
Дар Дюсселдорф бо пуштибонӣ аз Дилмурод Эргашов тазоҳурот баргузор шуд
Гурӯҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон рӯзи 9 ноябр дар назди бинои додгоҳ дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон бо пуштибонӣ аз Дилмурод Эргашов гирдиҳам омаданд. Тазоҳурот ҳамзамон бо ҷаласаи таъйиншудаи додгоҳӣ дар робита ба парвандаи ин фаъоли тоҷик сурат гирифт, ки соли 2024 аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд.
Ба иттилои аз маҳалли рӯйдод ба «Паём» расида, иштирокчиён бо шиору аксҳои фаъолони ихроҷшуда аз мақомоти Олмон хостанд, ҳуқуқи инсон ва кафолатҳои мурофиаи одилонаро риоя кунанд. Онҳо таъкид карданд, ки сарнавишти афроди бо ангезаҳои сиёсӣ таъқибшаванда бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ боқӣ монад.
Дар аксҳои ирсолшуда эътирозгарон бо тасвирҳои Дилмурод Эргашов ва Асадулло Бобоев дида мешаванд. Дар яке аз лавҳаҳо ба ҳукми 17 соли зиндони Бобоев пас аз ихроҷ аз Олмон ишора шудааст.
Тибқи ҷадвали додгоҳ, ки нусхаи аксаш ба «Паём» расидааст, баррасии парванда ба соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ таъйин шудааст. Дар он Дилмурод Эргашов ҳамчун даъвогар, Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҳамчун ҷавобгар ва Анна Воттке ҳамчун вакили дифоъ зикр шудаанд.
Манбаи «Паём» дар маҳалли рӯйдод хабар дод, ки иштирокчиён пас аз тазоҳурот барои пайгирии ҷаласа ба дохили бинои додгоҳ мераванд. То замони омода шудани ин хабар натиҷаи баррасӣ ва матни қарори додгоҳ дастрас набуд. Ҷадвали ирсолшуда низ ҷузъиёти талаботи даъвогарро нишон намедиҳад.
Созмони Human Rights Watch ҳанӯз 31 октябри соли 2024 аз Олмон хоста буд, Дилмурод Эргашовро ба Тоҷикистон ихроҷ накунад. Созмон аз хатари боздошт ва шиканҷаи ӯ пас аз бозгашт ҳушдор дода буд.
Тибқи ҳамин гузориш, Эргашов рӯзи 6 ноябри соли 2024 аз фурудгоҳи Дюсселдорф бо ҳамроҳии кормандони пулиси федералии Олмон ихроҷ ва рӯзи 7 ноябр дар фурудгоҳи Душанбе ба мақомоти Тоҷикистон супурда шуд.
Human Rights Watch дар гузориши 22 октябри соли 2026 ҳамчунин аз маҳкум шудани Асадулло Бобоев, фаъоли дигари мухолиф, ба 17 соли зиндон хабар дод. Ба иттилои созмон, Бобоев моҳи июн аз Олмон ихроҷ шуда буд.
