
«Афсонаи барқ» ва ҳақиқати «рӯи об»
Боз аз барқ мегуем. Дар дили Тобистон дар Тоҷикистон айни ҳол барқ нест. Ҳама шикоят аз бебарқӣ доранд. Ҳатто беморхонаву марказҳои беҳдоштӣ бебарқ мондаанд.
Тоҷикистон, ки онро солҳои зиёд ҳамчун кишвари саршор аз захираҳои гидроэнергетикӣ мешиносанд, имрӯз дар баробари як воқеияти пурмасъала қарор дорад ва барқи фаровоне, ки истеҳсол мешавад, миллионҳо доллар даромад аз фурӯши он ба хориҷ ба даст меояд, вале худи шаҳрвандони кишвар дар гармои тобистон ва сардии зимистон соатҳои зиёд бе рӯшноӣ мемонанд. Дар асри тараққиёту пешрафти босуръати технология, мардуми Тоҷикистонро маҷбур кардаанд, ки бо шароити дусад соли пеш зиндагӣ кунанд ва ҳеҷгоҳ худашонро ҳақдор ба зиндагии арзандаи замони муосир надонанд ва ҳатто бо шикоят аз ин ҳол лаб во накунанд. Хостани зистани мувофиқ ба асри имрӯз барои тоҷикистониён ҷиноят аст. Ҳамин, ки бо ин хоста лаб во кардӣ, ҳатман ҷоят зиндон хоҳад буд. Метавонӣ танҳо орзӯ кунӣ ва ин орзӯ набояд ба садо табдил ёбад. Ҳақ дорӣ, ин орзуро танҳо дар батни қалбат парварӣ ва ҳамонҷо бимираду ҳамонҷо гураш кунӣ. Зистан мехоҳӣ? Зинҳор орзуро ба забон наор.
Дар мақоли халқӣ мегуфтанд, ки “агар худи қозӣ очаатро фалон кунад, додатро ба кӣ мебарӣ?” Ҳоло бошад, ҳам очаат ва ҳам худат ва ҳама решаву патакрешаат таҷовуз шавад ҳам, ҷойи шикоят мебурдагӣ надорӣ. Чун ин “фалонкунанда” аз қозӣ ҳам калон аст ва “калони калон” аст.
Даҳҳо бор навиштаму гуфтам ва боз менависаму мегуям. Дар Тоҷикистон басанда барои истеъмоли аҳолӣ, муассисаҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳатто дар фасли зимистон барқ истеҳсол мешавад, мерасад ва зиёд ҳам мекунад. Ин маълумотро ба ман як мутахассиси ҳамин соҳа аз таги бинии мақомот дода буд. Ягон рӯз фурсаташ ояд, муфассал иншоаллоҳ нашр мекунам. Ҳоло ҳамин қадар гуфта метавонам, ки тибқи гуфтаи ҳамин мутахассис бештар аз 20 миллиард киловат-соат барқ ба Тоҷикистон расида ҳатто зиёд мекунад.
Дар Тоҷикистон имрӯз тақрибан 10 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Агар тибқи стандарти байналмилалӣ барои ҳар як нафар дар як сол ба ҳисоби миёна ду ҳазор киловатт‑соат барқ зарур дониста шавад, талаботи умумӣ ба тақрибан бист миллиард киловатт‑соат мерасад. Ин рақам ба он маъност, ки агар истеҳсоли солона аз ин ҳад зиёд бошад, дар ҳолати идоракунии дуруст ҳамаи аҳолӣ ва иқтисоди дохилӣ метавонанд бе маҳдудият таъмин шаванд.
Дар соли гузашта худи Тоҷикистон беш аз 22 миллиард киловатт‑соат барқ истеҳсол кардааст. Аз ин миқдор тақрибан ду миллиарду панҷсад миллиард киловатт‑соат, яъне тақрибан 11% тамоми истеҳсолот, ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхта шудааст. Ба Афғонистон беш аз як миллиарду панҷсад миллион киловатт‑соат, ба Ӯзбекистон қариб як миллиард ва ба Қирғизистон низ миқдори каме Тоҷикистон барқ фурухтааст. Агар ҳамин ҳаҷми содирот, яъне ҳамагӣ 2,5 миллиард киловатт- соат бошад, ҳеҷ гапе нест ва ин миқдор содирот барои таъмини пурраи аҳолии кишвар бо барқи истеҳсолшуда, ҳеҷ халале намерасонад.
Бубинед, агар ба рақамҳо бо диққат нигарем, Тоҷикистон соли гузашта, аниқтараш 22,4 миллиард киловатт‑соат барқ истеҳсол кардааст. Аз ин ҳаҷм тақрибан 2,5 миллиард киловатт‑соат, ки тақрибан ёздаҳ дарсадро ташкил медиҳад, ба хориҷ фурӯхта шудааст. Дар раванди интиқол ва тақсимоти дохилӣ низ бештар аз чоруним миллиард киловатт‑соат, яъне бо ҳисоби расмӣ 25,33%, дар хатҳои фарсуда талаф мегардад. Пас аз ин ду омил, дар ихтиёри кишвар барои тақсим ба аҳолӣ ва муассисаҳо танҳо тақрибан 15 миллиард киловатт‑соат мемонад. Бо ин ҳол мо агар аҳолии дар хориҷ аз кишварро ба ҳисоб гирем, айни ҳол баҳору зимистон тақрибан 25% хонаву дари мардум баста аст ва онҳо бо ҳамроҳии аҳли оила ба муҳоҷират рафтаанд. Яъне тақрибан 2,5 миллион нафар тоҷикистонӣ дар муҳоҷират аст. Дар Тоҷикистон боқӣ мемонад ҳамагӣ 7,5 миллион нафар аҳолӣ.
Акнун бубинед, аз 22,4 миллиард киловатт-соат мо 2,5 миллиард киловатт-соати ба хориҷ фурухтамешударо тарҳ мекунем, ҳамчунин 4,5 миллиард киловатт-соат барқи талафмешударо ҳам ҳазф мекунем. Мемонад тақрибан 15,5 миллиард киловатт- соат. Ба аҳолие, ки дар Тоҷикистон тамоми сол зиндагӣ мекунанд, ба ҳисоби миёнаи стандарти байналмилалӣ, ба истифодаи бидуни қатъ ва бидуни лимит дар давоми тамоми сол барқи соф боқимондаи 15, 5 миллирад киловатт-соат мерасад. Боз зиёд ҳам мекунад.
Аммо, чаро пас мардум дар зимистон ва ҳам дар тобистон бе рӯшноӣ мемонанд? Ҷавоб ин аст, ки ин ҳама бастагӣ ба сохтори идоракунӣ ва тақсимоти барқ дорад. Аввалан, худи ҳамин гапи “шабакаҳои интиқол фарсудаанд ва талафот хеле зиёд аст ва тақрибан чаҳоряки барқи истеҳсолшуда ҳангоми интиқол гум мешавад”-ро донистем, ки ҳеҷ халале барои пурра бо барқ таъмин шудани аҳолӣ неамерасонидааст ва инро гуфтему бало ба пасаш. Фурӯши барқ ба хориҷро ҳам гуфтем.
Гап ҷойи дигар аст. Қисми зиёди барқ беҳисобу китоб ба корхонаҳои бузурги фоидааш чи буданаш номаълум бо нархи арзон дода мешавад. Заводи алюминийи ТАЛКО яке аз бузургтарин истеъмолкунандагони дохилӣ аст ва ба гуфтаи таҳлилгарон, барқи арзоне, ки ин корхона мегирад, метавонист даҳҳо шаҳру ноҳияро ба барқ таъмин кунад. Аммо, тибқи баъзе маълумот, ин корхона, ки дар сарҳади Узбекистон аст, барқи бебаркаш барои корхона гирифтаашро ба Ӯзбекистон мефурушад. Ҳамин аст, ки ин корхона давоми 34 соли истиқлолият ба кишвар чӣ фоида дод маълум нест ва аммо, камтарин зарари намоёнаш дуздии барқи миллӣ ва фурӯши он ба хориҷ аст. Чизи дигар, фурӯши барқ ба хориҷ хеле зиёдтар аз он аст, ки расман эълон шудааст. Яъне чашми давлат гуё барқҳои ба яғмо рафтаро “намебинад”, ки дар ҳисобаш нест.
Бо чунин ҳол, барқи истеҳсолшуда, ки мебоист кофӣ бошад, дар роҳ ба сӯи мардум талаф-талаф мешавад. Як қисми назаррасаш ба хориҷ меравад, қисми дигар дар хатҳои кӯҳна талаф мешавад ва қисми дигарро чанд “дармоед”-и гирду чори раисҷумҳур “обу лой” мекунад. Ба мардум танҳо он чизе мерасад, ки пас аз таракаи “мероси падари ҷаноби вай” боқӣ мемонад.
Ба гуфти Мушфиқӣ:
“Анбори пур аз ғаллаи бобо аз они ман,
В-он коҳҳои монда ба саҳро аз они ту.”
Ҳамин аст, ки вазъ ба ин ҳол расида ва бо ин имконоти дар дастдошта ҳоли миллат ҳамон аст, ки шоҳидем. Дар тӯли тамоми фаслҳои сол аз ҳар гӯшаи кишвар шикоятҳои мардум дар бораи қатъи барқ мерасанд. Зимистон ин маҳдудиятҳо ба расмият гузошта мешаванд ва бо номи «лимит» маълуманд. Дар баъзе ноҳияҳо барқ танҳо чанд соат саҳар ва чанд соат шом дода мешавад. Аммо ҳатто тобистон, ки дарёҳо пуробанд ва истеҳсоли барқ ба ҳадди баланд мерасад, барқ дар бисёре аз манотиқ соатҳои зиёд қатъ мешавад. Гузоришҳои Радиои Озодӣ аз Панҷакент, Деваштич, Фархор ва ҳатто пойтахт шаҳодат медиҳанд, ки одамон дар гармои тоқатфарсо соатҳо бе нерӯи барқ мемонанд.
Вазири энергетика инро ба сарбории шабака дар рӯзҳои гарм рабт медиҳад, аммо чуноне, ки тавзеҳашро додам, ҳамон пули барқҳои ба баҳонаи талафот ба кисаи чапатон мезада, шуморо аз азодории ҷигарбандонатон канда намекунад. Аммо, бигзор чунин бошад, вале канӣ боқимондаи барқ? Канӣ ҳамон 15 миллиард киловатт — соати софи ба ҷиғилдони шумо нағунҷида боқимонда?
Вақте, ки Маркази беҳдоштӣ ва эпидемиологии минтақаи Кӯлоб, танҳо ба хотири набудани маблағ ду ҳафта бе барқ мемонад, ин нишон медиҳад, ки набудани низоми устувори таъминот ба муассисаҳои ҳаётан муҳим метавонад боиси фалокат шавад. Ин ҳолат бори дигар собит мекунад, ки дар кишвар механизмҳое, ки кафолат диҳанд то муассисаҳои тиббӣ, мактабҳо ва хидматҳои асосӣ ҳеҷ гоҳ аз чунин ҳолат зарар набинанд, вуҷуд надоранд. Яъне, мо на давлат дорем, на ҳуқумат. Оддӣ карда гуем, “подаи бесар”.
Ҳой “наҷотдиҳандаи сайёра”! (астағфируллоҳа раббий ва атубу илайҳ) кай ту дарк мекунӣ, ки қатъи мунтазами барқ на танҳо ба ҳаёти рӯзмарраи мардум таъсири манфӣ мерасонад, балки барои иқтисодиёт низ зарба мезанад. Тиҷорати хурду миёна, хизматрасонӣ, истеҳсолоти саноатӣ ҳама ба барқ вобастаанд. Ноустувории таъминот маънои боздоштани истеҳсол, талафи маблағ ва беэътимодии сармоягузоронро дорад. Дар сатҳи иҷтимоӣ бошад, беинсофӣ ва беадолатӣ аст ва набудани барқ дар асри 21 ин нишони вуҷуд надоштани давлату ҳукумат аст. Ягон рӯз ба худат ҳақ деҳ аз сархушӣ берун шавӣ, мисли асрҳои қадим, ягон ҷандаҷома пушида, як кучаву хиёбони кишварро пиёда қадам зан. Бубину бишнав, ки таҳаммули вуҷуди ту чи қадар баду сангин аст барои мардум. Чунон умедро аз мардум рабудаӣ, ки ҳатто орзӯи ягон рӯз барқи доимӣ доштан барояшон «афсона» шудааст.
Шавкати Муҳаммад
Average Rating