
Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ
Ин ном дар хотираи бисёре аз ҳамсафону ҳамкорон, шогирдону дӯстдорони илму озодӣ, чун рамзи собитқадамӣ, фидокорӣ ва истиқомат сабт шудааст. Донишманд, сиёсатмадор, мураббӣ ва марде, ки умри худ ба дифоъ аз шараф, сарбаландӣ ва озодии миллати тоҷик бахшида, сахтиҳои сангинро таҳаммул кард ва то имрӯз низ зери фишору озори худкомагон қарор дорад. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин, ҳаргиз таслими хостаҳои золимон нагаштааст.
Домулло даҳумин зодрӯзи худро пушти панҷараҳои оҳанини зиндон, дур аз наздикон ва дӯстдону шогирдони худ мегузаронанд. Имсол эшон ба синни мубораки 80 солагӣ қадам ниҳоданд, вале на дар ҳалқаи шогирдон ва аҳли оила, балки дар миёни деворҳои сарду торики маҳбаси гурӯҳе аз худхоҳону бадномони таърих. Боздошт ва зиндонӣ кардани марде донишманду солманд худ шаҳодати зиндаи вуҷуди як низоми золим ва худкома дар Тоҷикистон аст.
Ман қасдан аз вазифаву масъулиятҳои эшон дар ҲНИТ ёдовар намешавам, ҳарчанд Домулло аз рӯзҳои нахустини таъсиси ҳизб дар сафи пеш қарор доштанд ва дар Академияи ҲНИТ солҳои дароз роҳбар ва сармашқдиҳандаи садҳо ҷавон буданд. Зеро ман, ки шаш сол дар зери роҳбарии эшон дар ҳамон Академия фаъолият доштам, Домуллоро шахсияте фароҳизбӣ ёфтам. Ҳамеша ғаму андешаи эшон миллату мардум буд, на манфиати ҳизбӣ. Дасти ёрӣ ба ҳама медоданд ва хоҳ аз аҳли ҳамфикрон, хоҳ аз миёни мухолифон бошад аз кумаки маънавӣ ва шахсии эшон атрофиён бебаҳра намемонданд. Ҳеҷ гоҳ лаб ба бадгӯӣ намекушоданд, балки мекӯшиданд ҳар масъалаеро ба гунае матраҳ кунанд, ки дилозори касе нашавад.
Ёдам аст, рӯзе посухе ба як саволи фиқҳӣ, дар бораи намози ҷумъа ва монеаҳои мақомот бидуни машварат бо эшон дар сомона гузоштам. Посух дуруст буд, вале дар лафз андаке сахт омада буд ва ҳамин баҳона ба дасти мақомот дод, то Домуллоро бозпурсӣ кунанд. Эшон бо он ки метавонистанд сахт гила кунанд, баръакс маро бо лутф назди худ хонданд ва гуфтанд: “Домулло, ҷавобатон аз назари далел дуруст аст, вале агар пеш аз интишор бо ман маслиҳат мекардед, онро нармтар мегардонидам, то баҳона дар дасти касе намонад.” Он лаҳза ман на танҳо насиҳати устодро гирифтам, балки маънии воқеии хирадмандиро эҳсос кардам.
Имрӯз, вақте аз дур ба он солҳо менигарам, мефаҳмам, ки чӣ қадар аз неъмати ҳузури чунин устод кам баҳра бурдем. Марде, ки дар ҳар гуфтору рафтор намунаи ахлоқ, оромиш ва ҳикмат буд. Ҳаргиз аз забонаш ҳарфи сахт нашунидам, ҳаргиз нисбат ба ватану миллати худ сухани ношоиста нагуфт. Чӣ гуна метавон ба дуруғ бовар кард, ки чунин инсони покизасириштро террорист ва хоини миллат ном ниҳанд?
Таърих борҳо нишон додааст, ки қаҳрамонон ва мудофеъони ҳақиқии ватан, дар зиндагиашон бештар ранҷ мебаранд, азият мекашанд ва паси панҷараҳо пир мешаванд, то ҳақиқат зинда монад. Домулло Зубайдуллоҳ низ яке аз ҳамин мардони ҷасур ва қурбониёни роҳи озодӣ аст.
Имрӯз, дар рӯзи зодрӯзи ӯ, ки на дар озодӣ балки дар маҳбаси худкомагон сипарӣ мешавад, ёди ӯро бо эҳтиром ва дуои раҳоӣ аз зиндон гиромӣ медорем. Худо кунад, ки боз рӯзҳое фаро расанд, ки шогирдон ва ҷавонон бори дигар аз илму таҷрибаи ӯ баҳраманд шаванд.
Зодрӯзатон муборак, устоди азиз!
Исломҷони Саид
Average Rating