
Мақомдорон баъд аз ба нафақа баромадан бояд ҳаҷ раванд?
Илёс Идрисзода, раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон, гуфт, ки рафтани хизматчиёни давлатӣ ба ҳаҷ тибқи қонун манъ нест, вале ба фикри шахсии ӯ, мақомдорон баъд аз ба нафақа баромадан бояд ин фаризаро анҷом диҳанд.
Ин изҳорот 21-уми июл дар нишасти хабарӣ садо дод. Ӯ таъкид кард, ки мансабдорон бояд дар давраи фаъолияташон содиқона ба давлат хизмат кунанд.
Изҳороти ахири Илёс Идрисзода, раиси Оҷонсии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шояд аз талаботи Сарқонун ва қонунҳои амалкунандаи кишвар хабар надорад, ки гуфтааст «хизматчиёни давлатӣ беҳтар аст баъди ба нафақа баромадан ҳаҷ кунанд». Воқеан, ҳарчанд ӯ таъкид кардааст, ки ин як “фикри шахсӣ” мебошад, аммо дар шароити Тоҷикистон, ки андешаи як мансабдори баландпоя метавонад ба таври ғайрирасмӣ ба тавсия ва ҳатто амри маъмурӣ табдил ёбад, метавонад зери косаи чунин изҳорот нимкосаҳои дигаре нуҳуфта бошанд.
Мақомоти Тоҷикистон агар амалеро ва ё барномаеро пиёда карданӣ шаванд, аввал як сару садо сар медиҳанд ва ё касе аз мақомдорон ҳамчун як “фикри шахсӣ” матраҳ мекунад. Қонунӣ шудани пешводорӣ ҳам ҳамингуна “касе” ҳамчун як “фикри шахсӣ” сараввал матраҳ карда буд. Баъд тоҷикистониён пешводор шуданду миллат ба пора-пора шудану қабила-қабила шудан рӯ овард.
Дар ҳама кишварҳо сарчашмаи қонунҳо агар Сарқонун ё худ ҳамон Конститутсияашон бошад ва қонунҳоро ба Қонуни асосӣ мутобиқ кунанд, дар Тоҷикистон аввал касе мебарояд як назари дайдуро матраҳ мекунад, баъд, аз ин назари дайду қонун месозанд, баъд талаботи Сарқонунро ба ин қонун мутобиқ мекунанд. “Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Қонун дар бораи масъулияти падару модар”, “Қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, “Қонун дар бораи Пешвои миллат”, “Қонун дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ” ва ғайра, аз қабили ҳаминхел қонунҳои “эрка”, ки бо туфайли инҳо Сарқонун тағйир ёфтагӣ. Ҳаммааш аз пайи ким кадом “пешниҳоди сарироҳӣ” ва ё “фикри шахсӣ” ба миён омадааст.
Бубинед, як раиси Оҷонсии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебарояд, бемалол бо поймол кардани талаботи Сарқонуни Тоҷикистон “фикри шахсӣ” ироа мекунад, вале касе саволе ба миён намегузорад, ки: Ҳой акаи қанд! Талаботи Сарқонун чӣ мешавад?
Қонуни асосии кишвар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии эътиқод ва адои фаризаҳои диниро кафолат медиҳад. Моддаи 26-и он муқаррар мекунад: «Ҳар шахс ҳуқуқи озодии виҷдон ва эътиқодро дорад». Ин ҳуқуқ, тибқи қонун, наметавонад бо мақоми шахс, аз ҷумла бо буданаш дар хизмати давлатӣ, маҳдуд карда шавад. Илова бар ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳуқуқи шаҳрвандонро ба адои расму оинҳои динии худ, аз ҷумла ҳаҷ, бе дахолати давлат ва корфармоён таъмин менамояд.
Гапро бинед, “мансабдорон бояд дар давраи фаъолияташон содиқона ба давлат хизмат кунанд”. Магар як мансабдори мусалмони тоҷик агар ҳаҷ равад садоқаташ ба Ватан аз байн меравад?
Ба ин асос, гуфтори Илёсзода, ҳатто агар ҳамчун андешаи шахсӣ садо дода бошад, ӯ ҳамчун хизматчии давлатӣ ҳаққи пой фаро гузоштан аз талаботи Сарқонунро надорад ва бо ин гуфтааш ҷиноят содир кардааст.
Дар идораҳои давлатӣ, ки фазои бо чашми баста итоати фармон ва таҳаммули паст ба гуногунандешӣ ҳукмфармост, чунин суханон ҳамчун ишораи сиёсӣ фаҳмида мешаванд ва эҳтимоли он ки роҳбарони зердаст бо баҳонаи “маслиҳати боло” ҳуқуқи динии кормандонро маҳдуд намоянд, хеле зиёд аст. Дар шароите ки корманди оддии давлатӣ эҳтимоли аз даст додани ҷойи корашро ба сабаби ҳаҷравӣ эҳсос мекунад, “фикри шахсӣ” арзиши ҳуқуқӣ пайдо мекунад ва ҷойгоҳи ин “фикри шахсӣ” болотар аз ҳама қонунҳо қарор мегирад.
Лутфан диққат диҳед, худи рафтори мақомдорони баландпоя аз ҷумла ширкаташон дар сафари ҳаҷ бо Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки меъёрҳои мавҷуда, мисли як бому ду ҳавоянд. Вақте яке аз аъзои ҳукумат дар ҳузури президент ҳаҷ анҷом медиҳад ва каси дигар, корманди поёнии мақомоти давлатӣ аз рафтан ба ҳаҷ метарсад, ин на танҳо нақзи баробарии ҳуқуқии шаҳрвандон аст, балки собиткунандаи он аст, ки мафҳуми «ҳуқуқ» дар амал ба воситаи шахсият ва мақом маъно пайдо мекунад, на тавассути қонун.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» баробарии шаҳрвандонро дар иҷрои уҳдадориҳо ва истифода аз ҳуқуқҳо таъкид мекунад. Моддаи 5-и ин қонун мегӯяд, ки ҳама шаҳрвандон дар назди қонун баробаранд. Пас, суол ин аст, ки чаро ҳаққи ҳаҷ барои як роҳбари баландмақом бо эҳтиром пазируфта мешавад, вале барои корманди поёнӣ ба масъалаи “беҳтар аст баъд аз нафақа” табдил меёбад?
Дар баробари ин, андешаи дигаре, ки мақомот солҳои охир таблиғ мекунанд, ин аст, ки “ба ҷойи ҳаҷ пули он барои корҳои хайр сарф шавад.” Ин навъи тавсия, гарчанде зоҳиран иҷтимоӣ ба назар мерасад, вале дар асл дахолат ба виҷдон ва эътиқоди шахсӣ аст. Ислом ҳаҷро фарз муқаррар кардааст ва тавсия додан ба шахс, ки ба ҷойи адои фарз маблағашро ба корҳои дигари мустаҳаб диҳад, дахолат ба ҷаҳонбинии мазҳабии ӯст. Ин тавсияҳо, махсусан вақте ки аз минбарҳои расмии давлатӣ садо медиҳанд, ба маънии ташкили фишори ахлоқӣ алайҳи иҷрои яке аз рукнҳои Ислом мебошанд. Талаботи қонунро ба таги пойи “фикри шахсӣ”-и мансабдорон ва аз ҷумла ҳатто раисҷумҳур партофтан аст.
Агар муҳити кории хизматчиёни давлатӣ ба дараҷае бошад, ки корманд дар мавриди истифода аз ҳуқуқи динӣ эҳтиёткорона амал кунад, ин хилофи табиати ҳуқуқи инсон ва меъёрҳои байналмилалӣ аст. Тоҷикистон, чун кишвари узви СММ ва созишномаҳое чун Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ӯҳдадор шудааст, ки озодии виҷдонро кафолат диҳад. Ҳеҷ корфармо, ҳатто давлат, ҳақ надорад шаҳрвандро аз иҷрои эътиқодаш маҳрум ё ба таъхир андозад.
Бинобар, ҳарчанд изҳороти Илёсзода ҳамчун “андешаи шахсӣ” пешниҳод шуд, аммо маҳз аз ҳамин гуна баёнияҳои шахсии мансабдорон фишори маъмурӣ ва идеологӣ шакл мегирад. Набояд фаромӯш кард, ки дар низомҳои сиёсии баста, «андешаи шахсӣ» аз забони мансабдор метавонад дараҷаи аз қонун болотарро соҳиб шавад ва ба василаи фишори сиёсӣ табдил ёбад. Аз ин ҷост, ки чунин изҳорот на танҳо хилофи қонун, балки хилофи рӯҳи давлати ҳуқуқбунёд аст. Ҳуқуқбунёд?
Average Rating