40% барқ дар Тоҷикистон «потерия» мешудааст

Ба дигарон фиристед

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷума дар ҷаласаи рӯзи 14 июл, ки барои ҷамъбасти кори ширкати «Шабакаҳои тақсимоти барқ» баргузор шуд, изҳор дошт, ки фаъолияти ин ширкат дар шаш моҳи аввали соли 2025 натиҷаҳои қаноатбахш надоштааст. Ӯ ба масъулон супориш дод, то камбудиҳои ошкоршударо бартараф намуда, самаранокии корро боло баранд. 

Ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, дар ин ҷаласа таъкид шуд, ки бояд талафоти нерӯи барқ коҳиш ёбад, ҳолатҳои ҳисоботи бардурӯғ барҳам дода шавад, масъулияти кормандон боло равад, сифати хизматрасонӣ беҳтар гардад ва инчунин корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони 2025–2026 суръат гирад. 

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки сатҳи талафоти нерӯи барқ дар кишвар ҳамоно баланд боқӣ мемонад. Ҳисоботи расмӣ нишон медиҳад, ки соли гузашта талафоти техникии барқ дар иншооти истеҳсолӣ 0,42%, дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳо 3,31%-ро ташкил додааст. Аммо бештар нигаронӣ аз талафоти тиҷоратӣ вуҷуд дорад, ки ба дуздӣ ва истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ марбут аст. Дар соли 2024 сатҳи расман сабтшудаи чунин талафот дар ширкати «Шабакаҳои тақсимоти барқ» 21,6%-ро ташкил додааст. Яъне,тибқи иқрори худи Вазорати Энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон 25,33% барқ дар роҳ, то расидан ба истеъмолкунанда “потерия” мешавад. 

Ҳамагӣ ду рӯз пеш мо дар бораи «дуздии замонавӣ» бо баҳонаи  таъсиси ҳисоби кафолатӣ (эскроу)  ва «потерия»-и барқ гуфта будем, ки чӣ гуна дар Тоҷикистон қариб нисфи барқ ҳангоми интиқол «гум мешавад». 

Акнун мебинем, ки худи вазири энергетика, Далер Ҷума мегӯяд: «Зарур аст, ки талафоти барқ кам шавад, ҳисоботи бардурӯғ қатъ гардад ва масъулият боло равад». Чӣ хел то ду рӯз пеш ҳамин масъала муҳим набуд, ҳоло бошад ногаҳон «масъалаи аввалдараҷа» шуд? Шояд матлабе, ки мо бо ифшои қаллобияшон нашр кардем, ба гӯши онҳо расидааст ва хостанд, ҳадди ақал нишон диҳанд, ки  “ғамашро хурда истодаанд”

Далер Ҷума мегӯяд: «Зарур аст, ки талафоти барқ кам шавад, ҳисоботи бардурӯғ қатъ гардад ва масъулият боло равад»

Мақомот ҳамарӯза дар минбарҳо аз камбудиҳо ҳарф мезананд, вазирон мисли “мусичаи бегуноҳ” аз ҳама гирудорҳо гуё “бехабаранд” ва норозигӣ баён мекунанд ва ба роҳбарон супориш медиҳанд, ки «талафотро кам кунанд, ҳисоботи бардурӯғро барҳам диҳанд, масъулиятро боло баранд ва сифатро беҳтар созанд». Ҳамин қадар ин ҳарфҳои такрорӣ ба дил задаанд, ки…

Супориши хушку холӣ додан, ки аксарияташ берун аз ҳамон утоқҳо намебарояд ва бо эҳтимоли зиёд супоришҳои аслӣ дигар аст, магар масъалаҳоро ҳал мекунад? Чаро аз он маблағҳои бузурге, ки барои «модернизатсия» ва «рақамикунонӣ» аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва дигарон ҷудо шуданд, то ҳол натиҷаи намоён дида намешавад? Чаро назорати воқеӣ нест, то ин пулҳо сарфи ислоҳи шабакаҳои фарсуда шаванд, на барои ҳисобҳои пуфшуда ва тарҳҳои коғазӣ? 

Ҳоло расман мегӯянд, талафоти умумии барқ зиёда аз 25 дарсад аст, ки ин маънояш ҳар чорум киловатт «дар роҳ гум мешавад». Ҳисоботи расмӣ ҳатто «мутақоид» кардан мехоҳад, ки дар иншооти истеҳсолӣ танҳо 0,4% талафот будааст ва дар хатҳои баландшиддат 3,3%. Аммо ин рақамҳо тавони рӯйпӯш кардани воқеиятро надоранд ва асосан ин шабакаҳои дохилии тақсимот ва нуқтаҳои маҳаллии пайвастшавӣ ҳастанд, ки ҷойи фасод, ҳисобҳои дугона ва истеъмоли ғайриқонунӣ мебошанд.

Худи ширкати «Шабакаҳои тақсимоти барқ» эътироф кард, ки сатҳи талафоти тиҷоратӣ, яъне дуздӣ ва истеъмоли ғайриқонунӣ ба 21,6% расидааст. Аммо, вақте дар ин бора як мутахассиси соҳаро пурсидам, гуфт, ки «ба эҳтимоли зиёд, гумшавии барқ дар Тоҷикистон, дар асл аз 40% ҳам зиёд аст ва ин воситаи асосии пул ба даст овардани роҳбарони сатҳи болоист.»

Пас куҷоянд парвандаҳои ҷиноятӣ? Магар чунин рақамҳои даҳшатбор кофӣ нестанд, то роҳбарон, мудирони филиалҳо ва ҳатто ақалан ҳамон «тимҳои кисагӣ»-и вобаста ба онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд? 

Аз мардум бошад, бо таҳдиди қатъ кардани нерӯи барқ ҳатто барои 10 сомонӣ қарз талаб мекунанд пули барқро сари вақт пардохт кунанд. Дар асл аз ҳисоби ҳамин аҳолӣ хисороти “барқи гумшуда”-ро мепӯшонанд, ки ба воситаи роҳҳои пинҳонӣ ва системаи фасодзада «гум» мешавад. Ширкат бошад ба сабаби ин талафот тарифҳоро боло мебарад ва мегӯяд, ки Бонки Ҷаҳонӣ тавсия дод. Дар Душанбе ва дигар шаҳрҳо, ки филиалҳои калонтарини ҳамин ширкат ҳастанд, солҳост шахсони вобаста ба роҳбарон, «муҳандисони махсус» ва гурӯҳҳои маҳаллӣ ҳамеша дар тендерҳо пирӯз мешаванд, корҳои таъмирро ба хешу табор медиҳанд ва фоидаи калонро ба ҷайби худ мерезанд.

Вақте вазир боз таъкид мекунад, ки «системаи рақамӣ ҷорӣ мекунем», ҳайрон мешавӣ, ки инҳо бо куҷояшон фикр мекунанд. Охир ту 40% барқи истеҳсолшударо “потерия” кардӣ, яъне ба таври замонавӣ дуздидӣ ва агар ҳиссе ба ту ҳам расида бошад, бо ҷанобат тақсим кардӣ. Онро кадом “системаи рақамӣ” ҳисоб мекунад?

 Дар ҳамин кишвар, ки аксарият дар зимистон ва ҳатто тобистон ҳам бо маҳдудияти барқ зиндагӣ мекунад, оё беҳтар нест, аввал тамоми ноқилҳои фарсударо нав кунанд, зеристгоҳҳои куҳнаро бо техникаи муосир иваз кунанд ва баъд барои ҷараёни пул «системаи шаффоф» созанд? 

Агар ҳамин гуна ҷиддӣ омодаед, ки шаффофият биёред, пас чаро номи ҳамаи он ширкатҳое, ки ба воситаи ҳисоботи дурӯғ талафоти зиёди барқро пинҳон мекунанд ва ё барқро медузданд, расман ошкор намекунед? Чаро то ҳол як қатор парвандаҳои калон алайҳи фасодкорони соҳаи энергетика эълон нашудааст? Барои он ки онҳо “тими кисагӣ”-и шумоянд. Барои Шумо медузданд!

Имрӯз бо таблиғи пурҳайбат ва воҳима дар бораи «нақшаи стратегии давлат барои муосирсозии энергетика» гап мезанед. Шояд ин танҳо ниқобе бошад, то ҷараёни дохилии пулҳоро идора карданатон боз ҳам осонтар шавад. Вақте механизми иттилоърасонии оммавӣ нест, ҳисоботи мустақил нест, мониторинги ҷомеаи шаҳрвандӣ вуҷуд надорад. Пас барои кӣ ва ба нафъи кӣ ин ҳама?

Агар рост мегӯед, ки ин кор барои мардум аст, бигзор шартҳои возеҳи назорати ҷамъиятӣ ва санҷиши мустақили молиявӣ дар қонун дарҷ шавад, бигзор ВАО ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳар моҳ ҳисоботи ин ҳисобро бубинанд. Бигзор ҳар як сомонӣ, ки ба ин ҳисоб медарояд, дар сайтҳои расмӣ бо рақам ва сарчашмаи аниқ нашр шавад. Танҳо он вақт мардум ҳам мебинад, ки барқ на ба қасрҳои гарон ва мошинҳои боҳашамат табдил мешавад, балки воқеан ба таҷдиди хатҳои барқӣ меравад.

Вагарна ҳамаи ин талошҳои зоҳирӣ ҳамон дуздии замонавӣ аст, ки зери он садҳо миллион доллари қарз ва грантҳо мисли ҳамеша бенишон мешаванд ва мардум боз ҳам шабона бо шамъ хоҳад нишаст, то ки на фақат аз набудани барқ, балки аз торику норушан будани ояндаи Тоҷикистон низ ба ваҳшат оянду хонаи дари худ ва кишварро тарк кунанд.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *