Нафс ва Истиқлол. Аз сохтмони субъект то ҳукмронии нафси аммора 

САРФИ ВАҚТ:10 дақиқа, 34 сония

Аз сохтмони субъект то ҳукумронии нафси аммора 

Намояндагони ҳар як ҷомеаи пешрафтаи дунё ба ғайр аз он, ки ҳастӣ ва воқеияти худро  рӯ ба рӯянд, боз маъниҳо ва таркибҳои ҷомеаро, ки реша дар гузаштаи онҳо доранд,  худро хуб таҳлил ва тафсир мекунанд, то ки дониш ва таҷрибаи таърихӣ нагузоранд  мардум дар ояндаи худ фиреб хӯрда бошанд. Беҳтарин мутаффакирони асри гузаштаи  Ғарб, Кассирер, Ҳайдеггер, Деррида, Фуко ва дигарон воқеан ба истилоҳи Фуко бо онки таҷрибаи амиқи ҳастӣ ва буданро  доштанд, ба  “археологияи дониш” машғул буданд. Мутассифона, имрӯз дар қаринаи тоҷикон кӯшиши инкор ва нодида  гирифтани як фазои фарҳангии мустақилро карда истодаанд, ки маъниҳо ва таркибҳои  ин фарҳанг дар вуҷуди мардум бебозгашт хона кардаанд ва бе дарки ин маъниҳо,  таркибҳо ва технологияҳои созандаи фарҳангии гузашта наметавон дар сохтани инсон,  ҷомеа ва давлат муваффақ буд. Яке аз ҳамин маъниҳои созанда шинохт ва инкишофи  назарияи нафс аст, ки осораш ҳама ҷост вале дар борааш дигар ҳарфе намезананд.  Гузашта аз ин одати ба қудрат расонидани нафси аммора ва боз онро парастиш ва  парвариш кардан, ки аз давраи барқароршавии сулолаҳои туркӣ — муғулӣ дар ин  минтақа ба мерос мондааст, зарурати шинохти ин назарияро тақозо дорад. Бояд гуфт,  ки истилоҳи “нафси бетарбият”- ро мӯйсафеди хирадманде дар кӯҳистон сикка зада  буд, ки аз сулолаҳои туркӣ — муғулии минтақа ҳамчун “сулолаҳои нафси бетарбият” ёд  мекард. Ба хусус дидани ин масъала дар муносибат бо давлатдорӣ ва дар муқоиса бо  назарияҳои сиёсии дар қаринаҳои дигар, ба хусус дар Ғарб, инкишоф дода шуда, боиси  шинохти мушкилоти бунёдиест, ки тоҷикон дар сиёсат ва давлатдории худ рӯ ба рӯ  шудаанд. Масалан дар китоби Ҳобс, Левиофан (Leviathan (1651)), ки яке аз китобҳои  бунёдии назарияҳои сиёсии давраи нав мебошад, табиати инсон мавқеи марказиро  ишғол мекунад, ки дар он Ҳобс дар фарқият аз Арасту, ки инсонро ҳамчун мавҷуди  иҷтимоӣ мешинохт, Макиавелиро пайравӣ намуда, ба хулосае меояд, ки инсон барои  инсон гург аст, з — ин рӯ ба давлат ниёз дорад. Дар ин замина афкори Фуко, Агамбен,  Шмитт ва инчунин Деррида, ба хусус маҷмуаи дарсҳояш, ки зери унвони Ҳайвон ва  Истиқлол (The Beast & the Sovereign) нашр шуда, қисматҳои муҳими ин гуфтугӯ бояд  бошанд, ки шинохти назарияи нафси дар фарҳанги мо инкишоф дода шуда ва табиати  давлати дунявӣ ва буҳрони сиёсии имрӯзаро дар Тоҷикистон равшантар метавонанд  кардан. …  

Аслан нафсро, бо ишораҳои равшани Қуръон, ҳамчун раванд, дар ҳоли тағирёбӣ,  тарбиятпазир, камолпазир бояд шинохт, ки он чи хел ки дар боло қайд кардем ҳама  унсурҳои равонӣ, физиологӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии инсонро дар бар мегирад.  Дар ҳама мактабҳои фикрии Исломӣ, фалсафа, исмоилия, тассавуф ва каллом — нафс  нуқтаи марказии таълим, тарбият ва инкишоф буд. Ва ҳадиси пайғомбар (с) “ Ҳар ки  шинохт нафси худро мешиносад худованди худро ” санги зербинои сохтмони субъект (шахсият, худӣ) ва маорифи Исломӣ буд. Албатта хонандагон дар ёд доранд, ки ин  сухан ҳамчун “худро шинос” аз давраи Суқрот ва пеш аз ӯ ҳам маъруф буд. Худ  омадани мафҳуми нафс дар Қуръон ба маънии равон, рӯҳ, худ (ego), маният ва худӣ  ишорат ба як фазои худкифо, ҳаракаткунанда камолёбанда аст. Инчунин ишораи  Қуръон дар бораи нафси паст ҳайвонӣ (al nafs al-ammorah) (Sura 12:53), нафси миёна (al  nafs al-lawwamah) (Sura 75:2) ва нафси ором ё комил (al-nafs al-mutmainnah) (Sura  89: 27) ёд мекунад, ки ҳам ишорат ба камолпазирии инсон аст. Ин як худогоҳист, ки  таркибҳои баданӣ ва рӯҳонии инсонро дар бар мегирад ва масалан дар шинохти нафси  аммора маризиҳое чун такаббур, ҳирс, ҳасад, шаҳват, ғайбат кардан, бахилӣ, кина ва  ғайра шинохта бартараф карда мешаванд. Намояндагони мактабҳои фикрии Исломӣ,  ба хусус аҳли тассавуф, аз ояҳои Қуръонӣ илҳом гирифта бар ин бовар буданд, ки  инсонро худованд бо дастони худ сохта (Sura 38: 75) ва аз нафаси худ бар ӯ дамидааст  (Sura 15:29; 38:72). Ва дар мавриди ҳамин ояи иллоҳӣ, ки дар Таврот, ҳам зикр шудааст  Валтер Бенҷамин менависад, ки “…Таврот ин далели рамзиро изҳор кардааст, ки Худо  дар вуҷуди одам аз нафаси худ дамида; ки ин дар як вақт ҳаёт, фикр ва забон аст”  (Benjamin, 1986:318). Ин ҳамин баҳсест, ки мутафаккирони Исломӣ дар бораи халифаи  Худованд будан (Sura 2:30) ва ин ки инсон бо амонати иллоҳӣ мушарраф шудааст (Sura  33:72), мекарданд. Ва нафс сатҳе буд, ки мутаффакирони Исломӣ табиати инсониро ва  тарбиятпазирбудани онро ба хуби шинохтанд. Агар дар роҳи расидан ба ҳақ ва ё  камолёбӣ баъзе аз намояндагони Сӯфия ба нафскушӣ майл дошта бошанд, бештари  онҳо ба хулосае омаданд, ки нафс бо ҳама зиддиятҳо ки дорад боз ҳам ба будан ҳақ  дорад ва бо ӯ дар сулҳ бояд зист. … 

Нафс ҳамчун назария, реша дар маъниҳои Қуръонӣ дорад ва дар фарҳанги тоҷикон  ҳамчун як маънии созанда ворид аст, ки онро наметавон нодида гирифт, балки ҳамчун  назария бояд шинохт ва кор бурд. Чи гунае, ки дар боло қайд кардем, нафс ё рӯҳ ин  сатҳе буд ки низоми маънавии тоҷикон шакл гирифта месабзид, сатҳест ки технологияи  худӣ – ҳақиқат- қудрат ва фазосозӣ амал мекард ва мекунад. Ва мутаффакирони тоҷик  дар гузашта дар ин низом, а) шахсияти худро тарбият ва ба камол мерасониданд в)  ҷаҳонбинии худро дар муносибат бо муҳити атроф ва дигарон шакл медоданд, ва с)  озодӣ ва наҷот ё саодати ин ҷаҳон ва охиратро дармеёфтанд. Ва ин падидаест, ки  Ҳуссерл аз он ҳамчун, “ниҳоди муваффақи илми мутлақ ва мустақили рӯҳ дар шакли  фаҳмиши дурусти худӣ ва ҷаҳон ҳамчун як камолоти маънавӣ” (Husserl, 1965: 190) ёд  мекунад. Ин ниҳоде буд, ки дар фикр ва фарҳанги тоҷик хуб инкишоф дода шуда буд  ва имкони будани ҳама гуна таҷрибаҳои илмӣ, фалсафӣ, динӣ ва иҷтимои — сиёсиро  метавонист ва метавонад додан. Албатта, мардуме ки имрӯз бо арзишҳои Исломӣ дар  ҷанганд ҳеҷ инкор наметавонанд кардан, ки воқеан дар фарҳанги мардуми Тоҷикистон  таъсири назарияи нафси Қуръонӣ назар ба назарияи нафс, ки аз тарафи файласуфҳои  тоҷик, ба хусус Ибни Сино инкишоф дода шуда пуртаъсиртар будааст ва ҳаст. Баҳс  зарур аст вале баҳс бояст решаи илмӣ ва созанда дошта бошад. Он чи муҳим аст ин  аст, ки тоҷикон дар фарҳанги худ тавонистанд зери назарияи нафс будани як ниҳоди  ташакуллёфтаеро ё будани дастгоҳеро исбот кунанд, ки дар ташкили фарҳанг ва зиндагии мардум мавқеи калидӣ дошт ва дорад. Агар орифон ва сӯфиён ба решаҳои  Қуръонии нафс такя карда технологияҳои худсозӣ ва ба ҳақ расидани худро инкишоф  дода бошанд, файласуфон амали ин технологияи шинохт, худсозӣ ва ҷаҳонсозиро дар  табиати худи инсон кашф карда буданд. Масалан Ибни Сино менависад, “Бидон, ки  нафси мардум, ки пазирои дониши ақлӣ аст, ҷавҳарест, ки вайро қувватҳост ва вайро  камолот аст, чунонки баъд аз ин ёд кунем. Ва аз баъзе қувватҳои вай  он аст, ки будаш  мар вайро аз ҷиҳати ниёзмандӣ аст ба тадбири бадан. Ва ин қувватро “ақли амалӣ”  хонанд…” (Ибни Сино, Ишорот ва Танбеҳот, 449 — 450) … 

Чи гунае, ки дар боло зикр кардем нуктаи муҳим дар ин гуфтугӯ ин аст, ки дар ҳама  мактабҳои фикрии тоҷикӣ дар сатҳи нафс, рӯҳ ё дил технология, санъат ё роҳҳои  шинохти худ ва муҳити атроф, ҷаҳон ва камолёбии инсонро инкишоф додаанд. Ин  ниҳод ё низоми рӯҳонии дар ин минтақа амалкунанда ба олимоне ҳамчун Ибни Сино, 

Берунӣ, Хайём, Тӯсӣ ва дигарон имкони таҷрибаҳои илмиро ва ба орифон имкони  таҷрибаи ирфониро дода буд. Тақдири таърихии Рушангароии (Enlightenment) Ғарбӣ  дар садсолаҳои охир, ки дар алоқамандӣ бо сиёсат ва идеологияҳо, сабаби пайдоиши  худкомаҳо, хушунатҳо, террор, ҷангҳои ҷаҳонӣ ва дигар нокомиҳои инсоният гардид,  ҳақ медиҳад гуфтан, ки ҳамин давраи Ибни Сино ва Абӯсаид Абулхайр Рушангароии  воқеии инсоният буд, ки дар он рукнҳои солими ин ҳаракат зуҳур карда буданд ва дар  он ақл бо имон, дин бо фалсафа, илм бо ирфон дар ҳамоҳангӣ буданд. Ин рӯшангароӣ  воқеан назарияҳои хуби ҳаёт ва одамияти олияшонро ба ҷой гузошт. Ва яке аз нуктаҳои  муҳими ин ҳаракат шинохти алоқамандии нафс бо сиёсат, роҳбарӣ ва истиқлоли  инсон ва давлат буд. Фикр кунам шинохти ҳайвоният ва инсоният дар вуҷуди як вакил  ва сиёсатмадори имрӯз на камтар фоиданок аз давраи Ғаззолист, ки метавонад  хисорати буҷаи давлатро кам кардан ва нафсу номуси мардумро дар амният нигоҳ  доштан. Ё худ таҷрибаи ҳаётии Ғаззолӣ, ки бо тасвири ду буҳрони равонӣ — эпистемологии худ дар роҳи шинохти худ, ҳақ, ҳақиқат ва воқеият зикр кардааст  омӯзанда аст. Дар таҷрибаи Ғаззолӣ масъалаи шакку шубҳа ҳамчун аввали ҳар гуна  шинохт ва инчунин чи гуна ӯ тавонист “маният”- и болои арзишҳои сиёсӣ — идеологии  давр шакл гирифтаро шикастан ва ба арзишҳо ва ормонҳои асл, ки воқеан мехост  расидан, омӯзанда ва муҳиманд. Аслан ин ҳама рӯйдод, падидаҳо, ҳаракатҳо ва  шахсиятҳо ба таҳқиқоту таҳлили нав зарурат доранд, то тавонем аз қабати ғафси ҷаҳл,  пиндор ва афсонаҳои бофтаи худ ва дигарон дар бораи худ берун бароем. Ин суннати  воқеии истеҳсоли фикр, дониш ва шахсиятҳои ренессансӣ дар фарҳанги мо буд, ки дар  давраи турктозиҳои дуру дароз заиф гардид ва дар давраҳои истеъморӣ бо ниҳодҳои  фикр, ҳақиқат, дониш ва субъект истеҳсолкунии ғайр иваз карда шуд.  

Тоҷикон, ки аз истиқлол ҳарф мезананд бояд аз шинохт ва барқарор кардани ҳамин  дастгоҳи мустақили маъниофарини худӣ, ки Ҳуссерл “ниҳоди илми мутлақ ва  мустақили рӯҳ”- аш гуфта буд оғоз кунанд то аз маризиҳои давраҳои ҳукумронии туркӣ  — муғулӣ ва аз чорчубаҳои ҳақиқат ва академикии давраҳои истеъморӣ озод бошанд.  Имрӯз, мутассифона, мардуми мо аз забони идеологии шӯравӣ озод нестанд ва инчунин бештар аз ҳарфу таҷрибаҳои дар қаринаҳои дигар реша дошта истифода  мекунанд то воқеияти моро хонда ва фаҳмида бошанд, ки ин гуфти Абулмаъонӣ  Бедил “боре ба ҳеҷ хотири худ шод мекунанд”. Воқеан аз дигарон омӯхтан ва инчунин  омузиши муқоисавӣ падидаҳои ҷомеаи мо бо ҷомеаи дигарон зарур аст вале ин  маънии онро надорад, ки таркибҳо ва маъниҳои ҳаракатдиҳанда ва созандаи таърих ва  ҷомеаи худро нодида гирифтан ва танҳо ба тафсирҳо ва “муваффақиятҳои” дигарон  такя ва ишорат кардан. Ин кор, аз як сӯ, худ яке аз хусусиятҳои бетарбиятии нафс аст, ки  зиёд муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ — таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳо барои хотири  амалдорони вақтро хуш кардан менависанд, аз дигар сӯ, таъсири фикри истеъморист,  ки мардуми ин сарзамин худро ва дигаронро то ҳанӯз бо чорчубаҳои ҳақиқатии  дигарон мебинанд. Ин минтақаро сулолаҳои туркӣ — муғулӣ бо сабаби дур будан аз  илму маърифат ва аз сиёсати фазосозӣ дар садсолаҳои охир, ба мустамликаи давлатҳои  ғарбӣ табдил доданд. Чи гунае, ки Шмитт менависад назарияҳои “инсоният’ (humanity)  ва “тамаддун” (civilization) назарияҳои Аврупомарказӣ буданд ва мамлакатҳои  ғайриаврупоӣ ваҳшӣ, нима-мутамаддин, бероҳбар ва ҳатто холӣ ҳисобида мешуданд.  Албатта раванди ташаккулёбии фикри истеъморӣ дар ин минтақа ба таҳқиқоти махсус  ниёз дорад. Ин ҷо дар ин бора навиштан моро аз гуфтугӯи асосӣ дур мебарад, ва дар  умум хонандагони муҳтарам дар ин бора метавонанд аз китобҳои Едвард Саид  Ориентализм (Orientalizm), Линда Смит Равишҳои аз истеъмор озод шудан (Linda  Tuhiwai Smith, Decolonizing Methodologies), Калпана Саҳни Чормех кардани Шарқ:  Ориентализм ва мустамликадории русӣ дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ (Kalpana  Sahni, Crucifying the Orient: Russian Orientalizm and Colonization of Caucasus and Central  Asia) шинос шаванд, ки воқеан барои шинохтани вазъи фикрии мардуми  истеъморзадаи ин минтақа маводи аввалинанд. Бо такя ба назарияи нафс, ки дар  фарҳанги мо инкишоф ёфта метавон гуфт, ки турктозии кӯчиҳо ва манқуртсозиҳои  сиёсӣ — идеологӣ — фарҳангии давраҳои истеъморӣ дар ин мамлакат ду падидаи бадро  ба мерос гузоштаанд, яке ҳукумронии нафси бетарбият ё нафси дар сатҳи паст монда,  ки бо шиорҳо, идеяҳо ва идеалҳо рӯйандуд шудааст ва дигар қишре, ки Мавлоно аз  онҳо ҳамчун “сустаносир” ёд кардааст. Ин ҳар ду падида сабаби будани якдигаранд ва  яке гӯё қудрат дорад ва дигаре фикр, вале дар асл фикри сустаносирҳо заминаи воқеӣ  ва қудрат надорад ва ҳукуматдорони дар сатҳи нафси бетарбиятмонда қудрат  надоранд. Воқеан вазъи имрӯзаи буҳрон ва фазои сиёсии Тоҷикистонро танҳо дар сатҳи шинохти  нафс дуруст метавон дарк кардан, чаро ки бозингарони ин гуна саҳнаи фарҳангӣ — сиёсӣ  дар сатҳ ё фазое нестанд, ки онҳо ва амали онҳоро аз рӯи идеяҳо, арзишҳо ва идеалҳо  имкони таҳлил кардан ва баҳо додан бошад. Агар сиёсатмадорони ин саҳна ба ин сатҳи  идеяҳо, арзишҳо ва идеалҳо боварӣ ва имон надоранд, қисмати дуюми бозингарони  ин саҳна ё сустаносирҳо, ки саҳнаро ва бозингарони аввалро бо шиорҳо ва ниқобҳои  гуногун мепӯшонанд қобилият, зарфият ва имконияти зери суол бурдани воқеияти  буҳрониро надоранд. Ин қавм, яъне сустаносирҳо, ки аз худ ‘китобхондаҳо’ ёд  мекунанд, аз доираи китобҳои хондаи худ баромадан наметавонанд. 

Наметавонанд ҳастӣ ва воқеияти худро рӯ ба рӯ шудан ва фикре созанда пешниҳод кардан. Гузашта аз  ин, мардум дар ин қарина акнун ба амал ниёз дорад на ба фикр ва идеология. Ин ҳама  идеология ва метафизикаҳои ҷамшедиву хуршедӣ, шарқиву ғарбӣ, сотсиалистиву  сармоядорӣ, исломиву либералӣ наметавонад одитарин кори ин мардумро ҳал  кардан, чун роҳбарон бо нафси аммораи худ сохтаанд ва аз ин нуқта ҷунбидан  наметавонанд. Буҳроне, ки имрӯз вуҷуд дорад худ ҳар як инсони фикркунандаро сиёсӣ,  яъне қудратӣ метавонад кардан вале на онҳоеро, ки ‘ниҳоди илми мутлақ ва  мустақили рӯҳ’ (Ҳуссерл) ва роҳҳои мустақили худсозиро гум кардаанд. Воқеияти  имрӯз дар Тоҷикистон фазои солими фарҳангӣ — сиёсӣ, фазои тафаккури номусӣ  мехоҳад то фикр, баҳс ва гуфтугӯи миллӣ шакл гирад. Барои даридани пардаи пиндор,  ки дар бораи фарҳангсолорӣ, ҳуқуқсолорӣ ва умуман солории худ атрофи худ  танидаем, вале дар асл дар сатҳи маҳал ва музофотҳои худ монда миллат ва давлати  тоҷикро заиф ва пароканда кардаем, дасту мағзи воқеан миллӣ ва ташкили ҷойи пой  барои ин миллат зарур аст. …

Идома дорад…

Меҳмоншо Шарифзода

Ҷомеашинос, файласуф

Happy
Happy
0 %
Sad
Sad
0 %
Excited
Excited
0 %
Sleepy
Sleepy
0 %
Angry
Angry
0 %
Surprise
Surprise
0 %

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *