнома содир карда буд. Ӯ ба ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла ба бозгардон ё кӯчонидани ғайриқонунии кӯдакон аз қаламравҳои ишғолшудаи Украина ба Русия муттаҳам мешавад. Ҳукмномаи мазкур то имрӯз амал мекунад.

World Liberty Congress ёдовар шудааст, ки Тоҷикистон бо тасдиқи Созишномаи Рим ӯҳдадор шудааст, ки ба низоми иҷрои қонунҳои ин додгоҳ содиқ монад. Мувофиқи моддаҳои 86 ва 89-и Созишнома, мақомоти Тоҷикистон вазифадоранд шахсони таҳти ҳукмномаи додгоҳро ҷустуҷӯ, боздошт ва ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ супоранд. Нодида гирифтани ин ӯҳдадориҳо, гуфта мешавад дар изҳорот, нақзи ошкорои қонунҳои байналмилалӣ хоҳад буд.

Ин созмони байналмилалӣ даъват намудааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз вуруд ё сафарҳои эҳтимолии Владимир Путин ва ё намояндагони ӯ ба кишвар ҷилавгирӣ кунад, ё дар сурати ворид шудан, амалиёти фаврии боздоштро оғоз намояд. Аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон талаб шудааст, ки тартиботи боздошт ва супоридани Владимир Путинро ба иҷро расонад.

«Ҳеҷ шахс, ҳатто раҳбари давлат болотар аз қонун нест. Риояи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои ҳифзи низоми адолати байналмилалӣ ва дастгирии ҳуқуқи ҷабрдидагон аҳамияти бунёдӣ дорад»,- гуфта шудааст дар изҳорот.

Созмон ҳушдор медиҳад, ки сарфи назар кардани иҷрои ин ӯҳдадориҳо метавонад эътибори Тоҷикистон ва худи Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро коҳиш диҳад, зеро чунин беамалӣ нишон медиҳад, ки қонун метавонад дар ҳолатҳои сиёсӣ сарфи назар шавад.

World Liberty Congress дар поёни изҳорот менависад, ки ҷаҳон назорат дорад ва Тоҷикистон бояд нишон диҳад, ки ба ваъдаҳои байналмилалии худ содиқ мондааст.

Ногуфта намонад, соли 2025 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва вакилони дифои варзида шикояти расмӣ ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноии Гаага (ICC) ирсол кардааст.

Тибқи маълумоти расонаишуда, ин шикоят бо мусоидати ду созмони аврупоӣ Ukrainian International Volunteers Fund (FUVI) ва Freedom for Eurasia таҳия ва ирсол шудааст.

Дар ин шикоят роҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ва чанде аз мансабдорони баландпояи кишвар, ба ҷиноятҳои зидди башарият, аз ҷумла, ба боздоштҳои худсарона ва беасос зидди мухолифон, рӯҳониён ва фаъолони сиёсӣ, шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ дар муассисаҳои тафтишотӣ ва зиндонҳо, кушторҳои ғайриқонунӣ ва нопадидшавии иҷборӣ, фишор ва таъқиби аъзои оилаҳои мухолифон, пахш ва аз байн бурдани ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии дин ва матбуот муттаҳам мешаванд.

Тибқи изҳороти намояндагони ин созмонҳо, ҳадаф аз ирсоли шикоят “ба ҷавобгарӣ кашидани раҳбарияти кунунии Тоҷикистон ва атрофиёнаш барои ҷиноятҳои пайваста алайҳи шаҳрвандон мебошад.

Шикоят аз ҷиноятҳои Эмомалӣ Раҳмон алайҳи башарият ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ирсол шудааст ва айни ҳол, тибқи тартиботи дохилии ДБҶ, парванда дар марҳилаи арзёбии ибтидоӣ қарор дорад.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *