Омӯзгорони шаҳрнишин низ аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ озод мешаванд

Ба дигарон фиристед

Парлумони Тоҷикистон тағйироте ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул кард, ки бар асоси он ҳамаи омӯзгорон, чи дар шаҳр ва чи дар деҳот, минбаъд аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ пурра озод мегарданд.

Тавре хабаргузории АзияПлюс иттилоъ медиҳад, тибқи тарҳи нави қонун, дар қисми 2-и банди 4-и моддаи 31 калимаи “умумии деҳот” бо “умумӣ” иваз шудааст, ки ин ба маънои густариши имтиёз барои ҳамаи омӯзгорон, новобаста аз ҷойи кори онҳо мебошад.

Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тағйирот дар ҷаласаи парлумон изҳор дошта, ки ин иқдом бо ҳадафи баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва пур кардани ҷойҳои холии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, норасоии омӯзгорон дар мактабҳо, махсусан дар минтақаҳои дурдаст, ба яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи маориф табдил ёфтааст ва чунин тағйирот метавонад ба ҷалби кадрҳои нав мусоидат кунад.

Ин тасмим ба қонун баъди тасвиби расмӣ қувваи ҳуқуқӣ мегирад ва тибқи он, ҳамаи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар саросари кишвар аз уҳдадории хизмати ҳарбӣ озод хоҳанд буд.

Қабули тағйирот ба Қонуни “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки мувофиқи он омӯзгорон аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ пурра озод карда мешаванд, дар зоҳир метавонад як иқдоми мусбат ва мардумгаро намояд. Аммо, ин тасмим беш аз он ки нишонаи ислоҳоти амиқ бошад, бештар ба иқдоми таблиғоти сиёсӣ монанд аст ва як навъ “эътирофи шикаст” дар сиёсати қаблии мақомоти тоҷик дар соҳаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҳарбӣ аз сафи кормандони соҳаи маориф аст.

Ҳақиқат ин аст, ки солҳои охир мақомоти Тоҷикистон бо бекор кардани имтиёзҳои қаблии омӯзгорон ва донишҷӯён онҳоро зери фишори сахти ҷалби маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ қарор доданд. Дар фаслҳои даъвати ҳарбӣ, аз Душанбе то навоҳии дурдасти кӯҳистон, наворҳо ва гузоришҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешуданд, ки “облава”, яъне ҷалби зӯроваронаи ҷавонон ба падидаи доимӣ табдил ёфтааст. Ҷавононро аз кӯчаҳо, бозорҳо ва ҳатто аз ҷойи корашон, аз ҷумла мактабҳо ва донишгоҳҳо, боздошт карда, ба идораҳои низомӣ мебурданд. Дар гузориши худ Радиои Озодӣ ва дигар расонаҳои мустақил борҳо таъкид кардаанд, ки баъзе омӯзгорон ва донишҷӯён барои гурехтан аз ин “облава” маҷбур шуданд аз кишвар фирор кунанд ё ба Русия ва дигар кишварҳо муҳоҷират намоянд.

Ин вазъ на танҳо обрӯи низоми ҳарбиро, балки обрӯи давлатро дар чашми ҷомеа ва ҷомеаи байналмилалӣ коста кард. Мақомот бо ин ваҳшатафкании худ ҷавононро аз ватан дур карданд ва акнун вақте мебинанд, ки на танҳо хидмати ҳарбӣ, балки низоми таълимӣ низ ба буҳрони кадрӣ гирифтор шудааст, кӯшиш доранд бо чунин “имтиёзҳо” вазъро нарм кунанд. Дар асл, на тағйири сиёсати маориф, балки натиҷаи бади сиёсати ҷалби зӯроваронаи ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ онҳоро маҷбур сохт талаботи қонуни зидди мардумиро бозбинӣ кунанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон мактабҳои зиёд бе омӯзгори мард мондаанд ва қисми зиёди омӯзгорон занҳо мебошанд ва бо маоши ночиз дар шароити сахт фаъолият мекунанд. Ҳукумати кишвар солҳои зиёд ба ҷойи баланд бардоштани эътибори омӯзгор, танҳо бо шиору сухан амал кардааст. Ҳоло бо “озод кардани омӯзгорон аз хидмати ҳарбӣ” мақомот мехоҳанд нишон диҳанд, ки гӯё ба омӯзгор арҷ мегузоранд, аммо асл дар он аст, ки онҳо худро аз бӯҳрон раҳо кардан мехоҳанд, на омӯзгорро.

Ҳақиқат ин аст, ки агар мақомоти кишвар воқеан ба арзиши омӯзгорон эҳтиром медоштанд, онҳо бояд маоши омӯзгоронро ба сатҳи зиндагии воқеӣ мувофиқ мекарданд, шароити корро беҳтар ва барои омӯзгорон муҳити эҷодиро фароҳам месохтанд. Вале на, онҳо бо роҳи “имтиёз аз артиш” мехоҳанд мушкилро зоҳирӣ ҳал кунанд, яъне омӯзгорро аз хидмат озод мекунанд, вале аз нодорӣ, беэътиборӣ ва фишори маъмурӣ не.

Дар асл, озод кардани омӯзгорон аз хизмати ҳарбӣ иқдоме аст, ки бояд солҳо пеш сурат мегирифт. Аммо, имрӯз, пас аз он ки садҳо ҷавон ба хотири омӯзгорӣ «облава» шудан аз кишвар гурехтанд, баъзеашон дастгир ё шиканҷа шуданд, ин тасмим дигар “нақшаи ислоҳот” нест, балки як иқрори дерҳангоми нокомӣ дар сиёсат аст. Давлате, ки омӯзгорро на ҳамчун шахсияти илмӣ, балки ҳамчун “чанд нафар аз даъватгурезон” мебинад, наметавонад ҷомеаи огоҳ ва озодро созад.

Ин тағйирот танҳо вақте маъно пайдо мекунад, ки ҳамзамон бо он озодӣ ва эҳтироми воқеӣ ба инсон ва касбу илму маърифат дар ҷомеа барқарор гардад. То он вақт, ҳар тағйироте аз ин навъ, танҳо кӯшиши сиёсии “сафед нигоҳ доштани чеҳра”-и сиёҳшудаи бадтар аз таги дег дар дохил ва берун аз кишвар боқӣ мемонаду халос.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *