
Афзоиши маош дар рақам ва суқут дар сатҳи зиндагии мардум
Маоши миёнаи моҳона дар Тоҷикистон ба 2665 сомонӣ, муодили тақрибан 280 доллар, расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 519 сомонӣ ё 24 фоиз бештар аст. Ин рақамҳоро намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нишасти хабарии 30 июли соли 2025 эълон карданд.

Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон
Ба гуфтаи онҳо, дар бахши маориф маоши миёна 2441 сомонӣ, тандурустӣ 1951 сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 2305 сомонӣ ва дар мақомоти давлатӣ 2275 сомонӣ будааст. Бо вуҷуди ин, аксари сокинон мегӯянд, ки маоши воқеӣ хароҷоти рӯзмарраи онҳоро намепӯшонад ва дар муқоиса бо болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасонӣ ин афзоиш ҳеҷ таъсири мусбате ба сатҳи зиндагӣ надорад.
Тибқи арзёбиҳои Бонки Ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ аз ҷиҳати ҳаҷми музди меҳнат ва нафақа дар зинаи охирон қарор дорад. Ҳисоботи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) ва Хазинаи Байналмилалии Асъор (IMF) низ нишон медиҳанд, ки афзоиши музди меҳнат дар Тоҷикистон аз таварруми солона қафо мемонад ва қобилияти харидории аҳолӣ сол ба сол кам мешавад. Ба иттилои ХБА, таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2024 тақрибан 8,5 фоизро ташкил дод ва дар соли 2025 эҳтимол аст аз 10 фоиз ҳам болотар равад.
Сатҳи пасти музди меҳнат яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати беш аз ду миллиони шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои дигар, бахусус Русия ва Қазоқистон мебошад. Бино ба таҳқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ, даромади интиқолии муҳоҷирон беш 49% (ғайрирасмӣ 55-60%) ММД-и кишварро ташкил медиҳад ва иқтисоди кишвар ба он сахт вобаста мондааст. Дар ҳоле ки дар Қазоқистон маоши миёна аз 800 доллар гузаштааст ва дар Русия қариб 900 долларро ташкил медиҳад, дар Тоҷикистон ин нишондод камтар аз 300 доллар аст. Ҳатто дар Қирғизистон маоши миёна ба 370 доллар расидааст, ки аз Тоҷикистон хеле баландтар мебошад.
Коршиносон мегӯянд, ки боло бурдани маош бе ислоҳоти иқтисодӣ ва паст кардани таваррум наметавонад сатҳи зиндагии мардумро беҳтар кунад. Болоравии маош дар бахшҳои давлатӣ бештар ба рақамҳо таъсир мерасонад, аммо мушкилоти асосӣ қимат будани зиндагӣ, набудани ҷойҳои кории босифат ва вобастагӣ ба муҳоҷират ҳамоно боқӣ мемонад. Барои расидан ба беҳбуди воқеӣ, ниҳодҳои байналмилалӣ тавсия медиҳанд, ки Тоҷикистон ислоҳоти сохтории иқтисодиро ба роҳ монад, фазои соҳибкориро беҳтар кунад ва сармоягузории мустақимро ҷалб намояд, вагарна ҳатто бо афзоиши 24 фоизаи маош, зиндагии аксарияти мардум бетағйир дар сатҳи паст мемонад.
Average Rating