Аз “Крокус” то Додгоҳ: Иттиҳом, шиканҷа ва сояи сиёсат дар пушти як фоҷиа

Ба дигарон фиристед

Муҳокимаи пурсарусадои марбут ба ҳамлаи «террористӣ»-и хунин дар толори “Крокус” дар Маскав, ки 22-юми марти соли 2024 сурат гирифт ва боиси марги 149 нафар ва захмӣ шудани беш аз 600 кас шуд, рӯзи 4-уми август оғоз ёфт. Дар маркази ин парвандаи ҷиноии фарогир 19 нафар қарор доранд, ки қисми зиёдашон шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Чор нафари онҳо Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ҳамчун ҳамлаварони асосӣ муаррифӣ мешаванд. Онҳо пас аз 24 соати ҳодиса дастгир шуданд ва ба назар мерасад, ки маҳз аз лаҳзаи боздошт раванди рӯшании аслии парванда бо як силсила нишонаҳои нигаронкунанда ва машкуу ҳамроҳ аст.

Муттаҳамон, бо гуши буридаву асари шиканҷаи бераҳмона

Наворҳои шиканҷа, гӯшбурӣ, латукӯб ва маҷбуркуниҳои ғайриинсонӣ, ки аз онҳо дар Телеграм нашр шуд, пурсишҳоеро нисбат ба қонунмандӣ ва шаффофияти ин таҳқиқот ба миён меорад. Бо вуҷуди ин ҳама, парванда ба марҳилаи муҳокимаи додгоҳӣ ворид шудааст ва ҳар яке аз айбдоршудагон муттаҳам ба амали террористӣ, кӯмак ба терроризм ва дигар иттиҳомҳои марбут ба фаъолияти ифротгароёна шудаанд.

Дар қатори муттаҳамон, бародарон Исломовҳо, Диловару Аминҷон ва падари онҳо Исроил низ қарор доранд, ки мақомоти Русия онҳоро ба кумакрасонӣ бо хобгоҳ ва мошин ба чор гумонбари аслӣ муттаҳам мекунанд. Онҳо баъд аз он ки мошинашонро дар наворҳо шинохтанд, ба мақомоти тафтишотӣ ихтиёран ҳозир шуда хабар додаанд. Аммо изҳороти Аминҷон Исломов дар додгоҳ, ки худ ва хонаводааш бегуноҳанд, баракс кумак ба террористон унвон шуд. Дар ҳамин ҳол, дигар боздоштшуда, ошпаз Алишер Қосимов ҳарчанд дар додгоҳ фарёд зад, ки бегуноҳ аст ва танҳо хонаи иҷораашро ба яке аз гумонбарон додааст, барояш натиҷа надод ва ӯ ҳам ҳоло террорист дониста мешавад.

Светлана Петренко, намояндаи Кумитаи тафтишот, Светлана Петренко:

«Ҷиноят бо ҳадафи ноором кардани вазъи сиёсӣ дар Русия ва ба манфиати роҳбарияти Украина анҷом шудааст.»

Аммо иттиҳомот танҳо ба боздоштшудаҳо маҳдуд намешавад. Кумитаи тафтишоти Русия талош дорад бо густариши доираи гумонбарон ва вобастасозии онҳо бо Украина, ба қазия моҳияти сиёсӣ бахшад. Дар изҳороти намояндаи Кумитаи тафтишот гуфта мешавад, ки ҷиноят бо ҳадафи ноором кардани вазъи сиёсӣ дар Русия ва ба манфиати роҳбарияти Украина анҷом шудааст.

Коршиносон ба ин қазия бо шубҳа менигаранд. Ба назари коршиносон зуд пайдо шудани наворҳои шиканҷа, тарзи боздошт ва набудани ҳуҷҷатҳои расмии иттиҳом то расидани парванда ба додгоҳ, шубҳаҳоро бештар мекунад. Ин норӯшаниҳоро шахсиятҳои шинохта низ зикр мекунанд.

Геннадий Гудков, собиқ корманди ФСБ ва вакили пешини Думаи давлатии Русия:

«Ғайрифаъол шудани камераҳо ва дастгоҳҳои хомӯшкунандаи сӯхтор қабл аз ҳодиса, суолҳои зиёдеро ба миён меорад«

Геннадий Гудков, собиқ корманди ФСБ ва вакили пешини Думаи давлатӣ, тамоми парвандаро «шубҳаовар» хонда гуфт, ки чунин сатҳи баланди омодагӣ ва “хатогии нобахшиданӣ”-и ҳамлаварон, ки ба воситаи мошини хатарноку пайгиришаванда фирор карданд, бештар монанди сенарияи амалиёти махфии хадамоти махсус менамояд. Ба гуфтаи ӯ, ғайрифаъол шудани камераҳо ва дастгоҳҳои хомӯшкунандаи сӯхтор қабл аз ҳодиса, суолҳои зиёдеро ба миён меорад.

Дар ҳамин ҳол, оқибатҳои иҷтимоии ҳамла ба Крокус сити бо суръати бесобиқа таҳдид ба ҳуқуқи муҳоҷиронро дар Русия боло бурд. Тасвиби қонунҳои зиддимуҳоҷиратӣ, маҳдудсозии таҳсили кӯдакони муҳоҷирон ва муроҷиати муҳоҷирон ба кишварҳои дигар аз Аврупо то Кореяи Ҷанубӣ ва Қазоқистон якбора афзоиш ёфт.

Ҳомиёни ҳуқуқ, савол ба миён мегузоранд, ки чаро касе аз масъулони толор, ки бояд амниятро таъмин мекарданд, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

Маврид ба зикр аст, ки на танҳо шахсони зери шубҳа, балки тамоми ҷомеаи муҳоҷир дар Русия зери фишори рӯзафзун қарор гирифтаанд. Ба назар мерасад, бо он, ки ҷавобгарони воқеии сиёсӣ ва масъулони амниятӣ ҳамоно аз пасманзар дур мондаанд, ҳодисаи “Крокус” барои мақомоти Русия на танҳо фоҷиаи амниятӣ, балки абзоре барои ташдиди назорат ва фишор болои муҳоҷирон гардидааст.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *