
Афзоиши задухурдҳо дар марз бо Афғонистон
Толибон истеҳсоли кӯкнор ва маводи мухадирро манъ карданд, Душанбе қочоқро зиёд мебинад. Кӣ рост мегӯяд?
Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар марзи Тоҷикистону Афғонистон даҳ даргирии мусаллаҳона байни неруҳои амниятии тоҷик ва қочоқбарони афғон сабт шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, ки 29 июл тавассути расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба директори Агентии назорат бар маводи мухаддир Зафар Самад нашр гардид, дар натиҷаи ин даргириҳо чаҳор шаҳрванди Афғонистон, ки ҳамчун қочоқбар шиносоӣ шудаанд, кушта шудаанд.
Мақомот мегӯянд, ки бештари ин ҳодисаҳо дар минтақаҳои ҳамсарҳад бо вилояти Бадахшони Афғонистон, маҳз дар хатти марзии байни вилояти Бадахшони Афғонистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон (ВМКБ) иттифоқ афтодаанд. Ин минтақае аст, ки ба далели мавқеи ҷуғрофии мураккаб ва назорати маҳдуди давлат, ҳамеша ҳамчун масири осон барои қочоқчиён шинохта мешуд.
Ба гуфтаи Зафар Самад, қочоқгарони афғон номураттаб бо истифода аз силоҳи сангин ва технологияи иртиботии муосир талош доранд марзи Тоҷикистонро убур кунанд. Вай таъкид кардааст, ки Афғонистон то ҳол манбаи аслии маводи мухаддир аст ва танҳо дар шаш моҳи аввали соли равон дар минтақаҳои наздимарзӣ 1 тонна 692 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 54,4 дарсади тамоми маводи мусодирашуда дар кишварро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии маводи мухаддири мусодирашуда дар кишвар дар ҳамин давра ба 3 тонна 107 килограмм расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (3 тонна 96 кг) афзоишро нишон медиҳад. Дар баробари он, 155 килограмм моддаҳои психотропӣ ва беш аз 21 ҳазор адад ҳабҳои наркотикӣ низ мусодира шудаанд. Мақомот мегӯянд, ки фаъолияти 24 гурӯҳи муташаккили қочоқбар ошкор ва қатъ шудааст, ки нисбат ба 15 гурӯҳи соли гузашта 60 дарсад зиёд мебошад.
Ин рақамҳо дар нигоҳи аввал гувоҳи онанд, ки муборизаи сохторҳои давлатӣ бо қочоқи маводи мухаддир дар соли 2025 бо шиддати бештар идома ёфтааст. Аз ҷумла, нақши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар мусодираи маводи мухаддир аз ҳама баланд аст буда, 1 тонна 459 килограмро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки соли гузашта 789 кг будааст. Вазорати корҳои дохилӣ бошад, ба 1 тонна 176 кг мусодира ноил шудааст ва имсол нисбат ба соли гузашта сустӣ нишон додааст. Агентии назорат бар маводи мухаддир 384 кг маводи мухаддир мусодира кардааст, дар ҳоле, ки соли гузашта ҳамагӣ 217 кг маводи мухаддир мусодира карда будааст.
Бо вуҷуди ин, муқоисаи сарсарии ин маълумоти нашршуда бо дигар манобеи байналмилалӣ, ки вазъи Афғонистонро арзёбӣ мекунанд, саволҳои ҷиддиро ба миён меорад. Ба хусус, он чӣ мавриди баҳс аст, муносибати мақомот бо воқеият дар робита ба манбаи аслии маводи мухаддир мебошад.
Бар асоси гузориши Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), ки соли 2024 нашр шудааст, пас аз ба сари қудрат омадани Толибон дар соли 2021, ҳукумати онҳо сиёсати шадиди маҳви кишти кӯкнорро роҳандозӣ кард. Соли 2023 ҳаҷми кишти кӯкнор дар Афғонистон то 95% коҳиш ёфт ва соли 2024 низ дар сатҳи паст боқӣ монд. Яъне истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон дар ду соли охир дар ҳолати таназзул қарор дорад.
Дар чунин ҳол, гузоришҳои Тоҷикистон, ки аз афзоиши қочоқ ва даргириҳои мусаллаҳона ҳарф мезананд, наметавонанд пурра аз зовияи амниятӣ ва воқеӣ баҳогузорӣ шаванд. Баръакс, эҳтимоли сиёсишавии чунин гузоришҳо вуҷуд дорад.
Омори баланд ва гузоришҳои пурхатар дар бораи наркотрафик метавонанд ба ҳадафҳои тавҷеҳи идомаи сиёсатҳои амниятӣ дар дохил, бахусус дар ВМКБ, ҳамчунин таъкиди хатарҳои «беруна» барои равшан сохтани зарурати тақвияти сохторҳои қудратӣ, шиддат бахшидан ба фишор алайҳи мардуми ин минтақа, ҷалби кумакҳои хориҷӣ бо баҳонаи муборизаи байналмилалӣ алайҳи маводи мухаддир ва ниҳоят, равона кардани диққати ҷомеа аз мушкилоти сиёсиву иҷтимоии дохилӣ ба таҳдидҳои хориҷӣ бошанд.
Аз ин лиҳоз, ҳарчанд қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мушкили воқеӣ ва ҷиддист, бояд миёни муборизаи воқеӣ ва истифодаи сиёсишудаи ин мубориза дар фазои расмии Тоҷикистон фарқ гузошт.
Агар мақомот воқеан дар пайи маҳви хатари наркотрафик бошанд, бояд шаффофияти бештари иттилоотӣ, ҷалби ниҳодҳои мустақил ва ҳамкории фаромиллӣ бо назардошти манбаъҳои боэътимод таъмин гардад. Зеро танҳо бо такя ба омор ва гузоришҳои якҷонибаи давлатӣ, ки на ҳамеша бо манбаъҳои байналмилалӣ мутобиқат мекунанд, наметавон ба хулосаҳои воқеӣ ва стратегияи муассир расид.
Дар маҷмӯъ, вазъи ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нишон медиҳад, ки ҳадаф бояд на танҳо пахши шабакаҳои қочоқбар, балки таъмини суботи воқеӣ, тавозуни амният ва озодӣ дар дохили кишвар, хусусан минтақаҳои осебпазир, бошад. Танҳо дар ин сурат, мубориза бо қочоқ ва хатари марзӣ самараи устувор хоҳад дод.
Average Rating