«Нархи сӯзишвории ҳавопаймо дар Тоҷикистон гаронтарин дар ҷаҳон»

Ба дигарон фиристед

Дар рӯзҳои охир Сафири Туркия дар Тоҷикистон, Умут Аҷар (Umut Acar), дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоӣ ду маротиба масъалаи гарон будани сӯзишвории авиатсионӣ дар Душанбе ва таъсири он ба нархи билетҳои ҳавопаймоиро матраҳ кард. Ба гуфтаи ӯ, ширкати Turkish Airlines маҷбур аст дар фурудгоҳи Душанбе як тонна сӯзишвориро бо нархи 1780 доллар бихарад, дар ҳоле ки ширкати тоҷикистонии Somon Air дар Истанбул ҳамон миқдорро ҳамагӣ бо 930 доллар мегирад. Дипломат таъкид намуд, ки маҳз ҳамин гаронии сунъии сӯзишворӣ сабаби боло будани арзиши билетҳо ба Тоҷикистон мебошад. Мақомоти тоҷик то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд, дар ҳоле ки ширкатҳои таъминоти сӯзишворӣ мегӯянд, нарх баланд аст, зеро сӯзишворӣ комилан воридотӣ мебошад.

Ин баҳс дар шароите ба миён омадааст, ки тибқи иттилооти бозории байналмилалӣ, арзиши миёнаи як тонна сӯзишвории Jet A-1 дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя тақрибан $680 аст, яъне зиёда аз ду баробар пасттар аз рақамҳое, ки сафир зикр кардааст.

Ин тафовут суоли ҷиддиро ба миён меорад, ки чаро нархи воқеии пешниҳодшуда ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ин қадар баланд боқӣ мемонад ва кадом сохторҳои сиёсӣ ё иқтисодӣ аз чунин низоми ғайришаффоф манфиат мебаранд?

Бояд гуфт, изҳороти Сафири Туркия дар Тоҷикистон дар бораи гаронтарин дар ҷаҳон будани нархи сӯзишвории авиатсионӣ дар фурудгоҳи Душанбе масъалаи муҳим ва бисёрҷанбаро рӯшан сохт.  То имрӯз ҳарчанд даҳҳо маротиба, муҳоҷирони кории тоҷик ва сайёҳони Тоҷикистон маротибаҳои бешумор садо баланд карда буданд, вале мақомоти тоҷик дамашон набаромадааст ва ҷавобе ҳам намедиҳанд. Гуё чунин шикоятеро нашунидаанд, аниқтараш шунидаанд вале писанд намекунанд.

Вақте дипломати як кишвари муҳим ошкоро мегӯяд, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ маҷбуранд дар Душанбе ҳар тонна сӯзишвориро то 1780 доллар харидорӣ кунанд, дар ҳоле ки ҳамон миқдор дар Истанбул 930 доллар арзиш дорад, ин на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки масъалаи сиёсати давлатӣ низ мебошад. Зеро фарқияти дукаратаи нарх, бо вуҷуди он ки сӯзишворӣ ба Тоҷикистон пурра аз хориҷ ворид мешавад, беинсофӣ ва зулм ба мизоҷ ва болотар аз он, зарар ба иқтисодиёти миллӣ аст. Аз ин танҳо як гурӯҳи маҳдуд фоидаи ҳангуфт мебинанду халос. Гузашта аз ин, ба ингуна бесарусомонӣ хомуш будани мақомот, маънои онро дорад, ки худи мақомот дар сатҳи мақомодорони дараҷаи як ба ин фасод ҳамдаст аст. Вагарна, кайҳо чораандешӣ сурат мегирифт ва Сафири Туркия низ кайҳо ба ин масъалаи бардоштааш ҷавоб мегирифт.

Инҷо дониста мешавад, ки масъалаи нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки бозори таъминоти сӯзишвории авиатсионӣ дар дасти як ширкати монополисти атрофи роҳбарияти кишвар аст, ки моликонаш барои ҷомеа ва ҳатто барои бозори байналмилалӣ номаълуманд.  Агар чунин намебуд, ҳаргиз касе ба чунин беинсофӣ ҷуръат намекард ва бо боварии комил ба беҷазо мондан зулми худ ба ҷомеаро давом намедод. Ин гуна сохтори монополистӣ, ки аз шаффофият дур аст, ба атрофиёни режим имкон медиҳад, ки манбаи калони даромади ғайрирасмиро нигоҳ доранд. Аз дидгоҳи иқтисоди сиёсӣ, ин ҳолат намунаи равшани иқтисоди имтиёзӣ ( rentier economy) мебошад, ки дар он фоида на аз рақобат ва самаранокии иқтисодӣ, балки аз дастрасӣ ба захира ва иҷозатномаҳои давлатӣ ба таври истисноӣ ба даст оварда мешавад. Чунин имтиёзро шахсони бегона ба режим дошта наметавонанд.

Барои чунин нафарон ҳатто обрӯю эътибори кишвар баробари донаи арзан арзише надорад. Бубинед, сафири Туркия ду бор пайиҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи нархи гаронро матраҳ кард. Ин рафтори ғайриоддӣ барои як дипломати хориҷӣ баёнгари он аст, ки масъала ба сатҳи муносибатҳои дуҷониба таъсир расонидааст. Вақте нархи билетҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе нисбат ба кишварҳои ҳамсоя гаронтарин боқӣ мемонад, на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ширкатҳои хориҷӣ низ хисорот мебинанд. Маҳдуд шудани рақобат ва шароити сунъии гаронфурӯшӣ боис мегардад, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ боз ҳам ба инзиво равад ва ҳамгироии минтақавӣ заиф шавад.

Фарқият дар нархи сӯзишворӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан дар байни Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон, хеле ҳассос аст. Мувофиқи маълумоти сомонаи махсуси санҷиши нархи Jet A‑1, ки дар санаи 22 августи 2025 навсозӣ шудааст, арзиши як тоннаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон тамоман якхела, $682,6, ё $86,4 барои як баррел, баробар ба $0,547 барои як литр мебошад.

Ин маълумот нишон медиҳад, ки арзиши бозории мубодилаи сӯзишвории авиатсионӣ дар минтақа яке аст ва рақамҳои эълоншуда аз тарафи Сафири Туркия ($1 780 барои тонна) аз ин арзиш беш аз ду баробар баланд аст.

Маълумоти бозории байналмилалӣ нишон медиҳад, ки арзиши миёнаи як тонна сӯзишвории Jet A-1 дар Душанбе тақрибан 680 доллар аст, ки хеле камтар аз рақами эълонкардаи сафири Туркия мебошад. Ин ихтилоф нишон медиҳад, ки дар байни арзиши бозории сӯзишворӣ ва нархи воқеии пешниҳодшаванда ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ шояд номгӯе аз хароҷотҳои сунъӣ мавҷуд аст. Инҳо метавонад аз андозҳои номатлуб, хироҷҳои фурудгоҳӣ, нақлиётӣ ва хизматрасонии сохта иборат бошанд, ки дар асл воситаи ҷамъоварии даромад барои гурӯҳҳои манфиатдор ба ҳисоб меравад.

Чунин тарзи муносибат нишон медиҳад, ки ҳукумат аз манфиати иҷтимоии шаҳрвандон ва рушди иқтисоди миллӣ дур шуда, бештар ба манфиатҳои гурӯҳҳои наздик ба қудрат такя мекунад. Гаронии билети ҳавопаймо на танҳо мушкили молиявӣ барои муҳоҷирони тоҷик ва донишҷӯёну сайёҳони кишвар аст, балки имконоти кишварро дар бахши сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ сахт маҳдуд месозад. Ҳукумат ба ҷойи ислоҳи сохтор ва ҷорӣ кардани рақобати воқеӣ дар бозори таъминоти сӯзишворӣ, то имрӯз хомӯшӣ ихтиёр кардааст, ки ин худ нишонаи вобастагии он ба манфиатҳои гурӯҳӣ мебошад.

Тоҷикистон бо чунин сиёсат худро дар ҳалқаи “иқтисоди баста” қарор дода, ки дар он нархҳо аз қонунҳои бозорӣ пайравӣ намекунанд, балки аз иродаи сиёсӣ ва манфиатҳои шахсӣ вобастаанд. Дар чунин шароит, ҳар гуна талоши кишварҳои хориҷӣ барои коҳиши нархи билетҳо ё рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ба девори монополия ва фасод бармехӯрад. Ҳатто агар Туркия ё дигар кишварҳо омода бошанд, ки парвозҳоро афзоиш диҳанд, нархи сунъии сӯзишворӣ ҳар иқдоми онҳоро хунсо мекунад.

Ҳаминтавр, масъалаи гаронии сӯзишвории авиатсионӣ дар Тоҷикистон танҳо мушкили иқтисодӣ нест, балки нишонаи равшани сохтори ношаффоф ва фасодзадаи иқтисодии кишвар аст. То замоне, ки бозор аз дасти монополия ва гурӯҳҳои наздик ба қудрат озод нашавад, на нархи билетҳо поин меравад ва на имкони ҳамгироии иқтисодии Тоҷикистон бо ҷаҳон фароҳам мешавад. Ин масъала бояд аз сатҳи баҳси дипломатӣ ба сатҳи мубоҳисаи ҷиддии дохилӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бардошта шавад, зеро он на танҳо ба манфиати ширкатҳои ҳавопаймоӣ, балки ба манфиати умумии миллат рабт дорад. Ақалан бо хештегҳо бо талаби арзон кардани нархи билети ҳавопаймоӣ бо иштироки истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоъӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ флешмобҳо бояд ташкил шавад. Вагарна, ин ҳоли хомушии мову мурдаҳои садсола яксон аст.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *