
Парлумони ИА барои мулоқот бо парлумони Тоҷикистон омодагӣ мебинад
Делегатсияи Парлумони Аврупо оид ба муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ (DCAS) рӯзи 4 сентябри соли 2025 дар Брюссел ҷаласаи муқаррарии худро баргузор мекунад.
Ҷаласа ба омодагӣ барои Комиссияи ҳамкории байни Парлумони Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки аз 15 то 17 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад
Дар соли ҷорӣ DCAS чандин мулоқоти омодагӣ бо дигар кишварҳои минтақа низ баргузор кардааст. Аз ҷумла, рӯзи 10 апрел ҷаласа барои Комиссияи ҳамкорӣ бо Узбекистон сурат гирифт. Рӯзи 30 январ масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳо бо Қирғизистон, Туркманистон ва Муғулистон баррасӣ шуданд. Дар моҳи октябри соли гузашта бошад, мулоқоти омодагӣ ба муколима бо Қазоқистон баргузор гардида буд.
Ҷаласаҳои мазкур як бахши фаъолияти доимии Парлумони Аврупо ба шумор мераванд, ки ҳадафашон таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Average Rating