Талаби 8 созмон: Қатъи саркӯби помириҳо ва ҳимоят аз шикояти ҲНИТ дар Гаага

Ба дигарон фиристед

Ҳашт созмони бонуфузи байналмилалӣ хостори ҳамкории кишварҳои узви СММ дар расидагии Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ ба шикояти ҲНИТ алайҳи ҳукумати Тоҷикистон шуданд. Ҳамчунин, аз идомаи саркӯби густурда ва системавӣ дар Тоҷикистон, алалхусус мардуми бумии Помир шадидан изҳори нигаронӣ карданд.

Ин Изҳорот санаи 4 август дар пойгоҳи расмии CIVICUS нашр шудааст.

Ба гуфтаи онҳо, саркӯби мардуми Помир аз соли 2022, баъди пахши хунини эътирозҳои осоиштаи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби ҳукумат, ба сатҳи бесобиқа расидааст. Дар ин изҳорот маргҳои бетафсири ҳадди ақал чор фаъоли помирӣ, Кулмамад Паллаев (50-сола) дар январ 2025, Аслан Ғулобов (35-сола) дар июн 2025, Музаффар Давлатмиров (61-сола) дар июн 2025 ва Эроншо Мамадраҳимов (39-сола) дар июл 2025, ки дар зиндон даргузаштанд, шадидан маҳкум шудааст. Ҳамаи онҳо аз кумаки зарурии тиббӣ маҳрум монда, ин беамалӣ боиси маргашон гардидааст. Тибқи изҳорот нозирони ҳуқуқи инсон борҳо ҳушдор додаанд, ки шароити сангини боздоштгоҳҳо, маҳдудияти дастрасӣ ба табобат ва марг дар ҳабс дар Тоҷикистон мушкилоти доимӣ мебошанд.

Ин изҳоротро, ки ҳадафаш бозтоби дақиқи вазъи ҷорӣ ва даъват ба амал барои хотимаи нақзи ҳуқуқи инсон аст, як қатор созмонҳои маъруфи байналмилалӣ, аз ҷумла Anti-Discrimination Centre Memorial Brussels, CIVICUS, International Communities Organisation, International Federation for Human Rights (FIDH) дар чорчӯби Барномаи муштараки Нозирият оид ба ҳифзи ҳомонони ҳуқуқ, International Partnership for Human Rights, Ligue burndaise des droits de l’homme “Iteka”, Vuka! Coalition for Civic Engagement ва World Organisation Against Torture (OMCT) дар чорчӯби ҳамон барнома имзо кардаанд.

Муаллифон навиштаанд, ки помириҳо, ки камтар аз се дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, асосан дар шарқи Тоҷикистон, дар қаламрави ВМКБ зиндагӣ мекунанд. Пас аз эътирозҳои осоишта дар моҳи ноябри 2021, ки дар посух ба як куштор аз ҷониби мақомоти интизомӣ баргузор шуданд, ҳукумат фишори шадидро оғоз намуд. Дар моҳи майи соли 2022, баъди эътирозҳои нав, мақомот тақрибан 40 нафар помириро кушта, 205 фаъоли дигарро худсарона боздошт карданд. Ба иттилои изҳорот, беш аз 20 фаъоли помирӣ аз Русия иҷборан ба Тоҷикистон истирдод ва ба ҳукмҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд. Қатъи дастрасӣ ба интернет дар ВМКБ беш аз сад рӯз давом кард. Дар солҳои 2022 ва 2023 тақрибан 50 ҳазор нафар, ё чоряки аҳолии вилоят, маҷбур ба тарки минтақа шуданд ва ҳазорон нафари онҳо ба Аврупо, Иёлоти Муттаҳида ва Канада паноҳ бурданд.

Дар моҳи марти 2025 Президенти Тоҷикистон 897 маҳбусро афв кард, аммо дар ин рӯйхат ҳеҷ як аз помириҳои худсарона боздоштшуда, бо вуҷуди даъватҳои такрории ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷой дода нашуд. Гурӯҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона боздоштҳои Фаромӯз Иргашев, Мануҷеҳр Холиқназаров, Улфатхонум Мамадшоева, Хурсанд Мамадшоев ва Сорбон Юнӯсевро ғайриқонунӣ эътироф карда, озодии фаврии онҳоро талаб намуд. Созмонҳои имзокунанда ҳамчунин раҳоии фаврии Хушруз Ҷумаев, Музаффар Муборакшоев ва қурбониёни саркӯби фаромарзӣ дар Русия, Чоршанбе Чоршанбиев, Амриддин Аловатшоев, Ораз Вазирбеков ва Рамзӣ Вазирбековро талаб кардаанд. Онҳо таъкид кардаанд, ки боздоштҳои худсарона на танҳо фаъолон, ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигорон, балки мансабдорони баландпояи помиритабор, аз ҷумла Холбаш Холбашевро низ дарбар мегирад.

Ба гуфтаи изҳорот, дар боздошт шиканҷаи ҳадафмандона ва мунтазами фаъолони помирӣ идома дорад. Онҳо зери фишор ба эътирофҳои сохтакорона ва ба ифшои фаъолон маҷбур мешаванд. Ин амалҳо ҳам қасос аз фаъолияти сиёсӣ ва ҳам нишони табъизи фарогир бар асоси эътиқод, забон ва фарҳанг арзёбӣ мегардад. Созмонҳо аз бадшавии вазъи саломатии боздоштшудагон дар натиҷаи шиканҷа ва аз маҳрумияти пайвастаи кумаки тиббӣ шадидан нигаронанд.

Дар изҳорот зикр шудааст, ки ҳукумат фазои шаҳрвандиро низ фаъолона маҳдуд мекунад ва зиёда аз 700 созмони ғайриҳукуматӣ баста шудааст. Саркӯби ҳадафмандона ба муассисаҳои динии исмоилӣ ва бахшҳои Шабакаи Рушди Оғохон шиддат ёфтааст, аз ҷумла манъи баргузории маросимҳои динӣ ва таҳдиди таъқиб ба помириҳое, ки дар чорабиниҳои байналмилалии “Global Encounters” ширкат меварзанд. Ҳуқуқҳои забонӣ ва фарҳангии помириҳо бо сиёсати ҳамгунсозии ҳукумат коста шуда, ҳувияти онҳо ҳатто дар сатҳи конфронсҳои СММ инкор мегардад. Омӯзиш ва тарвиҷи забонҳои помирӣ мамнӯъ, истифодаи расмӣ ва ташаббусҳои ҳифзи онҳо ҷиноят ҳисобида мешаванд. Дар моҳи марти 2023, созмони CIVICUS Monitor арзёбии фазои шаҳрвандии Тоҷикистонро аз “фаро гирифташуда” то “пӯшида” поин бурд, ки ба гуфтаи муаллифони изҳорот, нишонгари як намунаи амиқи таъқиби системавӣ алайҳи помириҳо ва эҳтимолан дорои унсурҳои ҷиноят алайҳи инсоният тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.

Созмонҳои имзокунанда талаб доранд, ки ҳукумат ӯҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро кунад ва саркӯби системавии давлатӣ алайҳи помириҳоро фавран қатъ намояд, ҳамаи боздоштшудагони худсарро беқайду шарт озод кунад, шиканҷа ва муносибатҳои ғайриинсонӣ нисбат ба онҳо қатъ гардад, кумаки тиббии зарурӣ фароҳам шавад ва ҳуқуқҳои фарҳангӣ, забонӣ ва ҳувияти бумии онҳо барқарор гардад. Онҳо аз давлатҳои узви СММ, Иттиҳоди Аврупо ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ мехоҳанд, ки механизми мустақили таҳқиқоти СММ-ро барои назорат ва посухталабӣ дар бораи нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла кушторҳои ғайрисудӣ аз соли 2021 ба ин сӯ, таъсис диҳанд. Фишангҳои дипломатӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро барои озодии фаврии ҳамаи помириҳои худсарона боздоштшуда истифода баранд; дастрасии башардӯстона ба боздоштшудагон, аз ҷумла аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, таъмин намоянд. Аз Русия ва кишварҳои ҳамсоя талаб кунанд, ки дар саркӯби фаромарзӣ ширкат накунанд ва барқарории ҳуқуқҳои фарҳангӣ ва забонӣ ва ҳифзи ҳувияти бумиро талаб намоянд. Ҳамчунин дар изҳорот талаб шудааст, ки роҳбарии Тоҷикистонро дар конфронсҳои ҷаҳонии марбут ба иқлим, об ва пиряхҳо муваққатан боздоранд. Мониторинги байналмилалиро барои ҷилавгирӣ аз саркӯби минбаъда барқарор созанд. Гуфта шудааст, ки муҳофизат ва кумаки башардӯстона ба гурезагон ва паноҳҷӯёни помирӣ таъмин шавад ва аз бозпасфиристии ғайриқонунӣ худдорӣ кишварҳо худдорӣ намоянд. Дар расидагии Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ ба шикояти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон алайҳи ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд ва алайҳи мақомдорони баландпояи дахил дар саркӯби системавӣ таҳриму мамнуиятҳои сафар ҷорӣ кунанд.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *