Абдулвосит Шарипов: Борҳо макон, ҷои зист, ва ҷойи таҳсил иваз кардем
Дар Конфронси Демократия ва ченаки арзишҳои инсонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) сиёсатмадорону фаъолони тоҷик аз паёмадҳои шадиди саркӯби сиёсӣ дар Тоҷикистон сухан гуфтанд ва аз баромадҳои таъсиргузорро Абдулвосит Шарипов, фарзанди як паноҳандаи сиёсӣ аз Тоҷикистон, ироа намуд.
Абдулвосит Шарипов дар оғоз гуфт, ки ӯ “паноҳандаи сиёсӣ ба ихтиёри худ нест, балки ба иҷбор аст”, зеро писари як паноҳандаи сиёсӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, хонаводаи онҳо маҷбур шуд аз ватан фирор кунад, то аз шиканҷа, ҳабси тӯлонӣ ва таҳдиди куштор наҷот ёбад.
Ӯ таъкид намуд, ки садҳо хонаводаи тоҷик низ мисли онҳо дар кишварҳои Аврупо ба қасди наҷоти ҷони худ ва фарзандонашон паноҳ бурдаанд:
“Инҳо ҷинояткор нестанд! Инҳо рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон, фаъолони динӣ ва шаҳрвандӣ ҳастанд, ки ҷурми ягонаашон ҷуръати гуфтани ҳақиқат мебошад.”
Шарипов бо такя ба гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Human Rights Watch, Freedom House, Amnesty International ва Департаменти давлатии ИМА, гуфт, ки дар Тоҷикистон шиканҷа, боздошти худсарона, нопадидшавии одамон, фишор ба ВАО ва мамнӯъияти ҳар гуна андешаи мухолиф ба шакли системавӣ идома дорад.
Ӯ изҳор дошт, ки ин фишорҳо на амали якдафъаина, балки сиёсати муназзами ҳукумат мебошанд.
“Дар кишвар созмонҳои ҷамъиятӣ баста мешаванд, рӯзноманигорони мустақил таҳдиду таъқиб мешаванд, адвокатҳоро бо мизоҷонашон якҷо боздошт мекунанд, ва танҳо «эътирофҳое», ки зери шиканҷа гирифта шудаанд, ба ҳайси далели ягона дар суд истифода мешаванд.”
Абдулвосит Шарипов бо дард гуфт, ки насли ӯ, ки дар ғурбат ба воя расидааст, аз сиёсати золимонаи ҳукумат сахт осеб дидааст:
“Мо ватани худ, оромӣ, хона, пайвандон ва ҳатто кӯдакии худро аз даст додем. Борҳо макон, ҷои зист ва ҷойи таҳсил иваз кардем…”
Ӯ аз кишварҳои узви САҲА ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои қатъи шиканҷа ва худсарии мақомот дар Тоҷикистон чора андешанд. Ӯ бо ишора ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноии Гаага рафтани парвандаи Эмомалӣ Раҳмон ва атрофиёнаш аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то ба мубтакирон ҳамсадоӣ кунанд ва Эмомалӣ Раҳмон ва муҳити наздики ӯ барои ҷиноятҳои зидди башарият ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
“Диктаторон набояд худро дар амонӣ эҳсос кунанд. Безинҷотии онҳо маънои афзоиши азоби мардумро дорад. Агар ҷаҳон имрӯз хомӯш монад, фардо насли навбатӣ ранҷ хоҳад кашид.”
Абдулвосит Шарипов инчунин сарнавишти амакаш Аслиддин Шариповро мисол овард, ки ба гуфтаи ӯ, “одами дур аз сиёсат” буда, танҳо барои он ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст, ки бародараш, яъне падари Абдулвосит Шарипов рӯзноманигор мебошад.
Баромади Абдулвосит Шарипов дар конфронс ҳамчун садои виҷдони насли ҷавони тоҷик пазируфта шуд ва боз як бори дигар таваҷҷуҳи ҳозиронро ба зарурати таҳқиқи ҷиноятҳои сиёсӣ ва дифоъи ҳаққи инсон дар Тоҷикистон ҷалб кард.

Average Rating