Маҳмудҷон Файзраҳмон: Таҳдиди асосӣ ба ҳаракатҳои сиёсӣ ихтилофи дохилист

Ба дигарон фиристед

Дар ҷараёни ҳамоиши сиёсӣ таҳти унвони «10 соли ҳиҷрат: Таҳлили амалкардҳо, шинохти воқеиятҳо ва дурнамои мубориза», Маҳмудҷон Файзраҳмон, роҳбари Департаменти муносибатҳои байналмилалии Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ)  суханронӣ кард ва бурду бохти муносибатҳои байналмилалии ПМТ-ро ба таҳлил кашид. Ӯ дар ибтидо таъкид намуд, ки даҳ соли охири ҳиҷрат барои мухолифини тоҷик давраи пур аз таҷриба, озмоиш ва шинохти воқеиятҳои нави сиёсиву ҷаҳонӣ буд.

Дар сароғози таҳлили худ аз даҳ соли ҳиҷрати мухолифони тоҷик ва муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмудҷон Файзраҳмон изҳор дошт, ки дар ин муддат мухолифини тоҷик на танҳо бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ, балки бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои гуногун дар иртибот буданд. Ӯ гуфт, ки ҳадафи аслии ин ҳамоиш на танҳо зикри дастовардҳо, балки шинохти заъфҳо ва истифодаи таҷриба барои ислоҳи роҳ мебошад.

Ҷаҳони тағйирёбанда ва мавқеи мухолифин

Ин масъули равобити байналмилалии ПМТ дар идомаи суханрониаш гуфт, ки тайи се соли ахир ҷаҳон ба сӯи дуқутбӣ шудани низоми байналмилалӣ ҳаракат дорад: як тараф Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш, ва тарафи дигар Чин ва Русия. Дар чунин шароит, ба гуфтаи ӯ, сиёсати хориҷии Таджикистон рӯшан аст ва ин ҳам такя кардан  ба Русия ва Чин мебошад. Аммо мухолифини тоҷик то ҳол сиёсати возеҳ ва устувори хориҷӣ надоранд ва муносибатҳои онҳо бо Ғарб, Шарқ ва ҷаҳони ислом бештар вокуниши муваққатӣ будаанд, на стратегӣ.

Файзраҳмон ҳушдор дод, ки “дар ҷаҳони имрӯз, он ҷонибе ки дар интихоби худ қотеъ нест, ҳам имконият ва ҳам иттифоқро аз даст медиҳад.”

Муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ

Роҳбари департаменти муносибатҳои байналмилалии ПМТ дастовардҳои мухолифинро дар арсаи байналмилалӣ, аз қабили шинохти парвандаҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби СММ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ муҳим донист. Ба андешаи ӯ, ҳамин тавр бояд “ҳушмандона ва ҳадафмандона” идома ёбад.

Манфиатҳои худӣ ва зарурати ваҳдат

Маҳмудҷон Файзраҳмон таъкид намуд, ки дар шароити ҳиҷрат, ҳифзи манфиатҳои созмонӣ на танҳо масъалаи сиёсӣ, балки масъулияти ахлоқӣ ва таърихист. Ӯ гуфт, ки “бадрафторӣ, худмеҳварӣ ва беинтизомии расонаӣ метавонанд эътибори чандинсоларо зери хатар баранд.”

Ба гуфтаи ӯ, таҳдиди асосӣ ба ҳаракатҳои сиёсӣ дар  душмани беруна нест, балки ихтилофи дохилист.

Ҳувият ва робита бо нерӯҳои дигар

Файзраҳмон гуфт, ки барои барқарории муносибатҳои солим бо нерӯҳои дигари сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, бояд ҳувияти сиёсӣ ва фикрии устувор дошт. Ӯ таъкид кард: “Мо бояд ҳамзамон аслгаро ва фасеҳ бошем, бар усули худ устувор, вале дар равиш ва тактикаҳо омодаи гуфтугӯ ва ҳамкорӣ бошем.”

Вазъияти нави минтақа ва мавқеи мухолифин

Маҳмудҷон Файзраҳмон бо ишора ба таҳаввулоти охир дар ҷаҳони ислом гуфт, ки ҷаҳон ба ду меҳвари сиёсӣ тақсим шудааст: меҳвари Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи араб, ки бо исломи сиёсӣ мухолиф аст ва меҳвари Туркияву Қатар, ки мекӯшанд байни дин, сиёсат ва муосиргароӣ тавозун барқарор кунанд. Ба гуфтаи ӯ, мухолифини тоҷик бояд дар муносибат бо ин меҳварҳо эҳтиёткор бошанд ва бар асоси манфиатҳои миллӣ амал кунанд.

Ислом ҳамчун нуқтаи заъф ё қувват?

Файзраҳмон ёдовар шуд, ки ҳукумат аз исломи сиёсӣ ҳамчун абзори таблиғоти зиддимухолифин истифода мебарад. Ӯ гуфт, ки таъсиси Паймони Миллӣ тасаввури ҳукуматро шикаст, аммо мухолифин бояд ин дастовардро ҳифз кунанд ва нагузоранд, ки “ҳукумат боз ҳамон ривоятро зинда созад.”

Дар анҷоми суханронӣ, Маҳмудҷон Файзраҳмон даъват кард, ки мухолифин бо ваҳдат, воқеъбинӣ ва ҳушмандӣ роҳи муборизаро идома диҳанд. Ӯ бо хитоб ба ҳозирин гуфт:

“Биёед заъфҳоро бишносем, ваҳдатро ҳифз кунем, бо мардум ва ҷаҳон гуфтугӯ кунем ва бо виҷдони бедор ва дилҳои пур аз умед роҳи худро идома диҳем.”


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *