Пеш аз тӯфон…

Ба дигарон фиристед

 Хотираҳо аз тобистони Тоҷикистон дар соли 1989

Муаллиф: Али Абу Эссам Фаластинӣ

Оғози сафар

Дар тобистони соли 1989 сарнавишт маро ба Тоҷикистони зебо бурд, ба сарзамине, ки дар сояи қуллаҳои Помир ва дар салқинии рӯдҳояш пинҳон аст. Ин сафар барои ман кашфи ҷаҳони нав буд, ҷаҳоне, ки зоҳиран содда менамуд, вале аз дарун амиқу пур аз маъно буд. Дар хонаҳои гилини деҳаҳо ман гармии меҳмоннавозиро эҳсос кардам, дар доманаи кӯҳҳо дидам, ки покии табиат бо шодии ҳамнишинӣ меомезад.

Дар соҳили рӯдҳо менишастам паҳлӯи пирмарди шарифе, ки аз сабру устуворӣ қисса мекард, ва дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Душанбе  дар бораи умумиятҳои шаҳр ва деҳот меандешидам. Баъдан ман «хуҷраҳо»-ро (ҳуҷраҳои таълимӣ) зиёрат кардам, ки ба «фабрикаҳои мардони мусалмон» табдил ёфта буданд ва сафарро дар бозори марказӣ анҷом додам, он ҷо ки овози тоҷирон бо бӯи нон ва атри ҳанут меомехт, гӯё, ки он ҷо тамоми рӯҳи миллат ҷамъ омада бошад.

Он рӯзҳо мисли саҳфаҳои ором буданд, гӯё ҷаҳон чизеро ҷуз рӯшанӣ ва сукунат намешинохт. Мо намедонистем, ки ин манзараи рангоранг ҳамагӣ баъди ду сол мешиканад ва он оромие, ки деҳаву бозор ва хуҷраҳоро пур карда буд, ба оташи ҷаҳаннам табдил меёбад.

Ин қиссаи оромиест, ки пеш аз тӯфон буд… ва ёдбуди нахустини сафари ман ба Тоҷикистон, пеш аз он ки ин сарзамин ба хун оғушта шавад.

 Ҳамин тавр ин саргузашт оғоз ёфт.

Хотираҳо аз  аз Кӯлоб

Тобистони соли 1989 мо ба як деҳаи ороми ноҳияи Кӯлоб рафтем, ки дӯстамон муҳандис, Саидиброҳим моро он ҷо пазироӣ кард. Шомгоҳ мо дар хонаи соддаву хоксорона вале ороста аз меҳрубониву самимият, дар оромии деҳае, ки сояи кӯҳҳо онро фаро гирифта буд, менишастем. Дар ҳалқаи ҳамсафарон, Саидиброҳим (Саидиброҳими Назар), Саидумар (Сайидумар Ҳусайнӣ) ва Холид (Одинабеки Абдусалом), ман чаҳорумин нафар будам.

Шӯълаи чароғи равғанӣ дар девори гилӣ рақс мекард, гӯё дар гуфтугӯи мо ширкат дошт. Саидиброҳим ба дур нигариста бо лабханд гуфт:
– Пагоҳ ба кӯҳ мебароем ва он ҷо чашмаи оби ширин асту  дарахтони куҳии  мевадор…

Хона дуошёна буд. Мо дар ошёнаи боло менишастем, дар ҳоле, ки аҳли хонадон дар поён зиндагӣ мекарданд. Дар атрофи хона боғи хурде буд, ки сабзавоти рӯзгор дар он кишт шуда буд. Дар гӯшаи ҳавлӣ оғилчаи соддае барои говҳо ва мурғхона ҷой дошт. Дар шафати он танӯри гилӣ буд, ки ҳар саҳар аз он бӯи нони навпухта баланд мешуд.

Ростӣ, дар роҳ ба хона ман саҳнае дидам, ки бароям нав буд.  Духтарони деҳа бо белҳои чӯбин поруи говро ҷамъ карда, бо коҳ омехта, онро ба шакли доира мепечиданду дар офтоб хушк мекарданд. Ман бо тааҷҷуб пурсидам:
– Барои чӣ ин корро мекунанд?
Саидиброҳим бо ханда ҷавоб дод:
– Ин нафти мост! Ин беҳтарин сӯзишворӣ барои фасли зимистон аст. Вақте хушк шавад, манбаи қавии гармӣ мегардад.

Пеш аз он ки ба болохона бароем, Саидиброҳим моро барои зиёрати падараш бурд, ки дар утоқе паҳлӯӣ бемор мехобид. Саидиброҳим ба нармӣ ба ӯ хам шуд ва гуфт:
– Падар, ин бародари арабамон ба дидани ту омад.
Баъд рӯ ба ман карда гуфт, ки ояте аз Қуръон бихонам. Ман он чӣ медонистам қироат кардам ва дидам, ки чеҳраи пир бо табассуми сабук равшан шуд,  гӯё нафаси ӯ аз нури тиловат ҷон гирифт. Мо барои ӯ ва тамоми мусалмонон дуо кардем ва сипас ба болохона баромадем.

Он ҷо ман ба як одати зебои тоҷикон таваҷҷӯҳ кардам — расме, ки дар аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ маъмул аст: онҳо пеш аз нишастан даст ба дуо бардошта мегӯянд:

رَبِّ أَنْزِلْنِي مُنْزَلًا مُبَارَكًا وَأَنْتَ خَيْرُ الْمُنْزِلِينَ

«Эй Парвардигори мо, моро манзили бобаракат ато фармо, ва Ту беҳтарин Паноҳдиҳанда ҳастӣ».

Сипас даст бар рӯй мегузоранд «Омин» мегӯянд ва баъд менишинанд.

Саидиброҳими Назар

Пас аз намозҳои зӯҳр ва аср, мо дар атрофи дастархоне ҷамъ шудем, ки бо саховати баланд ороста шуда буд. Саидиброҳим моро бо таоми дӯстдоштааш, оши тоҷикӣ меҳмондорӣ кард Таом омехтаи биринҷ, сабзӣ ва гушти гӯсфанди равғаннок буд, ки дар оташи мулоим мепухт. Бӯйи фараҳбахшаш тамоми хонаро фаро гирифта буд. Дар паҳлӯяш хуриши помидори бо пиёз буд.

Он ғизо на танҳо болаззат, балки пур аз меҳру гармии ҳамнишинӣ буд. Вақте торикии шаб ҳамаҷоро фаро гирифт ва хастагии роҳ ғалаба кард, мо дар рӯйи курпачаҳои оддӣ хоб рафтем.

Пеш аз хоб андешае ба зеҳнам омад, ки чаро ман дар ин ҷо, ҳазорҳо километр дур аз ватани худ, Фаластин ва аз Маскав, ки хонаи дуввуми ман шудааст, худро бегона эҳсос намекунам? Чӣ чиз маро бо вуҷуди фарқи миллату забон ба ин ҳамсафарон ин қадар наздик мекунад?

Ҷавоб аз байти шеъре ба ёдам расид, ки аз шайх Юсуф Қарзовӣ шунида будам:

«Ислом модару падари ман аст ва мо бародаронем, ки ӯ моро ба ҳам пайванд кардааст…»

Он гоҳ хоб маро фаро гирифт ва ҳамин тавр ин саргузашт оғоз ёфт. Ман чашмонамро бастам, намедонистам, ки саҳфаеро мекушоям, ки то охири умр дар ёд хоҳад монд.

 Дар субҳгоҳ

Мо хеле барвақт, аз фиғони хурӯсони деҳа, ки гӯё офаридгори худро тасбеҳ мегуфтанд ва омадани рӯзи навро хабар медоданд, бедор шудем. Ман овози азонро нашунидам, вале Саидиброҳим моро барои таҳорат ва намоз даъват кард. Мо рӯй ба оби сард шустем, обе, ки ҳиссиётро бедор кард ва охирин нишонаҳои хобро дур намуд ва ҷисмҳо сабук ва дилҳо зинда шуданд.

Аҳли хона аллакай ба корҳои саҳарӣ оғоз карда буданд. Занон аз субҳ дар танӯр нон мепухтанд ва аз танури гилӣ бӯи нони нав ба фазо мепечид, ки хонаву ҳавлӣ пур аз гармӣ ва меҳр мешуд. Мо намози субҳ (фажр)-ро адо кардем, сипас нишастему чанд оят аз Қуръон тиловат намудем.

Андаке нагузашта буд, ки Саидиброҳим субҳонаи оддӣ, вале пур аз меҳру самимият овард.  Нони гарм, чойи кӯҳии гиёҳдор ва порчаҳои панири маҳаллӣ, ки таъмаш хос ва хушбӯй буд. Мо бо иштиҳо мехӯрдем, дар ҳоле ки Холид бо шӯхиҳои худ ҳамаро механдонд. Ӯ аз хотираҳои хандаовари худ бо Саидиброҳим ва дигар бародарон қисса мекард.

Одинабеки Абдусалом (Холид)

Ӯ бо ханда қисса карда гуфт:
– Як бор ба Саидиброҳим занг задам. Ҳамсараш телефонро бардошт. Ман пурсидам: «Саидиброҳим имрӯз дар ҳамин хона аст ё дар хонаи дигар?»
Ҳамсараш ҳайрон шуду хомӯш монд. Ҳанӯз ба пурсидани чизе ҳамсараш фурсат накарда буд, ки Саидиброҳим телефонро кашида гирифта гуфт:
– Илтимос, бигӯ, ки ту шӯхӣ кардӣ!

Холид ин лаҳзаро бо тақлид ба садо ва ҳаракати ӯ бозӣ мекард ва дастҳояшро (барои нишон додани тарси Саидиброҳим аз ҳамсараш) меларзонд, чеҳраашро монанди ӯ ҷиддӣ мегардонд. Мо ҳама аз ханда ба худ мепечидему фазои хона аз қаҳқаҳа пур мешуд, бахусус вақте ки ӯ афзуд, ки аз гушии телефон садои зарби зарфҳо баланд мешуд ва Саидиброҳим бо овози ларзон мегуфт:
– Илтимос, бигӯ… ин дигар аз ҳад гузашт!

Пас аз он ки ханда ором гирифт ва офтоб андаке боло омад, мо ба роҳ баромадем ва ба сӯи кӯҳҳо раҳсипор шудем.

Сафар ба сӯи кӯҳ

Мо аз роҳи танг мегузаштем, ки гӯё моро ба биҳишт мебурд. Дарахтони сояафкан, оби ҷӯйҳои мусаффо ва сангҳои сайқалхӯрдае, ки оби ҷоришудаистодаро мисли гавҳар тобон карда буд. Саидиброҳим дар назди дарахте истод, ки шохаҳои он пур аз буттамеваи сиёҳ буданд, ва гуфт:
– Ин тӯт аст, тӯти сиёҳ, ширин ва болаззат аст. Бихӯред, вале зиёд не, баъдаш оби зиёд бинӯшед, вагарна шикамдард мешавед!

Гӯё Саидумар ба огоҳии ӯ гӯш надода буд, ки бе таваққуф як паси як тӯтҳоро ба каф гирифта мехӯрд. Мева чунон болаззат ва ширадор буд, ки ангуштони мо аз шираи он ба ҳам мечаспиданд. Мо зери дарахти сояафкан нишастем. Ҳаво торафт гарм мешуд, ва ногаҳон Саидумар аз дарди шикам ба худ печид!

Саидиброҳим ба ӯ нигариста, бо ғазаб гуфт:
– Ман туро огоҳ накардам? Нагуфтам, ки бисёр нахӯр?!
Ва Холид бо шӯхии хоси худ беист механдид.

Пас аз он ҳодисаи «тӯтхӯрӣ» мо андаке дам гирифтем, сипас роҳро идома додем то ба қуллаи куҳ расидем. Дар он ҷо, дар болои санги баланд, мо намози зӯҳои суннатӣ хондем ва зикр гуфтем. Аз паҳлуи мо оби чашма ҷорӣ буд, ки ба сангу сангрезаҳо бармехурд ва садои он мисли мусиқии форам бо шӯру нағмаи паррандагон меомехт, гӯё табиат бо мо дар ҳамду санои Худо ҳамовоз шуда буд.

Вақте офтоб ба миён омад, мо рӯ ба деҳа овардем. Қалбҳои мо пур аз сафо ва рӯҳияи бародарӣ буд. Дар миёни кӯҳҳо садои хандаи мо ба такрор танинандоз мешуд ва аз деворҳои кӯҳ овозамон ба худамон бозмегашт.

Саидумар Ҳусайнӣ

Дар меҳмонии шайх Абдуллоҳ. Меҳмоннавозӣ дар соҳили дарё

Пас аз андаке истироҳат мо ба роҳ баромадем ва ба сӯи шаҳри Қӯрғонтеппа равон шудем, ки он ҷо бародари Холид, афсари милитсияи роҳ зиндагӣ мекард. Мо каме назди ӯ мондем, сипас роҳи худро идома додем ба сӯи яке аз хоҷагиҳои деҳқонии калон, ки дар он шайх Абдулло Нурӣ, поягузори ҳаракати пинҳонии исломии Тоҷикистон иқомат дошт.

Шайх Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммад Шариф Ҳимматзода

Шайх Абдуллоҳи Нурӣ (Сайид Абдуллоҳи Нурӣ) марди боҳайбат,  орому бовиқор буд, чеҳрааш нуронӣ, нигоҳаш ором ва овозаш паст, вале пуртаъсир садо медод. Ҳар сухани ӯ пеш аз он ки ба гӯши ту бирасад, ба дилат ворид мешуд. Ӯ моро бо рӯйи кушода ва дилу дасти фарох пешвоз гирифт. Либоси анъанавии тоҷикии дарози бо камарбанд баста бар тан дошт  ва дар сараш тоқии сиёҳи маҳаллӣ, хоси мардуми Осиёи Марказӣ буд.

Аҳли хонадон барои мо ҷойи нишаст омода карда буданд.  Кати чӯбин болои ҷӯйи об дуруст карда шуда буд, ки оби мусаффо аз кӯҳҳои сард ҷорӣ шуда, бо садои мусиқиомез ба гӯш мерасид. Кӯдакон қад-қади ҷуй давида бозӣ мекарданд.

Меҳмонон, чун одати мардуми тоҷик, ба таври олӣ пазироӣ шуданд. Пас аз дастархони пурфайз, барои мо тарбуз оварданд, ки онро дар оби ҷӯй хунук карда буданд ва ман ҳаргиз тарбузеро болаззаттар аз он нахӯрда будам. Гӯё он бо баракати оби ҷӯй сероб шуда буд ва ширинии он бо нармии дилҳои соҳибхона омехта буд. Баъдан харбузаеро оварданд, ки онро «торпеда» меноманд, дароз ва таъмаш мисли асале буд, ки гуё бо шарбати гулҳо омехта бошад.

Офтоби тобистон мисли ҳарвақта заминро гарм мекард, вале мо на ҳароратро эҳсос мекардем, на ташнагиро. Гуфтугӯ дар зери сояи дарахтони баланд сурат мегирифт, ки бар рӯйи болиштҳои нарм соя афканда буданд. Оби шаффофи ҷӯй  дар паҳлӯ ба сангҳо зада, овозе фораме мебароварду моро навозиш менамуд ва итминонро дар дилҳо ҷой мекард.

Ман дар дил гуфтам:
Субҳоналлоҳ! Ин пораи биҳишт аст. Агар зебоии дунё чунин бошад, пас зебоии биҳишти охират чӣ гуна хоҳад буд? Худоё, моро аз сокинони он бигардон.

Мо дар он фазои пурором чой менӯшидем, ки шайх Абдуллоҳ суҳбати худро оғоз намуд, суҳбате, ки моро аз зебоии табиат ба зебоии таҷриба ва ҳақиқати рӯҳонӣ бурд.

Суҳбати шайх Абдуллоҳ

Чойи маҳаллӣ таъмаш монанди чойи сабз буд, онро дар пиёлаҳои хурди чуқур, ки бидуни даста буданд, мерехтанд. Пиёлаҳо бо нақшу нигори миллии тоҷикон оро ёфта буданд. Тибқи анъанаи тоҷикон, чойро кам мерезанд, то меҳмон оҳиста бинӯшад ва баъд фавран боз пиёларо аз ҷой пур мекунанд.

Мо чор нафар аз Кӯлоб, аз наздики марзи Афғонистон омада будем ва баъдан бародари дигар, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ба мо ҳамроҳ шуд. Ман аввалин арабе будам, ки ба он сарзамин қадам гузошта буд ва ин нахустин мулоқоти ман бо шайх Абдуллоҳ баъди озодии ӯ аз зиндон буд  Маҳбасе, ки ду соли умрашро дар он гузаронд, танҳо барои он буд, ки дини Худоро меомӯзонд ва мардумро пинҳонӣ таълим медод.

Ман аз ӯ пурсидам:
– Шайх, чӣ тавр тавонистед дар зери фишори сахти режими коммунистӣ ҳаракате таъсис диҳед, ки ба мардум дини ислом ва забони арабӣ омӯзонад?

Шайх бо табассум нигарист ва бо садои пасту пурмаъно гуфт:
– Бо баракати мардоне, ки ба аҳди худ бо Аллоҳ вафодор монданд. Агар онҳо намебуданд, дин аз байн мерафт. Онҳо Қуръонро ба шеваи пинҳонӣ меомӯхтанд ва аз хона ба хона мегузаштанд ва мероси паёмбаронро интиқол диҳанд.

Ӯ бо ишора ба писараш гуфт, то ба пиёлаи меҳмонон боз чой бирезад, сипас идома дод:
– Ман донишро аз падарам гирифтам, ӯ бошад аз бобоям. Ӯ аз иштирокчиёни шӯриши босмачиён буд, шӯрише, ки то солҳои сиюм идома дошт ва бар зидди ҳукумати шӯравӣ сурат мегирифт. Мо на аз гуруснагӣ азият мекашидем, на аз хастагӣ, балки аз ин хавотир будем, ки номи Худо аз дилҳои фарзандонамон маҳв гардад. Аз ин рӯ, дарсҳоро пинҳон мегузарондем, мисли гавҳаре, ки онро аз чашми душман муҳофизат мекунанд.

Мо низоми «ҳуҷра»-ро истифода мебурдем. Донишҷӯён дар хонаҳои деҳқонӣ зиндагӣ мекарданд.  Гоҳе дар таҳхонаҳо ё ҳуҷраҳои пинҳонӣ мезистанд ва аҳли соҳибхона онҳоро мехӯронд ва мепӯшонд. Бо ҳамин роҳ мо шумори зиёде аз ҷавононеро тарбия кардем, ки имонашонро аз чашми нозирон пинҳон медоштанд. Тамоми деҳа барои муҳофизати онҳо муттаҳид мешуд, ки ин намунае аз ҳамбастагии иҷтимоӣ, кори ҳукуматро мушкил мекард.

Шайх каме рост нишаст ва идома дод:
– Мо бо андешаҳои исломии муосир тавассути китобҳое шинос шудем, ки донишҷӯёни тошкандӣ ба мо меоварданд. Яке аз китобҳое, ки таъсири амиқ гузошт, китоби шайх Муҳаммад Ғаззолӣ «Ин аз Ислом нест» буд. Дар он муаллиф амалҳои нодурусти баъзе аз онҳое, ки худро диндор медонанд, танқид мекард.

Ман ба ҳайрат афтодам, ки садои шайх Ғаззолӣ дар миёни деворҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳатто ба дили ҷавонони мусалмони Тоҷикистон раҳ ёфтааст ва рӯҳияи диндорӣ дар ин ҷо бедор гаштааст.

Ёд аз зиндон ва мубориза

Шайх сипас аз худ нақл кард:
– Ман ҷавон будам, муҳандисиро омӯхта будам ва дар соҳаи худ кор мекардам. Вале ҳамзамон дар миёни ҷавонон фаъол будам, аз инқилоби исломии Эрон илҳом мегирифтам. Он рӯйдод ба мо нишон дод, ки миллат метавонад золимро мағлуб кунад. Мо радиоеро, ки аз Ҷумҳурии Исломии Эрон пахш мешуд, гӯш мекардем, ҳарчанд садояш пур аз халал буд, вале сурудҳои ҳаяҷоновараш дар мо ифтихори исломиро бедор мекард.

Шамсиддин Саидов

Баъдан бародари дигар, Шамсуддин (Шамсиддин Саидов) ба мо ҳамроҳ шуд. Шамсиддин ҷавоне поку меҳрубон, ки ҳамроҳи шайх Абдуллоҳ дар зиндони Сибир нишаста буд. Ӯ нишаста, пиёлаи чойро дар даст гирифт ва бо табассум гуфт:
– Тааҷҷуб накунед, ки ман ҳамин тавр мешинам, дар зиндон мо соатҳо ҳамин гуна менишастем ва коре ҷуз «нишастан» надоштем.
Сухани «нишастан»-ро ба русӣ гуфт, ки маънояш ҳамон «дар зиндон будан» аст ва мо ҳама бо ханда посух додем.

Ман низ дар навбати худ аз Фаластин қисса кардам, аз интифозаи он солҳо, аз ҳаракати бедории мардум ва аз шайхи он Аҳмад Ясин. Мо суҳбатро бо намози мағриб ва дуои фатҳи мазлумон дар рӯи замин анҷом додем.

Ман аз назди шайх Абдуллоҳи Нурӣ бо эҳсосе, ки қалбамро пур аз ифтихор мекард, берун омадам. Худ ба худ мегуфтам: Ин аст бузургии дин, вақте ки онро дилҳои мӯъмин ва рӯҳҳои қавӣ муҳофизат мекунанд.  Дине, ки на қафасҳои зиндон онро мешикананд ва на таҳдиди золимон онро метарсонад.

Душанбе.  Ду чеҳраи пойтахт

Мо шабона ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон расидем. Ҳангоми сафар Саидумар бо табассум гуфт:
– Медонӣ, ки калимаи “Душанбе” чӣ маъно дорад? Яъне “рӯзи душанбе”, номи ҳафта аст. Дар гузашта ин ҷо маҳалли бозори деҳқонон буд, ки ҳар рӯзи душанбе ҷамъ меомаданд. Баъдан онро “Сталинобод” номиданд, аммо дар замони Хрушёв, вақте, ки мубориза бо шахспарастии Сталин оғоз ёфт, номи қадимии он барқарор шуд.

Роҳи даромад ба шаҳр  аз роҳҳои деҳот, ки сояи кӯҳҳо ва салқинии рӯдҳо онро фаро мегирифт, фарк мекард. Ин ҷо роҳро асфалт пӯшонда буд ва дар ду ҷониб сутунҳои барқ меистоданд, ки чароғҳои заифи зардобӣ медурахшиданд, гӯё нуре шармгин, ки торикиро шикастан мехоҳад, вале ба тамомӣ зураш намерасад.

Дар деҳаҳо торикии комил буд, танҳо нури моҳ ё чароғҳои дастӣ ба атроф равшанӣ мебахшиданд. Вале дар шаҳр торикӣ бо нури камранг омехта буд, чуноне, ки баъзе чизҳоро ошкор мекард, вале нуру покии деҳаро надошт.

Ду рӯйи як шаҳр

Пойтахт худро бо ду чеҳра намоён мекард. Яке чеҳраи замонавӣ, кӯчаҳои рост, чароғон, хонаҳои баландошёнаи бетонӣ, ки қатор ба қатор меистоданд, вале яксону бе зебоӣ, мисли қуттиҳои хокистарии бе рӯҳ буданд.
Дигаре чеҳраи кӯҳна, хонаҳои пасту хусусӣ, ки то ҳол ёди деҳаро дар худ нигоҳ медоштанд.

Холид, ки ҳунари масхарагарӣ дошт, бо ишора ба яке аз хонаҳои баландошёна хандида гуфт:
– Ин хонаҳо мисли “казарма”-анд! Аввал мардум намехостанд дар чунин хонаҳо зиндагӣ кунанд, барои он ки ҳоҷатхона дар дохили хона буд!
Мо ҳама хандидем ва воқеан сухани ӯ беҳтарин тавсифи он манзилҳо буд.

Мо аз хастагии роҳ зуд хоб рафтем. Вақте саҳар шуд, фарқи байни деҳа ва шаҳр бештар эҳсос мешуд.

Дар деҳа, субҳ моро на овози автобус, балки фиғони хурӯс ва бӯи нони гарм бедор мекард. Дар шаҳр бошад, моро садои чанд автобуси кӯҳна бедор кард, ки оромии кӯчаҳои қариб холиро мешикастанд ва коргаронро ба сӯи рӯзи якранги кор мебурданд.

Ҳавои Душанбе бо дуди корхонаҳо ва бӯи дизелӣ омехта буд. На он тозагии кӯҳҳоро дошт ва на он накҳати сабзи деҳаро. Субҳи шаҳр таъму чеҳраи дигар дошт ва талхтару сангинтар буд.

Душанбе.  Байни ду ҷаҳон

Гарчи Душанбе пойтахт буд, ман эҳсос мекардам, ки рӯҳи деҳаро ҳанӯз пурра аз худ дур накардааст. Дар чеҳраҳои одамоне, ки ба шитоб мегузаштанд, ман ин дуҷаҳонӣ буданро мехондам. Дар чашмонашон покии кӯҳу рӯд, вале дар пешонияшон осори хастагӣ аз корҳои сахти шаҳр ҳувайдо буд.

Он ҷо ман фаҳмидам, ки ин кишвар гӯё бар пули байни ду олам, байни сахтгирии шаҳр бо деворҳои бетонии сарду ҷонгудозаш ва рӯҳи деҳа, ки ҳанӯз дар дилҳои мардум зинда аст, қарор дорад.

Ҳамин гуна, ки сафари мо аз як хоначаи гилии деҳа оғоз ёфта, ба қуллаҳои кӯҳ расида, бо сӯҳбати шайхе анҷом ёфт, ки умед ва имонро дар дилҳо ҷой мекард, Душанбе низ чеҳраи дигареро нишон дод. Пойтахти кишваре, ки ба сӯи замонавият мешитобад, вале қалбаш ҳанӯз бо набзи деҳа мезанад.

Он вақт ман дарёфтам, ки сафари мо танҳо ҳаракат аз як макон ба макони дигар набуд, балки гузариш аз як ҷаҳон ба ҷаҳони дигар буд. Аз хонаи гилӣ ба кӯҳи ҳаётбахш, аз шайхи умедофар ба шаҳр, ки дар худ муборизаи гузашта ва ҳозираро ҳамзамон эҳсос мекунад.

Хуҷраҳои дарсӣ. Корхонаҳои мардофар

Субҳи дигар ман ба хонаи Саидумар даромадам. Бо вуҷуди соддагиаш, хона бисёр тозаву зебо тартиб дода шуда буд. Деворҳо бо оҳаки сафед рангубор шуда буданд, фарш аз тахтаҳои чӯбин иборат буд ва болояш бо гилемҳои пашмини гарму нарм пӯшида шуда буд. Дар кунҷи хона як мизча бо асбобҳои чой ва зарфҳои сафоли маҳаллӣ гузошта буданд. Дар миёнаи утоқ суфраи пасте паҳн шуда буд, ки болояш косаҳои чормағз, мавиз ва нони гарму хушбӯю тозапухта гузошта буданд, ки бӯяш ҳуҷраро пур мекард.

Дар хона на курсӣ дида мешуду на диван, танҳо гилемҳо, мисли анъанаи тоҷикон. Дар атрофи хона боғи хурде буд, ки дарахтонаш пурбор ва гӯё ҳар як шохааш зиндагиро нафас мекашид.

Саидумар ҳангоми рехтани чой бо табассум гуфт:
– Имрӯз ту бо чашмони худ хоҳӣ дид он чизеро, ки дирӯз шайх Абдуллоҳ дар бораи он сухан гуфт.  Ҳуҷраҳоро хоҳӣ дид, ҳуҷраҳои таълим, ки ҷавонон дар он илм меомӯзанд.

Мо вориди утоқҳои хурд шудем. Ҳар як утоқ аз чор метр фарохтар набуд, вале дар он ҷаҳоне аз маъно ҷой дошт. Дар дохил гурӯҳҳои ҷавон ба шакли ҳалқаҳо, рӯ ба рӯи ҳам менишастанд. Ҳар кадом дафтари кӯҳнаеро дар пеш дошт ва бо овози паст матнҳоро бо талоше, ки ҳар калимаро дар ёд нигоҳ дорад, мехонд.

Дар чашмонашон шуълаи ҷиддият ва дар ҳар ҳарфи ларзонашон нишонаи ояндаи дурахшон дида мешуд. Он чӣ дар ин ҷо рух медод, танҳо таълими ибтидоӣ набуд, ин як барномаи зинда мондани тамаддун буд.

Ман ба ҳайрат афтодам, ки дар миёни онҳо ҷавоне аз Тотористон низ ҳузур дошт. Ӯ барои омӯхтани дониш аз он сарзамини дури Русия омада буд. Ман дасташро бо эҳсос фишурдам ва аз ҳузураш шод гаштам. Бо худ андешидам, ки чӣ гуна ин гӯшаи ношиноси деҳот ба паноҳгоҳи дониш ва маърифат табдил ёфтааст?

Ман фаҳмидам, ки барномаи таҳсил дар ин ҷо бо омӯзиши забони арабӣ оғоз мешавад, сипас ба омӯзиши Қуръон мегузаранд ва баъдан фиқҳи мазҳаби ҳанафиро меомӯзанд. Баъди ин марҳила, онҳо китобҳои андешаи исломии муосирро мутолиа мекунанд.

Яке аз шогирдон бо кунҷковӣ аз ман пурсид:
– Шумо аз кадом мазҳаб ҳастед?
Ман ҷавоб додам:
– Аз мазҳаби моликӣ.
Ӯ бо тааҷҷуб абрӯ бардошт:
– Оё фаластиниҳо шофеъӣ нестанд?
Ман бо табассум гуфтам:
– Аксаран бале, аммо дар миёни мо пайравони мазҳабҳои дигар низ ҳастанд. Дар шаҳри ман масҷиде ҳаст, ки аз аҳли ҳанбал аст ва баъзе оилаҳо аз решаи марокашӣ ҳастанд ва моликиянд. Аммо аз замони усмониён, дар додгоҳҳои мо ба мазҳаби ҳанафӣ ҳукм мекунанд, зеро ин мазҳаби онҳо буд.

Ҷавон бо лабханд сар ҷунбонд ва шод шуд, ки номи мазҳаби худашро дар Фаластин низ мешунавад.

Ман дар дил гуфтам, ки ин утоқҳои хурд танҳо мактабҳои саводомӯзӣ нестанд, инҳо ҳуҷайраҳои зиндаи умматанд, ки динро нигоҳ медоранд ва мардонеро месозанд, ки ҳеҷ фишору маҳдудият онҳоро намешиканад.

Бале, ин ҷо сирри эҳёи уммат ниҳон аст ва аз чунин утоқҳо, ки на давлат хабар дорад ва на мардум мебинад, мардоне парвариш меёбанд, ки дарди дин ва масъулияти умматро ба дӯш мегиранд.

Пас аз ин, мо ба хонаи бародари дигар, Абдулло, рафтем, ки дар он ҷо гурӯҳи дигари толибилмон зиндагӣ мекарданд. Саидумар, ки масъули низоми таълимии ҳаракат буд, ба гӯши ман оромона гуфт:
– Мебинӣ? Мо чунин марказҳои таълимӣ дар саросари кишвар дорем. Даҳҳо ҷавон дар чунин ҳуҷраҳо зиндагӣ мекунанд, то дини худро биомӯзанд. Бо вуҷуди фишори сахти коммунистҳо, ислом ҳанӯз поянда аст ва ҳам муҳаббати Аллоҳ дар дилҳо қавӣ мондааст.

Дар он ҷо мо бо як устод мулоқот кардем. Ӯ ором менишаст, чеҳрааш нуронӣ ва бо салобат буд. Ҳанӯз чанд ҷумла нагуфта буд, ки суханаш гӯё пардаи торики таърихро мекушод. Ӯ гуфт:
– Дар гузашта давлате бо номи “Тоҷикистон” вуҷуд надошт. Ҳамаи ин сарзаминҳо бахше аз аморати Бухоро буданд. Болораву суқути ин давлатҳоро худи шӯравиҳо сохтанд. Онҳо Бухоро ва Хиваро пора карданд, хати марзҳои нав кашиданд, пойтахтҳо сохтанд, ки мардум то он вақт намешинохтанд, то хотира ва ҳувияти мардумро аз реша кананд ва байни онҳо тухми ихтилоф бикоранд.

Ӯ андаке сукут кард, сипас бо даст ишора намуда, гӯё дар ҳаво харитае мекашид, гуфт:
– Аҳли Бухоро ва Самарқанд аслан тоҷиканд, вале имрӯз дар дохили марзҳои Ӯзбекистон қарор доранд. Водии Фарғона, байни Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба се қисм тақсим шуд. Ин ҳама тасодуфӣ набуд, ин як сиёсат буд, ин ҷудо кардани як тане ба пораҳои ҷудогона буд.

Садои ӯ кам-кам бо андӯҳ пур мешуд, мисле, ки аз дарду захми дерин нақл мекард. Ман дарк кардам, ки ин ҷо  хати ҷуғрофияро онро тавре кашидаанд, ки ба манфиати сиёсат хизмат кунад ва ҳувияти миллатҳоро пинҳон созад.

Мо аз хонаи Абдуллоҳ берун омадем ва ба сӯи бозори марказии Душанбе рафтем. Ман чанд мева харидам, то бо худ ба Маскав барам. Дар байни издиҳоми мардум чеҳраҳоеро медидам, ки шабеҳи он ҷавононе буданд, ки дар хуҷраҳо менишастанд, мисли ҷавоне, ки аз ман пурсид “ту аз кадом мазҳаб ҳастӣ” ва дигарон, ки бо қалам дар рӯйи коғаз менавиштанд.

Дар ин ҷо, дар бозор, ҷавонон мева мефурӯхтанд, дар он ҷо, дар хуҷраҳо, ҷавонон дарс мехонданлу зикр мекарданд. Ман дарк кардам, ки зиндагӣ дар ду сатҳ, дар бозори пурғавғо ва утоқҳои орому пинҳон ҷараён дорад. Бале, маҳз дар ҳамин утоқҳои хурд миллатҳо шакл мегиранд.

Дар бозори марказии Душанбе пеш аз сафар

Пеш аз сафар мо субҳ ба бозори марказии Душанбе рафтем. Он ҷо дунёи пурҳаракате пеши чашм во шуд,  дунёе пур аз садо, рангу бӯ, гӯё худи зиндагӣ дар ҳар гӯшаи он ҷӯш мезад. Аз дур овози тоҷирон ба гӯш мерасид, ки бо шавқ мардумро ба харид фаро мехонданд. Он садоҳо бо бӯи меваҳои пухта, нони гарм ва ҳанутҳои тез меомехтанд, ки фазоро мисли шарбати пуратре хушбуй мекарданд.

Бозор монанди анбуҳи бузурге буд, ки дар он ҳар кас бо ҳирсу шодӣ машғули кори худ аст. Дар тӯли роҳравҳои васеъ кӯҳҳои меваву сабзавот рӯи ҳам чида шуда буданд. Ин ҷо тарбузҳои бузургу он ҷо харбузаҳои зард, ки мисли лаъл медурахшиданд.

Ман назди қатори харбузаҳои дароз истодам, ҳамон навъеро, ки “торпеда” меноманд. Ба онҳо ба шакли махсус танаи най печонидаанд, то бо худ бурданаш осон шавад. Бӯи ширини он маро ба ёди меҳмонии шайх Абдулло Нурӣ андохт, ки онҷо ҳам, ҳамин гуна харбуза бо меҳрубонӣ  ба мо пешкаш шуда буд.

Дар гӯшаи дигар зардолу ва олуча, чормағз ва асали кӯҳӣ. Дар қатори гӯшт бошад, садои зарбаи табар ва теша баланд буд ва ҳамин тавр бозор симфонияи махсуси худро дошт. Табарҳо бар гӯшт мезаданд ва садояшон зери гунбади баланди бинои бозор танин меандохт.

Ман аз Холид пурсидам:
– Ҳамаи ин гӯштҳо ҳалол аст?
Ӯ гуфт:
– Албатта, мо дар Осиёи Марказӣ ҳастем!
Саидумар хандид ва гуфт:
– Ҳатто вақте мардум динашонро пинҳон медоштанд, гӯшти ноҳалол намехӯрданд!

Ман бо тааҷҷуб ба чеҳраҳои мардум менигаристам. Занони тоҷик бо либосҳои анъанавии гулдӯзӣ, ки бо ҳунари дастӣ зинат дода шуда буданд, устувор меистоданду бо тоҷирон баҳсу муомила мекарданд. Ҷавонон байни роҳравҳо медавиданд ва касе сабад мебурду дигаре аробаи хурдеро, ки пур аз бор буд, мекашид.

Рӯй ба бозгашт

Мо аввал ба гӯшае рафтем, ки он ҷо сандуқҳои чӯбине мефурӯхтанд, ки махсус барои бо худ бурдани мева дар сафар буд. Якеро харидем ва сипас ба қатори мевафурӯшон гузаштем.

Дар миён манзарае дидем, ки нафаси ҳар касро аз хушбӯӣ мегирифт. Ин нони гарм буд, ки дар қаторҳо рӯи суфраҳои сафед гузошта буданд. Фурӯшанда марди миёнасоле буд. Ӯ рӯ ба ман кард ва пурсид:
– Сандуқро барои куҷо мегирӣ, бародар?
– Ба Маскав, – гуфтам ман.
Ӯ нони гармро бардошт, табассум кард ва гуфт:
– Ин ҳамсафари мусофирон аст. Мо ҳамеша нонро бо худ мегирем. Бигир, то дар роҳ ҳамроҳи ту бошад.

Холид, ки боз ҳам шӯхӣ кардан мехост, хандид ва гуфт:
– Мо ҳатман бармегардем — Маскавро бе нон намегузорем!
Ҳама бо ҳам хандидем.

Ҳар қадар, ки мо ба пеш мерафтем, бештар меваҳои нав ва ба ман ношиносро медидам. Аз нок танҳо якчанд навъ дидам, ҳар кадом бо шакл ва таъми алоҳидаи худ. Мо як сандуқ пур аз мева харидем. Холид онҳоро бо дақиқии хос мегузошт, меваҳои сахту вазнинро поён, мулоим ва нозукро болояш, чунон ки гӯё як ҳунарманди корозмуда бошад.

Лаҳзаи охирини бозор

Дар охири бозор мо чойхонаи бузургеро таҳти осмони кушод, ки одамон дар он менишастанду чой менӯшиданд, дидем. Катҳои паҳн бо гилемҳо пӯшида шуда буданд ва боз миёнашон мизҳои пояш кутоҳ гуҳоҳта шуда буд. Одамон гурӯҳ-гурӯҳ менишастанд, чой менӯшиданду кулчаҳои гӯштии тоҷикӣ, самбуса мехӯрданд.

Мо ҳам андаке нишастем, чойи хушбӯй нӯшидем. Ҳангоме, ки буи чой фазоро пур мекард, ёдҳои сафари кӯҳистони Кӯлоб дар диламон зинда мешуд.

Ман аз бозор берун омадам ва дастҳоям пур аз меваҳои Тоҷикистон буд, вале дилам пуртар аз ин неъматҳо буд. Он чӣ бо худ мебурдам, танҳо мева набуд, ёдҳои покии мардум, табассумҳои пурмеҳр, самимият ва рӯҳи як сарзамини ором буд.

Поёни сафар ва оғози фоҷиа

Ҳеҷ кас он рӯзҳо тасаввур намекард, ки ҳамин оромиву шодмонӣ баъди ду сол ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ табдил меёбад, ҷанге, ки ҳама чизро месӯзонад, ҳамаеро, ки ман дар ин сафар дида будам, пароканда мекунад ва аз чеҳраҳо он табассум ва шӯхиро мешӯяд.

Мо намедонистем, ки фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дарҳои фитнаеро мекушояд, ки сулҳу оромиро ба коми оташ мебарад.

Аммо ин дигар қиссаест ҷудо, қиссаи дидори дуввум бо Тоҷикистон, дар замоне ки он кишвар дар миёни тӯфони хун ва оташ қарор дошт.

Тарҷумаи Шавкати Муҳаммад

Манбаъ: islamnews


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *