Ҷанги нарми Русия алайҳи кишварҳои муҳоҷирфирист

Ба дигарон фиристед

Дар пайи тадбирҳои нави мақомоти Русия, ки шароити кору зиндагии муҳоҷиронро маҳдудтар мекунанд, ҳукумати Санкт-Петербург тасмим гирифт, ки ронандагони таксӣ аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ дигар фаъолият карда натавонанд.

Бино ба иттилои расмии дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, рӯзи 29-уми июл шаҳрдор Александр Беглов қарореро имзо кардааст, ки аз даҳ рӯзи баъди нашр амал мекунад. Ҳуҷҷат пешбинӣ мекунад, ки то охири соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки бо иҷозатномаи кор (патент) фаъолият мекунанд, ҳаққи идомаи кори таксирониро надоранд.

Қарор на танҳо ба онҳое дахл дорад, ки бо мошини шахсӣ кор мекарданд, балки ронандагоне низ, ки бо нақлиёти иҷора ба мусофиркашӣ машғул буданд, фаро мегирад.

Мақомоти шаҳр сабаби чунин маҳдудиятро «баланд бурдани сатҳи амният ва беҳтар кардани сифати хадамоти таксӣ, инчунин афзалият додан ба ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони Русия» номидаанд.

Ширкатҳои таксӣ, ки то имрӯз муҳоҷирони кориро ба ҳайси ронанда истифода мебурданд, се моҳи оянда муҳлат доранд, то кадрҳои хориҷиро аз кор озод намуда, кормандони нави маҳаллӣ ҷалб намоянд.

Ингуна тасмим бори аввал набуда, дар шароити имрӯза, ҳоло дар зиёда аз 10 субъекти Федератсияи Русия маҳдудиятҳо мавриди амал қарор гирифтаанд, ки муҳоҷирони корӣ, бахусус онҳоеро, ки бо патент кор мекунанд, аз фаъолияти ронандаи таксӣ маҳрум месозанд:

Дар Новгород ва Новосибирск соли 2024 ба муҳоҷирони корӣ иҷозаи такси ронданро надоданд. Дар Тотористон бошад,  санаи 29 январи 2025 маҳдудиятро то охири соли 2025 рӯи даҳ бахш, аз ҷумла хизматрасонии таксӣ, ҷорӣ шуд. Дар Курган, Магадан, Тюмен ва Челябинск низ маҳдудиятҳоро ҷорӣ сохтаанд, ки дар баъзе ҳолатҳо метавонад муҳлаташон тамдид шавад. Ҳамчунин дар Красноярск, Нижегородск, Саратов, Уляновск, Калининград, Самара, Тулск, Калужск ва ҳатто Якутия низ барои муҳоҷирони корӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ кардаанд.

Ҳамин тавр, маҳдудиятҳое, ки муҳоҷиронро аз фаъолият дар бахши таксӣ маҳрум мекунанд, ҳоло дар ҳадди ақал даҳҳо субъектҳои Русия ҷорӣ шудааст ва дар дигар минтақаҳо низ, дар саросари ин кишвар фаъолона мавриди пешниҳоду иҷро қарор мегиранд.

Ин ҳама намунаи равшан аз идома ёфтани сиёсати маҳдудсозӣ ва табъизи мақомот нисбат ба муҳоҷирони корӣ дар Русия аст, ки зоҳиран бо далелҳои “амният”, “сифат” ва “имконоти иловагӣ барои шаҳрвандони Русия” муаррифӣ мешавад, аммо дар асл реша дар тафаккури табъизӣ, нозӣ ва ҳам сиёсати табақабандии иҷтимоӣ дорад. Қарори шаҳрдори Санкт-Петербург, ки муҳоҷиронро то охири соли 2025 аз ҳуқуқи машғул шудан ба касби таксиронӣ маҳрум мекунад, дар зоҳир як иқдоми маъмурӣ ба назар мерасад, вале дурусттар аҳамият диҳӣ дониста мешавад, ки чунин тасмимот на танҳо мушкилоти мавҷударо ҳал намекунад, балки онҳоро амиқтар мекунад.

Далели асосии мақомот, “беҳтар шудани амният ва сифати хизматрасонӣ дар соҳаи таксӣ бо хориҷ кардани муҳоҷирон” аз лиҳози таҷрибаҳои ҷаҳонӣ асоси воқеӣ надорад. Дар аксар кишварҳои аврупоӣ ва ҳатто Амрико, бахши назарраси ронандагони таксӣ ва хадамоти шабеҳро муҳоҷирон ташкил медиҳанд, вале сатҳи амниятро на бо маҳдуд кардани онҳо, балки бо механизмҳои назоратӣ, стандартҳои касбӣ ва технологияҳои муосир таъмин мекунанд. Аз ин рӯ, маҳрум сохтани як қишри муайяни ҷомеа танҳо бо нишони миллияти онҳо аз ҳаққи кор ин сиёсати дурусти идораи касбӣ набуда, балки як иқдоми маъмулан дискриминатсионӣ ба шумор меравад.

Дар ин тасмимот ошкоро “тавсиаи нозгароӣ” ба назар мерасад ва муҳоҷирон ҳамчун сабаби мушкилот муаррифӣ шуда, бо роҳи маҳдудияти ҳуқуқи корӣ барои онҳо “имкониятҳои иловагӣ барои шаҳрвандони худӣ” фароҳам кардан мехоҳанд. Дар асл бошад, талаботи бозорҳои меҳнатӣ нишон медиҳанд, ки чунин маҳдудиятҳо ба ҳалли мушкилоти иқтисодии аҳолии маҳаллӣ кумак намекунанд. Баръакс, он боиси кам шудани рақобат, болоравии нархи хизматрасонӣ ва коҳиши сатҳи самаранокии иқтисодӣ мегардад. Дар мисоли худи маълумотҳои расонаишуда дар ин бора низ зикр шудааст, ки ширкатҳои хидматрасонӣ огоҳ карда будаанд, ки чунин иқдом ба болоравии нархи таксӣ аз 10 то 50 дарсад ва сабаби тӯлонитар шудани вақти интизории мусофирон мегардад. Ин пешгӯӣ худ далели ноком будани сиёсате аст, ки ба ҷои такмил додани низоми назорат ва сифати хизмат, роҳи маҳдудкунии гурӯҳҳои осебпазирро интихоб мекунад.

Таҷрибаи Челябинск, ки аз соли 2019 муҳоҷиронро аз соҳаи таксӣ дур кардааст, нишон медиҳад, ки чунин иқдомҳо ягон таъсири мусбати устувор надоштаанд. Дар ҳоле ки муҳоҷиронро берун карданд, мушкилоти соҳа, ба мисли камбуди ронандагони касбӣ, болоравии нархҳо ва ноустувории хизматрасонӣ  боқӣ монданд. Ин намунаи мушаххас гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати маҳрумсозӣ ба ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ мусоидат намекунад, балки танҳо як воситаи осон барои ҷалби ҳиссиёти миллатгароёнаи қишрҳои муайян истифода мешавад.

Аз дидгоҳи ҳуқуқи инсон, чунин қарор бо меъёрҳои байналмилалии мубориза бо табъиз мухолифат дорад. Маҳрум кардани гурӯҳи муайян аз ҳуқуқи иқтисодӣ танҳо бар асоси шаҳрвандӣ ё мансубияти миллӣ, як шакли равшани дискриминатсия мебошад, ки Конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ онро манъ мекунанд. Дар қонунҳои байналмилалӣ талаб мешавад, ки ҳар як маҳдудияти ҳуқуқи меҳнатӣ асоси воқеӣ ва умумиҷаҳонӣ дошта бошад, на ангезаи этникӣ.

Дар маҷмӯъ, ин гуна иқдомҳо аз як сӯ наметавонанд бо далелҳои қонунӣ ҳимоя шаванд ва аз сӯи дигар, хатарҳои иҷтимоиро бештар мекунанд ва онҳо муҳоҷиронро ба зинаи дувуми иҷтимоӣ мекашанд, муҳити адоват ва низоъро зиёд менамоянд ва дар сатҳи амиқтар, ба иқтисоди шаҳр ва робитаҳои байни миллатҳо осеб мерасонанд. Ба ҷои он ки муҳоҷирон ҳамчун унсури қавӣ ва зарурии иқтисоди Русия пазируфта шаванд, чунин сиёсати маҳрумсозӣ ба таҳкими як тасаввури нодуруст хизмат мекунад, ки муҳоҷир на як манбаи кору хизматрасонии арзишманд, балки як мушкил аст. Ин гуна муносибат ба ҷойи ҳамгироӣ, ба сиёсати ҷудосозӣ ва ихтилофоти иҷтимоӣ роҳ мекушояд.

Ин қарори охир, ки дар Санкт-Петербург шуд, мисли як силсила қарорҳои солҳои охир дар Русия, на танҳо хусусияти маҳдудкунанда, балки табъизкунанда дорад ва беш аз он ки ба манфиати ҷомеа бошад, ба манфиати ҳифзи як тасаввури сиёсӣ дар бораи “бартарии шаҳрвандони худӣ” хизмат мекунад. Бо ин ҳол мақомоти Русия ба мардуми таҳҷоӣ нишон додан мехоҳанд, ки бартарияти онҳо аз дигар миллатҳо таъмин аст ва давлат дар ғами ҷони онҳост. Вале, агар натиҷаи чунин иқдомҳоро бубинем, баракс ба ҷони мардум ҷабр шудааст. Онҳоро дар кучаву хиёбонҳо, хусусан дар фасли сармои зимистон сарсону саргардон мекунад. Аз ҷониби дигар нигарем, ин як сиёсати тела додани муҳоҷирони таби дили Русия, ба мисли муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба гирифтани шаҳрвандии Русия мебошад. Чун ин иқдом дар сиёсати на чандон дур ба манфиати Русия мебошад ва ба амалӣ шудани ғаразҳои кишваркушоёнаи Русия мусоидат мекунад. Ҳамчунин ҷойи холишуда ва кризиси демографӣ дар Русия ҷуброн мешавад. Жарфтар нигарем, ҳатто сахтгирии Русия дар масоили будубош низ бастагӣ ба ҳамин масоили кишваркушоияш дорад. Бо ин сахтгирӣ Русия чӣ мехоҳад?

  1. Пеш аз ҳама кӯшиш мекунад, муҳоҷирони сусту нотавон ва саводи кофии ба талаботи замони ҳозир ҷавобгуй надоштаро ба ватани худашон бо ҳар баҳонае гуселонад.
  2. Аз ҳисоби муҳоҷирони ҷаҳонбинияшон ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мехоҳад ҳам масоили демографиро ҳал кунад ва ҳам дарди сарашро кам кунад.
  3. Бо аз худ кардани қишри босаводи муҳоҷирон кишварҳои муҳоҷирфиристро дар ҳоли тангдастию бечорагӣ ва дастнигари Русия будан нигоҳ дорад ва бо ин васила барои оянда пеши роҳи кишваркушоияшро бидуни ҳеҷ масрафи ҷангӣ кушояд.

Далели рушан шароити имрӯзаи Тоҷикистон аст. Дар дилхоҳ муассисаву корхонаҳои Тоҷикистон агар ба оморҳо аҳамият диҳем, коргару мутахассис намерасад, ҳама ин мутахассисон фавҷ-фавҷ Тоҷикистонро тарк гуфтаанд. Дар аксари муассисаҳои таълимӣ ва беморхонаҳо коргар намерасад. Ҳама ба муҳоҷират рафтаанд. Аммо, дар Тоҷикистон сагро тела диҳӣ болои коргари бекасб, мактабро базур хатмкарда меафтад. Ҳоло, аз ҷиҳати сиёсӣ-иқтисодӣ ба ин масъала нигарем, Тоҷикистон бо ду дасти адаб, бо сарфи миллионҳо доллар соҳибкасб омода мекунад, вале вақте ин соҳибкасбонро ба сабаби сиёсати ғалат соҳибӣ карда наметавонад, инҳо Тоҷикистонро тарк мекунанд ва насиби Тоҷикистон танҳо нафарони бекасб ва бештар дарди сар эҷодкун мемонанд. Давомёбии ин ҳолат, сабаби нобудии давлат ва таслимшавӣ ба таҳоҷум ва ҷанги нарм аст.   

Шавкати Муҳаммад


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *