Тоҷикистон Толибонро ба расмият шинохт?

Ба дигарон фиристед

Шабакаи хабарии «Ҳурият» бо такя ба манобеаш аз вилояти Балхи Афғонистон иттилоъ дод, ки ҳукумати Тоҷикистон сафири Аморати исломии Афғонистонро дар шаҳри Душанбе пазируфтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин иқдом пас аз сафари ахири Муҳаммад Юсуф Вафо, волии вилояти Балх ба Тоҷикистон сурат гирифтааст. Тибқи маълумоти дастрас, пазируфтани сафири ҳукумати Толибон дар Душанбе бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва тавассути Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар анҷом шудааст.

Манбаъҳо мегӯянд, ки дар баробари сафир, як гурӯҳ аз дипломатҳои Аморати исломӣ низ расман дар сафорати Афғонистон дар Душанбе пазируфта шудаанд. Ҳарчанд то ҳол ҷузъиёти расмии ин дидор аз ҷониби мақомоти тоҷик ё афғон эълон нашудааст, вале ин рӯйдод метавонад оғози марҳалаи нави муносибатҳои дипломатӣ миёни Душанбе ва Кобул ва пирӯзии сиёсати дипломатии Толибон бар Тоҷикистон бошад. Чун Толибон то ба ҳол ҳама талабу шартгузории ҷониби Тоҷикистонро нодида гирифта, баракс талаб кардааст, ки ҳеҷ кишваре набояд ба умури дохилии Афғонистон дахолат кунад.

Тоҷикистон то кунун аз ҷумлаи кишварҳоe буд, ки ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст. Душанбе ҳамеша таъкид мекард, ки то таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон ва таъмини ҳуқуқи ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ, аз ҷумла тоҷикон, аз эътирофи Толибон худдорӣ мекунад. Сафари ахири волии Балх ба Душанбе ва пазируфтани сафири Аморати исломӣ метавонад нишондиҳандаи мулоим шудани мавқеи Тоҷикистон бошад, ки эҳтимол бо бархе омилҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва ҳамсарҳадӣ рабт дорад.

Коршиносон мегӯянд, ки эҳтимол Душанбе дар пасманзари тағйироти геополитикӣ ва фишорҳои минтақаӣ, аз ҷумла аз сӯи Чин ва Русия, ба тадриҷ ба сӯи муколама бо Толибон ҳаракат мекунад. Ин тағйир, агар расман тасдиқ гардад, метавонад нишонгари он бошад, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ куллан истиқлоли худро аз даст дода, тибқи ишораи ангушти қудратҳо ҳаракат мекунад. Аммо, агар ин рӯйдод воқеъӣ бошад, метавонад ба сиёсати минтақа нисбат ба Афғонистон таъсири ҷиддӣ расонад.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *