Султонзода: Шиканҷа дар Тоҷикистон як падидаи системавӣ ва решадор аст

Ба дигарон фиристед

Дар Конфронси байналмилалии Демократия ва арзишҳои инсонии САҲА, ки бо ҳузури намояндагони созмонҳои ҳуқуқи инсон ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар Варшава мегузарад, Салим Султонзода, сухангӯи ПМТ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки мушкили шиканҷа дар Тоҷикистон хусусияти тасодуфӣ надорад, балки як падидаи системавӣ ва решадор дар сохтори давлатӣ мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, шиканҷа тамоми низоми амниятӣ ва судиро фаро гирифтааст:

«Сарфи назар аз тағйироти зоҳирӣ дар қонунгузорӣ, беҷазоӣ ва набуди адолати мустақил боис шудааст, ки шиканҷа ба як абзори фишор ва тарсондани мардум табдил ёбад».

Султонзода мисоле аз таҷрибаи шахсии худ овард. Тибқи ёдоварияш соли 2015 ӯ бо иттиҳоми бардурӯғ боздошт ва ба 10 шабонарӯз ҳабс маҳкум шудааст. Вақте ки хоҳони бозбинӣ шудани парванда гардид, ӯро бо гуруснагӣ ҷазо доданд:

«Бо амри сардори милиса дар як шабонарӯз танҳо як пиёла об ва як порчаи нони 25 граммӣ ба ман медоданд».

Ӯ бо ишора ба рӯйдодҳои соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, ки он ҳодисаҳо нишонаи возеҳи истифодаи васеи шиканҷа ва зӯроварӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ буданд. Ба гуфтаи ӯ, даҳҳо нафар боздоштшудагон мавриди латукӯб, фишори равонӣ ва маҷбурсозии эътирофҳои бардурӯғ қарор гирифтанд. Султонзода ҳамчунин аз марги панҷ зиндонии зодаи ВМКБ ва сиёсатмадори ҲНИТ Зубайдулло Розиқ дар соли 2025 ёдовар шуд. Ӯ гуфт, ки ҷасади онҳо бо нишонаҳои шиканҷа ба хешовандон супорида шуд, аммо мақомоти давлатӣ сабаби маргро “бемории қалбӣ” эълон карданд. Ба гуфтаи ӯ, мушкил на дар шахсони алоҳида, балки дар худи системае нуҳуфтааст, ки ҷасорати золимонро беҷазоӣ афзудааст:

«Ин низом «палач»-ҳоро муҳофизат мекунад ва ҷабрдидагонро ҷазо медиҳад. Ҳар кӣ адолат мехоҳад, ӯ ҷинояткор дониста мешавад».

Намояндаи мухолифини тоҷик аз ҷомеаи байналмилалӣ ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо даъват кард, ки ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оваранд, то таҳқиқоти мустақилона дар бораи ҳамаи ҳолатҳои шиканҷа баргузор шавад, ба нозирони байналмилалӣ иҷозаи вуруд ба зиндонҳо дода шавад ва бар зидди шахсиятҳои давлатӣ, ки дар шиканҷа ва саркӯбҳо даст доранд, санксияҳо ҷорӣ карда шаванд.

«Мо интиқом намехоҳем, мо адолат мехоҳем. Танҳо таваққуфи шиканҷа, озодии зиндониёни сиёсӣ ва иҷозаи нозирони мустақил метавонанд эътимоди мардумро ба давлат барқарор созанд», — бо ин суханон Султонзода суханрониашро ҷамъбаст намуд.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *