ПМТ талаби созмонҳои ҳуқуқи башарро ҷонибдорӣ кард

Ба дигарон фиристед

Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) — эътилофи созмонҳои мухолифи режими Тоҷикистон дар ҳиҷрат, бо нашри изҳороте аз муроҷиати ҳашт созмони пешбари байналмилалии ҳуқуқи башар алайҳи табъизу саркӯби мардуми Помир дар Тоҷикистон изҳори пуштибонӣ намуд.

Дар баёнияе, ки Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ПМТ дар саҳифаи расмии Х нашр кард, таъкид шудааст, ки ПМТ ба талабҳои ин ҳашт созмони бонуфузи ҳуқуқи башар ҳамсадо буда, даъват мекунад, то нисбат ба ҷиноятҳои зидди инсоният, ки ба мақомоти Тоҷикистон нисбат дода мешаванд, таҳқиқоти мустақили байналмилалӣ оғоз гардад.

ПМТ ба зарурати ҳамкории зичи Созмонҳо ва кишварҳои узви СММ дар ба муҳокима гирифта шудани парвандаи Эмомалӣ Раҳмон ва атрофиёнаш дар Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (МУС), ки аз ҷониби Freedom for Eurasia (FFE), FUVI, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили мудофеъ Николя Линьёл ирсол шудааст, таъкид карда, пуштибонии ин ҳашт созмон аз парвандаро қадами мусбат арзёбӣ кардааст.

Ҳамчунин, аз ҷониби муаллифони изҳорот, вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз соли 2022 «бо саркӯби низомманду шиддатёбанда» тавсиф мешавад. Аз ҷумла, дар изҳорот аз боздоштҳои худсарона ва шиканҷа, марги бархе аз фаъолони помирӣ дар зиндонҳо бар асари маҳрумият аз ёрии тиббӣ, маҳдуд шудани ҳуқуқҳои фарҳангӣ ва забонӣ, таъқиби фаромарзии мунтақидон ва фаъолон изҳори нигаронӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар изҳороти муштараки ҳашт созмонҳои ҳуқуқ башар, аз ҷумла FIDH, OMCT, CIVICUS ва дигарон, талаб шудааст, ки механизми мустақили СММ барои таҳқиқи нақзҳо таъсис дода шавад, фаъолон ва рӯзноманигорони боздоштшуда фавран раҳо гарданд, амалияи шиканҷа қатъ ва ҳуқуқҳои фарҳангии помириҳо барқарор карда шаванд. Ҳамчунин, аз кишварҳои узви СММ талаб шудааст, ки баррасӣ ва ба муҳокима гирифтани парвандаи алайҳи Эмомалӣ Раҳмон ва атрофиёнаш ба МУС пешниҳодшударо пуштибонӣ кунанд.

Паймони миллии Тоҷикистон ҳамаи ин талаботро пуштибонӣ намуда, аз ҷумла хостори лағви тартиби иҷозатномаи вижа барои вуруди хориҷиён ба Бадахшон ва тақвияти фишори байналмилалӣ болои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон гардид.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *