ПАНОҲАНДАГӢ — АЗ МАҲРУМИЯТ ТО ИМКОНИЯТ

Ба дигарон фиристед

Мусоҳибаи сойти Ozodandeshon (Озодандешон) бо Фарҳод Саидов (ФС), муҳандис ва паноҳанда аз Тоҷикистон (номи ивазшуда)

Мусоҳибаи мо бо як муҳоҷири сиёсии тоҷик, як зодаи Помир, ки дар Урупо паноҳ ёфт, дар муҳите гузаронида шуд ки дар ватан зери панҷара пай дар пай панҷ зиндонии сиёсӣ аз вилояти Бадахшон бо сабабҳои номуайян вафот карданд. Мо тоза хабар дарёфтем ки панҷум зиндонии сиесии помирӣ Богшо Иматшоев дар зиндони Хуҷанд бо сабаи нарасондани ёрии тиббӣ даргузашт.

Богшо Иматшоев. 25 февраля 2025 года в Худжанской областной больнице умер. Иматшоев Богшо Давлатшоевич, 1958 года рождения. Он был приговорен в 2023 году к шести годам лишения свободы по статье 307 ч.2 УК Таджикистана («Участие в деятельности запрещенных политических партий, общественных и религиозных объединений»). О его смерти редакция Pamirinside узнала лишь 24 августа.

Озодандешон: Метавонед каме дар бораи худ бигӯед: аз куҷоед ва кай аз Тоҷикистон хориҷ шудед?

ФС: Ман аз Помир ҳастам, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Соли 2018, пас аз зиёд шудани фишорҳои сиёсӣ ва таҳдидҳо, маҷбур шудам Тоҷикистонро тарк кунам. Имрӯз ман дар кишвари Нидерланд (Голандия) зиндагӣ мекунам ва ҳамчун муҳандис дар як ширкати муштараки нидерландиву фаронсавӣ кор мекунам.

Озодандешон: Сабаби асосии тарки Ватан кардани шумо чӣ буд?

ФС: Сабаби асосӣ вазъи сиёсӣ ва таҳдид ба амнияти шахсӣ буд. Дар Бадахшон фишор ва таъқиби шаҳрвандон бештар буд, ки барои ман ҳамчун як шахси фаъол хавфи ҷиддӣ эҷод мекард. Дар муҳите, ки озодии андеша ва ҳаракат маҳдуд аст, зиндагӣ душвор ва бе умед менамуд.

Озодандешон: Раванди гирифтани паноҳандагӣ дар Аврупо барои шумо чӣ гуна буд? Оё он душвор ва печида буд?

ФС: Раванди дарёфти паноҳандагӣ, албатта, осон набуд. Бахусус оғози он, ки ҳамроҳ бо ноогоҳӣ, интизории тӯлонӣ ва фишори равонӣ мегузашт. Аммо марҳила ба марҳила, баъди собит кардани далелҳо ва гузаронидани мусоҳибаҳои расмӣ, ман тавонистам мақоми паноҳандагиро ба даст орам.

Озодандешон: Фарқ миёни қазияи талаби паноҳандагии солҳои 2018 ва 2025 чӣ гуна аст?

ФС: Фарқ хеле аён аст. Пас аз пандемияи COVID-19, ҷанги Украина, ва буҳрони Ховари Миёна, вазъи иқтисодии кишварҳои аврупоӣ заифтар шуд. Ин боис гардид, ки афкори ҷамъият тағйир ёбад ва рӯ овардани ростгароҳо ба сиёсат мушоҳида мешавад. Имрӯз дар баъзе кишварҳо муносибат бо паноҳандаҳо сахттар ва хунуктар шудааст. Бо ин вуҷуд, бояд иқрор кард, ки арзишҳои асосӣ — ҳуқуқи инсон, озодӣ ва адолат — ҳанӯз дар мадди аввал қарор доранд.

Озодандешон: Бо чӣ мушкилот дар давраи аввалини муҳоҷират рӯбарӯ шудед?

ФС: Аввалан — забон. Сониян — фарҳанги нав ва тафовутҳои иҷтимоӣ. Аммо шояд мушкилтар аз ҳама эҳсоси канда шудан аз решаҳо ва муҳити худӣ буд. Вақте ки вориди як ҷомеаи нав мешавӣ, вале ҳанӯз ҷойгоҳи худро пурра онҷо намеёбӣ — аз нигоҳи равонӣ ин хеле марҳилаи душвор аст.

Озодандешон: Оё фикр мекунед, ки ниҳодҳои аврупоӣ ба мисли хадамоти муҳоҷират ва иҷтимоӣ муносибати одилона ва инсонӣ доранд?

ФС: Дар маҷмӯъ — бале. Вале бояд фаҳмид, ки онҳо низ одаманд ва системаи худро доранд. Ҳастанд нафароне, ки меҳрубонанд ва талош мекунанд, вале ҳастанд ҳам касоне, ки муносибати хунук ва расмӣ доранд. Аммо, дар муқоиса бо таҷрибаҳои паси саршуда дар Тоҷикистон — инҳо хеле инсонӣ ва касбӣ рафтор мекунанд.

Озодандешон: Паноҳандагӣ фақат як масъалаи шахсӣ аст ё сиёсӣ ҳам ҳаст?

ФС: Барои бисёриҳо, аз ҷумла барои ман, ҳарду аст. Агар вазъи сиёсӣ дар ватан ором ва адолатманд мебуд, мо тарки он намекардем. Яъне, ҳиҷрат як паёми норозигӣ низ ҳаст.

Озодандешон: Ба фикри шумо, оё ҷомеаи ҷаҳонӣ ба андозае ки лозим аст ба қазияи гурезагон аз Осиёи Марказӣ алалхусус Тоҷикистон аҳамият медиҳад?

ФС: Мутаассифона, на. Осиёи Марказӣ гӯё як «минтақаи хомӯш» дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ мондааст. Онҷо фишор ва нақзи ҳуқуқ дар шаклҳои нозук ва пинҳонӣ рух медиҳад, ки на ҳамеша дар сархати хабарҳо меафтад.

Озодандешон: Барои тоҷикони паноҳҷӯ кадом кишварҳои аврупоӣ беҳтар муносибат мекунанд? Ва чаро?

ФС: Ман таҷрибаи Нидерландияро дорам, ки ба назари ман кишвари муназзам ва бо системаи шаффофи кор бо паноҳандагон аст. Аммо инчунин медонам, ки дар Олмон, Суэд ва Фаронса низ бархӯрди нисбатан мусоид вуҷуд дорад. Сабаб — таҷрибаи тӯлонӣ ва қонунгузории инсонмеҳвар аст.

Liberté, Egalité, Fraternité — Озодӣ, Баробарӣ, Бародарӣ, — шиори даврони инқилоб шиори расмии миллии Фаронса ва мисли як ибрат барои кишварҳои демукросӣ шуд

Озодандешон: То куҷо худро дар ҷомеаи аврупоӣ ҳамгиро ҳис мекунед?

ФС: Имрӯз ман худро то андозае якҷо бо ҷомеа ҳис мекунам. Пас аз омӯхтани забони нидерландӣ ва дохил шудан ба бозори кор, махсусан дар як ширкати муштараки нидерландиву фаронсавӣ ба ҳайси муҳандис, ман боз эҳсос кардам, ки метавон муваффақ буд — агар имконият дода шавад.

Озодандешон: То куҷо ҷомеаи маҳаллӣ ва тоҷикони дигар ба шумо кумак карданд?

ФС: Ҷомеаи маҳаллӣ, махсусан кормандони иҷтимоӣ ва омӯзгорони забон, дар оғози роҳам кӯмак карданд. Муҳоҷирони тоҷик дар Нидерланд он қадар зиёд нестанд, вале касоне ҳастанд, ки бо дили кушод дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Озодандешон: Чӣ гуна муҳоҷирон метавонанд дар муҳити нав, бе гум кардани ҳуввияти миллии худ, рушд кунанд?

ФС: Муҳим он аст, ки шахс решаҳои худро фаромӯш накунад. Забон, фарҳанг, хотира ва арзишҳоро бояд зинда нигаҳ дошт. Аммо ҳамзамон, бояд кушода бошад барои омӯзиш ва ҳамгироӣ. Ин мувозанат метавонад муҳоҷирро табдил диҳад ба як “ду-фарҳангӣ” — бо дили ватанӣ ва зеҳни ҷаҳонӣ.

Озодандешон: Ҳоло дар Аврупо ба чӣ машғулед: таҳсил, кор, фаъолиятҳои иҷтимоӣ?

ФС: Пас аз гирифтани мақоми паноҳанда ва омӯхтани забон, ман тавонистам ба соҳаи худ баргардам. Ҳоло дар як ширкати муҳандисии бузург кор мекунам ва бо ифтихор мегӯям, ки донишу таҷрибаи ман дар Тоҷикистон бенатиҷа набуд — имрӯз ман онро дар сатҳи байналмилалӣ истифода мебарам. Ин барои ман на фақат як кор — як навъ пирӯзии шахсӣ ҳам аст.

Озодандешон: Ба фикри шумо, тоҷикони дар муҳоҷират буда метавонанд барои тағйир додани вазъияти сиёсии Тоҷикистон нақш бозанд?

ФС: Бале, ҳатман. Аз берун метавон озодтар андеша кард, навишт, ташаббус роҳандозӣ намуд ва ҷомеаи дохилиро рӯҳбаланд кард. Агар ҳар тоҷике, ки дар хориҷ аст, бо виҷдон ва масъулият рафтор кунад, дар оянда метавонад барои Тоҷикистон тағйири мусбат орад.

Озодандешон: Шумо оё умед доред, ки рӯзе бозгашт ба Тоҷикистон имконпазир мешавад? Ва зери кадом шартҳо?

ФС: Ман умед дорам. Тоҷикистон ватан аст ва ман онро дӯст медорам. Вале то он даме ки фишор, сензура ва беадолатӣ идома доранд, бозгашт барои ман хатарнок аст. Агар фазо тағйир ёбад ва ҳуқуқи инсон эҳтиром гардад — шояд рӯзе баргардам.

Озодандешон: Шумо ба ҷавонони дигаре, ки дар фикри фирор аз кишвар ҳастанд, чӣ маслиҳат медиҳед?

ФС: Тарки ватан ҳамеша кори осон нест, муҳоҷират маънои дур шудан аз ватану оила аст, ки душвориҳои зиёд дорад. Аммо агар дар кишвар ҳаққу озодиҳое, ки ҳам аз ҷиҳати динӣ ва ҳам конститутсионӣ риоя нашавад, маҷбур мешавем, ки онро тарк кунем. Вале як чизи хеле муҳим вуҷуд дорад: мо наметавонем ҳамеша танҳо кишварро тарк кунем. Барои он ки вазъ беҳтар шавад, бояд системаро иваз кард, ҳуқуқ ва озодиҳоро талаб намуд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд қавӣ шавад ва пояҳои онро таҳким бахшад, то ки мо як кишвари пешқадам, демократӣ ва бо фазои озод дошта бошем.

Озодандешон: Паноҳандагӣ – имконият аст ё маҳрумият?

ФС: Паноҳандагӣ на ҳамеша манфист, балки роҳест барои оғоз аз нав. Гарчанде, ки шумо маҳрум мешавед аз ватан ва зиндагии пешин, агар сабр ва ирода дошта бошед, ин роҳ метавонад имкониятҳои навро пешорӯятон боз кунад. Муҳим аст, ки худатонро созед ва барои зиндагии беҳтар талош кунед.

Озодандешон: Сипос аз сӯҳбати ҷолиб. Умедворем дар оянда низ дар мавзӯъҳои мухталиф назари шуморо Фарҳоди азиз хоҳем гирифт.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *